Хабари рӯз

Чаро имрӯз мардумони ҳанафимазҳаб бо мардумони ҳанафимазҳаби дигар меҷанганд, зери бори ҳокимияташон намераванд ва дод аз зулми ҳокимияти якдаст доранд?

Муаллиф: Муҳаммад Содиқ Аминӣ

Дипломатияи эронӣ: Дориюш Саҷҷодӣ, рӯзноманигор ва таҳлилгар эронии муқими Амрико дар мусоҳиба бо бунгоҳи хабарпарокании Бӣ Бӣ Сӣ ва бо дарҷи матлабе дар канали телеграмиаш, дар бораи ҷабҳаи муқовимати Панҷшер гуфтааст: «Панҷшер ҷиддӣ нест ва такрори тарожики Сиёҳкал аст». Дар зимн ӯ ислоҳталабонро мухотиб қарор дода, бо ин нигоҳ, ки фақат инон ҳомиёни маънавӣи ҷабҳа муқовимат Панҷшеранд!

Ва аммо посухе ба ин назар:

Аввалан, мунтасаб кардани ҳимояти маънавӣ аз муқовимати Панҷшер ба ҷиноҳи хос бо таваҷҷуҳ ба воқеияти ҷомеаи эронӣ, ба маънои нодида ангоштани ҳофизаи таърихии миллати Эрон ва миллатҳои Осиёи Миёна ва ба иборати дигар бахше аз мероси ҷомеаи Эрони бузург фарҳангест, ки мардумонашро ба ҳам наздик мекунад.

Сониян, гоҳ дар мисли муноқиша ҳаст!

Бардошти нигоранда бар ин аст, ки ташбеҳи ҷараёни Панҷшер бо воқеаи Сиёҳкал дар соли 1349 (1971) зулм ба таърих аст. Таърих, ки қарор аст даст нахӯрда боқӣ бимонад, то оинаи ибрат шавад, дар ин ҷо дучори тағйир ва табдил шудааст. Ба назар мерасад, иддаои соҳиби назари ёдшуда ношӣ аз фақри нигоҳи таърихӣ аст, ки мӯҷиб шуда ду вазъият ва шароити мутафовит яксон дида шавад ва натиҷаву роҳкорӣ ҳам ироа нашавад.

Ҷиддӣ надидани ҷараёнҳои сиёсии фаъол дар як ҷомеа ба маънои надидани таъсироти онҳо бар бахше аз раванди сиёсии як ҷомеа аст, ки дар натиҷа моро бо фақри таҳлил мувоҷеҳ мекунад. Бетардид ривоҷи марксизм-ленинизм дар Эрон то ҳадди зиёде марҳуни ҳамон ҳаракати мусаллаҳонаи чанд нафар дар Сиёҳкал буд. Агарчи мо бо моҳияту равиш он ҳаракат, ҳамфикрӣ ва ҳамдилӣ надорем, дар айни ҳол ин воқеаро бо воқеаи Панҷшер ҳам муқоиса намекунем.

Чаро?!

Муқоисаи як ҷараёни мазҳабгарои мӯътадил дар Афғонистон, ки чӣ бо давлати марксистии Муҳаммад Наҷибуллоҳ ва чӣ бо шариатгароёни инҳисоргаро ҳеҷ гоҳ созиш надоштаастро бо ҳаракат кӯри чанд марксист дар соли 1349 дар нуқтае дар Эрон ташбеҳ кардан ва навъи таъсиру сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимоияшонро ҳамсон ангоштан ба воқеъ дур аз адлу инсоф буда ва баъид аз як таҳлилгари пухтаи сиёсие, ки чунин менигарад. Ду унсури мутафовитро дар як тарозу гузоштан ношӣ аз нигоҳи ғайритаърихӣ, сиёсатзадагӣ ва дар натиҷа заъфи таҳлил аст.

