Дигар акнун лару баре ба мафҳуми дирӯзӣ вуҷуд надошта ва фарзӣ хондани хатти марзии Дюрандд, ки вирди забон бархе соддалавҳон буд, афсонае беш нест.
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)
Поён бахшидан ба баҳси Дюрандд, доман задан ба ихтилофоти қавмӣ ва ақибмонда нигаҳ доштани қавми паштун аз корвони маданият, интиқоли марокизи даҳшати тундравони исломӣ аз Покистон ба ҷануби Афғонистон, бегона нигаҳ доштани мардум Афғонистон бо ҳуқуқи шаҳрвандӣ, қарор додани соири ақвоми Афғонистон дар баробари қавми паштун ва холӣ кардани Афғонистон аз аносири таълимёфта ва ҷавон, аз зумраи умдатарин аҳдофи Покистон дар Афғонистон аст.
Покистон, бо ба қудрат расондани дубораи Толибон дар Афғонистон ва вобаста кардани бештари Афғонистон ба худ, мехоҳад қабл аз ҳама ба масъалаи Дюрандд нуқтаи поён бигузорад. Дуруст муттакӣ ба ҳамин сиёсат аст, ки дар замони зимомдории Толибон, кори сими хордоркашӣ дар саросари марз миёни Покистон ва Афғонистон мукаммалтар гардида, ва ҳоло бидуни доштани визаи Покистон, аҳаде иҷозаи вуруд ба хоки он кишварро надорад. Дигар акнун лару баре ба мафҳуми дирӯзӣ вуҷуд надошта ва фарзӣ хондани хатти марзии Дюрандд, ки вирди забон бархе соддалавҳон буд, афсонае беш нест.
Гурӯҳи Толибон, ки реша дар ифротияти мазҳабӣ ва таассуботи қавми доранд, ба ҳамон андоза, ки бунёдгарои динӣ ҳастанд, ба ҳамон паймона қавмпараст ва қабилагаро ҳам ҳастанд. Толибон (ҳатто миёни худ), ҳар кадом ба қабилаи худ бештар арзиш қоил ҳастанд то ба қабилаҳои дигар. Тазод ва рақобати дарунӣ миёни гурӯҳи Ҳаққонӣ (ғилҷоӣ) ва Толибони қандаҳорӣ (дурронӣ), ки ҳатто хоҳони ҳазфи якдигар аз қудрату зиндагӣ ҳастанд, мисоли зинда ва хуб ин ҳақиқат аст. Покистон бо дарки ҳамин воқеият, аз ҳарбаи беиттифоқӣ миёни гурӯҳҳои мухталифи Толибон ва дар натиҷа қабилаҳои мухталифи қавми паштун, бераҳмона суд бурда, мехоҳад ононро беиттифоқтар ва ақибмондатар аз пеш нигаҳ дорад.
Покистон бо истифодаи ниёбатӣ аз гурӯҳи ифротии Толибон, ки фақат бадном кардани дин, тафаввуқталабӣ, зӯргӯӣ ва вайрон кардани маданият ва фарҳангро балад ҳастанд, ҳаргиз намегузорад то дар Афғонистон ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба расмият шинохта шавад. Покистон дар Афғонистон на қонуни маданӣ мехоҳад ва на ҳуқуқи шаҳрвандӣ, балки татбиқи шариат орзу дорад ва таҳаккуми хашини амр билмаъруф ва наҳй ан ал-мункарро.
Ононе, ки мекӯшанд ифротияти мазҳабӣ, ҷаҳолат, таассуби қавмӣ ва душмании Толибонро бо маданият, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳунар, зан ва ташайюъ пӯшонда ва онро ба наҳве тавҷеҳ намоянд, дарвоқеъ ба ҳайсият ва виқори тамоми ақвоми Афғонистон – аз ҷумла қавми паштун садама мерасонанд. Иштибоҳи бузурги таърихист агар мо фикр кунем, Толибон, гардани қавме аз ақвоми Афғонистонро баланд хоҳад кард.
Покистон мехоҳад ҳайсият ва виқори тамоми ақвом, бахусус қавми паштунро садама зада, тамоми таассуб, тундравии динӣ ва мухолифат бо тамаддун ва фарҳангро ба қавми паштун нисбат дода, ин тасаввурро халқ намоянд, ки маркази бунёдгароии динӣ дар байни қавми паштун ва дар ҷануби Афғонистон аст, на дар Панҷоб ва Вазиристони Покистон.
Покистон мехоҳад мафтунона ва ором-ором тамоми ақвоми Афғонистон, бахусус ақвоми сокин дар шимол ва маркази кишварро дар баробари қавми паштун қарор дода, ин бор ҷангу бародаркуширо ба шакли фаҷеътаре дар Афғонистон доман бизанад.
Муттакӣ бар далоил ва шавоҳиди бисёр, агар мо ба худ наёем Покистон мехоҳад мутлақан кишвари моро аз нерӯи таълимёфта ва ҷавон холӣ карда, Афғонистонро бечоратар ва мӯҳтоҷтар аз пеш намояд.