Маскав бо дарки мубаддал шудани Амрико аз гегемони ҷаҳонӣ ба гегемони минтақаӣ пойи муомилаи хоме имзо намекунад.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Асноди фошшуда аз тарҳи сулҳи Трамп барои хатми ҷанг дар Украина нишон медиҳад, ки ин тарҳ дар изои тавофуқи ҳосили ҷамъи бурд-бурд бо Русия ва ироаи тазминҳои амниятӣ ба ин кишвар, сурат хоҳад гирифт. Ин тарҳ шомили се бахш аст, ки эҳтимолан метавонад қаноати Русияро дар амри таваққуфи ҷанг дар Украина, ки ба як даргирии тамомайёр ва тақрибан қораӣ мубаддал шудааст, ҳосил кунад. Маводи мундариҷ дар ин тарҳ, шомили идеяи таъхири узвият Украина дар НАТО барои муддати бист сол, эъломи як минтақаи ғайринизомӣ ба тӯли 1300 километр дар хутути ҷабҳаи кунунӣ, ки тавассути нерӯҳои низомии кишварҳои аврупоӣ посбонӣ хоҳад шуд ва ҳимояти таслиҳотӣ аз Киев аз ҷониби Вашингтон барои муддати тӯлонӣ хоҳад буд.
Доналд Трамп борҳо гуфтааст, ки ҷангро зарфи "24 соат" поён хоҳад дод. Аммо аз ин ки масъалаи Украина як баҳси печида ва дорои ҷавониби гуногун аст ва тарафҳои зиёде даргири он аст, амалӣ шудани ин тарҳи Трамп, як миқдори душвор ва номумкин ба назар мерасад. Вале дар сурате ки пешниҳодҳо ва хостҳои Русия мабнӣ бар адами пайвастани Украина дар НАТО, адами густариши НАТО ба шарқ ва ироаи тазминҳои амниятӣ барои ҳифзи хутути қирмизи манобеъ ва ҳудуди манофеъи амнияти миллии Русия дар минтақа мадди назар гирифта шавад, метавонад ҳар тавофуқе иҷроӣ шавад. Зеро бори сангини ҷанг ва ҳаҷми талафоти ҳарду тараф, ин ҷангро ба як ҷанги фарсоишӣ мубаддал сохта ва ҷавониби зидахлро дар идомаи ин ҷанг ва ҳимоят аз он, нотавон сохтааст.
Гуфтанист, ки Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 20% аз арозии Украина дар ҷанубу шарқро ишғол кардааст. Бо ишғоли манотиқи шарқи Украина тавассути Русия, ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетск, ба ҷазоири қудрати муҷаззо аз контроли Киев мубаддал шудаанд ва ин аз лиҳози ҳуқуқӣ метавонад дар оянда, манбаъи таниш дар равобити Русия бо Киев бошад.
Аз ин ки Вашингтон аз муттаҳидони аврупоии худ хоҳад хост, ки нерӯҳояшонро ба ин минтақа эъзом кунанд, нишон медиҳад, ки сиёсати инзивогароии Вашингтон дар ақсои нуқоти ҷаҳон, бо вогузарии масориф ва масъулиятҳо ба муттаҳидони ин кишвар, ба як асли бунёдӣ дар сиёсати хориҷии ин кишвар, мубаддал мешавад. Ин дақиқан бар хилофи сиёсати Ҷо Байден, раисҷумҳури феълии Амрикост, ки қарор аст дар бистуми январи соли оянда, қудратро ба Доналд Трамп, расман таҳвил диҳад.
Таҳлилгирон аз як даври ҷадиде аз сиёсатҳои Вашингтон мабнӣ бар тарк ва ё вогузарии масъулиятҳое, ки ба асоси докторини Трумен мубтанӣ бар байналамилалгароии либералии амрикоӣ ва эҳсоси масъулияти Амрико барои кӯмак ба сулҳу суботи ҷаҳонӣ таъкид дорад, мебошад. Дар ҳоле ки Амрико дар оғози даҳаи дуҳазор ба ҷангҳои тӯлонимуддат, монанди ҷанги Афғонистон, Ироқ, анҷоми маъмуриятҳои низомии маҳдуд дар Либияву Сурия ва мудохила дар раванди баҳори арабӣ, тамоюл дошт, дар ҳоли ҳозир, ҷамъ шудани бисоти гегемония ва ҳузури низомиву сиёсии Амрико дар ҷаҳон, ба маънои бештар шудани нақши Чин дар ҷаҳон аст. Ба ин ҳисоб, меҳвари осиёӣ талош хоҳад кард то ҷойи холии Вашингтонро дар муодилоти печидаи амниятӣ ва сиёсӣ пур кунад.
Бар ҳар ҳол, Вашингтону Маскав барои татбиқи мавод ин тавофуқнома, мумкин ба тафоҳумоте даст пайдо кунанд, аммо саволи аслӣ ин аст, ки оё Киев ҳозир аст хоки худро дар миёни Шарқу Ғарб, тақсим кунад ва ба ин тавофуқи сулҳ бирасад. Барои ин аст, ки ин пешниҳод танҳо яке аз идеяҳои мавҷуд дар тими Трамп аст ва раисҷумҳури мунтахаб тамоюл дорад тасмимоти умдаи сиёсатеро ба таври онӣ иттихоз кунад.
Ду тан аз мушовирони Трамп, яъне генерал бознишаста Кейт Клог ва Фред Флитз, дар июн пешниҳод карда буданд, ки кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро мутаваққиф кунанд магар ин ки ин кишвар мувофиқат кунад, ки бо Русия музокироти сулҳ баргузор кунад. Аз тарафе, Вашингтон бо иҷроӣ шудани ин тарҳ, ки шомили ҳушдорҳои бештар ба Русия аст, ки дар сурати радди шароити оташбас, Иёлоти Муттаҳида ҳимояти низомии худ аз Украинаро афзоиш хоҳад дод.
Ин пешшарт барои Русия, ин кишварро дар мавқеияти душворе қарор медиҳад. Маскав бо дарки вазъияти печидаи шиканандаи байналмилалӣ ва махсусан мубаддал шудани Амрико аз гегемони ҷаҳонӣ ба гегемони минтақаӣ, намехоҳад пойи муомилаи хоме имзо кунад. Дарвоқеъ, Трамп мехоҳад бо ин тарҳ ва дар изои як тавофуқи сулҳ, мавзӯъи узвияти Украина дар НАТО-ро барои миёнмуддат, комилан мунтафӣ созад ва барои ростиозмоӣ бо тазминҳои амниятӣ, ба ҷанги Украина хотима диҳад.
Гуфтанист, ки Украина дар соли 2022 дархости узвият дар НАТО-ро ироа дода буд, аммо ҳанӯз даъвате барои узвият дар ин созмонро аз ҷониби аъзои он, дарёфт накардааст. Бисёриҳо ба ин назаранд, ки омадани Трамп ба Кохи Сафед, тамоми бистарҳои маъмули таомулоти байналамилалӣ ва пӯишҳои амниятиро, ки ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, тааллуқ дорад, дигаргун ва назму амнияти байналмилалӣ тағйироти шигарферо таҷриба хоҳад кард.