Нависанда: доктор Фазлмануллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон
Матлаби аслӣ: بیبیسی و صدای آمریکا - منبع وحی حکمتیار
Ҳикматёр дар тӯли ҳузури сиёсии худ монанди шахсиятҳои сиёсии дигар баръакс ҳеҷ мақулаи қобили диққат бар инсонҳо аз худ нагузошта, дар тӯли солҳои муборизаи худ ҳамеша вобста ба қудратҳои соҳиби ҷангҳои ниёбатӣ буда ва нақши фармондеҳи тавзифиро адо кардааст.
Иллат матраҳ шуданаш дар сиёсат ҳамон зарурати Покистону Амрико рӯи ду ҳадаф буда:
- Ҳадафи аввал: истихбороти Покистон дар тӯли ҳаёташ дар ҷуғрофияе ба номи Покистон маҷбур буд, ки давлатҳои марказии Афғонистонро тахриб кунад ва ин тахрибро метавонист тавассути муҳраҳои тарбиятшуда ва таҳти таъсир бо додани имтиёз анҷом диҳад, ки оқои Ҳикматёр яке аз беҳтаринҳо ҷиҳати манофеъи Покистон ва тахриби сохторҳои иҷтимоӣ, тахриби сохторҳои иқтисодиву низомӣ ва ҳамчунон тахриби шерозаи сиёсии кишвар буд.
- Ҳадафи дувум: ниёзи Амрико барои тахриби сохторҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар он буд, ки Ҳикматёр матраҳ гардад.
Ҳол биёед дастоварди Ҳикматёрро на дар лобалои китобҳои бидуни мӯҳтавои мисли суханрониҳояш пур аз уқда дарёбед, балки дар тарҳу барномаи ташкилотии ҳизбаш дар барномаву тарҳи ҳукуматдорӣ ва сиёсат мушоҳидаву мутолиа доред.
Ҳикматёр ҳамеша дар тӯли ҳаёташ инсони ғайримубтакир ва бидуни мудирияти солими илмӣ ва мардумӣ дар умуроти худ буда!
Чаро Ҳикматёр фақат бо вобастагӣ метавонад таборуз кунад, ба хотири ин ки иттико бар нафс ва эътимод бо доштаву надоштаи иқтисодии худ надорад.
Ҳикматёр дар тӯли ҳаёташ баъди ахбор таҳаррук пайдо мекунад! Радиои BBC ва “Садои Амрико”-ро манбаъи ваҳйи худ қарор дода буд. Ҳар гоҳ дар ин ду радио чизе дар мавриди Ҳикматёр гуфта мешуд, фардои он Ҳикматёр ба сухан меомад ва ҷавобҳои эҳсосотии тақобулиро ироа мекард. Ин равишро дар бархӯрд бо ҳарифҳо ва рақибҳои сиёсии дарунии кишвар низ бояд ба хонишу таҷриба гирифт.
Ҳикматёр дар ин рӯзҳо аз инзиво дилтанг шуда, зеро он тараф таҳаррукоти руқабои сиёсии деринааш уқдаҳо ва дардҳои Ҳикматёрро зиёд сохта. Ин таҳаррук ҳамон мухолифати Ҳикматёр бо радиоҳову паёмҳо ва ахбори фаъолияти дигарон аст, ки бечора ночор дар як тир ду кабӯтарро бояд шикор кунад!
Аввал бояд ғайримустақим руқабои собиқаро бикӯбад ва бъд бо лабаи ҳамон тир Толибонро мағзшӯӣ намояд, ки гӯё вай иттилоъ дорад, ки Амрико Багромро мехоҳад ва русҳо онро муомила медорад, яъне Толибон бо ҳарду коре надорад.
Ин аст буъди шикастани сукут ҳафтаҳо ва моҳои инзиво, ки Ҳикматёр тавониста сиёсӣ фикр кунад!
Дар ҳоле ки бозиҳои қудратҳои бузург дар ин маҳдудаи фикри Ҳикматёр қарор надоранд ва Толибон ҳам аз худ истихборот дорад ва дар ин муддати 30 сол таҷориби зиёд касб карданд, чунончи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт: “Мо таҷориби нокоми Ҳикматёрро таҷриба намекунем”. Мулло Ҳасан Охунд гуфт: “Ин мавзӯъоти шаръӣ аст, агар мавзуъоти инҷинерӣ буд, ба шумо муроҷиа мекунем”.
Масълаи Украина, Багром, Толибон ва фъолиятҳои руқабои сиёсии Ҳикматёр миллионҳо сол баъд ҳам аз дарку фикри Ҳикматёр дуртар ҳастанд.
Хулоса:
Ҳикматёр бо ин сиёсатҳо, манёврҳо ва бозиҳои тифлонаи худ мехуоҳд, ки дар қалби толиб ҷо пайдо кунад. Вай бояд бидонад, ки ошиқиҳои яктарафаи ду соли қабли ӯ ҳеҷ гоҳ мавриди таваҷҷуҳи отифии толиб қарор нагирифт, балки натоиҷи аксӣ ҳам дошт ва ин мартаба таҳвил гирифта намешавад, лизо бояд тавсияи сарпарасти вазорати сиҳати оммаро дуруст амалӣ намояд, ки гуфт:
“Ҳикматёр бояд раҳбарият ва сиёсатро аз Мулло Ҳайбатуллоҳ биомӯзад”.