Чаро Вахон ба як масири транзитӣ байни Афғонистону Чин табдил намешавад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Чин дар баробари масири Вахон, ки Афғонистонро бо Чин васл мекунад, мӯҳтотона бархӯрд мекунад. Далели асли ин нигарониҳо чӣ буда метавонад? Дар идома ба баъзе аз эҳтимолот мепардозем:
- Умдатарин нигаронии Чин аз дарки Афғонистон, таҳдидҳои фазояндаи амниятиест, ки ба муҳаррики аслии ҳассосият Чин дар баробари вазъи мавҷуди ин кишвар мубаддал шудааст. Ӯйғурҳо ва дар маҷмӯъ Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, бузургтарин таҳдиди амниятӣ дар баробари Чин дар минтақа аст;
- Агар ин масир боз шавад, хатти муқаддам ва дифоъии Чин дар баробари душманонаш, хоҳад шикаст. Чун Чин гузаргоҳи Вохҷирро, ки дар миёни шибҳинизомёни Афғонистон ва ҷамъияти уйғур дар Шинҷон воқеъ шуда, хатти муқаддами мубориза бо терроризм медонад. Биноан, ба ҳеҷ сурат ин кишвар, иҷоза намедиҳад, роҳе барои нуфузи шибҳинизомиёни ӯйғурӣ ба дохили хоки Чин боз шавад;
- Покистон дар бемайлии Чин нисбати баъзе аз далоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, нақши умда дорад. Агар чунин шавад, ки Афғонистон мустақиман ба Чин васл шавад, Покистон аз лиҳози иқтисодиву амниятӣ ва ҳам масоили сиёсӣ, як Толибони худмухтор ва ғайримуттакиро ба худ хоҳад дошт. Дар зимн, ин кор боис мешавад то Покистон бозорҳои иқтисодӣ ва фурӯши тавлидоти худ дар Афғонистонро аз даст диҳад;
- Чин дар интихобҳои стратегии худ ҳаммонанди арҷаҳияти масоили иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ, хелеҳо мӯҳтот амал мекунад. Биноан, агар масири Вахон боз шавад, мумкин хатароти амниятии он бамаротиб бештар аз мафоди иқтисодиаш бошад. Ин чизест, ки Чин онро намехоҳад;
- Чин ба ҳеҷ сурат намехоҳад бо боз шудани масири Вахон, нуқтаи заъфе аз худ назди шибҳи низомиёни ӯйғур дошта бошад. Зеро дар сурати чунин коре, корвонҳои тиҷорӣ аз Чин, ба манбаъи аслии боҷгирӣ ва афзоиши тақозоҳои сиёсии ӯйғурҳо дар Пекин, мубаддал хоҳад шуд;
- Покистон бино бар ишораи Амрикову Англис, иҷоза намедиҳад то Чин аз тариқи заминӣ ба манобеъ, ҷуғрофия ва мавқеияти стратегии низомӣ, масири заминӣ дошта бошад. Ин таҷриба дар мавриди таҳоҷуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар соли 1979 низ содиқ аст, ки ибтидо гузаргоҳи Солангро сохтанд ва баъдан аз масири он, ба таҳоҷуми низомӣ дар Афғонистон даст заданд;
- Покистон талош дорад то Чин бо Толибон наздик нашавад ва ягона роҳи таъмини равобит ва додуситад, аз масири Исломобод бигузарад. Ин кор боис мешавад то Толибон нисбат ба чунин интихоби стратегӣ ва ҳаётӣ, қудрати амали бештаре надошта бошанд;
- Толибон низ бо Чин мӯҳтотона равия доранд. Ҳар гуна тағйир дар рафтор бо Чин, боис мешавад то соири гурӯҳҳои террористии муттаҳиди Толибон дар Афғонистон, махсусан, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, нисбат ба ин таҳаввул, вокуниши ҷиддӣ нишон диҳанд, ки ин кор ба масобаи инфиҷоре дар даруни Толибон хоҳад буд;
- Чин ило иқдоми қотеъонаи Толибон дар баробари ӯйғурҳое, ки дар Афғонистон ҳастанд, мунтазири фурсати муносиб барои боз кардани ин масир хоҳад монд. Ҳанӯз ҳам Толибон натавонистаанд, нисбат ба тааҳҳудоташон дар баробари ӯйғурҳо дар Афғонистон, рафтору амалкарди қаноатбахше дошта бошанд;
- Аз ин ки қароргоҳи аслии нерӯҳои хобидаи террористии хориҷӣ, дар шимолшарқи Афғонистон хоҳад буд ва махсусан, масъалаи ДОИШ-Хуросон, ки ба як таҳдиди роҳбурдӣ дар баробари амнияти минтақа ва Чин, матраҳ аст ва қарори гузоришҳо, аксарияти нерӯҳои ӯйғур, тамоюли зиёде нисбат ба пайвастан ба ДОИШ доранд. Биноан боз шудани як масири заминӣ ба сӯи Чин, бисёр пурмухотиратар нисбат ба мафоди иқтисодии он хоҳад буд.
Чин дар минтақа бо таҳдидҳои гуногуне мувоҷиҳ аст. Аз сездаҳ ҳамсояи ҳаммарз бо Чин, ин кишвар бо аксарият мушкили амниятӣ ва сиёсӣ дорад. Агарчи Чин барои додуситади иқтисодӣ, мафоди молӣ ва таъмини вуҷӯҳи даромад, бисёр аҳамият қоил аст ва аксарият ҳузури Чин дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, дар соя ҳамин муодила аз тарафи чиноиҳо тавҷеҳ мешавад, аммо таҳдидҳои амниятӣ, эҳтимолоти амниятзудо бар зидди амнияти ин кишвар, дар авлавияти сиёсатҳои амниятии Чин, боқӣ мемонад.
Чин имрӯз маҷбур аст барои ҳифзи амнияташ бо истифода аз ҳарбаҳои иқтисодӣ, молӣ ва роҳкорҳои сиёсӣ, даст ба иқдомоти амниятӣ низ бизанад, ки Афғонистон бо таваҷҷуҳ бо ҳаҷми таҳдидҳои амниятӣ, ҳузури гурӯҳҳои террористии хориҷӣ ва мавқеияти ҳассоси он барои Чин наметавонад, холӣ аз ин даст муҳосибот бошад.