Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
14 апрели 2025, Райчел Ривз, вазири молияи Британия эълом кард, ки давлати Британия 752 миллион фунт ба Киев барои харидории системҳои дифоъи ҳавоӣ ва тӯпхона фиристодааст. Ин маблағи дувум аз се пардохт аст, ки дар маҷмӯъи 2.26 миллиард фунт аст. Илова бар ин, ба таърихи 11 апрели 2025, Ҷон Ҳил, вазири дифоъи Британия дар конфронси матбуотӣ ба думболи бисту ҳафтумин нишасти Гурӯҳи тамоси дифоъи Украина дар мақарри НАТО дар Брюссел эълом кард, ки Лондон дар назар дорад бастаи кӯмаки низомии изофӣ ба маблағи 4.5 миллиард фунтро дар соли 2025 ирсол кунад.
Дар айни замон, ин сиёсатмадорон тарҷеҳ медиҳанд, ки дар мавриди хисорати азиме, ки ин амр ба иқтисоди Инглистон ворид мекунад, сукут кунанд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки кӯмакҳои ироашуда ба мақомоти Киев бори касри будҷаи Британияро ташдид мекунад ва бо коҳиши дигар мавориди ҳазинаҳои будҷа тамвил мешавад. Аз ин рӯ, дар соли 2023 3 миллиард фунт, ки барои таъмири макотиб ва шифохонаҳо ихтисос ёфта буд, ба кӯмакҳои низоми ҳидоят дода шуд ва барномаи эъмори манозили иҷтимоӣ 25 фисад коҳиш ёфт. Дар натиҷа то поёни имсол 40 ҳазор хона сохта нахоҳад шуд.
Дар айни замон, интиқоли тонкҳои “Челленҷер 2”, мушакҳои “Бримстоун” ва “Шторм Шедоу (Сояи тӯфон)” ба Украина мунҷар ба коҳиши чашмгири захоири артиши Британия шуд. Ба гуфтаи вазорати дифоъи Британия, агар суръати феълии икмолот идома ёбад, гулӯлаҳои тӯпхона мумкин аст то авосити соли 2025 комилан тамом шавад. Таъвизи ин зиёнҳо то соли 2030 то 5 миллиард фунт ҳазина хоҳад дошт.
Ҳазинаҳои низомӣ ва таъсири иқтисодии таҳримҳои зидди Русия ба навбаи худ, қарзи миллии Инглистонро ба 101 фисади тавлиди нохолиси миллӣ (GDP) дар соли 2024 афзоиш додааст, ки сармоягузорӣ дар зербиноро маҳдуд мекунад. Ҳазина хадамоти он ба 80 миллиард фунт дар сол афзоиш ёфтааст, ки 6 дарсади будҷа аст.
Дар ҳоли ҳозир, ҳимоят аз мақомоти Киев қаблан ба Лондон 50 миллиард фунт ҳазина доштааст, ба шумули масорифи мустақим, суди аз даст рафта аз тиҷорат бо Русия ва таваррум, ки 2 дарсади тавлиди нохолиси дохилии кишварро ташкил медиҳад.
Ҳол танҳо чизе ки кас наметавонад сар дароварад, ин аст, ки ин ҳама “фидокориҳо”-и Инглистон ба хотири чист. Амрико худро аз ҷанги Укроин берун мекашад ва мехоҳад бо Русия, ҷониби дигари ҷанг, ба як тавофуқ бирасад. Аммо Инглисон чӣ мехоҳад? Имтиёзи бештар ё сармоягузории “ҷанг то охирин укроинӣ”? Агар чунин аст, пас он гуна ки мегӯянд, “зӯри беҳуда миён мешиканад”.