Роберт Гейтс гуфта буд, ки Карзай аз саркашии сарони Шимол ба ӯ ҳушдор дода ва гуфта буд, ки бо Толибон метавон канор омад, аммо бо сарони Шимол на.
Нависанда: Зоҳид Мустафо, “Субҳи Кобул”, 26 апрели 2021
Баргардон: Сипеҳр
ЁДДОШТ: Ин навишта бо таваҷҷуҳ ба гуфтугӯям бо Ҳумоюн Фавзӣ, собиқ муовини вазири дифоъи Афғонистон ва бо истифода аз маълумоти мавҷуд дар мавриди ҳарфҳои ӯ навишта шудааст.
Ҳумоюн Фавзӣ таъйид мекунад, ки ҷанг дар Шимол ба сурати систематик аз сӯйи давлати марказӣ интиқол дода шуд. Ба гуфтаи Фавзӣ, ҳамон гуна ки дар замони Абдураҳмонхон ва баъд аз он тавассути вазир Гулмуҳаммадхон гуруҳҳое аз як қавм аз вилоятҳои Ғазнӣ, Гардез, Пактиё, Ҳилманд, Қандаҳор ва бархе вилоятҳои дигар дар вилоятҳои Шимол, аз ҷумла Қундуз, Бағлон, Мазор, Форёб ва Тахор дар нуқоти марзии муштарак бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ҷобаҷо шуданд. Дар замони Карзай низ ин сиёсат дунбол ва бо ҷобаҷоии афроде зери номи кӯчӣ дар бархе вилоятҳои шимолӣ барномаи ноамнсозии Шимол оғоз шуд. Фавзӣ аз ҷобаҷоии Шерхон дар Қундуз дар замони Нодирхон ёд мекунад, ки феълан “Шерхон Бандар” дар Қундуз, марзи муштараки Афғонистону Тоҷикистон, ба номи ӯ ёд мешавад.
Шерхон яке аз фармондеҳон дар замони Нодирхон аст, ки пас аз шикасти Ҳабибуллоҳ Калаконӣ неруҳои Нодирхон ба раҳбарии Шерхон аз қабилаи харутии қавми ғилҷоӣ, то марзи муштараки Тоҷикистон пешравӣ мекунад ва ба фармони Нодирхон барои контроли шимолу шарқ ба Шерхон фармон дода мешавад, ки дар Қундуз мустақар шавад ва ба унвони волии ин вилоят оғоз ба кор мекунад. Ба бовари Фавзӣ, ин ҷобаҷобаҷоиҳо ба таслими ҳазорон ҷариб замини мардуми шимол ва шимолу шарқ ба ноқилини қавми паштун анҷомид.
Фавзӣ ҳамчунон аз тавофуқе мегӯяд, ки тавассути вазири сарҳадот дар замони Ғанӣ бо мардуми вулусволии Дандиғӯрӣ ба имзор расид. Дар соли 2015 пас аз даргириҳо дар вулусволии Дандиғӯрии вилояти Бағлон давлат ҳайатеро ба раёсати Гулоб Мангал, вазири қабоил ва сарҳадот ба Дандиғӯрӣ фиристод, ки пас аз гуфтугӯ бо бузургони ин вулусволӣ тавофуқе байни давлат ва онҳо ба имзо расид. Тибқи ин тавофуқ, мӯсафедони Дандғӯрӣ тааҳҳуд супурданд, ки пас аз ин касе аз ин вулусволӣ бар неруҳои амниятӣ шиллик намекунад, дар шоҳроҳи Кобул-Шимол минагузорӣ намешавад ва амнияти шоҳроҳи Бағлон-Мазор низ таъмин мешавад. Дар муқобил давлат тааҳҳуд супурд, ки неруҳои амниятӣ бидуни иҷозаи бузургони қавмӣ ҳаққи шиллик ба хонаҳои мардумро надоранд ва ҳамчунон неруҳои кашфӣ наметавонанд афродро боздошт ва бозҷӯӣ кунанд. Ин тавофуқ дар ҳамон замон вокунишҳоеро миёни мардум ва маҷлиси намояндагон ба вуҷуд овард ва доманаи ин вокунишҳо ба ҷое расид, ки намояндагони мардум дар парлумон даргирии физикӣ доштанд.
Ба бовари Фавзӣ, ин қарордод ҳастагузории Толибон дар Дандиғӯрӣ ва густариши ҷанг дар шимол буд. Дандиғӯрӣ ва бархе вулусволиҳои Бағлон, ки аз замони Абдурраҳмонхон ва баъд аз он шоҳиди чанд бор ҷобаҷоии ноқилон будааст, ба маркази даромади Толибон дар шимол табдил шуд ва дар солҳои ахир, толибони мустақар дар ин манотиқ, бо андохтани пӯстаҳо дар шоҳроҳи Кобул-Шимол пули ҳангуфте аз васоили нақлияи тиҷоратӣ ва мусофирбарӣ дарёфт мекунанд. Пуле, ки масрафи хариди силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ шуда ва манотиқи бештареро даргири ҷанг мекунад.
