Хабари рӯз

Чӣ гуна Инглис равобити ду кишвари ҳамсояро барои ҳамеша барҳам зад?

Манбаъ: Гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним” (Эрон)

Мунозиъот миёни Ҳинду Покистон аз дер боз ба унвони яке аз печидатарин ва пойдортарин даргириҳо дар Ҷануби Осиё шинохта мешавад, ки решаҳои он ба даврони истеъмори Бритониё бозмегардад ва нақши Инглис, ба унвони қудрати истеъмории пешин, дар шаклгирӣ ва тадовуми ин танишҳо ғайри қобили инкор аст.

Инглис ба унвони қудрати истеъмори пешин, аз тариқи тасмимоти таърихӣ, сиёсатҳои иқтисодӣ ва иқдомоти муосири худ, нақши муҳимме дар шаклгирӣ ва тадовуми ин танишҳо ифо кардааст.

Бритониё дар даврони истеъмори худ тасмимотеро иттихоз кард, ки заминасози мунозиъоти пойдор миёни Ҳинду Покистон шуд.

 Тақсими шибҳиқора

Тақсими шибҳиқораи Ҳинд дар соли 1947 ба ду кишвари мустақил Ҳинду Покистон яке аз муҳиммтарин рӯйдодҳои қарни бистум буд, ки паёмадҳои амиқе барои минтақаву ҷаҳон баҷо гузошт. Ин фароянд, ки таҳти назорати Бритониё анҷом шуд, ба истиқлоли ин ду кишвар мунҷар шуд ва решаи бисёре аз танишҳои имрӯзӣ, бавежа бар сари Кашмирро шакл дод.

Бритониё аз авосити қарни ҳаҷдаҳум бо тасаллути ширкати Ҳинди Бритониёи Шарқӣ бар шибҳиқора, контроли ин минтақаро дар даст гирифт. Шибҳиқора, ки шомили Ҳинд, Покистон, Бангладеш ва Шриланкаи имрӯзӣ буд, ба далели манобеъи табиии ғанӣ, нерӯи кори фаровон ва мавқеияти стратегӣ, барои Бритониё бисёр боарзиш буд.

Аммо пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум (1939-1945) Бритониё башиддат заиф шуда буд, иқтисодаш осеб дида буд, артишаш хаста буд ва фишорҳои дохиливу байналмилалӣ барои поён додан ба истеъмор афзоиш ёфта буд. Дар ҳамин замон, ҷунбишҳои истиқлолталабона дар Ҳинд, ба раҳбарии афроде мисли Маҳатма Ганди ва Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ, қавитар шуда буданд.

Дар соли 1945, давлати Бритониё ба раҳбарии Клемент Эттли, нахуствазири вақт, тасмим гирифт ба истеъмори Ҳинд поён диҳад. Барои мудирияти ин фароянд, лорд Луис Маунтбеттен ба унвони охирин ноибуссалтанаи Ҳинд дар феврали 1947 мансуб шуд. Маунтбеттен, ки аз хонаводаи салтанати Бритониё буд ва дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ба унвони фармондеҳи низомӣ хидмат карда буд, вазифа дошт истиқлоли Ҳиндро то июни 1948 муҳаққақ кунад, аммо ӯ ба ин натиҷа расид, ки ихтилофот байни Кунгураи миллии Ҳинд ва Иттиҳодияи мусулмонон ҳалнашуданӣ аст ва тақсими шибҳиқора танҳо роҳи мумкин аст.

Маунтбеттен тарҳеро пешниҳод кард, ки ба «тарҳи Маунтбеттен» маъруф шуд. Тибқи ин тарҳ, шибҳиқора ба ду кишвари мустақил тақсим мешуд; Ҳинд бо аксарияти ҳинду ва Покистон бо аксарияти мусулмон. Покистон шомили ду бахш буд; Покистони Ғарбӣ (Покистони имрӯзӣ) ва Покистони Шарқӣ (Бангладеши имрӯзӣ). Ин тарҳ дар июни 1947 ба тасвиб расид ва таърихи истиқлол ба 15 августи 1947 таъйин шуд. Ин тасмим бо аҷала гирифта шуд ва фурсати кофӣ барои барномарезии дақиқ вуҷуд надошт.

