Оё мубориза бо терроризм Амрико ва Покистонро дубора ба ҳам наздик мекунад?
Манбаъ: “Тарҷумон” (Афғонистон)
Агар равобит байни Покистон ва Амрикоро аз манзари таърихӣ баррасӣ кунем, Афғонистон ҳамеша дар маркази ин равобит қарор доштааст. Дар даврони ҳукумати генерал Зиёулҳақ, ҷанге таҳти унвони “ҷиҳод” алайҳи Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар Афғонистон ҷараён дошт ва дар замони ҳукумати генерал Мушарраф ҷанг алайҳи терроризм ва мубориза бо Алқоида ва Толибон меҳвари ҳамкориҳои Амрико ва Покистон буд. Ин ҳаводис таъсири зиёде бар равобити ду кишвар гузоштааст.
Яке аз воқеиятҳои ҷолиб дар ин замина ин аст, ки дар даҳаи 1980, раисҷумҳури Амрико, Роналд Рейган ва дар соли 2000 раисҷумҳур Ҷорҷ Буш ҳар ду аз ҳизби ҷумҳурихоҳ буданд ва дар даврони ҳукуматҳояшон равобит миёни артиши Покистон ва ниҳодҳои амниятии Амрико бисёр наздик шуд. Аз сӯи дигар, ҳар ду раҳбари низомии Покистон, генерал Зиё ва генерал Мушарраф, ба далели моҳияти ғайридемократии ҳукуматҳояшон мавриди интиқод буданд, аммо ҳимояти Амрико аз онҳо бар асоси ниёзҳои стратегӣ идома дошт.
Ба назар мерасад, ки таърих бори дигар дар ҳоли такрор аст. Имрӯз бори дигар як раисҷумҳури ҷумҳурихоҳ, яъне Доналд Трамп дар Амрико қудратро дар даст дорад ва дар Покистон як давлати демократии заиф шакл гирифтааст, ки аз ҳимояти артиш бархурдор аст. Давлати феълии Покистон бо мушкилоти иқтисодии шадиде мувоҷеҳ аст ва дар айни ҳол, артиши ин кишвар низ бо интиқодоти сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ шуда. Дар чунин шароите изҳороти мусбати Трамп дар бораи Покистон барои давлат ва артиши ин кишвар нишонае аз гарм шудани равобит маҳсуб мешавад.
Доналд Трамп дар нахустин суханронии худ дар Конгресси Амрико дар соли 2025 аз Покистон ба далели ҳамкорӣ дар дастгир кардани тарроҳи ҳамлаи интиҳорӣ ба низомиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи Кобул қадрдонӣ кард. Як мақоми аршади вазорати дифоъи Амрико низ ба расонаи CBS News эълом кард, ки Шарифуллоҳ, тарроҳи ин ҳамла, ҳудуди даҳ рӯз пеш дар амалиёти муштарак миёни Созмони истихбороти Покистон (ISI) ва Созмони истихбороти марказии Амрико (CIA) дастгир шудааст.
Дар ҳамлаи интиҳории 26 август 2021, ки дар вурудии ҷанубии фурудгоҳи Кобул рух дод, ҳудуди 160 афғон ва 13 низомии амрикоӣ кушта шуданд. Гурӯҳи ДОИШ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, Теми Брус, низ аз ҳамкории Покистон дар дастгир кардани Шарифуллоҳ қадрдонӣ кард ва гуфт: “Покистон ва мо манофеи муштараке дар мубориза бо терроризм дорем ва ин дастгир кардан нишондиҳандаи аҳамияти ҳамкорӣ миёни ду кишвар аст.”
Пас аз изҳороти Трамп нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар баёнияе эълом кард, ки “мо аз тамҷиди раисҷумҳури Амрико аз нақш ва ҳимояти Покистон қадрдонӣ мекунем ва барои амнияту суботи минтақа ба ҳамкории наздик бо Амрико идома хоҳем дод.”
Оё Покистон ва Амрико бори дигар ба якдигар наздик хоҳанд шуд?
Коршиносони равобити байналмилалӣ ва амниятӣ мӯътақиданд, ки ин ҳамкорӣ миёни артиши Покистон ва давлати Амрико метавонад нишонае аз тақвияти муҷаддади равобити ду кишвар бошад. Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин ҳамкорӣ танҳо ба ин амалиёт маҳдуд мешавад ё заминаҳои густурдатареро дарбар хоҳад гирифт.
Комрон Бухорӣ, мудири маркази пажӯҳишии New lines institute, дар гуфтугӯ бо Бӣ Бӣ Сӣ изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир, мубориза бо терроризм барои Амрико дигар ба андозаи гузашта аҳамият надорад. Замоне нигаронии аслии Амрико ин буд, ки Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст нагиранд, аммо пас аз хурӯҷи Амрико аз ин кишвар дар соли 2021, авлавиятҳо тағйир кардаанд.
