“Ман дастур додам, ки аз сарҳои мухолифон манорҳое барпо гардад”
Манбаъ: китоби "Тоҷикони Афғонистон дар гузаргоҳи таърих"-и Расули Раҳин
Амир Абдураҳмон* дар зиндагиномааш чунин мегӯяд:
"Асирони тоҷик ва ӯзбекро ба тир бастам. Тамоми онҳое, ки дар тӯли се соли шӯриш ба ин шакл муҷозот шуданд, беш аз 5000 нафар буданд. Афроде, ки тавассути лашкариёнам кушта шуданд, ба қариб 12000 нафар мерасид."
Ин амир роҷеъ ба дигар ҷангҳо алайҳи ӯзбекҳо чунин иддао мекунад:
"Душманон дар майдони ҷанг 3000 кушта доданд... 600 нафарро асир кардем. Ман дастур додам, ки аз сарҳои мухолифон манорҳое барпо гардад, то дар дилҳои касоне, ки зинда мондаанд, ваҳшат биафганад".
Амир Абдураҳмонхон ва мардуми Бадахшон:
"Касонеро, ки асир мешуданд, ман ба даҳани тӯп мегузоштам. Дар муддати се соли иғтишош (дар Бадахшон) теъдоди касоне, ки ба ин қисм ман куштаам, тақрибан панҷ ҳазор нафар мешуд ва теъдоди касоне, ки аз дасти лашкари ман кушта шуданд, даҳ ҳазор нафар буданд."
Дар ҷангҳои Қатаған (шимоли Афғонистон) "ҳашт нафар капитанро ҳукм додам ба даҳани тӯп паронданд". "Туҷҷори бадахшониро, ки 50 нафар буданд, вале ман ҳукм додам, ҳамаи онҳоро ба даҳани тӯп гузоштанд…".
*Амир Абдурраҳмон – амири 7-уми Афғонистон (21 июли 1880 - 1 октябри 1901)