Аз Абдураҳмон то “Толибон” сиёсати паштунҳо фақат ва фақат рондани ғайрипаштунҳо аз заминҳои аҷдодиашон ва ба ҷои онҳо ҷойгузин кардани паштунҳои на фақат дохилӣ, балки хориҷӣ низ будааст. Он чиро, ки мо имрӯзҳо дар манотиқи ӯзбекнишини Форёб, ҳазоранишини Дойкундӣ ва тоҷикнишини Тахор мебинем
Муаллиф: ИНҶИНЕР САХӢ УРУЗГОНӢ
Абдураҳмон ба хотири таҳаққуқи нобудии соири ақвоми Афғонистон, ҳатто афғонҳои ҳиндиро низ даъват кард, ки барои гирифтани заминҳои ҳосил ва манотиқи сарсабзи манотиқи шимолии кишвари мо аз Ҳиндустон ба Афғонистон биёянд ва зиндагонии орому шукӯҳмандро дошта бошанд:
«Агар гузарони шумо, ки мулки Абдуллоҳхон мебошад ва тоифаи шумо, ки ба шумо тааллуқ дорад, дар ҳамон алоқаи Ҳиндустон ва мамлакати ангрезӣ (англисӣ) мешавад, пас беҳтар он аст, ки хаёли омадан ва дохил шудани алоқаи Афғонистонро накунед. Ман аз он нафъе, ки аз шумо ба давлати Афғонистон бирасад, гузаштам. Омадани шумо, ки аз роҳи дӯстӣ ва ғамшарикӣ набошад, як зарар ба давлати Афғонистон ва даҳ зарари куллӣ ба худи шумо ва молу аёлу авлоди шумо мерасанд! Чӣ қадар заҳмат бикашам ва чӣ қадар ақвомро, ки ба душмании шумо омада ва мунтазири вақту фурсатанд, аз душмании шумо мамониат кунам ва шабу рӯз нигарони аҳволи шумо ва душманони шумо буда бошам…
Ҳеҷ оқиле ба зарари дигаре бесабаб ва ҷиҳат раводор намешавад. Ва агар гузарони шумо дар ҳудуди мамлакати саркори ангрезӣ намешавад ва уқдагушоии кори шумо ҳаср ба омадани Афғонистон аст, ...сарришта ин аст, ки аз даҳ хона, як хона ва аз сад хона, даҳ хона ва аз ҳазор хона, сад хона аз маликзодагон баҳри чиҳил хона, хонаи як маликзода бошад, ки сарпарастии боқии хонаворро ӯҳдабардор шавад, ба ман супурд кунед, ки хонавори мазкур, ҳама соҳиби молу соҳиби эътибор ва одамони лоиқу дуруст бошанд. То хонавори мазкурро дохили «алоқаи мамлакати Афғонистон», ба замини пуробу алаф ва ободу «дашти васеъ», мисли «Қатаған»* ҷойи сукунат бидиҳам ва онҳоро дар маҳаллу мақоми сукунати худ чӣ дар молдорӣ ва чӣ дар зироат баҳрабобу нафъбардор шаванд. Ва он қадар бар онҳо хуш бигузарад, ки беҳтар аз он ҳудуд ҷоеро дар олам надонанд! Агар тақовӣ ба кор дошта бошанд, тақовӣ медиҳам ва заминеро ба қадри гузарону вусъати маоши онҳо медиҳам, ки ҳар қадар молдорӣ дошта бошанд ва ҳар қадар киштукор кунанд, барояшон хуш бигузарад ва ба хушӣ гузарон бикунанд. Ва заминеро, ки ҷиҳати сукунати онҳо муқаррар медорам, аз мушорикати дигар мардум халос хоҳанд буд, худ ҳамон хонавор обу алафи онро сарфи зироат ва молдории худ хоҳанд кард. Ва бисёр аз зуҳури шафқат ва меҳрубонии ман розӣ хоҳанд буд ва он хонаворро, ки дар ҳудуди мазкур ҷой медиҳам, аз барои ман кӯмаки хотирҷамъӣ хоҳад буд, ки ин қадар хонавор аз қавми худ дар мулки Қатаған ва ҳошияи мамлакати Афғонистон ва ин тарафи дарёи Омуя ҷой додаам.