Ин сухани муддаӣ монанд ин аст, ки як афғонистонӣ, масалан, бигӯяд ҳизби ҷумҳурии исломӣ дар Эрон такрори тарожики ҳизби халқи Афғонистон аст, дар ҳоле, ки сарфи назар аз моҳияти мутафовиташон, ҳар ду ба навъе таъсири сиёсӣ ва низомии чӣ басо шигарф дар ҷомеаи худ доштаанд. Оё чунин муқоисае воқеӣ аст!? Баёни рӯзноманигори эронӣ ҳадди ақал тавҳин ба ҷомеаи тоҷиктабори Афғонистон аст, ки ба Аҳмади Масъуд ва салафаш эҳтиром қоиланд.

Ҳол, чӣ шуда, ки бо султаи «Толибон», як сӯи дигари моҷаро ғайриҷиддӣ гирифта шудааст?! Оё фикр намекунем агар рӯзе давлати эътилофӣ, ё давлате ҳамчун давлати Бурҳонуддин Раббонӣ дар Афғонистон сари кор биёяд, панҷшериён бахше аз он хоҳанд буд? Чаро зуҳури дубора ва пуршитоби «Толибон» ин қадар бархеро дастпоча карда ва ба таҳлили пуршитоб ва ғайримустанад водоштааст? Лизо, агар наметавонем ба ҷунбиш Панҷшер эҳтиром бигузоред ва аз зоту моҳият ва маромномааш бигӯем, лоақал таҳқираш накунем. Таърих яхан (гиребон)-и касонеро, ки ба таҳрифи он мепардозанд, хоҳад гирифт.

Аз сӯи дигар, изҳори назари ёдшуда маро ба ёди нигоҳи бетафовут ва ё ба истилоҳ, равшанфикрмаобонаи бархе сиёсиҳо ва фарҳангиҳои ватаниамон дар тӯли ҷанги ҳаштсолаи Эрон бо Саддом андохт, ки вақте наметавонистанд моҳияти душман ва аҳдофи истеъмории душманони Эрони исломиро дарёбанд, бетафовут аз канори он мегузаштанд ва ё ба хотири надонистани аҳдофи дифоъии Эрон, бо ҷанг мухолиф буда ва ё дилсӯзиҳои манувралфикрона мекарданд.

Заминаҳои таърихӣ ва фарҳангии баҳс:

Барои ин ки ҳамосаи Панҷшер ва иртиботашро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон хуб дарёбем, лозим аст онро дар ваҷҳи таърихӣ ва фарҳангиаш бубинем. Лизо, барои шинохти решаҳои алоқаи эрониён ба ҷавомеъи Осиёи Миёна кофӣ аст нақбафкании кӯтоҳ ба таърихи Эрони баъд аз ислом бизанем, то вазифаи имрӯз Эрони исломиро дар иртибот бо на танҳо фақат панҷшериён, балки ҳамаи ҷавомеъи Осиёи Миёна беҳтар бидонем.

Баъд аз вуруди ислом ба Хуросон дар қарни ҳафтум ва ҳаштуми ҳиҷрӣ, ҳамсозии ташайюъ ва тасаннун на танҳо боиси густариш ташайюъ шуд, балки мутасаввифаи суннӣ бо ҳифзи эътиқод ба машрӯъияти халафои сегона дар канори шиа нишаст ва имомони дувоздаҳгонаро пазируфт ва ин ҳамнишини дар қаламрави таърихии Хуросони Эрон ва бахши умдае аз Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва бахшҳое аз Қирғизистон ва Қазоқистон густариш ёфт. Ин аст ҳофиза таърихии ҳамаи мардумони Эрони бузурги фарҳангӣ.

Ҳамчунин ин нуктаро ҳам бояд дар назар дошт, ки умуман тариқатҳои роиҷ дар шарқ ҳамчун тариқатҳои хоҷагон аз тафаккури эронии исломӣ бархоста ва болу пар гирифтааст. Лизо он чӣ дар рӯзгори мо дар ин ҳавзаи фарҳангии тамаддунӣ рӯй медиҳад бар кулли ҷараёнҳои фарҳангӣ дар Шарқ асаргузор аст.

