ДОИШ на барои эҷоди хилофати исломӣ, балки барои муқобила бо Русия, Чин ва Эрон эҷод шудааст.
Манбаъ: www.toufan.org, нашрияи Ҳизби кори Эрон
ҚИСМАТИ АВВАЛ
Ҳамлаи террористии ваҳшатноке, ки дар шомгоҳи ҷумъа ба салони консерти Крокус Сити дар ҳумаи Маскав рух дод, беш аз 140 кушта барҷой гузоштааст. Ҳамин миқдор маҷрӯҳ ҳадди ақал дар бемористонҳо ба сар мебаранд.
Ин ҳамлаи террористӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷанге, ки дар Украина идома дорад, наметавонд бар ҳасби иттифоқ сурат гирифта бошад.
Амрико қаблан вуқӯъи чунин ҳодисаеро эълон карда буд то ишрофи худро бар масоили амниятӣ ба рухи Русия бикашад ва барои худ ҳукми бароат содир кунад. Ин амр нишонаи он аст, ки Амрико бо ин террористҳо ҳамкории наздик дорад ва бо ин иқдомаш ба Русия ҳушдор медиҳад, ки бояд бо таҳдидот ва харобкориҳои бештаре ҳисоб кунад, зеро барои Амрико шикаст дар Украина қобили таҳаммул нест.
Ба ин далели содда, ки ин шикаст як шикасти стратегӣ барои империализми Ғарб бавежа империализми Аврупост.
Ғарб эътибори ахлоқии худро дар раванди наслкушии саҳюнизм дар навори Ғазза аз даст дода ва кохи тилоии “ҳуқуқи башар”, “феминизм”, “демократия ва озодӣ” ба сурат ғайриқобили бозсозӣ дар ҳам фурӯ пошидааст.
Такмили ин шикаст дар майдонҳои ҷанги низомӣ ва сиёсӣ мушкилоти отии Ғарбро дучандон хоҳад кард. Терроризми доишии империалистӣ-саҳюнистӣ дар Русия, идомаи ҳамон саҳнагардонӣ ва азодории Ғарб барои Алексей Навалний аст, ки бо шикаст рӯбарӯ шуда буд ва бояд таъсироти интихоботи озод дар Русия ва пирӯзиҳо дар ҷабҳаҳои ҷанги Украинаро ба ҳадди ақал бирасонад. Ин иқдомот низ бахше аз таҳаққуқи ҷанги равонии таркибӣ аст.
Ин ҳамалоти зоҳиран доишӣ дар Маскав, иттифоқе нест, бахше аз як проекти тӯлонимуддати Ғарб дар Осиёи Миёна, Ғарби Осиё барои эҷоди ноамнӣ ва тахриб дар ин мамолик буда то сохтмони Ҷодаи Абрешим натавонад ба интиҳо бирасад.
Дар ин проект порае мамолики минтақа аз ҷумла Туркия, Исроил ва Украина низ манофеъи хешро намояндагӣ мекунанд. Ин терроризм аз ҷинси ҳамон ҳамалоти террористие аст, ки дар Покистон алайҳи муҳандисон ва коргарони чинӣ иттифоқ афтод ба тавре ки баъд аз он ҳодиса нахуствазири Покистон, ки баромад аз иродаи Амрикову Инглис аст, давон-давон худро ба сафорати Чин дар Исломобод расонд, то маротиби иродат ва арзи тасалияти худро иброз кунад.
Шаҳбоз Шариф ба ҷои он ки вазири умури хориҷа ё вазири кишварро ба сафорати Чин бифиристад, худаш роҳӣ шуд то мушаххас шавад ӯ, ки беш аз ҳама ба самти Инглису Амрико гароиш дошта ва дастнишонда аст то чӣ андоза медонад Покистон ба Чин вобаста аст ва агар Чин пояшро аз ин кишвар берун бикашад чӣ балое бар сари иқтисоди нимаҷон ва вайрону пур аз фасод ва заду банди ин кишвар хоҳад омад.
Мушаххас аст ҳамла ба коргарони чинӣ тавассути аносири террористии такфирӣ ва тундрав, аз ҳамон ҷинси ҳамалотест, ки дастгоҳҳои иттилоотӣ-амниятии ғарбӣ алайҳи Эрону Русия роҳ меандозанд.