Албатта, ҷои хотири ҷамъият! Пас омадани шумо дар як хона аз даҳ хона, ҷудо сохтан ва ба дасти ман супурдан ва ман онҳоро ба замини Қатаған сукунат додан, далели зоҳири ғамшарикии шумоён ва эътимод ва тасаллии ман бо шумо хоҳад буд. Ва хонавори мазкурро, ки мӯътабар ва соҳиби истеъдод ва одамони лоиқ мехоҳам барои он аст, ки мардуми ҳамсоя бидонанд ва бубинанд, ки фулон миқдор хонавори қавми Афғонистон, он қадар мардуми дуруст ва соҳибғайрату давлатманд ва мол доранд, ки бар сарзамини сукунати худ ҷой медиҳанд. Ва замини сукунаташонро касе гирифта нахоҳад тавонист. Дар ин сурат хонавори мазкура бозуи давлат ва ба манзалаи пару боли ман хоҳанд буд ва агар хонавор бекора ва нодор бошанд, бори хотир хоҳанд шуд».
Аз ин даъвати Абдураҳмон аз қабоили паштуни хоки Ҳиндустон ба Афғонистон худ ба исбот расид, ки амири вақт ба хотири аҳдофи шуми хеш, заминҳои ҳосилхези тоҷиконро ба сурати «ғосибона» ва «ғайриҳуқуқӣ» ба атбоъи Ҳинди бритониёӣ таслим намуд ва инчунин тоҷикҳоро аз доштани заминҳои ҳуқуқӣ ва мулкияти хусусӣ дар сарзамини бумиашон маҳрум сохт, то ин ки онон ба унвони муздур ва деҳқони бидуни моликият, болои заминҳои ғасбшудаи худҳо барои бегонагони ғосиб ба хидмат кардан водор гардиданд.
Ба ин маъно, ки амири вақт, «ҳаққ»-и афроди тоҷиктаборро «ғасб» намуд ва онро барои афроди паштунтабори тобеъи Ҳиндустон «бахшид» то ин афроди паштун ба хотири гирифтани ҳамин замини тоҷик аз сиёсати фиръавнӣ ва давлати ҷаббори Абдураҳмон бо ҳадияи сару моли хеш ҳозир ба дифоъ шуданд, ки ин воқеаро таърих ба сурати шаффоф гувоҳӣ медиҳад.
Оё инчунин амалкарди амири Кобул ҳам «буҳрони ҳувияти миллӣ»-ро ба нафъи ҳифз ва тадовуми ҳокимияти шовинистӣ ва зиддиинсонии хеш болои хуну пӯсти тамоми мардум шуруъ аз мусулмон то ғайримусулмони кишвари мо тақвият накард?
Аз он ҷое, ки Афғонистон сарҳадоти муштарак бо кишварҳои ҳамсоя дошт ва дорад, аз ҷумла мардуми тоҷик, ки мавриди азият, бесарнавиштӣ, хушунати низомӣ, кӯчондани иҷборӣ, қатл ва... калламанорҳо аз сӯи ҳуккоми Абдураҳмон қарор гирифтанд, мутабоқӣ касон, ки аз чанги уммоли амири Кобул ҷони саломатро бурда буданд, ногузиран ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҳинди бритониёӣ, Чин, Эрон ва...бо талафоти ҷуброннопазир ва машаққоти ғамангезе паноҳгузин гардиданд.