Вай афзуд: “Давроне, ки Покистон аз тариқи ҳамкориҳои дифоӣ аз Амрико кӯмакҳои молӣ дарёфт мекард, ба сар омадааст. Аммо агар Покистон битавонад худро бо сиёсатҳои ҷадиди Амрико татбиқ диҳад, мумкин аст фурсатҳое барои ҳамкории дубора фароҳам шавад.”
Хуррам Иқбол, коршиноси масоили ифротгароӣ, бар ин бовар аст, ки афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон, аз ҷумла ДОИШ, метавонад заминаи ҳамкории тӯлонмуддат миёни Покистон ва Амрикоро фароҳам кунад. Вай хотирнишон кард, ки силоҳҳои амрикоӣ, ки пас аз хурӯҷи низомиёни Амрико дар Афғонистон боқӣ монданд, акнун дар ихтиёри гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифтаанд.
Доналд Трамп эълом карда, ки қасд дорад ин таслиҳотро аз Афғонистон бозгардонад, аммо ин кор дар шароите анҷом мешавад, ки равобит миёни Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон муташанниҷ аст ва Покистон дигар нуфузи собиқро бар Толибон надорад.
Нақши Покистон дар сиёсатҳои ҷадиди Амрико
Коршиносон бар ин боваранд, ки Покистон метавонад дар сиёсатҳои зиддитеррористии Амрико нақше муассир ифо кунад, ба вежа бо таваҷҷуҳ ба афзоиши фаъолияти гурӯҳҳое, монанди ДОИШ ва Таҳрики Толибон Покистон (TTP).
Шуҷоъ Навоз, раиси Маркази мутолиоти ҷануби Осиё дар Вашингтон, гуфт, ки Покистон ҳамвора дар мубориза бо терроризм дар Афғонистон бо Амрико ҳамкорӣ кардааст. Аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки оё Амрико Покистонро аз доираи нуфузи Чин хориҷ мебинад ё хайр.
Вай афзуд: “Давлати Бойден, Покистонро таҳти ин дидгоҳ баррасӣ карда буд, ки равобити он бо Чин бисёр наздик аст. Акнун, мушаххас нест, ки давлати Трамп чӣ тағйире дар ин дидгоҳ эҷод хоҳад кард.”
Наим Холид Лудӣ, коршиноси умури дифоӣ ва дабири пешини вазорати дифои Покистон, изҳор дошт, ки дар заминаи ҳамкориҳои иттилоотӣ бисёре аз маворид пушти парда боқӣ мемонанд. Вай гуфт: “ДОИШ душмани муштараки Покистон, Амрико ва Толибон аст. Бо густариши фаъолиятҳои ин гурӯҳ дар минтақа, Амрико мумкин аст ба Покистон ниёз дошта бошад.”
Вай таъкид кард, ки Покистон ҳеҷ гоҳ аз назари геополитикӣ барои Амрико беаҳамият набудааст. Равобити ин кишвар бо Чин, Эрон ва Ҳинд нишон медиҳад, ки Амрико ҳамчунон ба аҳамияти Покистон воқиф аст. Аммо Покистон дар шароити кунунӣ аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ бисёр заиф аст, ба тавре, ки маҷбур мебошад дастуроти Амрикоро иҷро кунад.
Лудӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки Амрико ба думболи бозгушоии пойгоҳҳои низомии худ дар Афғонистон, ба вежа дар пойгоҳи Багром аст ва изҳороти Трамп дар бораи хурӯҷ аз Афғонистон ва бозпасгирии таслиҳотро бояд дар ҳамин чорчуб баррасӣ кард.
Ҷамъбандӣ
Равобит миёни Покистону Амрико дар ҳоли вуруд ба марҳалае ҷадид аст. Амрико ба думболи ҳамкории истихборотӣ бо Покистон барои муқобила бо таҳдидҳои ношӣ аз ДОИШ ва соири гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон аст. Аз сӯи дигар, Покистон бо чолишҳои иқтисодӣ ва сиёсии бузурге мувоҷеҳ мебошад, ки мумкин аст ин кишварро ба пазириши шароити Амрико водор кунад.
Бо ин ҳол, коршиносон бар ин боваранд, ки Покистон бояд аз иштибоҳоти гузашта дарс бигирад ва ба ҷойи такяи сирф бар кӯмакҳои Амрико, сиёсатҳои мустақилтареро думбол кунад. Дар ғайри ин сурат, мумкин хоҳад буд бори дигар дар бозии қудратҳои бузург гирифтор шавад, бидуни ин ки манофеи миллии худро таъмин намояд.