Тақсими сарзаминҳои исломӣ ва арабӣ қабл ва баъд аз тавофуқномаи Сайкс-Пико бо дарназардошти абъоди таърихӣ, фарҳангӣ, геополитикӣ ва тамаддунӣ
Нависанда: доктор Холидин Зиёӣ, раиси Андешакадаи гуфтумони таълимии миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Тақсими сарзаминҳои исломӣ ва арабӣ аз қарни нуздаҳум то кунун яке аз меҳварҳои аслии сиёсатҳои истеъморӣ ва пас аз он геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ будааст. Ин мақола бо баррасии пешинаи назариёти истеъмории пеш аз Сайкс–Пико, худи Тавофуқномаи Сайкс–Пико (1916) ва назарияҳову проектҳои пас аз он нишон медиҳад, ки таҷзияи ҷаҳони ислом на танҳо абъоди сиёсӣ ва сарзаминӣ дошта, балки паёмадҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ, иқтисодӣ ва геополитикии густурдаеро низ дар пай доштааст.
МУҚАДДИМА:
Аз авохири қарни нуздаҳум, бо тазъифи Императории Усмонӣ, қудратҳои аврупоӣ, бавежа Бритониё ва Фаронса ба думболи эҷоди манотиқи нуфуз ва контроли сарзаминҳои исломӣ ва арабӣ буданд. Ин сиёсатҳо, дар канори Тавофуқномаи Сайкс–Пико (1916), на танҳо нақшаи сиёсӣ ва марзии минтақаро тағйир дод, балки паёмадҳои фарҳангӣ ва тамаддунии амиқе низ бар ҳувияти исломӣ ва арабӣ гузошт. Мутолиаи ин раванд ва назарияҳои пас аз он ба дарки таҳаввулоти таърихӣ ва буҳронҳои муосири Ховари Миёна кумак мекунад.
ПЕШ АЗ ТАВОФУҚНОМАИ САЙКС–ПИКО:
1 - Тарҳҳои истеъмории Бритониё ва Фаронса
Дар қарни нуздаҳум Императории Усмонӣ дар ҳоли тазъиф буд ва ин амр фурсате барои қудратҳои аврупоӣ фароҳам кард:
- Бритониё: тамаркуз бар Миср, Халиҷи Форс ва масири Ҳинд ба унвони масирҳои ҳаётии иқтисодӣ ва низомӣ, ҳифозат аз масирҳои тиҷорӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи Русия.
- Фаронса: тамаркуз бар Сурияву Лубнон барои густариши нуфуз дар шарқи Медитарона ва ҳифзи дастрасӣ ба манобеъи табиӣ ва бозорҳои минтақа.
Ин аҳдоф танҳо ҷанбаи низомӣ ва сиёсӣ надошт; Балки бо таваҷҷуҳ ба абъоди фарҳангӣ ва тамаддунӣ, Ғарб талош мекард ҳувияти исломӣ ва арабиро низ мудирият ва контрол кунад.
2 - Тавофуқномаҳо ва музокироти маҳрамонаи пешин
- Конфронси Берлин (1884–1885): тақсими Африқо миёни қудратҳои аврупоӣ, улгуе барои тақсими Ховари Миёна шуд.
- Бозии Бузург дар Осиёи Миёна: рақобати Инглис ва Русия барои нуфуз дар сарзаминҳои мусулмоннишин аҳамияти геополитикии минтақаро нишон медод.
- Музокироти дигар: табодули иттилоот ва тавофуқоти маҳрамона миёни Фаронса ва Бритониё барои таъйини манотиқи нуфузи оянда.
