Хабари рӯз

Амрико бо афсонаи “ихтилофоти миёни Толибон” як бори дигар Афғонистон ва ҷаҳонро аҳмақ кард.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Бозии Амрико бо Толибон рухи аслиашро нишон медиҳад. Бардошти мо аз таҳлили вазъияти Афғонистони пасоамрико ба ду далел иштибоҳ будааст: аввал ин ки мо бисёр хушбинона дар мавриди нияту қасди Амрико ва ҷомеаи пайрави байналмилалӣ, ки дастуроти Амрикоро дар қиболи масоили муҳими ҷаҳонӣ бозӣ мекунад, қазоват кардем. Дувум ин ки дар бардошти ин масъала, ки Толибон бо душоха шудан яке ба думболи манофеъи минтақа ва дигаре дар пайи манофеъи фароминтақа ҳастанд ва тасодум миёни онҳо дарвоқеъ тасодум миёни минтақа ва фароминтақа аст, як миқдор сатҳӣ бархурд кардем.

Ҳол бо намоён шудани симои аслии сиёсатҳои мухарриби амниятии Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон метавон натиҷа гирифт, ки Толибон ба таври комил, дар хидмати манофеъи Амрико будаанд ва тасаввури иштибоҳи мо аз вуҷуди ихтилофот миёни онҳо, як тасаввури фиребанда ва як бардошти гумроҳкунанда будааст. Дар натиҷаи ин бардошти иштибоҳбуда, ки мо се солу анде на танҳо дар интизори тағйир дар вазъияти Афғонистон ба воситаи авомили берунӣ будем, бал интизор доштем, ки аз тариқи як ташаннуҷи дохилӣ дар миёни Толибон, Афғонистон аз шарри ин гурӯҳи мутаҳаҷҷир раҳоӣ пайдо кунад. Магар дуруст дарк накарда будем, ки Толибон аз худ соҳиб доранд. Оё соҳибе, ки солҳо болои ин гурӯҳи хашину террорист сармоягузорӣ карда, иҷоза медиҳад то тамоми сармоягузориҳояш болои ин сарвати роҳбурдӣ ба боди фано равад? Агар ба ёфтани ин посух аз қабл мепардохтем, мумкин имрӯз дар таҳлили вазъият иштибоҳи андаке медоштем.

Мо ҳамчунон дар натиҷаи муҳрачинии иштибоҳи авомили таҳлилӣ, ки метавонист дар ҷиҳати таҳлили вазъияти мавҷуд ба назар содда биёяд ва ин бардошт боис шуд то як таҳлили тақлилгароёна ва соддасозишударо, ки дар натиҷаи як ҷанги таркибӣ ва равоншинохтӣ амдан аз ҷониби душман бар зеҳниятҳои мо тазриқ шуда буд, дучори иштибоҳи амиқ шудем.

Ҳоло бо равшан шудани рухи аслии моҷарои Толибону Амрико ва ҳузури сангини иттилоотӣ ва моҷароҷӯёнаи шуракои Вашингтон дар Афғонистони таҳти тасаллути Толибон дигар бояд ба асли қазия бипардозем. Аввал ин ки мо набояд ҳеҷ гуна таваққӯъе аз Амрикову Ғарб дошта бошем то дар баробари Толибон аз мо ҳимоят кунанд.

Дувум, дар баррасии нақши минтақа дар таҳаввулоти баъди Афғонистон, бояд бисёр мӯҳтотона бархурд кунем. Ҳамон тавре ки иштибоҳоти стратегие, ки ношӣ аз бардошти иштибоҳомез ва таваҳҳумӣ дар мавриди Амрико дар ҷараёни бист соли ҳузур дар Афғонистон доштем, мо ба куллӣ минтақаро ба фаромӯшӣ сипурдем ва тасаввур кардем Амрико то абад ҳомӣ ва пуштибони мо дар Афғонистон мемонд ва дар ҳифзи курсиву мақом ва сармояҳои бодоварда, моро ҳимоят хоҳад кард.