Воқеият ин аст, ки панҷшериён ва бахши аъзаме аз мардумони Осиёи Миёна ҳамонанди мо эрониён, ҳам “Шоҳнома” мехонанд ва ҳам ному ёди Имом Ҳусайн алайҳиссаломро ба унвони қаҳрамони мубориза бо ситам ва усваи озодихоҳӣ ҳамеша бо худ доранд. Намунааш азодории баъзе мардумони аҳли суннат дар моҳи муҳаррам, ба вежа дар Тоҷикистон аст. Агар ба таърих ва ё гузоришҳои мустанади баъд аз инқилоби исломӣ руҷӯъ кунем, он гоҳ хоҳем донист, ки ин минтақа дар Афғонистон танҳо як дара нест, балки намоде аст аз фарҳанги исломии эронӣ, ба иборате исломият ва таърихи фарҳангии тавъамамон, ки намоди ҷомеаи Афғонистон аст.

Аз сӯи дигар, агар баррасиҳои таърихӣ нишон диҳад, ки паштунҳо дар асл эронианд, бояд фаҳмид чаро ин қавм бо асли худ фосила гирифта ва зисти фарҳангии камтаре бо он дорад? Ва чаро ва ба чӣ илале миёни мазҳабу ҳуввияти миллии худ фосила андохтааст!? Ва бояд донист чигуна аст, ки дар ҷомеае ҳанафимазҳаб, ҷанг миёни ду қавм акнун дубора боло гирифтааст? Оё ҷанги қавмӣ аст ё баромада аз ду андеша, ду хислат, ду равиш ё ҷанги мазҳаб алайҳи мазҳаб?

Натиҷаи чунин баррасие нишон хоҳад дод, ки чаро имрӯз мардумони ҳанафимазҳаб бо мардумони ҳанафимазҳаби дигар меҷанганд, зери бори ҳокимияташон намераванд ва дод аз зулми ҳокимияти якдаст доранд, ки ин худ заминаҳое дорад ва вокунишҳое, ки муқовимат аст.

Бояд моҷароро ба гунаи дигар ҳам дид. Вақте дар Осиёи Миёна, ифротгароии мазҳабӣ сар аз «ДОИШ»*-и Сурияву Ироқ ва Афғонистон дармеоварад, заминаҳои он чӣ метавонад бошад, ҷуз ношӣ аз низомҳои сиёсии баста ва муҳиммтар аз ҳама дурӣ аз андешаи таърихии фарҳанге, ки бахше аз ҳуввияташон буда, ҳуввияти мутасомеҳ, ки ба номи исломгароӣ ба каноре ниҳода шудааст. Оё решаи ҷанги «Толибон» бо панҷшериён ғайр аз ин аст, ки яке гӯӣ бахше аз ҳуввияти фарҳангиашро нодида гирифта ва онро дар тазод бо суннати динӣ дидааст?!

 

Ҳол, мо ва панҷшериён

Ба назар мерасад, ҳимояти маънавии давлату миллати Эрон аз Панҷшер вуҷуд дорад, аммо ин ки дар ҷомеаи мо ба ҳар далеле чаро ҳанӯз ба як дағдағаи иҷтимоӣ ва сиёсии байналамилалӣ табдил нашудааст, бимонад. Гуфтанӣ аст, бахше ба далели заъфи кори расонаӣ аст. Кишвари Эрон, ки ба қавли бону Гулрухсор, шоир ва сиёсатмадори бузурги Тоҷикистон «модар» аст, магар метавонад нисбат ба ончи бар ҳамсояи ҳамдил ва ҳамфикраш мегузарад, бетафовут бимонад. Аз назари мардуми Эрон, мақомоти сиёсии кишвар дар қиболи ҷанги Панҷшер масъулият доранд, лизо, лозим аст ҳадди аксар талоши дипломатики худро дар ин қазия ба кор бигиранд ва монеъи идомаи ҷанг шаванд, ҷанге, ки мутаассифона, як эронӣ онро фақат “тарожик” хондааст! Ва гӯё тасаввур меравад ҷанге дар миён нест! Дар ҳоле, ки ҳаст, ҷанги ду тарзи фикр, ки поёншаро наметавон пешбинӣ кард!