Дар ин асно, мулкият ва заминҳои ин мардуми шимоли кишвар, ки ба хориҷ фирор карданд ва ё кушта шуданд, ин заминҳо тавассути амири Кобул ба қабоили паштуни Ҳинди бритониёӣ ва дохили ватани мо тавзеъ гардид. Дар ин маврид донишманди гаронқадр ва пажӯҳишгари ҷавони Афғонистон оқои доктар Мӯсо аз ускон намудани паштунҳои хориҷ дар Афғонистон чунин менигорад:
«Ҳазорон тан аз паштунҳои Покистон дар манотиқи мухталифи Афғонистон ускон дода шуданд».
Ногуфта намонад, ки давлатҳои истибдодӣ ва нажодпарасти вақт, ускон намудани паштунҳои покистониро ба хотири ағрози сиёсӣ ва зиддиинсониву зиддиисломӣ дар вилоёти шимол, Ҳазористон, Ғарб, Кобулистон, ҷанубу шарқи Афғонистон аз асри Абдураҳмон то даврони иморати исломии «Толибон»* идома доданд, ки заминаҳои хушунатҳо ва душманиҳоро миёни паштун ва соири ақвоми кишвар афзоиш доданд ва «буҳрони ҳувияти миллӣ»-ро бештар густариш доданд.
Пас аз фавти Абдураҳмон, дар асри фарзандаш амир Ҳабибуллоҳхон бо эъломи афви умумӣ, як идда тоҷикон аз хориҷ ба Афғонистон боз гаштанд. Аз ҷумла Маҳмудхони тоҷиктабор, бошандаи минтақаи «Борона»-и Шаҳри Кӯҳнаи Кобул, ки бо хонаводаи хеш дар «асри хунин»-и Абдураҳмон фирории Кашмир гардида буд. Баъд аз эълони афви умумӣ аз сӯи амир Ҳабибуллоҳхон, Маҳмудхон дубора ба минтақаи падарии хеш дар минтақаи Боронаи Кобул боз гашт. Маҳмудхон писаре дошт ба номи Муҳаммад Азам Маҳмудӣ. Ва аз Муҳаммад Азам Маҳмудӣ шаш фарзанд ба номҳои: «доктар Абдураҳмон Маҳмудӣ, доктар Муҳаммад Раҳим Маҳмудӣ, Муҳаммад Азим Маҳмудӣ, Нуруллоҳ Маҳмудӣ, Ҳабибуллоҳ Маҳмудӣ ва Амонуллоҳ Маҳмудӣ» баҷо монданд, ки нақши муҳиммеро дар кишвар доштанд. Бахусус шодравон «Доктар Абдураҳмон Маҳмудӣ»-и фақид дар Афғонистон аз шӯҳрату маҳбубияти хосе бархӯрдор буд ва дар таърихи Афғонистон аз хадамоти иҷтимоӣ, тиббӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ӯ ба хубӣ ёд мегардад. Аз ҷумлаи бародарони Маҳмудӣ, танҳо феълан оқои Амонуллоҳ Маҳмудӣ дар қайди ҳаёт дар Афғонистон ба сар мебарад ва мутабоқӣ ҳама падруди ҳаёт гуфтанд.
Хулоса, аз он вақте, ки амир Абдураҳмон пас аз хунрезиҳо, оворагиҳо, кӯчонданҳои иҷборӣ ва наслкушиҳои ақвоми шимоли кишвар заминҳои мардумони мазбурро барои ҳамтаборон ва ҳамкорони наздики хеш расман таслим намуд, ки як «буҳрони ҳувияти миллӣ»-и дигаре аз ин ноҳия дар вилоёти шимол миёни паштун ва дигар ақвоми кишвар эҷод намуданд. Яъне хусуматҳои «ҷадид» аз вақти Абдураҳмон байни ақвоми паштун ва ғайрипаштун дар вилоёти шимол халқ гардид, ки як монеаи дигареро дар ҷиҳати эҷоди ниҳодҳои «ҳамбастагии мазҳабӣ», «миллатсозӣ», «ваҳдати миллӣ» ва «давлатсозӣ» ба вуҷуд овард.
