Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон чӣ гуна бо ҷони қирғизҳо ва тоҷикҳо бозӣ мекунад?
Нависанда: Сангар
Ҳодисаи тирандозии марзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке дигар аз тарфандҳои марзбонони Қирғизистон ба раҳбарии Қамчибек Тошиев аст. Дар пасзаминаи шикасти комили ӯ дар парлумони кишвар, задухӯрд дар марз ба хубӣ ба ӯ кумак кард то ба навъе таваҷҷуҳи умумиро ба мавзӯъоти муҳимтар ҷалб кунад.
2 июн матбуоти Қирғизистон даргирии лафзии Қамчибек Тошиев, раиси Кумита давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) – и ҷумҳурии Қирғизистонро дар нишасти парлумони ин кишвар - Жогорку Кенеш намоиш доданд.
Ибтидо ҳамлаи ӯ мутаваҷҷеҳи Адахон Мадумаров шуд, ки чекисти аввал ӯро ҳомии қочоқчиён ва ҳатто марде, ки саъй дар анҷоми кудато дорад, номид. Дар ин замон Мадумаров дасти худро барои посух ба Тошиев баланд кард.
"Дастатро пойин кун, ором бишинед, ҳоло мегӯям... Адахон Кимсанбоевичи номӯҳтарам, ман бо далелҳо омадам, саросема нашавед, ҳоло бароятон мегӯям. Бо кӣ, дар куҷо ва чӣ кор кардед. Кадом қочоқчӣ бароятон палав омода кард. Сокит бошед, назмро риоят кунед... оё Шумо фарҳанг доред?.. Агар ҳа, ором бинишинед... Ором бинишинед”, - гуфт раиси КДАМ ба депутат.
Аз ин суханронӣ бармеояд, ки Адахон Мадумаров, ва на танҳо ӯ, таҳти таъқиб қарор дорад, тилфонҳояшро гӯш мекунанд ва дар борааш иттилоъ ҷамъ меоранд. Мо ба таври комил он чиро, ки дақиқан дар Жогорку Кенеш иттифоқ афтод, тавзеҳ намедиҳем (ҳама чиз дар шабакаи интернет ҳаст, метавонед аз он лаззат бибаред).
Аммо шоёни зикр аст, ки Мадумаров иҷоза надошт посух диҳад. Замоне, ки вай хост ба унвони раиси фраксиюн 5 дақиқа фурсат гирад, то посух диҳад, Талант Мамитов, раис Жогорку Кенеш, мавзӯъро ба раъйгирӣ гузошт, аммо намояндагони мардум аз ӯ ҳимоят накарданд.
"Ҳоло чӣ бояд кард? Чаро микрофони ӯ (Қамчибек Тошиев) ҳамеша равшан аст?” – пурсид Адахон Мадумаров. Қамчибек Тошиев таҳдид кард: "Ангуштатро ба самти ман нагир, ман дастатро хоҳам шикаст".
Ва ин ҷо изҳороти бисёр аҷибе кард. Ба гуфтаи вай, Мадумаров дар ҳоли тадоруки як кудато буд.
"Мо иттилооти оперативӣ дорем, ки ӯ дар ҳоли тадоруки шӯришҳои дастаҷамъӣ ва кудато бо иттифоқи хешовандонаш буд. Шумо ҳаргиз наметавонед ҳукуматро дар кишвар тағйир диҳед. Ман шуморо ба хотири кудато зиндонӣ мекунам. Дафъаи қабл натавонистам, намояндагон иҷоза надоданд. Шумо фикри кишварро намекунед" - гуфт Қамчибек Тошиев.
Адахон Мадумаров дар посух фарёд зад: "Наметавонӣ! Фақат он чиро, ки метавонӣ анҷом диҳӣ, бигӯ. Ин ман набудам, ки барои кудато аз рӯйи панҷара паридам. Ту ин корро кардӣ, ҷавоб хоҳӣ дод".
"Худат посух медиҳӣ!" - посух дод Тошиев.
Яке дигар аз депутатҳо, Балбак Тулобаев, ки қаблан аз ин, ки ба ҳамкораш Адахон Мадумаров сухан дода нашуд, хашмгин шуда буд, низ зарбаи Тошиевро дарёфт кард.
Балбак Тулобаев гуфт: "Ҳукумат бояд посух диҳад. Мо шурӯъ кардем ба нихта кардани касоне, ки назарашонро баён мекунанд. Ман ҳам интиқод мекунам, онҳо посух медиҳанд. Агар мухолифон ва мувофиқон интиқод мекунанд, мо чӣ бояд бикунем? Пас даҳони ҳамаро бибандед." Баъдан дубора сухан гирифт ва гуфт, вақте мухолифон ва ҳукумат фаҳш медиҳанд, барои намояндагон сахт аст. Ба навбаи худ, Тошиев ба Тулобаев тавсия кард, "бозӣ накунад ва мавзеъи дурустро интихоб кунад" (!)
