Забон форсӣ султагар ё расонаи иртиботест байни ақвому кишварҳои минтақа?
Нависанда: Яъқуб Ясно, нависанда ва пажӯҳишгар, узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Дар ин рӯзҳо матраҳ мешавад, ки забони форсӣ мӯҷиби ҷилавгирӣ аз ривоҷу тавсеаи забонҳои маҳаллӣ ва қавмӣ дар кишварҳои минтақа мешавад ва забонест султагар. Пешниҳоди ман ин аст биёем каме воқеъбинона дар бораи забони форсӣ ва забонҳои маҳалливу қавмӣ дар кишварҳои минтақа таваҷҷуҳ кунем ва сипас пешдовариву қазоват намоем.
Бо ин пурсиш оғоз мекунем: забони форсӣ забони қавми хос аст ё расонае байни ақвому забони омӯзиш, бозору иҷтимоъ ва сиёсат?
Биёем забонҳои маҳаллӣ ва қавмиро дар кишварҳои минтақа баррасӣ кунем, ки кадом забонҳо забонҳои маҳаллӣ ва қавмӣ ҳастанд ва ин ақвом мутааллиқ ба кадом калонҳувияти фарҳангӣ ҳастанд. Забони курдӣ, забон лурӣ, забони балучӣ, забони дарии мардуми зартуштӣ ва... дар Эрон аз забонҳои эронии ақвоми эронӣ ҳастанд, ки форсӣ нестанд. Забони пашту, забони пашшаӣ, забони шуғнӣ ва... дар Афғонистон аз забонҳои эронии ақвоми эронӣ ҳастанд, ки форсӣ нестанд. Ҳамин тур 5 забони помирӣ, забони яғнобӣ ва... дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна аз забонҳои эронии ақвоми эронӣ ҳастанд, ки форсӣ нестанд.
Ин ақвоми эронӣ, ки дар кишварҳои минтақа, забонҳои ғайрфорсӣ ва вежа ба худро доранд, пас забони форсӣ забони кадом қавм аст? Касоне, ки форсизабон ҳастанд, қавми хос ҳастанд?
Забони форсӣ ба сурати мушаххас забони яке аз ақвоми эронӣ ё ғайриэронӣ нест, балки забонест, ки пас аз ислом бинобар ҳузури ақвоми мутафовит дар Хуросон ва кишварҳои минтақа, ба унвони як расонаи иртиботӣ шакл гирифта, таҳаввул ва такомул ёфта ва забони ҳамаи ақвоми эронӣ ва ғайриэронии кишварҳои минтақа шудааст. Забони форси то забони мушаххасу мавриди истифодаи ақвоми эронии кишварҳои минтақа бошад, балки забон ва расонаи ақвоми ғайриэронӣ будааст, ки дар Хуросон ва кишварҳои минтақа ҳузур ёфтаанд ва аз забони форсӣ ба унвони расонаву забони маданият ва императориҳое чандқавмӣ истифода кардаанд, ки аксари ин императориҳо турку муғул будаанд.
Дуруст аст, ки забони форсӣ аз назари забоншиносӣ аз зершохаҳои забонҳои эронии ҳиндуаврупоӣ ба шумор меравад, аммо гӯишварони забони форсӣ аз ақвоми эронӣ ва ғайриэронӣ будаанд. Касоне, ки дар Эрон имрӯз форсизабонанд, ҳатман аз ақвоми эронӣ нестанд, балки арабтбор ва турктбор ва ғайраанд. Имрӯз онҳо дар Эрон аз форсӣ ба унвони як расонаи ҷамъӣ ҳимоят мекунанд, аммо ақвоми асили эронӣ, ки курд, балуч, лур ва ғайраанд аз ривоҷи расонаии забони форсӣ нисбатан интиқод доранд ва мехоҳанд забонҳои қавмӣ ва маҳаллиашон дар муносиботи расмӣ ривоҷ ёбанд.
