Қаламрави Афғонистон ба Кӯлобу Панҷоб ва сокинонаш ҳам ба кӯлобиву панҷобӣ тақсим шудаанд.
Нависанда: Фарид Аҳмад Кӯлобӣ
МАТНИ АКС: Дуруд бар кӯлобиҳои бумӣ, сангарашон кӯҳҳои Ҳиндукуш. Истодагиашон дар баробари истибдод, ситам, барбарият, беадолатӣ, нобаробарӣ, бефарҳангӣ, бесаводӣ ва таҳаққуқи озодӣ, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи инсонӣ, ҳаққи шаҳрвандӣ, адолати иҷтимоӣ ва огоҳӣ аст. Пирӯз бод кӯлобиҳои ростқомат, сарбаланд ва озода!
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Фейсбук ва Твитер, як корзори саросарӣ ба роҳ афтодааст, ки ҷамъи зиёде аз корбарон дар постҳояшон ифтихор аз “кӯлобӣ” будан мекунанд ва ҳатто вожаи “Кӯлобӣ”-ро ба шакли пасванд ба номҳои худ дар расонаҳои иҷтимоӣ афзудаанд. Ба гунаи мисол, “Марям Кӯлобӣ”, “Чирики Кӯлобӣ”, “Аҳмад Панҷшерии Кӯлобӣ” ва...
Постҳое, ки нашр мешаванд, ҷолибанд! Аз ҷумла ин, ки яке менависад: “Мо кӯлобиҳо имрӯз аз тамомияти арзии ин кишвар дар баробари истибдод мардонавор истодагӣ мекунем”. Ё “дуруд бар кӯлобиҳои поку бошаҳомати Хуросон!”
Агар як нафар аз Тоҷикистон ё ҳар ҷои дигар, ба ҷуз Афғонистон бошад ва ин қабил постҳоро бихонад, ҳатман ҷуёи ин моҷаро мешавад ва мепурсад: чӣ гап шуда?
Гап ин ҷост, ки “кӯлобӣ” барчаспи он қадар ҷадид барои тоҷикони Афғонистон, бахусус муқовиматгарони имрӯз нест. Чанд сол қабл як паштун-афғоне ба номи Муманд дар Мазор Шариф алайҳи Устод Атомуҳаммади Нур шӯрид ва пас аз ин, ки аз сӯи ҷонибдорон оқои Нур мавриди латукӯби шадид қарор гирифт, дар як посте ӯро “кӯлобӣ” хитоб карда буд.
Афғонҳо ё паштунҳоро бовар ба ин аст, ки тоҷикони Афғонистон, аз Кӯлоб ба Афғонистон муҳоҷир шудаанд ва бояд дубора ба Кӯлоб баргарданд ё баргардонда шаванд (он чӣ дар субтитри ин акс дида мешавад).
Генерал Розиқи Қандаҳорӣ ҳам як замон аз Мулло Умар тавсиф мекард ва мегуфт, ки раҳбарони тоҷикро то Кӯлоб пеш кард/фирор дод. Абдураб Расули Сайёф, яке аз раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон, ҳам дар маҷлиси ёдбуде аз Устод Бурҳонуддин Раббонӣ аз фирори ӯ ва худаш ба Кӯлоб ёдовар шуда буд.
Кӯлоб ё Тоҷикистон, ҳамеша паноҳгоҳи тоҷикони Афғонистон аз шарри Толибон буд. Замони Муқовимати аввал алайҳи Толибон (1996-2001) Тоҷикистон кишваре буд, ки раҳбарони зиддитолибро паноҳ дод ва ҳеҷ кӯмакеро аз онҳо дареғ надошт. Ҳоло мо шоҳиди такрори он таърихем.
Замони Муқовамати дувум бар зидди Толибон (2021 ба ин сӯ) низ аксар нерӯҳои зиддитолиб (ба шумули Эрон) дар Тоҷикистон паноҳ бурданд ва боз ҳам Тоҷикистон аст, ки бидуни ҳеҷ диранге натанҳо ба ҳимоят аз ҳуқуқ тоҷикон, балки ба ҳимояти соири ақвоми ғайрпаштуни Афғонистон, низ садо баланд кард.
Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, раҳбари Муқовимати аввал, низ толибони паштунро “панҷобӣ” ё “муздурони Панҷоб” хитоб мекард. Аммо ишораи ӯ ба ин буд, ки онҳо муздурони Панҷоб, ё ISI – и Покистон, як нерӯи аҷири аҷнабиянд. Вай ба паштунҳои зиддитолиб эҳтиром дошт ва бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва Афғонистонро ватани тамоми ақвоми сокин медонист.
Аз ҳамон айём барчасп, ё таънаи “панҷобӣ” аз сӯи зиддитолибон ба Толибон зада мешавад ва зоҳиран, паштунҳо ба тоҷикон, ки рақиби аслии онҳо барои ҳукумат дар Афғонистон ба ҳисоб мераванд, ҳоло барчаспи “кӯлобӣ”-ро мезананд.
Толибон ба сароҳат мегуфтанд ва ҳоло низ мегӯянд, ки “тоҷик ба Тоҷикистон, ӯзбек ба Ӯзбекистон ва ҳазора ба Муғулистон биравад”, аммо ин суханони кадом як фарди маъмулии паштун на, балки шахси Мулло Умар, бунёнгузори Толибон аст, ки дар як сӯҳбати телефонӣ ба Аҳмадшоҳ Масъуд гуфта буд.