ДОИШ-и Хуросонро Амрикову Исроил аз тариқи иртибототи хеш дар Сурия, Туркия ва Афғонистон баъд аз фирори Амрико аз Афғонистон барпо кардаанд.
Ин ДОИШ зоҳиран барои эҷоди хилофати исломӣ дар мамолики қурбонӣ низ мубориза намекунад ва ҳадафаш ошкоро мубориза бо Русия, Чин ва Эрон аст. Ҷолиб он аст, ки ин ДОИШ ҳатто ба амалиёти интиҳорӣ низ даст намезанад ва барои фирору наҷоти ҷонаш сар аз по намешиносад ва ин дунёро ба он дунё тарҷеҳ медиҳад.
Ин, ки ДОИШ-ро амрикоиҳо таъсис карданд, ҷои кетмон надорад, зеро хонум Ҳиллари Клинтон чанд бор ба он истинод кардааст. Ҳатто Доналд Трамп дар суханонаш дар мавриди ДОИШ гуфт: “ДОИШ ба президент Обама ифтихор мекунад. Ӯ бунёнгузори ДОИШ аст. Ӯ бунёнгузор ДОИШ аст. Бисёр хуб? Ӯ бунёнгузор аст. Ӯ ДОИШ-ро таъсис кард. Ва ман мегӯям, яке аз бунёнгузорони он Ҳиллари Клинтон фосид аст.”
Ногуфта равшан аст, ки ДОИШ-и Хуросон бидуни таслиҳот, тадорукоти фаннӣ, таҷҳизот, иттилооти амниятӣ, молӣ ва моҳвораӣ ҳаргиз наметавонад вуҷуд дошта бошад ва рушд кунад. Пули зиёде, ки дар ихтиёри онҳо қарор дорад ва барои хариди муздури мавриди истифода қарор мегирад, нишон медиҳад, ки аҳамияти омили эътиқоди мазҳабӣ дар миёни онҳо ҳарфи муфт аст.
Онҳо муздури сирф ҳастанд ва ҳатто аз қабл медонистанд бояд баъд аз анҷоми ҷиноёти террористӣ ба кадом самти Ғарб барои убур ба Украина аз кадом панҷараи “наҷот” убур кунанд. Онҳо ба абзори аъмоли сиёсатҳои империалистӣ бадал шудаанд, зеро империалистҳо намехоҳанд дастони хешро мустақиман дар тахрибу одамкушӣ олуда намуда ва аз назари ҳуқуқиву ҷаҳонӣ мушкилоте барои хеш фароҳам кунанд.
ДОИШ ҳадафаш таъсиси хилофати исломӣ нест, табдил ба як ширкати саҳҳомии ироаи хадамоти террористӣ аст, ки ба Амрико, Исроил, Туркия, Аврупо, Украина сервис медиҳад. Монанди ширкати амрикоии “Блек вотерс”.
Терроризме, ки дар Маскав эъмол мешавад агар бо номи Украина, Исроил ва Амрико эълом шавад, эълони ҷанги расмӣ бо давлати Русия аст, вале гиребони ДОИШ-и “номаръӣ” ва ҳозир дар фазои маҷозиро касе наметавонад бигирад.
ДОИШ дар амал, ҳамон сиёсати Амрикоро дар минтақа пиёда мекунад ва ба абзори фишору таҳдиди ҷадиде дар саросари минтақа бар зидди Русия, Чин ва Эрон бадал шудааст. Тақвияти ДОИШ-и Хуросонро бояд вокуниши империализм дар матни чандқутбӣ шудани ҷаҳон ва даступо заданҳо ва ташаннуҷи марги гегемонияи Амрико дар он арзёбӣ кард...