Яке аз ҳассостарин бахшҳои тақсим таъйини марзҳои ду кишвар буд. Бритониё барои ин кор сэр Сирил Рэдклифф, як вакили бритониёиро, ки ҳеҷ таҷрибае дар шибҳиқора надошт, интихоб кард. Рэдклифф раиси комиссияе шуд, ки ба «комиссияи Рэдклифф» маъруф аст. Ӯ дар тобистони 1947 ба Ҳинд омад ва фақат чанд ҳафта фурсат дошт то марзҳои ду кишварро мушаххас кунад. Бидуни иттилооти дақиқ ва бо фишори замонии шадид, Рэдклифф хутуте тарсим кард, ки баъдҳо ба «хатти Рэдклифф» маъруф шуд.

Ин хутут бар асоси аксарияти мазҳабии манотиқ тарсим шуданд, аммо мушкилоти зиёде доштанд, масалан:

- дар Панҷоб, шаҳре мисли Лоҳур, ки ҷамъияти ҳинду, сикх ва мусулмон дошт, ба Покистон дода шуд ва боиси муҳоҷирату хушунат шуд.

- дар Бангол, манотиқи бо таркиби мазҳабии печида ба таври ноқис тақсим шуданд.

 - дар Кашмир, ки аксарияташ мусулмон буд, вале ҳокимаш ҳинду вазъият мушаххас нашуд ва ба ихтилофи аслӣ байни Ҳинду Покистон табдил шуд.

Рэдклифф ҳеҷ вақт ба шибҳиқора барнагашт ва баъдҳо гуфт, ки аз паёмадҳои кораш пушаймон аст. Тасмимоти ӯ, ки бо ҳимояти Маунтбеттен иҷро шуд, ба ҷобаҷоии ҳудуди 12 миллион нафар ва марги садҳо ҳазор нафар дар хушунатҳои қавмӣ мунҷар шуд.

Оиша Ҷалол, таърихнигори урдутбор дар китоби «Тараҳҳуми тақсим» дар бораи хушунатҳои ношӣ аз ин ҷудоии ношиёна, ки бо тарҳи инглисҳо иҷро шуд, менависад: «Инсонҳо қавонине алайҳи қатлу ошӯб вазъ карда буданд то худро аз ҳайвоноти даранда мутамоиз кунанд, аммо ҳеҷ як аз ин қавонин дар куштори ваҳшёнае, ки Ҳиндро дар остонаи истиқлол то умқи вуҷуд ларзонд, риоят нашуд.»

Яке аз муҳиммтарин нуқоти ихтилоф, вазъияти Кашмир буд; Минтақае бо аксарияти мусулмон, ки тавассути як ҳокими ҳинду идора мешуд. Бритониё натавонист ин масъаларо ҳал кунад ва дар натиҷа Кашмир ба як ихтилофи марзии пойдор табдил шуд, ки то имрӯз идома дорад.

Нақши Бритониё дар тақсими шибҳиқора фақат ба тасмимоти Маунтбеттен ё Рэдклифф маҳдуд намешавад. Ин кишвар бо сиёсатҳои истеъмориаш, мисли тазъифи иқтисоди маҳаллӣ ва ташдиди ихтилофоти мазҳабӣ, шибҳиқораро дар вазъияте шикананда раҳо кард. Вақте истиқлол эълом шуд, ду кишвар бо мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии бузурге рӯбарӯ шуданд, ки ҳамкориро сахттар кард. Кашмир, ки ба хотири тасмимоти нодурусти Бритониё ба як захми боз табдил шуд, ҳанӯз ҳам далели аслии таниш байни Ҳинду Покистон аст.