Ҳоло ки на Амрикое барои ҳимоят аз мо вуҷуд дорад ва на дар қудрат ҳастем, минтақа ҳақ дорад дар баробари мо чунин бемеҳрие кунад. Аз худ бипурсем, соле чанд бор ба сафорати Амрико, Инглис, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мерафтем ва даъваташонро бо ҷабини кушода ва тамоюли зоидулвасф мепазируфтем, ки дар муқобил ангуштшумори мо даъвати сафоратхонаҳои ҳамсоягонро муҳосиба кунем?

Ба ҳар сурат, баҳси мо ин аст, ки падидаи Толибон наметавонад ҷудо аз дастури корҳои амниятии қудратҳои бузург бошад. Толибон бо қироати нодир аз дину тангназарии қавмӣ ва забонӣ бештар ба як нерӯи саркӯбгар, мустабид ва ғайри қобил тасоҳул ва таомул барои фазои дохилӣ мубаддал шудаанд. То ин ки нерӯи сиёсие бошанд, ки минҳайси нусхаи наҷот барои берун овардани Афғонистон аз маъзалаи кунунӣ матраҳ шаванд.

Аммо айби кор дар таҳлили се соли гузаштаи мо ин буда, ки мо бештар ба гунаи арзишӣ ва ҳинҷорӣ ба ин падидаи Толибон ва сиёсатҳову амалкардҳояш, нигоҳ кардаем то ин ки асли моҳияти вуҷудӣ ва фалсафии ба вуҷуд овардани ин гурӯҳро сархати кор қарор диҳем. Мо ба ин натиҷа расида будем, ки Толибон бояд ба воситаи як иродаи байналмилалӣ ва дар бистари шароити дохилӣ, музмаҳил шавад ва ҷояшро ба як бадили бозтар ва мӯътадилтар холӣ кунад.

Аммо асосан, бояд чаро чунин шавад?

Дар ҳоле ки нигоҳи абзории қудратҳо ба унсури Толибон, нигоҳи бисёр ғаразолуд, танишзо ва фурсатталбона будааст. Масалан, Чин аз вуҷуди Толибон барои манофеъи амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодии худаш дар ҷанби мулоҳизоти геополитикӣ тавониста баҳра бибарад. Дар ҳоле ки Русия, Эрон, Покистон, Ҳинд, Туркия ва кишварҳои арабӣ ҳамроҳ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нимкураи ғарбии Аврупову Амрико низ айни масири таъмини манофеъро доштаанд. Ҳол унсуре ба ин содагии зоҳирӣ, ки дар пасвуҷуд ва моҳияти он барномаҳо ва дастури корҳои истихборотии мутаассир аз манофеъи геополитикӣ, ҷой дорад, набояд чунон содда таҳлил мешавад ва истинтоҷҳои он ба унвони як воқеияти маҳзу қобили баҳс мубаддал мешавад.

Ҳол, Толибон дар тангнои фазои ношӣ аз рақобатҳои геополитикии қудратҳои бузург бояд якеро интихоб кунанд. Интихоби душвор ва ҳатто сарнавиштсоз. Яъне дар ҷанби дастури корҳои амниятии қудратҳои бузург ин гурӯҳ ҳам битавонад худашро минҳайси як куллияти мунсаҷим ва мутааҳҳид ба тааҳҳудоту манофеъи қудратҳои бузург ҳифз карда ва камокон ба унвони як гурӯҳи идеологӣ боқӣ бимонад ва ҳам дар гирудори ин рақобатҳо ба як унсури иҷтинобнопазир мубаддал шавад. Оё амалан чунин чизе мумкин аст? Оё соҳибони Толибон ин қудрати интихобро ба ин гурӯҳ хоҳанд дод?

