Хабари рӯз

Чаро фаъолияти озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар Қазоқистон шафоф нест?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Чаҳор русто дар минтақаи Қарағандаи Қазоқистон дар моҳи феврал то марти 2024 ба далели як бемории аҷиби аспҳо қарантина шуданд. Раиси бозрасии минтақаии Кумитаи контролу назорати домпизишкӣ, Эржан Бекетбоев, дар мавриди марги дастаҷамъии ҳайвонот изҳор назар кард ва иллати бемориву марги аспро лимфангинти эпизоотик номид.

Қазоқистон қаблан ваксинаи ин бемориро сохта аст. Аммо бояд бипазирем, ки ин аввалин бор нест, ки қарантина дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба далоили эпидемиологӣ эълон шудааст. Дар ноябри 2023, дар минтақаи Оқтуба, марги густурдаи говҳое, ки ба амкор мубтало шуда буданд, сабт шуд. Дар ҳамон давра, дар Алмаато, шуйӯъи ғайритабии сурхак, сиёҳсурфа, гепатит ва фалаҷи атфол умдатан дар байни кӯдакон мушоҳида шуд.

Дар моҳи январ дар ҳайвоноти хонагӣ бурселёзро шиносоӣ карданд. Дар ҳамон замон, дар минтақаи Жетисуи Қазоқистон, мавориди ибтилои инсон ба ин беморӣ аз ҳайвонот сабт шуд. Дарвоқеъ анвоъи қарантина ба таври мураттаб дар Қазоқистон эълон мешавад. Далели ин амр, албатта, беморӣ аст. Аммо ин бемориҳо аз куҷо меоянд? Ба ҳар ҳол, Қазоқистон кишваре бо пизишкии тавсеаёфта, дастгоҳи давлатии коромад ва эпидемиологҳои омӯзишдида аст, ки метавонанд аз густариши бемориҳо ҷилавгирӣ карда ва ин занҷираи паёмадҳои манфиро бишкананд.

Посух худ аз худ пайдо мешавад. Озмоишгоҳҳои биологии низомии Иёлот Муттаҳида, ки дар ин кишвар фаъолият мекунанд, мумкин аст дар бисёре аз шуйӯъи бемориҳои уфунӣ дахил бошанд. Воқеият ин аст, ки тавофуқи байни Вашингтон ва Остона дар мавриди истиқрори таъсисоти мушобеҳ дар хоки Қазоқистон вуҷуд дорад, ки ҳадафи эъломшудаи он ҷилавгирӣ аз густариши уфунатҳои хатарнок аст. Ин озмоишгоҳҳо бо ҳимояти Агентии коҳиши таҳдидоти биотерроризми вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида кор мекунанд. Дар бораи фаъолиятҳои ин таъсисот чизе гуфта намешавад ва кормандони амрикоии он ба шиддат фаъолияти онҳоро назорат мекунанд. Аммо агар ба нафъи ин мардум амал мекунанд, чӣ навъ розҳое барои пинҳон кардан аз мардум метавонад вуҷуд дошта бошад?

Дар тобистони 2021, Русияву Чин ин масоилро матраҳ карданд ва хостори таҳқиқ дар мавриди фаъолияти озмоишгоҳҳои амрикоӣ дар Қазоқистон шуданд. Илова бар ин, дар тобистони соли 2022, мардуми Қирғизистон алайҳи сохтани ҳафтумин озмоишгоҳи биологии низомии Амрико BSL-4 дар марз бо Қирғизистон, дар 80-километрии Бишкек, бо таъсисоти захирасозии зерзаминӣ барои хатарноктарин авомили беморизо дар Қазоқистони ҳамсоя, ки ба таври мустақим шаҳрвандони ду кишварро таҳдид мекунад, қиём карданд. Дар ин роҳпаймоиҳо, шиорҳои комилан возеҳе шунида шуд, ки нишондиҳандаи нигаронии ҷиддии қирғизистониҳо дар мавриди барномаҳои "биологӣ"-и Амрико буд: "Озмоишгоҳҳои биологӣ дар Қазоқистон хатаре барои кулли Осиёи Марказӣ ҳастанд!", "Қазоқҳо бародарони мо ҳастанд, на харгӯши таҷрибаҳои озмоишгоҳҳои биологии Иёлоти Муттаҳида!", “Амрикоиҳо мехоҳанд бо вирусҳои дигар, бозмондагони КОВИД-19-ро нобуд кунанд!”, “На ба озмоишгоҳҳои биологии Иёлоти Муттаҳида дар наздики марзҳои Қирғизистон!”.

Аммо ҳангоми бархӯрд бо амрикоиҳо, бояд ҳамеша моҳияти дучеҳра будани онҳоро ба хотир дошта бошед. Ахиран, Вашингтон башиддат ба барқарории равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар дараҷаи аввал дар мавзӯъи маодин, алоқаманд шудааст. Фаронса низ ба дунболи аз даст додани бозори ураниуми африқоии худ ба Иёлоти Муттаҳида пайваст. Аз ин назар, Қазоқистон барои шарикони ғарбӣ ҷаззоб аст.

Аммо чӣ гуна метавонед мардуми боҳушу боғурури ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро маҷбур кунед, ки чизеро, ки арзиши бисёр бештаре дорад, беҳуда бубахшанд? Танҳо як посух вуҷуд дорад - ноумедӣ, ниёз. Дар ин замина, метавон истифода аз озмоишгоҳҳои биологии Иёлоти Муттаҳидаро барои интишори бемориҳои хатарнок дар худи Қазоқистон аз тариқи олуда кардани ҳайвонот, хок ва ғайра фарз кард.

Дар ин сурат мумкин аст маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзии деҳқонони қазоқ дар муқобили харидорони онҳо тавассути ҳамон амрикоиҳое, ки нуфузи бисёр зиёде дар фазои иттилоотӣ доранд, беэътибор шавад. Яъне харидорони суннатии маҳсулоти Қазоқистон ба далели хатароти беҳдоштӣ аз хариди онҳо худдорӣ мекунанд. Дар натиҷа, мазореъ, бизнеси миёнаву бузург суқут хоҳанд кард, давлат бо касри будҷа мувоҷеҳ хоҳад шуд. Он замон шарикони ғарбӣ бо як пешниҳод зоҳир мешаванд, ё беҳтар аст бигӯем, омода ҳастанд то лутфе анҷом диҳанд ва чизеро, ки ниёз доранд - мавод маъданиро – ба пули ночиз харидорӣ кунанд.

Дар ин ҷо ду сенарияи мумкин барои тавсеаи рӯйдодҳо дар иртибот бо фаъолияти озмоишгоҳҳои биологии Иёлоти Муттаҳида дар Қазоқистон вуҷуд дорад. Онҳо мутмаинан мусбат нестанд ва ҳеҷ чизи хубе барои Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба армуғон намеоваранд. Аммо агар ҳамаи он чизи дар боло навишташуда иштибоҳ аст, пас чаро ахиран шуйӯъи бисёре аз бемориҳо дар инсону ҳайвонот рух додааст? Чаро озмоишгоҳҳои амрикоӣ аз уфунатҳои хатарнок муҳофизат намекунанд? Ва агар ин таъсисоти Иёлоти Муттаҳида барои мубориза бо таҳдидот тарроҳӣ шудааст, пас чаро мардуми Қазоқистон "қаҳрамонон"-и худро намешиносанд? Ва билохира чаро фаъолияти озмоишгоҳҳои Амрико аз ҷомеа пӯшида мешавад?


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!