Хабари рӯз

Баҳри решакан кардани терроризм бояд чӣ чораҳо андешид?

Нависанда: Матлубаи Қодир, таҳлилгар

Терроризми байналмилалӣ бори дигар чеҳраи худро ҳангоми ҳамлаи террористӣ дар “Крокус сити холл” дар наздикии Маскав нишон дод. Фоҷиа боиси талафоти зиёди одамон ва теъдоди зиёди қурбониён гардид. Ба ҳайси гумонбар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби созмони террористии “Давлати исломӣ” ҷалб шуда буданд, дастгир карда шуданд.

Мубориза бо терроризми байналмилалӣ вазифаи ҳар як давлат аст. Кишвари Русия аз режими Киев тақозо мекунад, ки ҳама гуна пуштибонӣ аз фаъолиятҳои террористиро фавран қатъ карда, гунаҳкорони онро таслим намояд ва хисороти ба қурбониён расонидаро ҷуброн кунд.

 

Фоҷиа ва гунаҳкорони он

Ҳамла ба “Крокус сити холл” дар Красногорски назди Маскав шоми 22-уми март пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” ба вуқӯъ пайваст. Одамони мусаллаҳ ба бино зада даромада, аз яроқҳо оташ кушоданд, якчанд таркиш садо дод ва баъдан сӯхтор сар зад.

Теъдоди ҳалокшудагон ба 144 нафар расидааст, ки дар байни онҳо се нафар кӯдакон низ буданд. Зиёда аз 382 нафар, аз ҷумла 9 кӯдак ҷароҳат бардошта ва то имрӯз 96 нафар аз беморхонаҳо мураххас шуданд.

Дар лаҳзаҳои аввали ҳамлаи террористӣ расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки масъулияти онро созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ё аниқтараш шохаи он “Вилояти Хуросон” бар уҳда гирифтааст. Он ки амрикоиҳо даст доштани гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар ин  ҳамлаи террористӣ ба зудӣ пайгирӣ карданд ва қотеъона эълом доштанд, ки Украина дар ин кор даст надорад, касро ба андешае водор месозад. Зеро Вашингтон на танҳо аз ин ҳамлаи террористӣ пешакӣ огоҳ буд, балки дар баъзе марҳилаҳо дар ташкили он даст доштааст.

Аз аввали соли ҷорӣ ин дувумин ҳамлаи бузурги террористӣ аст, ки масъулияти онро гурӯҳи ДИИШ бар уҳда гирифтааст. Дар аввали моҳи январ ин гурӯҳ масъулияти як ҳамлаи террористиеро, ки дар Эрон ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он беш аз 80 нафар ба ҳалокат расиданд, бар уҳда гирифта буд. Дар ҳарду ҳолат дар бораи он ки масъулияти ҳамлаи террористиро ДИИШ бар уҳда гирифтааст, худи расонаҳои амрикоӣ хабар доданд.

Дар Маскав ба зудӣ террористонро дастгир карданд. Хадамоти амнияти федералии Русия субҳи рӯзи дигар пас аз ҳамлаи террористӣ хабар дод, ки дар доираи тафтишоти ин ҳодиса 11 нафар, аз ҷумла чор нафар иҷрокунандагон боздошт шудаанд. Дар содир намудани ҳамлаи террористӣ шаҳрвандони Тоҷикистон Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Муродалӣ Раҷабализода, Шамсиддини Фаридунӣ ва Муҳаммадсобир Файзов гунаҳкор дониста шуданд. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия аз аввал пешниҳод карданд, ки террористҳо танҳо як абзори дасти фармоишгарон мебошанд. Нияти террористон барои паноҳ бурдан дар қаламрави Украинаро низ ҳамчун тасдиқи ғайримустақими “фармоиши берунӣ” будани ин ҳамлаи террористӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Баъдан Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев гуфт, ки ин ҳамлаи террористиро “режими Киев” фармоиш дода ва террористони он бошанд дар ДИИШ таълим гирифтаанд.