Ин стратегия, ҳамроҳ бо хурӯҷи шитобзадаи Инглис дар соли 1947 халаъи қудратӣ эҷод кард, ки ба хушунатҳои густурда мунҷар шуд. Дар ҷараёни тақсим, садҳо ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд. Ин захмҳои таърихӣ ҳамчунон дар нохудогоҳии ҷамъии Ҳинду Покистон ҳузур доранд ва беэътимодӣ ва душманиҳоро миёни ду кишвар тақвият мекунанд.

 

 Даврони пасоистеъмор

Пас аз поёни истеъмори Бритониё дар шибҳиқораи Ҳинд ва истиқлоли Ҳинду Покистон дар соли 1947, нақши Бритониё дар масоили ин ду кишвар ба поён нарасид, агарчи ин кишвар дигар қудрати истеъмории мустақиме набуд, аммо сиёсатҳояш дар даврони пасоистеъморӣ, бавежа дар тӯли ҷанги сард (даҳаҳои 1940 то 1990), таъсироти манфии қобили таваҷҷӯҳе бар равобити Ҳинду Покистон гузошт.

Ин таъсирот умдатан аз тариқи ҳимояти стратегӣ аз Покистон, мавзеъгириҳои дипломатӣ дар қиболи Кашмир ва ташдиди рақобатҳои минтақаӣ шакл гирифт, ки ба танишҳои дуҷониба доман зад.

Шибҳиқораи Ҳинд ба далели мавқеияти стратегии худ дар Ҷануби Осиё, наздикӣ ба Ховари Миёна ва манобеъи табиӣ ва инсониаш, барои ҳар ду блоки Ғарб ва Шарқ дар даврони ҷанги сард аҳамият дошт. Бритониё, ба унвони яке аз аъзои калидии блоки Ғарб ва муттаҳиди наздики Амрико ба думболи ҳифзи нуфузи худ дар минтақа буд то ҷилави густариши коммунизмро бигирад.

Ҳинду Покистон, ки тоза истиқлол ёфта буданд, ба далели ихтилофоти марзӣ (бавежа бар сари Кашмир) ва заъфи иқтисодии ношӣ аз истеъмор дар ин рақобати ҷаҳонӣ осебпазир буданд. Бритониё аз ин мавқеият истифода кард ва сиёсатҳое иттихоз кард, ки ба ҷои коҳиши танишҳо, ағлаб ба ташдиди онҳо мунҷар шуд.

Яке аз муҳиммтарин иқдомоти манфии Бритониё дар даврони ҷанги сард, ҳимояти стратегӣ ва низомӣ аз Покистон буд, ки ба рақобати таслиҳотӣ бо Ҳинд доман зад. Дар авоили даҳаи 1950, Бритониё ба ҳамроҳи Иёлоти Муттаҳида, Покистонро ба унвони муттаҳиди калидӣ дар Ҷануби Осиё интихоб кард. Ин тасмим бахше аз стратегияи маҳори коммунизм буд, зеро Покистон ба далели наздикии ҷуғрофиёӣ ба Афғонистон ва Ховари Миёна, пойгоҳи муҳимме барои назорат бар фаъолитҳои Шӯравӣ маҳсуб мешуд.