Мутаассифона, ки дар вақти амир Ҳабибуллоҳ (писари Абдураҳмон) ва бахусус дар замони ҳокимияти хонадони Оли Яҳё заминаҳои маскангузинии кӯчиҳои дохилӣ ва Ҳинди бритониёии паштунтабор тавассути давлатмдорони вақт хилофи мавозини инсонӣ, исломӣ ва масолеҳи миллии кишвари мо болои алафчарҳо ва арозии шахсии мардуми бумии шимол - тоҷик, ҳазора, ӯзбек, туркман ва... ақвоми Афғонистон густариши бештаре ёфтанд, ки хусуматҳои навини фарсоишгари қавмиро миёни мардуми ғайрисиёсии кишвари мо доман зад ва «буҳрони ҳувияти миллӣ»-ро аз ин раҳгузар низ зиёдтар тавсеа бахшид.
Эй кош, ки агар Абдураҳмон, амир Ҳабибуллоҳ ва Оли Яҳё ҳаддиақаллӣ барои паштунҳои хеш содиқона ва ҳақталбона дилсӯзу меҳрубон мебуданд, ки заминҳои давлатиро ба сурати инсонӣ, ҳуқуқӣ ва одилона барои паштунҳои безамини дохили Афғонистон расман медоданд, на ин ки арозии тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо, балучҳо, қизилбошҳо, баётҳо, ҳиндуҳо, сикҳо, яҳудҳо ва... соири ақвоми Афғонистонро ба хотири таҳаққуқи аҳдофи сиёсӣ ва шахсии хеш ғасбу онро барои қабоили паштунтабори дохилӣ ва хориҷии хеш таслим намуд, ки то ба ҳол «буҳронофарин» мебошад.
Оё минҷумла тоҷиктаборони кишвари мо чунин тазаллум, ҳақталафӣ, оворагӣ, ғасби дороӣ, кушторҳо ва... калламанорҳоро, ки аз сӯи шоҳони аҷир ва зимомдорони худкомаву мутлақи Афғонистон дар гузаштаҳо мутаҳаммил шудаанд, фаромӯш хоҳанд намуд?
Дар бовар ин сатр то замоне, ки аз ҷумла, арозии шахсии мардуми шимол - тоҷикон, ҳазорагон, ӯзбекон, туркманон ва дигар ақвоми кишвар ба ворисин ва моликини аслиашон амалан мустарад нагардад, асаре аз бунёди «адолати интиқолӣ» дар ин бахш аз кишвар ба вуҷуд нахоҳад омад ва «душманӣ» миёни паштун ва ғайрипаштун дар вилоёти Шимол, Марказ, Ғарб ва дигар манотиқи Афғонистон боз ҳам солиёни дароз ба нафъи душманони бумӣ ва хориҷии мо идома хоҳад дошт.
То вақте, ки решаҳо ва авомили хушунат, хасм, ҳақталафӣ, зулм, шовинизми қавмӣ ва душманӣ миёни тамоми ақвоми Афғонистон вуҷуд дошта бошанд ва куллия мардуми мо аз мусулмон то ғайримусулмони кишвар мо ҳуқуқи одилонаи миллӣ ва демократиашон бароварда нагардад, эҷоди пояҳои «ваҳдати миллӣ» ва «шукӯҳмандиҳо»-и зербинои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дар Афғонистон маҳол аст.
Ин дигар вобаста ба насли мавҷуди тоҷикони кишвари мо мебошад, ки аз таърихи гузашта ва рӯйдодҳои кунунӣ ба сурати оқилона, огоҳона ва мантиқӣ биёмӯзанд, дар садади «интиқомгирӣ» набошанд, бо худбоварии худҳо дуруст худсоз гарданд ва ба дифоъ аз ҳуқуқи одилонаи инсонӣ, маданӣ, миллӣ ва демократии худҳо ҳамроҳ ва ҳамоҳанг бо соири ақвоми кишвар омода бошанд, то гузаштаҳои сиёҳ бори дигар болояшон ва соири мардуми маҳкуми Афғонистон такрор нагарданд.