 

Дарди мардум

Дар Тоҷикистон бовар надоштанд, ки чунин амали даҳшатовар, чунин ҷиноятро тоҷикон содир карда бошанд. Аввалин фикре, ки ба сари мардуми Тоҷикистон омад - дурӯғ будани ин гапҳо буд. Бо вуҷуди ин, мо дарди халқи русро эҳсос карда, бо онҳо ғамшарик будем. Бисёре аз намояндагони Ҳукумати кишварамон тасмим гирифтанд, ки шахсан ба сафорати Русия дар Душанбе ташриф оварда, изҳори ҳамдардӣ ва ҳамдилии худро ба мардуми Русия баён кунанд. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Русия ва халқи ин кишвар изҳори ҳамдардӣ ва эҳсоси ҳамраъйӣ баён намуд.

Дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ҳамроҳ бо Русия андӯҳгин буда, ба мардуми рус дар мубориза алайҳи таҳдиди террористӣ ба тамоми башарият изҳори ҳамраъйӣ мекунад.

Бо кадом омилҳо муҳоҷирон ба террорис табдил меёбанд? Одамоне, ки ватани худро тарк карда, ба хориҷи кишвар рафтаанд, барои  ҷалбкунандагон (рекрутерҳо) туъмаи тайёр ба ҳисоб мераванд, ки ба онҳо «мусулмонони диндор»  метавонанд таъсири калон расонанд.

Бояд гуфт, ки мардуми одӣ низ аз ин фоҷеа рӯҳафтода шуданд, зеро қариб ҳар як шаҳрванди дуюми кишвари мо бо ин ё он тарз бо Русия алоқа дорад. Ва он чизе, ки дар Русия рух медиҳад, ба таври мустақим ё ғайримустақим ба ҳар яки мо таъсир мерасонад.

Ниёз Мирзоев, профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ин фоҷеаро ба дил бисёр наздик қабул кардааст: “Инсон пеш аз он, ки ба кишвари дигар барои пул кор кардан сафар кунад, бояд соҳиби касби одӣ бошад ва албатта забони он давлатро донад. Дар акси ҳол одам ба осонӣ зери таъсир ва идораи дигарон қарор мегирад. Ташкилотҳои террористӣ дорои захираҳои калон мебошанд ва одамони бесаводро, ки ҳатто бар ивази пули ночиз барои содир кардани ҷиноят омодаанд, ба сафи худ ҷалб мекунанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин изҳор дошт, террористоне, ки марги мардуми осоиштаро мехоҳанд, на парчам доранд, на ватан, на миллат ва на дин. Ӯ ҳамчунин, ба хонавода ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагони ин ҳамлаи террористӣ шифои ҳарчи зудтар таманно кард.

Оё пул дар ҳақиқат арзиши онро дошта бошад, ки барои он одамони барои тафреҳ омадаро ба қатл расонӣ ва миллати худро шарманда кунӣ? Албатта, ҳар кас барои худаш ҷавобгар аст, вале онҳо бо ин амалашон обрӯи Тоҷикистонро паст заданд. Оё ин корро кардан мумкин буд?!

Ва акнун аз пушти ин террористон тамоми муҳоҷирони мо дар азоб мемонанд, зеро муносибати умумӣ нисбати муҳоҷирон бад шудааст. Хун рехтан дар моҳи  Рамазон ва боз дар рӯзи ҷумъа - ин гӯшношуниданӣ аст! Ин ҳодисаи фоҷиавӣ намегузорад, ки ором хоб кунам. Хавотирам ва пайваста такрор мекунам: мо бояд бо Русия дӯст бошем, зеро ин кишвари бародар аст, ки бояд онро эҳтиром кард. Умедворам, ки тафтишот ин қазияро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, тамоми ҷузъиётро ошкор мекунад ва ин террористон тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд.

Ман фикр мекунам, ки риштаҳо то Украина мераванд ва мо тадриҷан дар ин бора маълумоти бештар хоҳем гирифт. Вале ғаму андӯҳ ба зудӣ фаромӯш нахоҳад шуд. Ин ҳодиса як фалокати воқеӣ аст."

 

Нишони бардурӯғ

Ба гуфти коршиносон тавассути ин ҳамлаи террористӣ фармоишгарон саъй карданд, ки вазъро дар минтақа ноором созанд, то таваҷҷуҳи Русия аз Украина дур шавад.