Ҳумоюн Фавзӣ (дар акс) таъйид мекунад, ки ҳалақоте дар Арг ба дунболи ноамнсозии Шимол ва террори шахсиятҳои таъсиргузори сиёсӣ ва низомӣ дар ин бахши Афғонистон буданд. Оқои Фавзӣ зимни таъйиди ҳарфҳои Роберт Гейтс, вазири дифоъи собиқи Амрико, ки дар китобаш гуфта буд, Карзай аз онон хоста буд то бо саркӯби сарони Шимол заминаи давлатдорӣ барои ӯро фароҳам кунанд, мегӯяд, ки мақомоте дар Арг аз ҷабҳаи Шимол тарс доштанд ва ба дунболи ин буданд то афроде, ки миёни мардум нуфуз дорандро, яке- яке аз миён бардоранд то битавонанд сиёсатҳои худро ба роҳатӣ пиёда кунанд. Ба бовари Фавзӣ, дастҳое дар дохили низом, пушти террорҳои ҳадафманд дар Шимол, ки ба марги Бурҳонуддин Раббонӣ, қумандон Сайидхелӣ, генерал Довуд Довуд ва дигар чеҳраҳои таъсиргузори шимол анҷомид, вуҷуд доштанд. Фавзӣ ҳадаф аз террори ин шахсиятҳоро барчидани муҳраҳои мардумӣ ва ноамнсозии вилоятҳои Шимол медонад, ки ба таври систематик тавассути муҳраҳое дар марказ тарроҳӣ ва ба иҷро гузошта мешуд. Роберт Гейтс гуфта буд, ки Карзай аз саркашии сарони Шимол ба ӯ ҳушдор дода ва гуфта буд, ки “Бо Толибон метавон канор омад, аммо бо сарони Шимол на”.
Фавзӣ ҳамчунон даст доштани иддае ба қасди террори Дӯстум дар Ғӯрмочи Форёбро таъйид мекунад ва аммо мегӯяд, ки генерал Муродалӣ Мурод (дар акс), ки дар он замон иддао карда буд Арг ба дунболи террори Дӯстум дар Ғӯрмоч буд, иттилооти бештаре дар ин маврид дорад. Ба гуфтаи Фавзӣ дар замоне,ки чанд сол пеш, Дӯстум бо неруҳояш дар Ғӯрмоч дар муҳосираи Толибон монда буд, мақомоти марказӣ заминаи тамос бо ӯро қатъ карда буданд, то монеъи фиристодани неруи ҳавоӣ барои раҳоии Дӯстум шаванд.
Пас аз муҳосираи Дӯстум ҳамроҳ бо нерӯҳояш дар Ғӯрмоч генерал Муродалӣ Мурод, генерали чаҳорситораи бознишастаи артиши Афғонистон гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ ва Шӯрои амнияти миллӣ тарҳи террори генерал Дӯстумро рехта буданд, аммо тарҳашон ба муваффақият наанҷомид. Генерал Мурод дар суханроние, аз гуфтугӯе ёд мекунад, ки яке аз дӯстони Ашраф Ғанӣ барояш мегӯяд: "Хиҷолат намекашад, ки як малиша – Дӯстум - ва ӯзбекҳову ҳазораҳоро даври худаш ҷамъ карда ва муовиниятро барояшон додааст". Ашраф Ғанӣ аммо дар посухи он дӯсташ мегӯяд, тавре генерал Дӯстумро бикушед, ки хунаш берун нашавад.
Дар соли 1395 (2016) генерал Дӯстум, ки то ҳанӯз рутбаи маршалӣ нагирифта буд, барои саркӯбии Толибон ба шаҳристони Ғӯрмочи вилояти Форёб фиристода шуд, ки дар он ҷо, дар муҳосираи Толибон монд. Генерал Муродалӣ Мурод дар суханроние дар Бомиён мегӯяд, ки пас аз муҳосира шудани Дӯстум ҳеҷ касе дар Арг ва вазорати дифоъ ба телефонҳояш посух намедиҳад, то ин ки ӯ бо Муродалӣ Мурод, ки дар ҷанг дар Қундуз ба сар мебурд, ба тамос мешавад. Генерал Дӯстум ба генерал Мурод мегӯяд, ки имрӯз ҳеҷ касе ба телефони ӯ ҷавоб надода ва агар ӯро наҷот надиҳад, то чанд соати дигар кушта хоҳад шуд. Генерал Мурод бидуни ҳамоҳангӣ бо Кобул ду ҳавопаймои низомиро барои наҷоти Дӯстум ба Мазор мефиристад, ки аз он ҷо маводи сӯхт бигиранд ва ба Форёб бирасанд. Пас аз ин, ки мақомҳои раҳбарии вазорати дифоъ аз рафтани ду ҳавопаймо ба Мазори Шариф хабар мешаванд, ба қулли урдуи Мазор фармон медиҳанд, ки монеъи рафтани онҳо ба Форёб шаванд. Генерал Мурод ба баҳонаи ин, ки ҳавопаймоҳо пас ба Қундуз бар мегарданд, онҳоро аз Мазор парвоз медиҳад ва сипас ба сарбозонаш мегӯяд, ки мухобираҳоро хомӯш карда ва тибқи иттилооте, ки гирифтаанд, барои наҷоти Дӯстум ба Ғӯрмочи Форёб бираванд. Дар натиҷа, ду ҳавопаймое, ки тавассути ин генерали артиш фиристода мешавад, ба Ғӯрмоч мерасанд ва баъд аз куштани наздик ба сад нафар толиб муваффақ мешаванд, ки Дӯстумро аз муҳосира бардоранд ва ба хонааш интиқол диҳанд.