Дар соли 1954, Покистон ба Паймони Бағдод (баъдҳо ба номи Созмони паймони марказӣ ё СЕНТО шинохта шуд) пайваст, ки Бритониё ва Амрико аз аъзои аслии он буданд. Ин паймон барои эҷоди як ҷабҳаи зиддикоммунистӣ дар Ховари Миёна ва Ҷануби Осиё тарроҳӣ шуда буд. Бритониё аз тариқи ин паймон, таслиҳоти низомӣ, аз ҷумла тайёраҳои ҷангӣ ва таҷҳизоти пешрафта, ба Покистон ироа кард. Ҳамчунин, барномаҳои омӯзишӣ барои артиши Покистон тартиб дод, ки тавони низомии ин кишварро тақвият кард,

Барои мисол, Бритониё дар даҳаҳои 1950 ва 1960 тайёраҳои ҷангие, монанди “Ҳантер” ва таҷҳизоти зиреҳӣ ба Покистон фурӯхт. Ин кумакҳо, агарчи барои муқобила бо таҳдиди Шӯравӣ буд, ба таври ғайримустақим боис шуд Покистон дар баробари Ҳинд эҳсоси қудрати бештаре кунад ва барои даргириҳои низомии монанди ҷанги 1965 бар сари Кашмир ҷуръати бештаре пайдо кунад.

Ин ҳимояти якҷониба аз Покистон, Ҳиндро ба самти Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ савқ дод. Ҳинд, ки эҳсос мекард блоки Ғарб аз рақибаш ҳимоят мекунад, қарордодҳои низомӣ ва иқтисодӣ бо Шӯравӣ имзо кард ва таслиҳоте, монанди ҷангандаҳои МИГ21 дарёфт кард. Натиҷаи ин сиёсат табдили шибҳиқора ба саҳнае барои рақобати ниёбатии ҷанги сард буд, ки танишҳои Ҳинду Покистонро ташдид кард. Ҷанги 1965, ки ба далели ихтилофоти марзӣ дар минтақаи Рони Кеч ва Кашмир рух дод, намунае аз ин рақобати таслиҳотӣ буд, ки реша дар ҳимоятҳои Бритониё ва Амрико аз Покистон дошт.

 

Таъсироти иқтисодӣ

Сиёсатҳои истеъмории Бритониё дар шибҳиқораи Ҳинд (аз авосити қарни ҳаҷдаҳум то 1947) на танҳо ба масоили сиёсӣ ва низомӣ маҳдуд набуд, балки таъсироти амиқ ва пойдоре бар иқтисоди минтақа гузошт. Бритониё иқтисоди шибҳиқораро ба гунае тарроҳӣ кард, ки ба унвони манбаъи маводи хом ва бозори масраф барои саноеъи худ амал кунад ва ин сохторҳо пас аз истиқлоли Ҳинду Покистон дар соли 1947 ба таври комил аз байн нарафт. Ин вобастагии иқтисодӣ ва заъфҳои сохторӣ, ба рақобатҳои иқтисодӣ, ихтилофот бар сари манобеъ ва ташдиди танишҳо байни ду кишвар доман зад.

Ин тарроҳӣ аз тариқи чанд механизми калидӣ иҷро шуд;

- Истихроҷи маводи хом ва тахриби саноеъи маҳаллӣ

Шибҳиқора, бавежа Ҳинд, пеш аз истеъмор яке аз марокизи тавлиди санъатӣ, бахусус дар нассоҷӣ, буд. Порчаҳои ҳиндӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ шӯҳрат доштанд, аммо Бритониё барои ҳимоят аз саноеъи худ, бавежа корхонаҳои нассоҷӣ дар Ланкашир, ин санъатро нобуд кард.

Бритониё пахтаи хомро бо қимати поин аз кишоварзони ҳиндӣ харидорӣ мекард, онро ба Инглис мефиристод ва пас аз табдил ба порча, бо суди боло ба Ҳинд мефурӯхт.

Барои тазмини муваффақияти ин чарха, молиётҳои сангин бар тавлидкунандагони маҳаллӣ вазъ шуд ва таърифаҳои ҳимоятӣ ҳазф шуданд. Натиҷа ин буд, ки коргоҳҳои нассоҷии ҳиндие, ки қарнҳо порчаҳои бокайфият тавлид мекарданд, варшикаст шуданд,

Масалан, дар Бангол, ки яке аз марокизи нассоҷӣ буд, теъдоди бофандагон байни авоили қарни нуздаҳум то авосити он башиддат коҳиш ёфт ва ин минтақа аз як тавлидкунанда ба як масрафкунандаи вобаста табдил шуд.

