Хабари рӯз

Вашингтон Покистонро шарики бозӣ дар майдони Афғонистон гирифт.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Матлаби аслӣ: عاصم منیر باز به آمریکا می‌رود

Тайи ду моҳ барои бори дувум фелдмаршал Осим Мунир, фармондеҳи Покистон ба Амрико меравад.

Сафари фармондеҳи Покистон ба Амрико бозтаърифи равобити низомӣ дар сояи рақобатҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ дорад.

Тайи як ва ду ҳафтаи гузашта фурсат ёрӣ накард, ки таҳлиле аз вазъияти феълии минтақа ва фароминтақа бинависам. Имрӯз хостам он чиро, ки дар минтақа ва фароминтақа мегузарад, ёддоште ироа намоям.

Ба ақидаи ман, дар ҳоли ҳозир, минтақаи Ҷануби Осиё ва Ховари Миёна шоҳиди таҳаввулоти геополитикии печидаест, ки бо сафари дувуми фелдмаршал Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон ба Амрико, ки ба зудӣ анҷом мешавад ва таҳаррукоти дипломатии дигари кишварҳо ҳамроҳ шудааст.

Ҳамзамон, фишорҳои Иёлоти Муттаҳида бар Ҳинд афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки равобити Амрико бо Покистон ба таври мухталиф дар ҳоли шаклгирӣ ва наздик шудан аст. Ин таҳаввулот нишондиҳандаи оғози бозиҳои нави минтақаии таҳти назорат ва ҳамкории Покистон аст, ки дар идома ба таҳлили онҳо мепардозам.

Бо вуҷуди таърихи бозии дугонаи Покистон дар қазияҳои минтақа, боз ҳам, мутаассифона, як бори дигар Амрико ба Покистон эътимод кардааст ва бозиро бо Покистон идома медиҳад.

Ба хотири он ки Покистон дар ҳамсоягии Афғонистон, Чин, Эрон ва Ҳинд қарор дорад, нақши калидиро дар таҳаввулоти минтақаӣ бо дастури Амрико бозӣ мекунад, чунончи дар гузашта ҳам иҷро карда ва дар оянда низ иҷро хоҳад кард.

Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои гузашта, Амрико ба ҳамкорӣ бо Покистон дар заминаи мубориза бо терроризм ва ҳифзи суботи минтақаӣ бештар аз дӯстӣ бо Ҳинду Эрон ба Покистон эътимод дорад, чун Покистон метавонад нукарӣ ва итоати бештар кунад ва Амрико бештар Покистонро ёр ва ҳамсафари гузаштаи худ медонад.

Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки Чину Ҳинд дар ҳоли густариши нуфузи худ ҳастанд, Амрико дар пайи ҳифзи тавозуни қудрат дар минтақа тавассути равобит бо Покистон аст ва мехоҳад як бори дигар Покистон нақши жандарми минтақаро бозӣ кунад.

Равобити Амрикову Ҳинд дар моҳҳои ахир ба сабаби амал кардани тарифаҳои тиҷоратӣ аз сӯи Вашингтон ва харидории нафти Русия тавассути Ҳинд ва таҳдид ба таҳрими бештар, дучори таниш шудааст. Дар ин замина, сафари сарвазири Ҳинд, Нарендра Моди, ба Чин барои ширкат дар иҷлосияи Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин мулоқоти кории мушовири Шӯрои амнияти Ҳинд бо Владимир Путин дар ҳамин ҳафта, нишонаи талоши Деҳлӣ барои танаввуъбахшии равобити хориҷии худ ва коҳиши вобастагӣ ба Амрико талаққӣ мешавад.

Аз тарафи дигар, Афғонистон ба унвони нуқтаи тақобули манофеи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, дар маркази бозии геополитикӣ қарор дорад. Покистон, Эрон, Ҳинд, Чин ва Иёлоти Муттаҳида ҳар яке дар пайи нуфуз ва таъсиргузорӣ дар ин кишвар ҳастанд. Покистон ба вижа талош мекунад, то бо ҳифзи равобит бо Толибон ва иҷрои нақши миёнҷӣ, нуфузи худро дар Афғонистон ҳамеша тақвият кунад ва сарнавишти ҳукумати Толибонро рақам занад, тавре ки ҳукумати Толибон бидуни иҷозаи Покистон таври шоиста ва бояд идома наёбад.

Эрон низ бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти минтақавӣ дар пайи ҳифз ва густариши нуфузи худ дар Афғонистон ва Ховари Миёна аст.

Равобити Эрон бо Толибон ва талош барои иҷрои нақш дар таҳаввулоти Афғонистон, бахше аз стратегияи Теҳрон барои муқобила бо нуфузи Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа шумурда мешавад.

Кишварҳое, ки битавонанд бо дипломатияи ҳушмандона ва баҳрагирӣ аз фурсатҳои иқтисодӣ ва амниятӣ, нуфузи худро дар минтақа афзоиш диҳанд, метавонанд барандаи майдон бошанд.

Кишварҳое, ки дар муқобила бо таҳаввулоти нав дар ҳолати обистанӣ қарор дошта, натавонанд стратегияҳои муассир ихтиёр кунанд, дар натиҷа нуфуз ва манофеи худро аз даст хоҳанд дод ва сарнавишти онҳо дучори печидагии дохилӣ ва хориҷӣ хоҳад шуд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!