3 июн ҳодисае дар марз бо Тоҷикистон рух дод, ки "музокиракунандаи аршади марзӣ" Қамчибек Тошиев билофосила ба он ҷо рафт. Ин мавзӯъ ба расонаҳои Қирғизистон дар дафтари кобинаи вазирони ҷумҳурии Қирғизистон гузориш шудааст. Тасреҳ шуд, ки вай аз маркази ҳодиса боздид ва бо ҳамтоёнаш дар Тоҷикистон гуфтугӯ хоҳад кард. Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, ки ба сокинони маҳаллӣ ишора мекунанд, тирандозӣ пас аз убур марзбонони қирғиз аз хатти марзи давлатӣ оғоз шуд (Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баракс иддао мекунад).
Ин савол пеш меояд, ки оё ин ҳодиса амдан созмондеҳӣ шудааст?
Мантиқ нишон медиҳад, ки Тошиев дубора дар талош аст то амалкарди номуваффаққи худро дар Жогорку Кенеш ҷуброн кунад. Бо қазоват аз иттифоқоте, ки пас аз суқути рейтинги Қамчибек Тошиев рух дод, ҳамеша ҳаводисе дар марз вуҷуд доштааст. Ин қабил ҳаводис моҳҳои январ, феврал, март, апрел ва акнун июн иттифоқ афтодаанд.
Аз ин ҷо метавон натиҷа гирифт, ки Тошиев ҳар замон, ки эҳсос мекунад бепаноҳу бефоида мешавад, аз баҳсҳои марзӣ ба нафъи худ истифода мекунад. Бо ин кораш ӯ ба мардум нишон медиҳад, ки бидуни ӯ корҳо хароб мешаванд ва ҳатто раисҷумҳур Содир Ҷабборов ба танҳоӣ наметавонад баҳсҳои марзиро мудирият кунад.
Ҳоло чанд саволи комилан мантиқӣ: чаро Қамчибек Тошиев ба тавтиаҳо дар марз ниёз дорад? Чаро бо ҷони бачаҳо, сарбозҳо ва касоне, ки наздики марз зиндагӣ доранд, бозӣ мекунад? Чаро барои худ бо хун рейтинг месозад?
Таҳдиди ошкор ба интиқом алайҳи як намояндаи парлумон ва қасди осеб расондан ба саломатӣ метавонад натиҷаи баръакс ба ӯ дошта бошад. Усулан интиқоли масоили лоянҳал (ҳалнашуда) аз сари дардманд ба сари солим барои бархе аз намояндагон мақомоти қирғиз тозагие надорад ва даргирии 3 июн дар марз бо кишвари ҳамсоя бори дигар барои Тошиев ба унвони “болишти амниятӣ” амал кардааст.
Билофосила тамоми сархати ахбори расонаҳои Қирғизистон аз иттилооти марбут ба рафтани Тошиев ба маҳалли даргирӣ пур шуд ва бо филмҳое ҳамроҳ буд, ки ба вазоҳат нишондиҳандаи худнамоии беш аз ҳадди раиси Кумита давлатии амнияти миллӣ буд.
Аммо ҳамаи ин видеоҳо ва пур кардани расонаҳо бо иттилооти популистӣ ва таблиғоти арзон ба андозаи набудани майли мутлақи мақомоти Қирғизистон барои ҳалли масъалаи марзи бо Тоҷикистон бар сари мизи музокира, аз тариқи гуфтугӯи созанда, муҳим нест. Ва ба назар мерасад, ки замоне тарафайн ба як натиҷаи муштарак мерасанд, билофосила як тавтиаи ҷадид эҷод мешавад.
Ахиран, тарафайн машваратҳои муназзамеро дар мавриди масоили марбут ба аломатгузории ҳудуд ва марзбандӣ анҷом дода буданд. Ва дар пайи ин ҳаводис ҳар бор маҷбуранд ҳамчунин “ҷамъомад” - ҳои беҳосилро такроран баргузор кунанд.
Тошиеви густох ва зургӯ фикр мекунад, ки дар Қирғизистон ӯ қавитарин, қудратмандтарин аст ва ҳама чиз дар даст ӯст. Ў фаромӯш мекунад, ки қирғизҳо бисёриҳоро ба хотири чунин саҳлангорӣ ва қонунситезӣ муҷозот кардаанд.
Вазъияти имрӯзи дунё мисли чанд моҳи пеш нест. Инфиҷорӣ аст. Кӯчактарин иштибоҳи як раҳбар балоҳои бузургеро барои мардум ба армуғон меоварад, ҳамон тур, ки дар Украина ва Афғонистон дидем.
Дар чунин шароите, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо таҳдиди ҷиддитаре барои амнияту истиқлоли худ мувоҷеҳ ҳастанд. Танҳо роҳи онҳо созишу музокира аст ва то замоне, ки ҳалли ихтилофоти марзӣ ба найрангҳои хатарноки афроде монанди Тошиев бастагӣ дорад, ки ҷони сарбозон, кӯдакон ва мардуми одиро фидои манофеъ худ мекунанд, ҳадди ақал набояд ба доми тафтиа биафтанд.
Дар чунин шароите, худи Тошиев ба доми ҳарфи худ меафтад: "Ором бинишин!"