Хабари рӯз

Имронхон қимати мавқегириаш алайҳи Амрико дар масоили Украинаро бо рафтан аз қудрат, балки шояд зиндонӣ шудан мепардозад. Аз 1947 - соли истиқлоли Покистон то ба имрӯз ҳеҷ як аз 21 нахуствазираш натавонистааст давраи панҷсолаи нахуствазириро комил кунад. Демократияе, ки Инглис дар Покистон сохт.

Нависанда: Халил Минавӣ

Ҳукумати Покистон ба раёсати Имрон Хон, рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар пай хурӯҷи ҳизби ҳампаймони аслиаш аз эътилофи ҳоким, аксарияти худро дар маҷлис аз даст дод ва ба барканорӣ, наздиктар шуд.

 Парлумони Покистон аз рӯзи душанбе (8 ҳамл – 28 март) раванди раъйи эътимод ба Имрон Хонро бо эъломи усули "тарҳи раъйи адами эътимод" намояндагони аҳзоби мухолиф расман оғоз кардааст.

 Раванди раъйгирӣ ва эъломи натоиҷ дасти кам се рӯз ва ҳадди аксар як ҳафта идома хоҳад дошт ва ҳадди аксар то рӯзи шанбе ё якшанбеи ҳафта оянда ва шояд ҳам зудтар, мушаххас хоҳад шуд, ки Имрон Хон метавонад ҳамчунон бар курсии нахуствазирӣ такя кунад ё хайр.

 Покистон ин рӯзҳо саҳнаи ташдиди эътирози мухолифон алайҳи ҳукумати Имрон Хон буда, ки баид нест нахуствазири кунуниро ба сарнавишти тамоми нахуствазирони гузашта аз ҳангоми истиқлоли ин кишвар дучор кунад, ба гунае, ки натавонад давраи панҷсолаи нахуствазириро такмил кунад.

 Рӯзи гузашта шаҳри Исломобод пойтахти Покистон шоҳиди тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар мухолифони ҳукумати Имрон Хон буд. Тазоҳуроте, ки ҳидояти онро ду чеҳра сиёсӣ ва сиёси-мазҳабии шинохташудаи ин кишвар ба номҳои Муҳаммад Навоз Шариф, раҳбари ҳизби Муслим Лиги Навоз ва Мавлоно Фазлулурраҳмон, раҳбари ҳизби Ҷамъияти уламои исломи Покистон бар уҳда доранд.

 Муҳаммад Навоз Шариф ба унвони сиёсатмадори нисбатан пуртарфдор дар Покистон ва Мавлоно Фазлулраҳмон ба унвони сиёсатмадори мазҳабӣ, аз матраҳтарин чеҳраҳои сипеҳри сиёсии ин кишвар ҳастанд.

 Муҳаммад Навоз Шариф се давра нахуствазирии нокомро дар корнома дорад (1990-1993, 1997-1999 ва 2013-2017). Ӯ дар аввалин давраи нахуствазирӣ, дар нимаи роҳ ва ба далели иттиҳоми фасоди молӣ барканор шуд. Дар дувумин давраи нахуствазирӣ ҳам бо кудатои низомии генерал Парвиз Мушараф фармондеҳи вақти артиш барканор шуд. Дар давраи севуми нахуствазириаш низ ба иттиҳоми пулшӯӣ ва фасоди молӣ барканор шуд.

Аз соли 1947, ки Покистон ба истиқлол даст ёфт, то ба имрӯз ҳеҷ як аз 21 нахуствазири ин кишвар натавонистаанд давраи панҷсолаи нахуствазириро комил кунанд. Ҳар кадом аз онҳо ба далоили мухталиф, аз ҷумла террор, кудатои низомӣ, фасоди молӣ, адами тавоноии идораи кишвар, адами тавоноии амнияти кишвар ва амсоли инҳо зудтар аз мавъиди панҷсола курсии нахуствазириро тарк кардаанд.

 Ҳоло Имрон Хон, раҳбари ҳизби Таҳрики инсофи Покистон ва бисту дувумин нахуствазири таърихи сиёсии ин кишвар, ки шӯҳрати сиёсии худро мадюни шӯҳрати варзишӣ ба унвони марди аввали"крикет" унвони маҳбубтарин варзишии Покистон дар даҳаҳои 1970 ва 1980 аст, аз тобистони сол 1397 (2018) сукони нахуствазирии кишварашро бар уҳда дорад.

 Имрон Хон дар тозатарин иддаои худ дар бораи тазоҳуроти мухолифон, бахше аз ҷунбишҳои эътирозиро ба дахолатҳои хориҷӣ нисбат дода ва бидуни он ки ба номи кишвари хос ишора кунад ё далоили равшан ироа кунад, гуфтааст: “Давлати Покистон номаи таҳдидомез аз хориҷ дарёфт карда ва ҳамзамон аз арозиҳои хориҷӣ барои барандозии давлат истифода мешавад”.

Маҷлиси миллии Покистон 342 намоянда дорад ва барои касби эътимоди муҷаддад ё адами эътимоди нахуствазир, ба нисф ба изофаи як раъй (дасти кам 172 раъй) аз сӯйи намояндагони маҷлиси миллӣ лозим аст. Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон ба раҳбарии Имрон Хон танҳо 155 курсӣ дар маҷлиси миллӣ дорад, ки албатта гуфта мешавад бархе аз онҳо дар рӯзҳои ахир аз Имрон Хон рӯй гардондаанд. Бархе аз аҳзоби кӯчак низ аз ҳизби ҳоким дар маҷлиси миллӣ ҳимоят мекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди курсиҳои мутааллиқ ба аҳзоби мухолифи ӯ ҳудуди 165 курсӣ аст, ки фосилаи андаке то рақами 172 барои раъйи адам эътимод ба нахуствазир дорад.

Бархе коршиносони покистонӣ бар ин боваранд, ки Маҷлиси миллӣ ба эҳтимоли зиёд раъйи адами эътимод ба нахуствазир хоҳад дод ва тибқи баровардҳои аввалия, интизор меравад наздик ба 200 нафар аз маҷмӯъ 342 намояндаи маҷлиси миллӣ, алайҳи Имрон Хон раъй диҳанд, ки бад-ин тартиб, вай тибқи қонун ногузир ба тарки курсии нахуствазирӣ хоҳад буд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!