ТАВОФУҚНОМАИ САЙКС–ПИКО (1916):
Ин тавофуқномаи маҳрамона байни Бритониё ва Фаронса бо иттилоъи Русия тазорӣ пас аз суқути эҳтимолии Усмонӣ сарзаминҳои арабиро ба ҳавзаҳои нуфуз тақсим кард:
- Фаронса: Сурия ва Лубнон
- Бритониё: Ироқ, Фаластин ва Урдун
- Русия: бахшҳое аз Анатолияи Шарқӣ
- Фаластин: таҳти идораи байналмилалӣ
Ин тақсимбандӣ марзҳои маснуӣ эҷод кард ва ваҳдати тамаддунӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷаҳони исломро хадшадор сохт ва тазъиф намуд. Аз манзари тамаддунӣ ин тавофуқнома ҳувияти исломиро ба чанд ҳавзаи фаръӣ дар чаҳорчӯби манофеъи давлати тавзифӣ тақсим кард ва инсиҷоми таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ҷаҳони исломро коҳиш дод.
БАЪД АЗ САЙКС–ПИКО: НАЗАРИЯПАРДОЗОН ВА ПРОЕКТҲОИ ТАҚСИМИ МУҶАДДАД
1 - Эъломияи Балфур (1917)
Эъломияи Балфур заминасози эҷоди Исроил дар Фаластин шуд ва бахше аз проекти тақсими Ховари Миёна маҳсуб мешуд. Аз назари геополитикӣ, ин иқдом ҳузур ва нуфузи Ғарб дар қалби ҷаҳони арабро тасбит кард ва аз манзари тамаддунӣ яке аз бузургтарин шикофҳои таърихӣ дар ҳувияти арабӣ ва исломӣ эҷод кард.
2 – Асли таъйини сарнавишти миллатҳо (Вилсон)
Бо ин ки ба зоҳир озодибахш буд, дар амал мӯҷиби қаймумияти Бритониё ва Фаронса бар кишварҳои арабӣ шуд. Ин асл баҳонае барои машрӯъиятбахшӣ ба нуфузи истеъмори ғарбӣ шуд ва истиқлоли воқеӣ ва ваҳдати фарҳангии ҷаҳони арабро маҳдуд кард.
3 - Назарияпардозони қарн бистум ва бисту якум
Бернард Луис
Вай пешниҳоди тақсими ҷаҳони ислом ба 80–90 кишвари кӯчакро матраҳ кард то ҳеҷ қудрати минтақаӣ натавонад алайҳи Ғарб муттаҳид шавад ва онро ба чолиш бикашад ва тақсими Сайкс–Пикоро ноқис ва ғайримукаммал медонист, ин назарияи таркибӣ аз абъоди фарҳангӣ ва геополитикӣ буд, зеро ба таври мустақим бар шикофҳои мазҳабӣ, қабилаӣ ва фарҳангӣ таъкид дошт.
Рафаэл Пати
Нависандаи китоби “Зеҳни арабӣ” бар қобилияти тақсим ва баҳрабардорӣ аз шикофҳои дохилии ҷавомеъи арабӣ таъкид кард.
Збигнев Бзежински
Дар китоби “Сафҳаи бузурги шатранҷ” (1997) бар аҳамияти таҷзияи кишварҳои мусулмони Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна барои ҳифзи бартарии Амрико таъкид шуд.
4 - Проекти Ховари Миёнаи Бузург (пас аз 2001)
- Ироашуда тавассути давлати Ҷорҷ Буш.
- Ҳадаф: бозсозии сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳатто марзии ҷаҳони ислом.
- Аз манзари геополитикӣ ва геоиқтисод ин проекти дастрасии Ғарб ба манобеъи энержӣ ва мавқеиятҳои стратегии минтақаро тазмин мекард.
АБЪОДИ ФАРҲАНГӢ ВА ТАМАДДУНӢ
Тақсимоти сарзаминӣ ва проектҳои баъдӣ мӯҷиби тазъифи ҳувияти исломӣ ва арабии ваҳдати амал ва аҳдофи онҳо шуданд:
- Шикофҳои мазҳабиву қавмӣ ва забонӣ тақвият шуданд.
- Инсиҷоми фарҳангиву тамаддунӣ ва манофеъи иқтисодии ҷаҳони ислом коҳиш ёфт.
