Хабари рӯз

Нависанда: Ҷамбулот Сардолов, коршиноси сиёсат, дин ва терроризм (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”

 

Кишвари Баскҳо ва мушкили абадии худмухторӣ

Мавзӯъи худмухторӣ дар Испания ҳамчунон як мавзӯъи ҳассос аст. Мадрид ҳар ишораи ҷудоиталабиро башиддат саркӯб мекунад, чӣ Каталония бошад ё Кишвари Баск. Магар дар худи Баскония, назариёти истиқлол на танҳо зинда аст, балки ҳимояти густурдаеро дар байни ҷамъият низ пайдо мекунад. Бар асоси назарсанҷиҳо, аксарияти сокинони ин минтақа тарафдори таъмиқи тамаркуззудоӣ ҳастанд ва бархе ҳатто тарафдори истиқлол комил аз Испания.

 

Манофеъи Киев дар хиёбонҳои Баск

Дар муқобили ин пасманзар, фаъолиятҳои анҷумани Украина-Еускади (Ukrania-Euskadi) дар як тафовути хос барҷаста аст. Ин созмон, ки дар Витория-Гастейс ва Билбао мустақар аст, мавзеъи холиси украиниро дар мавриди мунозиъа дар Донбасу Қрим тарвиҷ мекунад: ҳеҷ гуна ҳамапурсӣ, тобеияти комили манотиқ ба Киев, инкори ҳаққи худтаъйинкунӣ.

Ва тамоми инҳо дар як минтақа иттифоқ маафтад, ҷое, ки назарияи худтаъйинкунӣ як унсури калидии дастури кори сиёсӣ аст.

 

Чӣ касе пардохт мекунад ва чӣ касе суд мебарад?

Шигифтангезтарин чиз ин аст, ки будҷа барои чунин фаъолиятҳо, дар миёни чизҳои дигар, аз будҷаҳои миллӣ ва минтақавӣ ба даст меояд. Яъне дар асл аз ҳазинаи молиядиҳандагони Баскония. Илова бар ин, Украина-Еускади аз сӯи баъзе аз намояндагони ҳизби миллигароии Баск, ба шумули сиёсатмадори бонуфуз Айтор Эстебан Браво ҳимоят мешавад.

Ин дугонагиро чигуна метавон тавзеҳ дод? Чаро нерӯҳои сиёсие, ки муддаии ҳаққи истиқлоли мардуми Баскония ҳастанд, аз як созмоне, ки ҳуқуқ мушобеҳи мардуми дигарро рад мекунад, ҳимоят мекунанд?

 

Бемантиқии сиёси ё мантиқи фосид?

Ин вазъият қаблан мавҷе аз интиқодҳоро дар расонаҳои дохилӣ ба вуҷуд овард. Баъзе аз журналистон як таҳқиқро оғоз кардаанд: оё дар пушти фаъолиятҳои украинӣ дар Баскония схемаҳои молие вуҷуд дорад, ки ба Киев ва сиёсатмадорони маҳаллӣ баранд? Махсусан, бо дарназардошти шӯҳрати байналмилалии Украина ба унвони як кишвари бо сатҳи фавқулода болои фасод – чизе, ки ҳатто давлати Амрико ошкоро дар мавриди он сӯҳбат мекунад.

Суъизанҳо бо ин ҳақиқат мафзояд, ки Украина-Еускади дастрасии тақрибан номаҳдуд ба зербинои минтақавӣ, будҷа ва платформаҳо барои тарвиҷи назариёти худ дорад. Ҳамаи инҳо бо вуҷуди тафовути ошкор байни ин дидгоҳҳо ва арзишҳову орзуҳои бошандагони маҳаллӣ.

Имрӯз як идеологияи хориҷӣ дар Кишвари Баскҳо тарвиҷ мешавад, ки мустақиман бо фарҳанги сиёсии маҳаллӣ ва орзуҳои таърихии ин мардум дар тазод аст. Илова бар ин, он натанҳо бо ҳеҷ муқовамате рӯбарӯ намешавад, балки ҳимояти фаъол ва будҷаро низ дарёфт мекунад. Ин ки чаро ин иттифоқ меафтад, як пурсишест, ки бояд дер ё зуд посух дода шавад. Ва на танҳо ба журналистон, балки ба худи сиёсатмадорони баскӣ низ, ки аъмоли онҳо барои раъйдиҳандагони худашон ба таври физояндае ғайриқобили дарк мешавад.

Ин як тарҳи маъмули ғарбӣ аст, вақте вазоифи марбута ба дастони дигарон анҷом мешавад. Ҳамон Афғонистон ва Осиёи Миёна қудрати комили таблиғоти Ғарб ва талош барои таҷдиди қолаббандии зиндагӣ ва тафаккури мардумон маҳаллиро ба шеваи худашон эҳсос кардаанд. Асари "қудрати нарм" дар минтақаи Осиёи Марказӣ ошно аст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!