 Толибон дар ҷараёни се солу анде борҳо ба таъмини иртиботи худ бо кишварҳои ғарбӣ, минтақа ва фароминтақа, тамоюли муштоқона нишон додаанд. Ин тамоюл кадом интихоби худӣ ва гузинаи роҳбурдии интихобшуда тавассути ин гурӯҳ набуда, бал дастури Амрико ва муттаҳидонаш, ки дар ба қудрат расондани ин гурӯҳ, нақши фаъоле доштаанд буда, то ба воситаи сиёсати нарму таомул заминаи одисозии ҷараёни Толибонро ба унвони як гурӯҳи сиёсӣ фароҳам созад. Дар ҳамин росто аст, ки таблиғоти зиёде дар хусуси ин ки гӯё Толибон тағйир кардаанд ва асли тафоҳум, тасоҳул ва мудороро мадди назар доранд, сурат мегирад то ин гурӯҳро аз қолаби як ҷараёни низомӣ ва шӯришӣ берун кашида ва дар чорчӯби як гурӯҳи сиёсӣ мақбули зеҳнияти ҷаҳонӣ созанд.

Толибон на танҳо як гузинаи стратегӣ барои интихоб дар ҳамчу мавоқеъ надоранд, бал худ як абзори стратегӣ дар хидмати манофеъи роҳбурдии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳастанд. Пас масъалаи интихоби Толибон нест, ки барои манофеъи худашон интихобе дошта бошанд, бал мавзӯъи меҳварӣ тасмими қудратҳои бузург, монанди Иёлоти Муттаҳида Амрико аст, ки дар кадом бурҳаи замонӣ чӣ сиёсатеро бо нерӯҳои мушаххасе интихоб мекунад. Ба ҳамин далел аст, ки Толибон ба вуҷуд оварда шуданд, соҳиби қудрат шуданд, дубора аз қудрат азл шуданд.

Дар ҷараёни бист соли ҳузури Амрико ва муттаҳидонаш эҳёи дубора шуданд ва баъдан барои иҳрози қудрати сиёсии онҳо тамоми бистарҳои лозим фароҳам шуд. Ҳоло тасмим бо Амрико аст, ки Толибон барои чанд сол дар қудрат бимонанд ва чӣ тавр аз қудрат халъ шаванд? Албатта, нақши кишварҳои минтақа дар басиҷи дубораи Толибонро наметавон аз назар андохт. Чин, Русия, Эрон ва ҳар кадом мутаносиб бо мизони нуфузашон болои ин гурӯҳ аз ин ҳарба барои таъмини манофеъи ҳаётиашон истифода бурдаанд. Аммо наметавон қудрату нуфузм ин қудратҳои минтақаро ба таносубм нуфузу ҳокимияти Амрико болои Толибон муқоиса кард. Толибон бо маддиназардошти ин ки як проект аст, хислати пӯёӣ дорад. Таъвизи чеҳраҳо, тактикаҳову сиёсат, шиору аҳдоф, ҳама дар қолаби аҳдофи ҳамин проектҳое мечарханд, ки ба иллати он, ин гурӯҳ ба вуҷуд оварда шуд.

Ҳоло, агар дар сафорати Амрико дар Кобул хабарҳоест, ҳама дар чорчӯби муҳосиботи Амрико аст. Аммо ин тавр нест, ки минтақа, бахусус, русҳо, чиниҳо ва эрониҳо аз мавзӯъ ва таҳаррукоти ҷадиди Амрико дар ҷуғрофияи Афғонистон бехабаранд. На, аслан мавзӯъ, истифода аз токтикҳоест, ки бозигарони матраҳ дар қазияи Афғонистон онро ба кор мебаранд. Хулоса, ҳифзи вазъи мавҷуд дар сиёсатҳои тактикии минтақа аст то иҷоза надиҳад буҳрони амниятии Афғонистон, ки ношӣ аз мудохилоти бегонагон будааст, ба берун сироят кунад ва тағйири вазъияти мавҷуд ба асоси роҳбурди бесуботсозӣ, аз ҷумла аҳдофи калидии фароминтақа аст то минтақаро даргири як буҳрони фарогири амниятие созад, ки манбаъаш Афғонистон бошад. Толибон дар ин гирудор нақш як бозичаро доранд ва соҳиби қудрати интихоб нестанд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!