Хабари рӯз

“Хонақоҳ ё масҷиди Мавлавӣ Сикандар” дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз маркази “Ҷамоаи Таблиғ”* ва мағзшӯии интиҳориён буд

Нависанда: Ҷамшед Бадахшӣ

Расонаҳои Афғонистону ҷаҳон ҳодисаи “Хонақои Мавлавӣ Сикандар” – ро инфиҷор ва теъдоди кушаву захмиҳоро аз 30 то 90 нафар ҳисоб карданд. Дар ниҳоят арқоми расмии онро Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон*, дар твитераш 31 куштаву 43 захмӣ баровард кард, бо зикри ин ки дар миёни онҳо кӯдакон низ буданд ва омилони онро ҳам “фитнагарону аносири шарир” номид.

Бархе манобеъ ҳам аз ҳамлаи паҳподҳои бесарнишин хабар доданд, ки субуте барои ин иддао пеш оварда нашуд. Ҳарчанд ин қаринаи воқеан қобили таваҷҷӯҳ аст, бо назардошти ин ки як моҳ ба ин сӯ дар фазои Афғонистон паҳподҳои амрикоӣ парвоз мекунанд.

Аммо инфиҷоре, ки ҳаволии соати 2:30 дақиқаи пас аз чошти 23 апрел дар минтақаи Чинори Сайидҷалоли вулусволии Имом Соҳиб иттифоқ афтод, ҳам ҳамлаи интиҳорӣ ва ҳам ба таъбири Гулбиддини Ҳикматёр, иғтимосӣ буд, ки тавре интизор мерафт, гуруҳи террористии ДОИШ* ба ӯҳда гирифт.

Манобеъ далели ин ҳамларо хусумати идеологии ДОИШ ба тариқати тасаввуф унвон мекунанд, чун дар ин хонақоҳ пирону муридон бо зикри ҷаҳрия машғул мешуданд ва дигар маросими сӯфиёнаро анҷом медоданд.

Зимнан, дар миёни маҷрӯҳон фарзанди Мавлави Сикандар - Муҳаммад Башир Муҳаммадӣ низ будааст, ки пир ва имомхатиби ин хонақоҳ – масҷид аст.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Сангар дар пайи як таҳқиқи кӯтоҳе, ки анҷом дод, бархе ҷузъиёти дигарро дар бораи ин ҳодиса ва “хонақоҳ” ба даст овард.

 

“Интиҳору иғтимос”

Он рӯз мардум пас аз намози ҷумъа ба хонаҳояшон рафтанд ва ҳудуди 50 нафар, машмули шогирдони хонақоҳ ва ҷамъе ҳам аз мардуми мухлиси маҳал ба зикр нишаста буданд.

Фарде, ки пас аз ҳамлаи интиҳорӣ дар саҳни ҳавлии хонақоҳ захмӣ шуда, ба замин афтод ва шоҳиди айнии ҳодиса аст, мегӯяд, фарди интиҳорӣ бо як ҷалиқаи бузург ва бушкаи пластикӣ дар даст вориди хонақоҳ шуд ва ба манзили дуюм рафт.

“Ду нафари дигар ҳам “Калашников” дар даст дар даҳони дарвоза истод буданд. Ман фикр кардам, ки инҳо афроди толибонанд, чун фарқе аз онҳо намекарданд. Вақте инфиҷор шуд, ҳамаи онҳое, ки дар утоқу ошпазхона буданд, берун омаданд, ки он ду нафар афроди саҳни ҳавлиро ба рагбор бастанд. Ҳар кас тавонист дигарбора вориди утоқҳо шуда, паноҳ бурд. Ман ҳам захмӣ шудам ва худро мурда андохтам”, - гуфт ӯ.

Ин фард мегӯяд, аз шиддати захм беҳуш шуд, аммо вақте ба худ омад, дид, ки дар саҳни ҳавлӣ мардуми маҳал мегарданд ва куштаву захмиҳоро берун мекашанд (ба хотири амнияти ин фард бархе ҷузъиёти суҳбати ӯ оварда намешавад).

Вай иттилои расмии Толибонро таъйид мекунад, ки ин ҳамла беш аз 30 куштаву 40 захмӣ ба ҷой гузошт.

Идомаи ҳодисаро ӯ аз қавли дигарон қисса кард. Ба қавли ӯ, толибоне, ки дар наздикии хонақоҳ ҳузур доштанд, ба маҳалли инфиҷор ҳозир шуда, бо он ду “иғтимосӣ” вориди ҷанг мешаванд ва онҳо низ худро инфиҷор медиҳанд.

