Хабари рӯз

Мардуми Афғонистон барои зинда мондан дар зимистон, ба кӯмакҳои башардӯстона муттакӣ ҳастанд

Нависанда: Атомуҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, манбаъ: “Independent”(Инглистон)

Афғонистон сахттарин зимистонро дар 15 соли ахир мегузаронад. Дамосанҷҳо то 34 дараҷа сантиград коҳиш ёфта ва барфборӣ он қадар бад будааст, ки рониш ҷодаҳоро масдуд карда ва ҳайвонот яхзада дар мазореъ пайдо шудаанд.

Зимистоне монанди ин фақат барои мардуми кишвар нороҳаткунанда нест, балки масъалаи маргу зиндагӣ аст. Аз аввал пешбинии чунин зимистони сахт мерафт. Чун бо ҳокимияти Толибон ва дар пайи аз байн рафтани хадамоти кишвар, дар авоили моҳи август, Созмони Милал дар мавриди шаш миллион қурбонӣ бар асари гуруснагӣ ҳушдор дода буд. Ҳоло мардум бузургтарин тарсашонро таҷриба мекунанд.

Охирин омори ниҳодҳои хайрия ҳокӣ аз он аст, ки 13.1 миллион кӯдак акнун ба кӯмакҳои башардӯстона ниёзи фаврӣ доранд. Барномаи ҷаҳонии ғизо мегӯяд, ки 90 дарсади ҷамъият акнун ба таври муназзам ғизои кофӣ надоранд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх эълом кард, ки дар шифохонаи кӯдакон дар Кобул, ки таҳти ҳимояти онҳост, теъдоди кӯдакони зери 5 сол, ки ба далели газаи шуш (пневмония) таҳти муолиҷа қарор мегиранд, 55 дарсад афзоиш ёфтааст.

Далели ин амр фақат обуҳаво нест, агарчи обуҳаво ҳам вазъиятро бадтар кардааст. Афғонистон монанди соир кишварҳо бо паёмадҳои ҷанг дар Украина мувоҷиҳ аст, ки ҳазинаи воридоти маводи ғизоӣ ба ин кишварро 20 дарсад афзоиш додааст. Заминларзаи вайронгари июни соли гузашта, ки беш аз ҳазор нафарро кушт, зерсохтҳои кишварро низ тазъиф кард. Мардуми Афғонистон дар солҳои ахир шоҳиди ду хушксолии шадид будаанд ва аз он тараф ҳамагирии КОВИД-19 иқтисодро заифтар кард.

Аммо далели аслии воқеият ҳокимияти Толибон ва таъсири он бар ироаи хадамоти густурда дар саросари кишвар будааст. Замоне, ки Толибон як солу ним пеш қудратро дар даст гирифтанд, бисёре аз таҳсилкардатарин ва омӯзишдидатарин афрод аз тарси интиқом аз кишвар гурехтанд. Занон аз машоғили муҳим манъ шуданд. Артиш то ҳадди зиёде бо шабҳинизомиёне ҷойгузин шуд, ки бидуни ҳеҷ таҷрибае дар ироаи кӯмакҳои башардӯстона истихдом шуданд.

Соле, ки гузашт, Афғонистон шоҳиди шикасти бисёре аз хадамоти асосӣ, аз ҷумла барқ, муроқибатҳои сиҳӣ ва омӯзиш буд. Таваррум дар ҳоли ҳозир бедод мекунад. Дар Кобул муаллимони пешин, аъзои артиш ва ҳатто мақомоти давлатӣ маҷбур ҳастанд барои дарёфти кӯмакҳои ғизоӣ саф бикашанд то хонаводаҳояшон битавонанд зинда бимонанд.

Дар 24 декабри 2022, мақомоти Толибон ҳукме содир кард, ки кормандони зани ниҳодҳои маҳалливу байналмилалӣ ва соири коркунони ғайридавлатии дигар наметавонанд кор кунанд. Нахустин таъсироти ин тасмимгирӣ барои Афғонистон ин буд: созмонҳои башардӯстона маҷбур ба таълиқи муваққати фаъолитҳояшон шуданд, чун дигар наметавонистанд барномаҳои худро бидуни кормандони зан иҷро кунанд.

Ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳоли ироаи кӯмакҳои башардӯстона дар ҳадди тавонияш аст. Созмони Милали Муттаҳид дар соли гузашта бузургтарин дархости худро барои 4.4 миллиард доллар барои кӯмак ба Афғонистон барои убур аз буҳрони кунунӣ оғоз кард. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 1.1 миллиард доллар кӯмаки башардӯстона додааст. Аммо, то замоне, ки тағйири сохторӣ дар кишвар рух надиҳад, ин амр сирфан ба думболи таскину бақои муваққат аст ва ҳатто барои бисёре аз манотиқ ва мардум ин кӯмакҳо намерасад.

Шӯрои Олии муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон, ки ба намояндагӣ аз раҳбарони сиёсии берун аз кишвар эҷод шудааст ва ман дар он ҳузур дорам, аз кӯмаккунандагони ҷаҳонии байнулмилалӣ ва миллӣ дархост мекунад то ин кӯмакҳоро ба системҳои муассиртар ва тавзеъи комилан шаффоф танзим кунанд то мутамин шаванд, ки пулу кӯмакҳо ба касоне мерасад, ки бештар ба он ниёз доранд. Дар ғайри ин сурат солҳои оянда дубора шоҳиди ҳамин мушкил хоҳем буд.

Ин фақат норасоиҳои сохторӣ нест. Сатҳи болои дуздӣ ҳам ҳаст. Алорағми талошҳои ниҳодҳои хайрия барои итминон аз тавзеъи одилонаи пул, мақодири номаълуме тавассути Толибон дуздида шуда ва ба аҳдофи худ ҳидоят мешавад ва ҳомиёнашонро бо кӯмакҳои пули нақду ғизо дар канори худ нигаҳ дошта ва барномаҳои хусусии раҳбарони аршадашонро таъмини молӣ мекунанд.

Гузоришҳое вуҷуд дорад, ки ҳатто замоне, ки ғизо мустақиман байни хонаводаҳо таҳти назорати Созмони Милал тавзеъ мешавад, фармондеҳони маҳаллии Толибон дар бархе маворид онро барои истифодаи хонаводаҳо ва ҳомиёни худ пас мегиранд.

Зимистони имсол зимистонест, ки мардуми Афғонистон ҳаргиз онро фаромӯш нахоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир ҳаво дар Афғонистон ба ҳадде сард аст, ки дар як давраи замонии 9-рӯза дар ин моҳ, 77 ҳазор сар мавошӣ (ҳайвони хонагӣ) ях заданд. Мардум бояд ҳар рӯз тасмим бигиранд, ки оё пули андакеро, ки доранд, сарфи ғизо кунанд ё зуғолсангу ҳезум барои гарм нигаҳ доштани хонаводаи худ.

Он чӣ ҷомеаи байналмилал акнун бояд ба думболи тазмини он дар моҳҳои оянда бошад ин аст, ки касоне, ки ҳомили шикастҳои сохторӣ ва хиёнат кардан ба кишваранд ва кишвар таҳти султаашон аст, баррасӣ шавад. бояд идомаи кӯмакҳои нақдӣ бо тағйир ҳамгом бошад. Дар ғайри ин сурат, ҳатто агар дар зимистони соли оянда дамо то ин ҳадд коҳиш ҳам пайдо накунад, вазъияти мардуми ранҷкашида замоне, ки обуҳаво як бори дигар шурӯъ ба тағйир мекунад, мумкин аст, бадтар аз имсол ҳам шавад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!