Хабари рӯз

Халилзод бо ҳайати амрикоӣ дар Кобул чӣ мекунад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Ҳайате аз амрикоиҳо, ки шомили кадрҳои истихборотӣ ва дипломатӣ мешаванд, бо раҳнамоии Залмай Халилзод ба Кобул расиданд ва бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи режимт Толибон, рӯи тайфе аз масоили печида ва замоими истихборотӣ, барои соатҳо гуфтугӯ карданд. Агарчи ҳанӯз ҷузиёти ин гуфтугӯҳо мушаххас нест, аммо ба ҳар сураташ, наметавонд ҷудо аз дастури корҳои амниятӣ ва истихборотӣ тафсир шавад.

Ин дидор ба далеле ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки барои нахустин бор расонаӣ мешавад. Дар ҳоле ки дар гузашта таомулоти истихбороти Амрико бо ин гурӯҳ бо миёнҷигарии Покистон, Қатар ва Аморот анҷом мешуд. Алалзоҳир, дар ин дидор рӯи масоили мухталифе баҳс шуда, ки дар ин навиштор ба таҳлилҳо рӯи ҷузиёти эҳтимолии он хоҳем пардохт.

Чизи қобили таваҷҷуҳ, тамҷид ва таҳсини Амрико аз Толибон дар амри мубориза бо маводи мухаддир аст, ки ҷои тааммул дорад. Гурӯҳе, ки худ бонӣ ва бистарсози кишту қочоқи маводи мухаддир дар минтақа ва ақсои нуқоти дунё аст, чӣ гуна дар амри мубориза бо маводи мухаддир муваффақ буда ва таҳсини Амрикоро дар ин хусус барангехтааст? Дар зимн аз он ҷое, ки Толибон аз дарки қочоқи маводи мухаддир ба таъмини бахше аз ҳазинаҳои ҳукуматдориашон мепардозанд, як навъ таноқуз миён ин иддаову таҳсини Амрико ва сурати аслии воқеа дида мешавад.

Ба ҳар ҳол, Толибон, ки дар проекти бесуботсозии минтақа ҷузъи аслии ин роҳбурд ҳисоб мешаванд, то ҳол муваффақиятҳое дар ҳидояти ин бозии хатарноки амниятӣ доштаанд. Ҳамла ба як консерт дар Русия, ҳамла дар Эрон, мухталсозии барномаҳои Чин дар Покистон ба воситаи ташдиди ҳамалоти террористӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои тундрави ифротӣ дар ин кишвар, эҷоди паноҳгоҳҳои амн барои ин гурӯҳҳо, тақвияти Алқоида ва эҷоди пойгоҳ барои он дар хоки Афғонистон, тақвияти гурӯҳи ДОИШи Хуросон дар Афғонистон, бистарсозӣ барои соири гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, бистарсозии ором ба эҷоди музоҳиматҳо ба Чин, Русия ва Эрон, мухталсозии барномаҳои Чин дар Осиёи Марказӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусаллаҳсозии терроризм дар сатҳи минтақа мабнӣ бар тавзеъи силоҳу таслиҳоти баҷомондаи амрикоӣ барои онҳоро метавон муваффақиятҳои Толибон дар анҷоми ин роҳбурди бесуботсозии минтақаӣ таҳлил кард. Ба ин лиҳоз, Толибон барои Амрико, нуричашмиҳои қобили арзишанд ва анҷоми чунин сафарҳои мармузу ногаҳонӣ, ба ҳадафи ҳидояти беҳтари қавоиди бозӣ аз ҷониби Амрико маҳсуб мешаванд.

Дар айни замон, аз ин ки Трамп борҳо аз тарки пойгоҳи низомии Багром интиқод карда ва боз тасхиру контроли дубораи онро, ҷузъи авлавиятҳои рақобат бо Чин дар минтақа қаламдод кардааст, ҳифзи режими Толибон ва истифода аз зарфияти мухарриби он дар ҷиҳати бесуботсозии минтақа, дар авлавияти дастури кори амниятии Амрико қарор дорад.

Биноан сафари ҳайати дипломатӣ ва истихборотии Амрико ба Афғонистон ва анҷоми музокироти ҷиддӣ бо ин гурӯҳ дарвоқеъ талошест барои дар контрол гирифтани пойгоҳи Багром, ҳушдор аз наздикӣ бо минтақа ва расондани паём дар мавриди ояндаи минтақа, ки наметавонад барои Толибон қобили иттико бошад ва ин гурӯҳ бояд пешбини ояндаи ин равобит бошад, аз ҷумла мавориди баҳсшуда дар ин гуфтугӯҳо мебошанд. Аз сӯи дигар, аз ин ки Толибон сиёсати ташдиди саркӯб дар дохили Афғонистонро ба масобаи сиёсати давлатӣ дар пеш гирифтаанд, бистари лозимро барои рушду густариши марокизи террористӣ дар дастури кор қарор додаанд, бояд подошҳое аз ҷониби Амрико дошта бошанд.

