Хабари рӯз

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари масоили минтақа ва ҷаҳон, узви Шӯрои машвараи “Сангар”

Муддатҳо пеш, яъне аз соли 2015 ба баъд борҳо навиштам, ки Амрико аз Афғонистон берун мешавад то боқӣ бимонад. Далоили онҳоро бар пояи масоили геополитикаи минтақа ва назарияи анархизм дар равобити байналмилалӣ тавзеҳ дода будам.

Ҳоло замоне, ки ба моҳҳои ахири ҳузури Амрико дар Афғонистон нигоҳ шавад, ба роҳатӣ метавон дид, ки баромадани амрикоиҳо як барномаи бузург барои эҷоди беназмӣ ва ошӯб дар Афғонистон буд.

Кофӣ аст ба тарки фурудгоҳи Кандаҳор ва Багром ишора намуд, ки ҳатто муттаҳидони натоӣ дар ҷараён қарор нагирифтанд.

Баъд ҳам тахлияи Кобул бо он вазъият, ки сурат гирифт, нишон дод, ки амрикоиён то кадом ҳад дар қавлу қарорашон ғайрисодиқ, аҳдшикан ва бевафоанд!

Эҷоди ҳокимият дар Афғонистон барои амрикоиён шабеҳи як сумка аз лавозим буд, ки оварданд ва дубора ба ҳолати масхара интиқол доданд.

Касоне, ки ба демократияи амрикомеҳвар бовар доранд, бояд бидонанд, ки агар бори дигар ақиби Амрико бо умеди ин, ки пул дорад, бираванд, ҳамон ҳолати пешин болояшон такрор хоҳад шуд, албатта, ҷои мафияе, ки аз баракати ҳузури амрикоиён фарбеҳ гардид ва бахши бузурги сиёсатбозонро дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ташкил дод, ҷудо аст!

Эҷоди давлати демократӣ ва арзишҳои ғарбӣ дар ҷомеае, ки ҳарфи аввалро намояндагони қабилаҳои афғонӣ бизананд, як фикри хом, соддалавҳона, ботил ва кӯдакона аст.

Дар 20 соли гузашта ба номи ҷумҳурият дида шуд, ки ҳамон аносири демократияи ҷаълиро танҳо ақвоми ғайриафғон бо хунҳояшон посдорӣ карданд.

Амрикоиҳо на ба демократия алоқа дорад ва на ҳам ба ҳуқуқи башар, балки ҳама абзорҳои фиребро барои барномаҳои гегемонистии хеш истифода мекунанд, кофӣ аст ба масхарабозии интихоботи ахири раёсатиҷумҳури Амрико назар андохта шавад!

Қудрати Амрико дар доллар аст, на дар демократия. Онҳо тавассути доллар давлатҳоро суқут додаанд ва далқакҳоро раҳбар сохтаву дубора ба зер кашидаанд. Ҳатто бо ҷинояткори дирӯз муттаҳид шудаанд. Чунончи оғози гуфтугӯ бо Толибон то вогузарии қудрат ба онҳо намунаи равшан дар баробари чашми аксарияти болотар аз 18 сол син аст.

Вақте Энтони Блинкен гуфт, аз Афғонистон хориҷ шудем то ба Украина расидагӣ намоем, пас бояд дарс гирифт, ки Толибон бахше аз як барномаи дигари Амрико барои минтақа аст.

Барномаи баргашти Толибон як назарияи хеле амиқ буд, ки поёни он бояд ба анархизми толибонӣ барои Осиёи Миёна меанҷомид.

Амрикоиҳо ба кӯмаки Қатар ва аносире дар даруни Кобул сенарияро дуруст оғоз карда буданд. Толибон қатарӣ бо бахши Толибони даруни зиндонҳои Багром ва Гуантанамо бояд қудратро мутобиқи майли амрикоиҳо дар даст мегирифтанд, аммо муҳосибаҳои онҳо дар атрофи қудрати даруни Толибон дар ҷараёни татбиқ ба шикаст мувоҷеҳ шуд.

Нақши Покистон ва Чин дар оғози лагом задани барномаи амрикоӣ муҳим буд, ки ниёз ба табсира нест.

Гурӯҳи Ҳаққонӣ, ки дар ду сандалӣ бозӣ мекард, ба кӯмаки Толибони тарафдори Чину Русия ба суръат ба Кобул дохил шуда ва ҳоким бар вазъият гардид. Тими Толибони амрикоӣ дар Қатар боқӣ монд. Филми баргашти тими Қатар ба Кандаҳорро ҳама ба хотир доранд.

Замоне, ки плани “А”-и Толибони Амрико шикаст хӯрд, тактикаро тағйир доданд ва кор болои насли ҷавонро бо ваъдаҳои бузург оғоз намуданд, аммо иқдоми ахири раҳбарии Кандаҳор мабнӣ бар эҷоди Шӯрои раҳбарии амният ба раёсати Садр Иброҳим зарбаи маҳкам ба тарҳи амрикоии ҷобаҷоии нерӯҳои вобаста зад.

Акнун назарияи ҳимоят аз мухолифони Толибон пешкаш мешавад, ки ба гунаи умда ғайриафғон/ паштунҳоро дарбар мегирад. Коршиносони амрикоӣ мехоҳанд чизе шабеҳи сенарияи баъд аз 2001, аммо бидуни ҳузури физикии Амрико эҷод шавад, ки поёни он ҷанги ҳама алайҳи ҳама ва дарвоқеъ баргашт ба назарияи анархизм ё ошӯб дар минтақа мебошад.

Ба ин боварам дар сӯи дигари муодила Бритониё қарор дорад, ки фармони ташкили сохторҳои сиёсӣ ба раҳбарии мақомоти афғон/паштунтаборро содир кардааст. Бритониё дар ҳар ҳолат мехоҳад афсори қудрат дар дасти афғонҳо боқӣ бимонад.

Дар тахтаи шатранҷи Афғонистон бозиҳои ҷолиб миёни бозигарони умда, яъне Чину Русия ё муттаҳидони он аз як сӯ ва Амрикову Бритониё аз сӯи дигар дар ҷараён аст ва дар соли пеши рӯ бештар мешавад.

Он чӣ муҳим аст иборат аз иҷмоъи Амрико ва Бритониё барои ҳавзаи бузурги мо аз Эрон то Осиёи Миёна мебошад ва он эҷоди бесуботӣ аст!


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!