- Тавсеаи зерсохтҳо барои баҳрабардории истеъморӣ

Бритониё зерсохтҳое, монанди роҳи оҳан ва банодирро тавсеа дод, аммо ин зерсохтҳо барои хидмат ба мардуми маҳаллӣ набуданд. Шабакаи роҳи оҳан, ки дар авосити қарни нуздаҳум сохта шуд, барои интиқоли сареъи маводи хом (мисли пахта аз Панҷоб ё ҷут аз Бангол) ба банодир ва ҷобаҷоии нерӯҳои низомӣ тарроҳӣ шуда буд.

Банодири Бомбай ва Карочӣ ба марокизи содиротӣ барои Бритониё табдил шуданд, на ба унвони зерсохтҳое барои тиҷорати дохилӣ ё тавсеаи иқтисодии шибҳиқора. Ин зерсохтҳо ба рушди иқтисоди маҳаллӣ кӯмаке накарданд ва пас аз истиқлол, Ҳинду Покистонро бо системи ҳамлунақлӣ мувоҷеҳ карданд, ки барои ниёзҳои дохилии онҳо муносиб набуд.

- Такмаҳсул кардани кишоварзӣ

Бритониё кишоварзии шибҳиқораро ба тавлиди маҳсулоте маҳдуд кард, ки барои саноеъаш зарурӣ буданд, монанди пахта, ҷут, чоӣ ва нил. Ин сиёсат танаввӯъи иқтисодиро аз байн бурд ва кишоварзонро дар баробари навасоноти бозори ҷаҳонӣ осебпазир кард.

Масалан, дар Бангол иҷбор ба кишти нил ба ҷои биринҷ дар қарни нуздаҳум ба қаҳтиҳои густурда мунҷар шуд, ки миллионҳо нафарро кушт (мисли қаҳтии Бангол дар 1770, ки то ҳадде натиҷаи сиёсатҳои истеъморӣ буд).

Ин вобастагӣ ба маҳсулоти хос иқтисоди кишоварзиро шикананда кард ва пас аз истиқлол, тавоноии ду кишвар барои худкифоии ғизоиро коҳиш дод.

Ин сиёсатҳо шибҳиқораро ба як мустаъмараи вобаста табдил кард, ки сарваташ ба таври систематик ба Бритониё мунтақил мешуд. Вақте Ҳинду Покистон дар соли 1947 мустақил шуданд, бо иқтисоди варшикаста, бидуни зерсохти санъатии қавӣ ва вобаста ба тиҷорати хориҷӣ рӯбарӯ шуданд.

- Таъсироти иқтисоди истеъморӣ бар равобити Ҳинду Покистон

Сохторҳои иқтисодии эҷодшуда тавассути Бритониё пас аз истиқлол ба таври мустақим ва ғайримустақим ба танишҳо ва рақобатҳои байни Ҳинду Покистон доман зад. Ин таъсиротро метавон дар чанд ҳавза баррасӣ кард:

- Рақобат бар сари манобеъи табиӣ, бавежа об

Тақсими шибҳиқора тавассути Бритониё манобеъи табииро ба сурати нобаробар байни Ҳинду Покистон тавзеъ кард. Яке аз муҳиммтарини ин манобеъ, оби рӯдхонаҳои ҳавзаи Синд буд, ки аз Кашмир сарчашма мегирифтанд.

Бритониё ҳангоми тарсими марзҳо (тавассути комиссияи Рэдклифф) ба аҳамияти ин манобеъ таваҷҷуҳи кофӣ накард. Ҳинд контроли сарчашмаҳои ин рӯдхонаҳоро дар Кашмир ба даст овард, дар ҳоле, ки Покистон барои кишоварзиаш ба ин об вобаста буд.