- Нақши ҷаҳони ислом ба унвони бозигари таъсиргузори ҷаҳонӣ тазъиф шуд.
АБЪОДИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ГЕОСТРАТЕГӢ
- Контроли нуқоти роҳбурдӣ монанди канали Суетс, Халиҷи Форс ва шарқи Медитарона барои кишварҳои Ғарб, бахусус Иёлоти муттаҳидаи Амрико.
- Ҷилавгирӣ аз зуҳури блокҳои муттаҳиди исломии арабии қавӣ, ки метавонад монанди гузашта қудрати кишварҳои ғарбӣ, бахусус Амрикоро ба чолиш бикашанд.
- Тақвияти нуфузи Амрико ва Аврупо дар чаҳорчӯби таҳолуфи низомии НАТО дар умури дохилии кишварҳои исломӣ ва арабӣ.
АБЪОДИ ГЕОИҚТИСОДӢ
- Дастрасии мустақим ба манобеъи арзонқимати нафту гази ҷаҳони ислом барои кишварҳои Ғарб.
- Коҳиши қудрати чоназанӣ ва манёври сиёсиву иқтисодии кишварҳои мусулмон ва арабӣ дар бозори ҷаҳонии энержӣ ва тарсими нақшаи ҷаҳонӣ.
- Эҷоди кишварҳои кӯчак ва вобаста ба манофеъи иқтисодӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои ғарбӣ, бахусус Амрико.
ҶАМЪБАНДӢ ВА НАТИҶАГИРӢ
- Пеш аз Сайкс–Пико: назарияҳои истеъмории Бритониё ва Фаронса барои тазъиф ва тақсими Императории Усмонӣ.
- Дар Сайкс–Пико: тақсими сарзаминҳои арабӣ-исломӣ тавассути Бритониё ва Фаронса бо иттилоъ ва мушорикати Русия.
- Пас аз Сайкс–Пико: чеҳраҳое монанди Балфур, Луис, Бзежинский ва проекти Ховари Миёнаи Бузург, дар чаҳорчӯби мафҳуми нобасомониҳои созанда, ки сиёсати тақсиму таҷзияи ҷаҳони исломро осон карда ва бо ҳазинаи кам дар оянда амалӣ месозад, рӯи даст гирифта шуд.
Мафҳуми “creative chaos” ё “ҳарҷу марҷи халлоқона” дар даврони идораи Ҷорҷ Буши писар ба навъе ишора ба як стратегияи амалӣ дошт, ки ҳадафаш эҷоди як навъ тағйироти бунёдин ва гоҳе нопойдор дар бархе манотиқи ҷаҳон, бахусус Ховари Миёнаи Бузург буд то аз ин тариқ шароити ҷадид ва фурсатҳои ҷадидеро барои ҳифзи манофеъи Ғарб, бахусус Амрико дар тӯлонимуддат фароҳам кунад.
Ин раванд нишон медиҳад, ки тақсими ҷаҳони ислом сирфан сиёсӣ ва иқтисодӣ набуда, балки паёмадҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва геополитикӣ ва ҳамчунон геостратегии густурдаеро дар пай дошта ва ҳамчунон дар оянда бо татбиқи комили ин проекти истеъмории навин мо бештар шоҳиди тағйирот ва таҳаввулот хоҳем буд, ки ба нафъи ҷаҳони ислом ва миллатҳои ин минтақа нахоҳад буд.
Мутолиаи ин таҳаввулот дар чаҳорчӯби таърихи гузаштаи тақсими ҷаҳони ислом, бахусус бо дарназардошти татбиқи мафҳуми нобасомониҳои созанда дар аҳди идораи Буши писар барои дарку таҳлили беҳтари буҳронҳои мавҷуд ва рақобатҳои кунунии Ховари Миёнаи Бузург, бахусус ҷаҳони ислом муфид мебошад.