Сайид Алии Хоманаӣ ва Ҳаддоди Одил ва... эрониёни арабтабор, аммо форсизабонанд. Парвиз Нотили Хонларӣ ва... шуморе аз донишмандону адибони эронӣ эрониёни турктбор, аммо форсизабонанд. Ин ки паштунҳо дар Афғонистон мухолифи забони форсӣ ҳастанд, паштунҳо низ яке аз ақвоми эронӣ ҳастанд ва забонашон яке аз забонҳои қавмии эронӣ аст. Ҳамин тур курдҳо ва..., ки дар Эрон ба гунае мунтақиди забони форсӣ ҳастанд, аз ақвоми эронианд ва забонҳояшон аз забонҳои эронӣ ҳастанд.
Забони форсӣ забони императориҳои чандқавмии минтақа, забони маданият, иқтисод ва қудрат будааст. Забони форсӣ дар минтақа гегемонияи қавмӣ надорад, балки гегемонияи фарҳангӣ ва расонаӣ дорад. Забони форсӣ аз назари сиёсиву мазҳабӣ бештар мавриди истифодаи афроди турк, муғул ва араб дар кишварҳои минтақа будааст ва императорҳои турку муғул ва мубаллиғони мазҳабие, ки бештар табори араб доштаанд, аз забони форсӣ ба унвони расонае барои густариши қудрату мазҳаби худ дар кишварҳои минтақа истифода кардаанд.
Имрӯз шуморе аз афроде, ки дар шаҳрҳои кишварҳои минтақа худро форсизабон мегӯянд, аз назари таборӣ, бақоёи императорони турку муғул ва мубаллиғони арабанд ва ақвоми эронии минтақа маъмулан дар маҳаллҳои қавмии худ зиндагӣ мекунанд ва забони махсуси қавмии худро доранд. Дар Эрон, Афғонистон ва кишварҳои минтақа, феълан қавме ба номи форс ё порс вуҷуд надорад. Ин ки дар таърих аз Ҳахоманишиён ба номи “порс” ёд шудааст, имрӯз аз он қавм ба номи “порс” ёд намешавад. Маълум нест, ки он қавм дар Эрон мутааллиқ ба курд, лур, балуч ва... аст, ё шомили бахше аз ҷомеаи форсзабон шудааст. Забони форсӣ забони аввали зартуштиҳои Эрон низ нест, онҳо забоне ғайр аз форсӣ доранд, номи забони худро дарӣ мегӯянд ва забони форсӣ забони дувумашон аст.
Беҳтар ин аст, ҳамаи мо аз таборҳои мутафовит, ки солҳост аз забони форсӣ истифода кардаем, дар пайи барчаспҳои асабиятбарангез ва беасос бар ин забон набошем ва нохоста мӯҷиби тазъифи забони форсӣ нашавем, зеро забони форсӣ ба унвони як расонаи ҷамъӣ, нишонае аз ваҳдат ва ҳамбастагии фарҳангӣ, забонӣ ва адабии ақвом дар кишварҳои минтақа аст.
Тавре ки Бедил аз қабилаи барлоси муғул дар Ҳинд соҳиби забони форсӣ аст, як паштун, ӯзбек, ҳазора, тоҷик, пашшаӣ, шуғнӣ, нуристонӣ ва... дар Афғонистон ва як курд, лур, балуч, турк, араб ва... дар Эрон соҳиби забони форсӣ аст ва ин забон расонаи иртиботӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва сиёсии байнашон будаву хоҳад буд ва ваҳдати фарҳангиву забониро дар байни ақвом ва кишварҳои минтақа барқарор мекунад.
Ҳақиқат ин аст, ғайр аз забони форсӣ дар кишварҳои минтақа, ҳеҷ забоне дигар гунҷоиши расонаиву иртиботӣ ва фарҳангии забони форсиро надорад, ки битавонад ба унвони расонаи муштарак байни ақвом ва кишварҳои минтақа амал кунад. Бинобарин, барои гирифтани як донаи гандум, хирманро раҳо накунем ва оташ ба хирман назанем.