Як далели адами аҷсоди ин ду нафар ҳамин гуфта мешавад, аммо манбаъи дигар мегӯяд, ки он ду нафар дар ҷанг кушта шуданд ва ҷасадашонро Толибон бо худ бурдаанд. Агар мебурданд, ҳоло дар расонаҳо пайдо мешуданд, аммо вақте пайдо нашуданд, ду хулосаро метавон матраҳ кард: 1) Толибон аз ин ҳамла хабар доштанд, қабл аз ҳама барои он, ки Шабакаи Ҳаққонӣ “куратор” –и созмонҳои террористӣ, бахусус, ДОИШ ба ҳисоб меравад; 2) он ду воқеан худро инфиҷор дода, худро нобуд кардаанд.

 

 

Абдуллоҳи Русӣ

Фарди дигаре, ки пас аз инфиҷор вориди хонақоҳ шудааст, қиссаи хеле ҷолиби дигареро кард. Вай гуфт, вақте куштаву захмиён берун оварда шуданд, афроди ҳозир шоҳиди саҳнаи шоковаре шуданд.

“Аз даруни деворе, ки фурӯ рехта буд, як бушкаи пластикии 20 – литрае афтода буд. Ҳеҷ кас ба он наздик намешуд, зеро он пур аз маводи инфиҷорӣ ва барои мунфаҷир кардан айёр буд”, - гуфт ӯ.

Вай аз рӯи гуфтугузори шоҳидони ин саҳна қисса мекунад, ки ин бушкаи пур аз маводи инфиҷориро сокинони қаблӣ, ё шояд ҳозири хонақоҳ дар девор ҷосозӣ карда буданд.

“Ба қавли мардуми маҳал, қаблан дар ин хонақоҳ як маркази интиҳориҳо ва корхонаи сохти мойнҳои анвоъи мухталиф буд, ки аз сӯи Толибон назорат мешуд. Шогирдоне, ки дар хонақоҳ таълим медиданд, аввал, ин ҷо мағзшӯӣ мешуданд, сипас, интиҳорӣ. Устодони онҳо аз “Ҷамоаи таблиғ” ва хатмкардаҳои Покистонанд”, - гуфт ӯ.

“Ҷамоаи таблиғ” як созмони ифротиест, ки аз солҳои 1920 ба ин сӯ дар Ҳиндустону Покистон ривоҷ ёфта, шеваи фаъолияташ даъват ба ислом аст. Аммо тайи чанд даҳаи ахир аз сӯи истихбороти ҷаҳонӣ ба масъули мағзшӯии афрод барои узвият дар созмонҳои террористӣ табдил ёфт ва бархе коршиносон онро “легиони номаръии ҷиҳод” низ унвон карданд.

Нуктаи ҷолибе, ки як манбаъи дигар аз ин хонақоҳ нақл кард, қиссаи нафаре бо номи Абдуллоҳи Русӣ, ё Маскавӣ аст. Ин фард ҳарчанд чунин алқобро дорад, ба қавли огаҳони ҳол, дар асл шаҳрванди Русия нест, шояд инглис ё амрикоӣ буд, аммо бо зердастонаш, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба забони русӣ сӯҳбат мекард.

“Абдуллоҳ” як тактирандоз ва мойнсози моҳир буд ва узвияти Ал-қоидаро дошт. Бино ба гузоришҳо, ӯ пас аз суқути Афғонистон ба дасти Толибон ба Нуристон рафтааст. Бархе ҳам мегӯянд, вайро дар Сарипул дидаанд. Хуллас, зинда ва як фарди хеле муҳим ва хатарнок аст”, - гуфт манбаъ.

Он чӣ “Абдуллоҳ” – ро бо “Хонақои Мавлавӣ Сикандар” рабт медиҳад, ин аст, ки вай дар ин ҷо як муддат минҳайси мураббии интиҳориёну мойнсозон кор кард. Ӯро Толибон, ҳамчунин доираҳое дар истихбороти ҳукуматҳои қаблӣ ва пуштибонони хориҷии онҳо ҳимоят ва эҳтиром мекарданд. Бо омадани Толибон ба қудрат майдони фаъолият барои ӯ ва дигар аъзои созмонҳои террористӣ боз шуд.

Аммо ДОИШ дар Имом Соҳиб. Ба қавли ҳамсуҳбатони Сангар, ин гурӯҳи террористӣ дар ин вулусволӣ ҳузури густарда, аммо хеле пинҳон дорад ва аксари онҳое, ки худро толиб мехонанд ва аз мардуми таҳҷоианд, рӯзона толиб, шабона доишиянд. Гузоришҳои дигаре ҳам аз ҳузури ҷангиёни хориҷӣ дар ин вулусволӣ вуҷуд дорад, ки шарҳашонро то замони такмил мавқуф мегузорем.

Дар Афғонистон чӣ корҳое ҷараён надорад...

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!