Баръакси тоҷикҳо, раҳбари Толибон, дар кулл толибони нектоипӯш ё қавмпарастҳои паштун ё паштунистҳо, Афғонистонро ба ҳамин ҷуғрофияёе, ки дорад, сарзамини афғонҳо ё паштунҳо ҳисоб мекунанд. Онҳо ба ҳузури ақвоми дигар ба шарте мувофиқанд, ки аз забону ҳувияти хеш даст бикашанд ва худро “афғон” бишуморанд.
Он чӣ, ки 100 сол ба ин сӯ аз сӯи ақвоми ғайриафғон ҳеҷ пазируфта нашуд, аммо оромиш ва амниятро аз онҳо гирифт.
Ҳоло тафовут миёни “кӯлобӣ” ва “панҷобӣ” чист?
Аввал муроҷиа мекунем ба посухи корбарони ҳамон Фейсбук ва Твитер.
Наҷиб Борвар, шоири хушкаломи тоҷики Афғонистон: “Кӯлобӣ будан нанг нест. Кӯлоб имрӯз маҳалли зисти инсонии як мардуми мутамаддин аст, ки ҷуз меҳрубонӣ ба Афғонистон чизе нафиристодаанд... Аммо панҷобӣ будан барои ҳафтод насли мо нанг ва шарм аст. Панҷоб кӯдакон ва ҷавонони ин сарзаминро мағзшуӣ ва бо либоси занона ва бомба дубора ба сарзамини мо равон мекунад. Панҷобӣ будан нанги таърих аст, ки иддае ҳам ба пешонии хеш ва ҳам ба пешонии як қавми мушаххаси Афғонистон молидааст”.
Мақсуд Ҳайдариён, як корбари дигар: “Кӯлоб ва Панҷоб ҳамвазн ва ҳамқофияанд. Яке исми минтақае дар Тоҷикистон аст, дигаре дар Покистон. Ҷолиб ин аст, панҷобиҳое, ки 20 сол интиҳорӣ ба камар бастанд ва хуни ҳазорон шаҳрванди моро ба замин рехтанд, ба таъна моро Кӯлобӣ мегӯянд, дар ҳоле ки намедонанд Кӯлоб дилу ҷони мост ва рӯзе, ки исми Афғонистонро аз болои сарзаминҳоямон ҳазф кунем, беҳтарин номе, ки болои он бигузорем, Кӯлоб аст. Эй кош, шумо ҳам ҷуръат дошта бошед он гоҳ хоку заминатонро Панҷоб бигузоред”.
Аз эҳсосот, ки бигзарем, оё тоҷикон дар Афғонистон муҳоҷиранд, ба вежа аз муҳоҷирони Кӯлоб?
Дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон, монанди Бадахшон, Тахор, Кундуз ва Бағлон бештарин мардум ҳанӯз дар гуфторашон осори лаҳҷаи кӯлобӣ ҳаст. Аммо ҳар қадар ба кӯҳистонҳо биравед, бахусус вулусволии Андароби Бағлон ва вилоятҳои Панҷшер, Самангон, Сарипул, Парвон ва Кописо ҳамагӣ худро “самарқандӣ” мегӯянд ва ҳатто исми хонаводагии онҳо “Самарқандӣ” аст.
Аксари онҳо дар замонаҳои мухталиф, бахусус, истилои арабу муғул ва болшевикони рус ба манотиқи кӯҳистонии Афғонистон паноҳ бурдаанд, чун он замон ин сарзаминҳо муштарак буданд ва аз афғону Афғонистон ҳам нишоне набуд, балки Ориёно ва Хуросон буд.
Тамоми осори таърихӣ, ки тайи ҳадди ақал 1000 соли ахир навишта шудаанд, ин сарзаминҳоро мутааллиқи тоҷикон ва ориёинажод зикр мекунанд ва дар пайи ҳамлаи муғулҳову туркҳо ҳазораву турктаборон низ дар ҳамсоягии онҳо пайдо шуданд.
Кобулу Ҳирот ва Мазори Шариф, бидуни баҳс, шаҳрҳои тоҷикӣ ва тоҷикнишинанд. Аксар шаҳрҳои Афғонистон, аз ҷумла Гардезу Ҷалолобод ва Кандаҳору Лашкаргоҳ тоҷикнишин буданд ва ҳамаи осори таърихӣ, ки дар онҳо боқӣ мондаанд, нишони тоҷикӣ доранд ва ҳоло ҳам дар онҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикҳо аз оғоз мутамаддин ва шаҳрнишин буданд ва зиндагии онҳо дар марокизи бештарин вилоёти Афғонистон баёнгари ин муддаост.
Номи раҳбарони толибоне, ки асли тоҷикӣ доранд, бигузор маҳфуз бошад, чун ба ҳувияти худ иқрор намекунанд. Намепурсем, ки оё шаҳрҳои “афғонӣ” Имоми Аъзам, Мавлоно Ҷалолуддин ва Бӯалӣ Синои Балхӣ ва... кадом бузургони ин сарзамин ва ҷаҳонро додаанд. Чӣ кунем, ки ҳамон Панҷоб, ҳатто Покистон ҳам номҳои тоҷикианд!
Ба назар мерасад, Афғонистон дар мағзҳои сокинонаш, ки ба кӯлобӣ ва панҷобӣ ҷудо шудаанд, дар ҳоли таҷзия шудан аст ва муққассири аслӣ ҳам Толибонанд. Ин вазъият, рӯҳияи муқоваматгаронро низ баланд мебарад, зеро ин “кӯлобиҳо” барои хонаву ҳувияти худ меҷанганд ва муздури кишвари дигаре нестанд.
Ин ҳам тафовути бузурги онҳо бо панҷобӣ!