Ба гумони мо, ҳамосае дар Панҷшер рақам хӯрда, ки бо виҷдони таърихӣ ва мазҳабии мо эрониён нисбати зиёде дорад. Лизо ҳимояташ бечунучарои лозим ва зарурӣ меояд. Дар ин иртибот, мавзӯъ беш аз он ки сиёсӣ бошад, фарҳангӣ аст. Мо аз назари фарҳангӣ эҳсоси наздикии динӣ ва фарҳангӣ бо ин дара дорем, дарае, ки дар он пажвоке аз исломхоҳӣ ва ватандӯстӣ ва шеъри Ҳофизу Саъдиву Фирдавсӣ ва Мавлавӣ аз дарознои таърих ба гӯш мерасад ва ҳар он чӣ мероси фарҳангии Эрони бузург меномандаш, ки аз мо ҷудо шуданӣ нест, ҳатто агар меросдоронаш кушта шаванд.

Дар он дара гӯшае аз ҳамосаҳои ирфонии Осиёи Миёна ҷараён дорад, ки бо Эрони имрӯз нисбате дорад. Садои паҳлавононе, ки яке пас аз дигаре сар баланд мекунанд ва барои душман раҷаз мехонанд, фарраи эзадӣ доранд, дарди миллӣ ва иҷтимоияшон дарди муштарак аст ва инҳо барои мо ошност. Лизост, ки барои мо моҷарои Панҷшер трагедӣ (фоҷиа) нест, чун достон ва афсона нест, ки пушти сари ҳам биёяд ва дар ҷое тамом шавад ва афродаш ҳам нақши холӣ бозӣ кунанд! Ин нақшҳо натиҷаи андешаашон аст, чунонанд, ки ҳастанд, созу дуҳул роҳ намеандозанд, аммо сози сулҳи одилона сар медиҳанд то душманро аз он огоҳ созанд, иғроқ намекунанд ва думболи қаҳрамонсозиҳо ва фоҷиасозиҳо ҳам нестанд, барои ҳамин аст, ки дар аввалин рӯзҳои даргирии «Толибон» ва панҷшериён, асирони зиёде аз «Толибон» гирифта шуд, аммо вақте қарор шуд ҷанг ба кӯҳҳо кашида шавад, онҳо асирони «Толибон»-ро озод карданд, дар ҳоле, ки шунида ва хондаем, ки вақте «Толибон» дар шаҳрҳо ва рустоҳои Панҷшер ба ҷустуҷӯи афрод низомӣ ва ё мухолифони худ мераванд, чӣ балое сари мардуми одӣ меоваранд вақте, ки ба ҳадаф намерасанд ва чӣ қатлҳое, ки бо ин ҳадаф накардаанд! Ин аст он қаҳрамон, ки метавонад бикушад, аммо намекушад ва ин ҳам ҷангҷӯе, ки фақат ба думболи қатл меравад!

Трагедӣ он ҷост, ки қаҳрамони достон бимирад ва танҳо ҳикояте бимонад ба номи Муқовимат. Панҷшер аммо гӯӣ тамом шуданӣ нест. Ин ҳикояти ҷамъии ориёӣ-мусулмони суннии ҳанафӣ аст. Чаро мо худро аз онҳо ҷудо бидонем?!

Баён эҳсосот ва нукоти ин эронии алоқаманд ба панҷшериҳои тоҷиктабор кофӣ аст, бигузор сухани як ҳамватани беномамон, ки намояндаи бахше аз ҷомеаи Эрон астро дар бораи раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бихонем ва хатми калом:

 «Чаро бисёре аз эрониҳо Аҳмади Масъудро дӯст доранд? Чун дар авҷи фирори сустунсурон ба ватанаш баргашт, то мардумашро танҳо нагузорад, чун бо қиссаҳои асотирии мо пайванд хӯрда, ҳузур дар тангае мармуз, эълони муқовимат дар баробари лашгари фотиҳ, моро ба ёди устураҳои эронӣ меандозад, чун ҳамзабони мост, лаҳҷаи ширин дорад, Ҳофизу Саъдӣ ва “Шоҳнома” мехонад, чун қаҳрамон дар замонаи мо дидан дорад, пойбандӣ ба усулу истодагӣ бар ормон камёб аст. Ӯ то ин ҷо бо бозгашти мухотираомезаш ба дили хатар аз ҳама муддаиёни афғонистонӣ ҷилав задааст».


Таърих

Иқтисод

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!