Дар ҳамин росто аст, ки идомаи кӯмакҳои машрути Амрико ба ин гурӯҳ дар ҷиҳати ҳифзи режими Толибонро метавон дар чорчӯби як дидгоҳи қобили баҳс барои мухталсозии амнияти минтақаӣ, аз ҷониби Амрико донист. Зеро бо сиёсатҳои кунунӣ, ки Толибон дар пеш гирифтаанд, монанди душманӣ бо илму дониш ва толибониза сохтани Афғонистон, ҳеҷ равзанаи умеде барои раҳоии минтақа аз шарри терроризм нест. Ҳатто агар назми амнияти минтақаӣ дар қолаби паймони Шонгҳой ҳам иродае барои муқобила бо ин чолишҳои амниятии ношӣ аз Афғонистонро дошта бошад, бо дардисарҳои бисёр бузурге мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ин кор дарвоқеъ асли қоидаи бозӣ тавассути Амрикоро ба намоиш мегузорад. Аз ин рӯ аст, ки кори Амрико бо сиёсатҳои кунунии толибониза сохтани Афғонистон, бамаротиб соддатар ва асарбахштар мешавад.

Ҳамчунон, гумон меравад, ки дидори ҳайати амрикоӣ бо Толибон, барои ирсоли паёми ҳушдоромез дар ҷиҳати дурӣ аз Чин ва маҳдуд сохтани тамоми заминаҳоест, ки барои барномаҳои иқтисодӣ ва амниятии Чин дар Афғонистон метавонад ба тақвияти ҷойгоҳи ин кишвар бианҷомад. Бар илова, ирсоли паёми ҳушдоромез дар мавриди мавҷудияти ихтилофоте, ки минтақа дар миёни Толибон эҷод карда ва аз он суд мебарад, метавонад аз дигар мӯҳтавои ин дидор миёни амрикоиҳо ва Толибон бошад. Зеро Амрико аз сиёсату вазъияти феълии Толибон, башиддат нороз буда ва ин кишвар бо Толибони мутафарриқ ва пароганда, ки олаи дастони минтақа бошад, коре надорад ва онро ба нафъи худ намебинад. Биноан талоши амрикоиҳо барои рафъи ҳарчи оҷили ихтилофот миёни Толибон аст, то минтақа аз ин шикоф барои таъқиби манофеъи зиддиамрикоии худ заминаи бештаре надошта бошад.

Дар ростои ҳамин таҳлилҳо, ҳайати амрикоиӣ барои ҳушдордиҳӣ ва ройзанӣ дар хусуси ҳалли танишҳои мавҷуди Толибон бо Покистон, ки дар сурати тадовум тамоми барномаҳои амниятии Амрикоро дар Афғонистон мухтал хоҳад сохт, вориди Кобул шудааст. Зеро вуҷуди чолишҳо дар равобит миёни бахше аз Толибон ва Покистон боис мешавад то Эрон, Русия ва Чин аз ин дастаҳои ихтилофӣ барои таъқиби барномаҳои амниятӣ ва зиддиамрикоии худ суд бибаранд ва онро дар ҷиҳати саботажи роҳбурди бесуботсозии минтақа тавассути Амрико истифода барад.

Ба ҳар сурат, сафари ҳайати амрикоӣ ба Кобули таҳти ҳокимияти Толибон, режиме, ки аксарият аъзои он дар феҳристи таҳти таъқиби Шӯрои Амният, созмонҳои иттилоотии Ғарб қарор доранд, наметавонад холӣ аз анҷоми як силсила корҳое бошад, ки танҳо дар маҳдудаи бозиҳои иттилоотӣ ва амниятии Амрико қобили тафсиранд. Барои Амрико дигар мавҷудият ва истиқрори як режими арзишгаро, демократӣ, машрӯъ ва посухгӯ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ матраҳ нест. Бал Амрико дар қолаби тафсири роҳбурди бесуботсозии минтақаӣ ва ба асоси доктринаи бозмувозана дар истиқрор, таҳким ва тадовуми ин режими саркӯбгар кӯмак карда ва тамоми манобеъи молӣ, амниятӣ, геополитикӣ ва ҳимоятҳои сиёсиро барои ҳифзи он дар қудрат фароҳам мекунад.

Биноан анҷоми ин сафар, ҷузъи таъқиби дастури корҳои истихборотӣ, амниятӣ ва дар қолаби роҳбурди рақобати минтақа бо фароминтақа наметавонад паёми дигаре дошта бошад. Бо итминони комил, ки Халилзод бо корномаҳои сиёҳаш, ки дастоварди бистсолаи низоми ҷумҳуриро якшаба ба даҳани терроризми байналамилалӣ дод, паёми хуше барои эҷоди равзанаи хуш барои мардуми Афғонистон нахоҳад дошт. Ҳайати амрикоӣ дар Кобул аст то Толибонро мутаваҷҷеҳи иштибоҳоташон сохта ва аз наздикии беш аз ҳад бо минтақа ҳушдор диҳад. Амрико мехоҳад ба минтақа паём диҳад, ки Толибон соҳиб доранд ва бозӣ дар ҷуғрофияи Афғонистон бо душвориҳое мувоҷеҳ хоҳад буд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!