Ҷунбиши ҳаққи таъйинии сарнавишти порсизабонон федерализмро як низоми ноқис ва на ба нафъи форсизабонон арзёбӣ мекунад
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури байнулмилал, узви Ҳайати мушовараи “Сангар”
Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишти порсизабонон, ки як ҷунбиши сиёсӣ ва тамаддуние аст, ҳадафи аслии он дифоъ аз ҳуқуқи асосии порсизабонон ва дар ростои он ҳаққи доштани ҷуғрофияи сиёсии мустақил ва давлати мустақили порсизабонон аст, то битавонанд дар он порсишаҳр, шаҳриёри хеш бошанд.
Дидгоҳи аслии Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт, ин аст, ки таъйинкунандагии чорчӯби сиёсии ҷуғрофияи ҷаълии истеъмории Афғонистон, ба дасти афғонҳо/паштунҳост. То замоне, ки ин ном бар ин ҷуғрофия ҳоким бошад, аз манзари байналмилалӣ ва миллӣ, афғонизм/паштунизм аз он суд бурда ва сарнавишти дигар ақвомро ба шакли накбатбор ва золимона рақам мезанад, чунончи дар таърихи чандсадсола рақам задааст.
Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт оҳанги он дорад, ки порсизабонон чорчӯби сиёсии аз они хешро бино кунанд, миллати порсизабон, шоистагии фаровон дорад, то худ шаҳриёри худ бошад.
Ҳамчунон Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт бо риояти воқеияти сиёсат, сиёсатро амри тадриҷӣ мебинад. Аз ин ҷиҳат, ҳар гоми барномаи идеологияи сиёсиро, ки порсизабононро аз шарри сиёсати тамаркузгароии истибдодии афғонистӣ/паштунистӣ наҷот диҳад, аз он истиқбол мекунад.
Федерализме, ки имрӯз аз сӯйи бахшҳое аз ҷомеаи порсизабон фарёд мешавад ва ба унвони як барномаи сиёсӣ ироа мешавад, дар кишвар бо чанд осеби ҷиддӣ рӯбарӯст:
1 - Тавлидкунандагони ин барномаи сиёсӣ то ҳанӯз аз он таърифи равшан ва системаи тақсимоти идории федерал, ки “оё қавм меҳвар аст? Забон меҳвар аст? Ё сарзамин меҳвар аст?”-ро ироа накардаанд.
2 - Осеби дигари доияи федерализм он аст, ки порсизабононро ба чанд аёлати федералӣ тақсим мекунад, аз ин ҷиҳат ба зинда шудани ҳувиятҳои маҳаллгароёнаи порсизабонон кӯмак мекунад ва тафриқаи ҷомеаи порсизабонро фаро мегирад.
3 - Осеби дигари он ин аст, ки ҳеҷ замонати иҷроӣ дар ақиби он вуҷуд надорад, зеро афғонистҳо/паштунистҳо нишон додаанд, ки ба ҳеҷ қоидаи сиёсӣ, маданӣ ва зисти мусоламатомез бовараманд нестанд. Ҳар замоне, ки қудрат ба даст биоваранд, қоида ва аҳдшиканӣ карда, системи федералро нобуд мекунанд, монанди вайрон кардани интихобот бо тақаллубҳои миллионӣ дар даврони ҷумҳурият.
4 - Осеби бузурги федерализм ин аст, ки порсизабононро аз чорчуби сиёсии паштунистӣ наҷот намедиҳанд, балки дар ҳамон чорчуб ва ҳувияти афғонӣ/афғонистонӣ/паштунӣ зисти сиёсии порсизабононро рақам мезананд.
Бо вуҷуди ин осебҳо, аз ин ки федерализм як гоме ба пеш нисбат ба системаи марказии истибдодии афғонистӣ/паштунистӣ аст ва ба кӯмаки порсизабонон ин доия тарҳ шудааст, фақат аз боби тадриҷ дар сиёсати воқеъгароёна аз он истиқбол мекунад, аммо онро ҳадаф ва ормони ниҳоии хеш намедонад.
Сиёсати Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт ин аст, ки ҳар порсизабон, ки барои иззат ва сарбаландии порсизабонон мубориза кунад, ҳамсӯ ва ҳамкор бошад, аммо ҳеҷ гоҳ асли ҳаққи таъйини сарнавишт ва ормони давлати мустақили порсизабонро фаромӯш намекунад.