Ин нобаробарӣ ба ихтилофоти ҷиддӣ мунҷар шуд. Масалан, дар даҳаи 1950, Ҳинд бо бастани каналҳои обёрӣ, ҷараёни об ба Покистонро коҳиш дод, ки ба буҳрони иқтисодӣ дар Покистон мунҷар шуд.

Агарчи Қарордоди Синд дар соли 1960 бо миёнҷигарии Бонки Ҷаҳони ин мушкилро то ҳадде ҳал кард, аммо масъалаи об ҳамчунон яке аз нуқоти таниш аст, бавежа чун Ҳинд метавонад аз он ба унвони аҳруми фишор истифода кунад. Ин ихтилоф реша дар марзбандии нодурусти Бритониё дорад.

- Заъфи иқтисодӣ ва рақобати таслиҳотӣ

Иқтисоди заиф баҷомонда аз даврони истеъмор, Ҳинду Покистонро маҷбур кард манобеъи маҳдудашонро ба ҷои тавсеаи иқтисодӣ, ба рақобати низомӣ ихтисос диҳанд.

Шибҳиқора дар замони истиқлол фоқиди зерсохтҳои санъатии қавӣ буд, зеро Бритониё амдан монеъи санъатисозӣ шуда буд. Ин заъф боис шуд ҳар ду кишвар барои таъмини ниёзҳои аввалия, аз ҷумла ғизо ва таҷҳизоти низомӣ, ба кишварҳои хориҷӣ вобаста шаванд.

Ин вобастагӣ ба рақобати таслиҳотӣ доман зад. Масалан, дар ҷанги 1965 бар сари Кашмир ва Рони Кеч, ҳар ду кишвар манобеъи иқтисодии маҳдудеро сарфи хариди таслиҳот карданд, дар ҳоле, ки иқтисодашон ҳанӯз аз паёмадҳои истеъмор ранҷ мебурд. Ин рақобат реша дар заъфи иқтисодие дошт, ки Бритониё эҷод карда буд.

 

Ихтилофоти тиҷорӣ ва набуди ҳамкории минтақаӣ

Сохтори иқтисодии вобастае, ки Бритониё эҷод карда буд, Ҳинду Покистонро ба ҷои ҳамкорӣ, ба руқабои тиҷорӣ табдил кард.

Дар даврони истеъмор тиҷорати шибҳиқора ба самти Бритониё ҳидоят мешуд ва тиҷорати дохилӣ байни манотиқ (мисли Панҷобу Бангол) камаҳамият буд. Пас аз истиқлол, ин улгу ба рақобат байни Ҳинду Покистон барои тасаллут бар бозорҳои минтақаӣ мунҷар шуд.

Масалан, Покистон ва Ҳинд ба ҷои эҷоди як бозори муштарак дар Ҷануби Осиё, таърифаҳои боло ва мавонеъи тиҷорӣ алайҳи якдигар вазъ карданд. Ин рақобат монеъ аз ташкили як блоки иқтисодии қавӣ шуд, ки метавонист ба тавсеаи ҳар ду кишвар кумак кунад.

Фуқдони ҳамкории иқтисодие, ки реша дар улгуҳои истеъморӣ дошт, ба беэътимодӣ ва танишҳои сиёсӣ доман зад.

 

Натиҷагирӣ

Нақши манфии Бритониё дар танишҳои кунунии Ҳинду Покистон чандваҷҳаӣ аст. Тақсими шибҳиқора ва марзбандии нодуруст, бавежа дар Кашмир, решаҳои таърихии ин танишҳоро шакл дод. Ҳимояти стратегӣ аз Покистон дар ҷанги сард рақобати таслиҳотиро ташдид кард ва сохторҳои иқтисодии истеъморӣ ба рақобат ва заъфи иқтисодӣ мунҷар шуд, ки ҳамкориро ғайримумкин кард.


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!