“Ба васвасаҳо ва иғвоҳо дода нашавед. Шумо намояндагони Тоҷикистон дар хориҷа мебошед. Ватандӯст бошед ва кӯшиш кунед, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистонро берун аз кишвар баланд бардоред” - муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Тибқи маълумотҳои манбаъҳои огоҳи хадамоти вижаи Русия, ташкилкунандагони ин ҷиноят дар “Крокус Сити Холл” ҳамзамон дар яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ба як ҳамлаи васеъмиқёси террористӣ омодагӣ медиданд. Хушбахтона, он пешгирӣ карда шуд. Ва воқеан чанд рӯз пас аз ин хабар маълумот пайдо гардид, ки дар Душанбеву Ваҳдат мехостанд ҳангоми таҷлили Ҷашни Наврӯз ҳамлаҳои террористӣ ташкил кунанд, бо ин иттиҳом 15 нафар боздошт шуданд. Чанд рӯз қабл аз ин 9 сокини дигари шаҳри Ваҳдат барои алоқа бо гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар Маскав ва ҳамкорӣ бо ДИИШ боздошт шуда буданд.

Ниёз Мирзоев, профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: “Муҳоҷирон бояд қонунҳо, расму ойин, фарҳанг ва таърихи кишваре, ки дар он ҷо иқомат доранд, омӯзанд. Агар инсон маълумоти кофӣ надошта бошад, пас ӯро фирефта ва ҷалб кардан осон мегардад. Фикр мекунам, ки дар бесаводии онҳо волидонашон низ гунаҳкоранд. Аз ин хотир, дар Тоҷикистон Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад. Фарзандро на танҳо ба дунё овардан, балки хамчун одами арзанда тарбия кардан лозим аст».

Ва боз чанд рӯз пас нерӯҳои Хадамоти амнияти федералии Русия як ҳамлаи террористиро дар Ставропол пешгирӣ карданд. Гуфта мешавад, ки ҳангоми кофтуков дар манзили боздоштшудагон ҷузъҳои дастгоҳи таркандаи худсохт, маводҳои кимиёвӣ ва унсурҳои харобкунанда пайдо карданд.

Амалҳои тафтишотӣ нишон доданд, ки изи ҳамаи ин ҷиноятҳо ба Украина рабт дорад. Аз ин рӯ, Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Украина талаботҳо пешниҳод кардааст. Яке аз ин талабҳо - боздошти сардори Хадамоти амнияти Украина Малюк мебошад, ки санаи 25-уми март эътироф кард, ки Украина дар тарконидани пули Қрим (моҳи октябри соли 2022) даст дорад ва инчунин, ҷузъиёти ташкили ҳамлаҳои дигари террористиро дар Федератсияи Русия ошкор кардааст.

 

Муборизаи муштарак бар зидди терроризм

Терроризми байналмилалӣ яке аз чолишҳои глобалии асри XXI мебошад. Русия дар сафи пеши муборизон бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад. Тоҷикистон барои аз байн бурдани ин хатар бояд дар ҳама сатҳҳо талошҳои Русияро дастгирӣ кунад.

Тоҷикистон танҳо дар ҳамбастагӣ бо Русия метавонад амнияти худро аз хатари террористӣ ҳифз кунад. Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чораҳои зарурии амниятиро ҳам дар Русия, ки дар даҳсолаҳои охир борҳо ҳадафи ҳамлаҳои террористони байналмилалӣ қарор гирифта буд ва ҳам дар кишвари худ дарк кунанд.

Соли аввал нест, ки кишварҳои мо ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм тавассути роҳҳои гуногун густариш медиҳанд. Қаблан Академияи хоҷагии халқ ва Идораи давлатии назди Президенти Федератсияи Русия ва Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаеро имзо карданд, ки ҳадафи он омодасозии мутахассисон дар соҳаи пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон мебошад. Созишнома таҳияи барномаи муштараки такмили ихтисоси “Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиро” пешбинӣ мекунад.

Ғояи асосии барнома - дар  батн нобуд кардани терроризм, фароҳам овардани заминаҳо  барои пешгирии ҳамагуна зуҳуроти терроризм  мебошад. Академия аллакай дар татбиқи чунин барномаҳои таълимӣ дар Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҷрибаи мусбат дорад. Омӯзиш аз рӯйи ин барнома моҳи майи соли 2024 оғоз мегардад ва барои қабули аввал 30 нафар пешбинӣ шудааст.

Кишварҳои моро зарур аст, ки ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ боз ҳам густурдатар ва амиқтар гардонанд. Тавре сарони давлатҳои мо изҳор доштанд, терроризм миллат надорад ва онро танҳо дар мувофиқа бо ҳамдигар нест кардан мумкин аст.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!