ҚИСМАТИ ДУВУМ
Дар Балучистону Курдистон бо амалиёти террористӣ барои таҷзияи Эрон иқдом карданд ва саранҷом бо шикасти ин проекти саҳюнистӣ, ба террори Кирмон ба дасти ДОИШ-и Хуросон мутавассил шуданд. Ҳадафи онҳо вайронии Эрон, эҷоди фазои таҳдиду ноамнӣ дар миёни мардум буд. Ҷинси ҳар се террор яксон аст. Авомили иҷрои он амрикоӣ, исроилӣ, украинӣ нестанд, вале сарнахи амалиёти онҳо дар дасти ин манобеъи аслии терроризм аст.
Давлати Туркия, ки бо ДОИШ-у террористҳои Идлиб ҳамкории наздику бародарона мекунад. Тоторҳои доиширо таълим дода ва ба Украина эъзом менамояд. Онҳо аз тариқи иртибототи хеш дар ҷумҳурии Озарбойҷон ва бахши ӯзбекнишини Афғонистон, ки собиқан зери тасаллути генерали собиқ “Дӯстум” дар Афғонистон қарор дошт ба иҷрои нақшҳои дарозмуддати худ, машғул буданду ҳастанд.
Давлат Туркия аз ҳамон замон, барои аъмоли фишор ба Эрону тазъифи Эрон ва дахолати ошкор дар умури дохилии Сурия ва Ироқ ба ин авомили фишору тахриб ниёз доштаву дорад.
Давлати Туркия дар пайи таҷзияи Эрон, дар пайи эҷоди ноамнӣ дар шарқи Эрон аст то битавонанд аз Эрон дар бахши Сурияву Ироқ имтиёз ба даст оварад. Онҳо тамоми таҷориби террористии хешро дар ҳамкорӣ бо пантуркистҳо ва саҳюнистҳо дар ихтиёри ин бунгоҳи ҷадиди террористӣ мегузоранд то бамавқеъ аз онҳо истифода кунанд.
Исроил маҷрӯҳони ДОИШ-ро дар марзи Сурия дармон мекард ва аз тариқи Туркия ин иртибототи хешро бо онҳо барқарор карда ва ба унвони як нерӯи роҳбурд дар сиёсатҳои ДОИШ амал мекунад.
Аъзои ДОИШ-и Хуросон ва Алқоида аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ба таври қонунӣ дар Туркия иқомат дошта бошанду кор кунанд ва бо муваффақият дар ҷомеаи он ҷо нуфуз кунанд. Тамоми аъмоли онҳо зери назари давлати Туркия аст. Ин идда дар Туркия мунтазири судури дастур барои анҷоми ҳамалоти террористӣ аз тарафи бониёни худ ҳастанд. Маҳаллаи Бошок Шаҳир дар Истамбул паноҳгоҳи маҳбубе барои муҳоҷирони ӯзбек, тоҷик ва туркман аст. Он ҷо замини бакре барои сарбозгирии давлати Туркия барои нуфуз дар ДОИШ-и Хуросон аст.
Имрӯз ДОИШ-и Хуросон вазифаи одамкушӣ, эҷоди ноамнӣ, тахрибро дар ин минтақа ба ӯҳда гирифтааст. Онҳо қасд доранд хушунат, қатл, терроризм, тахрибро ба як амри одӣ бадал кунанд. Сиёсати одисозии терроризму хушунат, бахше аз сиёсати стратегии онҳост, ки дар Эрон низ, ҳам амалан анҷом доданд ва ҳамакнун дар фазои маҷозӣ тавассути уммоли ниқобдори саҳюнизм анҷом медиҳанд.
Империализм ва муттаҳидонаш ба вуҷуди чунин бунгоҳи ироаи хадамот террористӣ чӣ дар майдон ва чӣ дар шабакаи маҷозиву иҷтимоӣ ниёз доранд то роҳи Ҷодаи Абрешимро бубанданд, то ноамнӣ эҷод карда ва мамоликро ба таҷзияву тафриқа бикашанд.
ДОИШ-и Хуросон яке аз абзори фишору таҳдиди онҳост. Онҳо ДОИШ-и Хуросонро ба унвони абзори фишоре барои таҳмили сиёсатҳои минтақаии худсохта ва аз он бамавқеъ истифода мекунанд. Сарманшаъи онҳо вале империалисму саҳюнизм ҳастанд, ки аз ин абзор бар асоси масолеҳ, муқтазиоти замону макон истифода мекунанд.