Чӣ гуна таҳдиди ДОИШ бар фазои зеҳнии мухотабон тазриқ мешавад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Ҷанги имрӯз танҳо дар майдони набард ҷараён надорад: майдони аслӣ, ҷанги ривоятҳост. Дар ин майдони хомӯш, аммо пурҳаёҳу, қудратҳои бузург, бозигарони минтақа, сервисҳои истихборотӣ, Толибону гурӯҳҳои террористӣ, монанди ДОИШ, ҳамзамон ҳам бозигаранд ва ҳам тарроҳи саҳна. Ривоятсозӣ, иттиҳомпароканиву муҳандисии афкори умумӣ, абзорҳоеанд, ки ҳар бозигар барои шаклдиҳӣ ба воқеияти амниятии минтақа ба кор мебарад.
Дар сохтори амниятии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷуғрофиё ба майдони рақобати чандлояи сервисҳои истихборотӣ табдил шудааст. Ҷое, ки халоҳои амниятӣ, шикофҳои геополитикӣ ва марзҳои мутахалхил фазои муносиб барои дахолати бозигарони давлатӣ ва ғайридавлатӣ фароҳам кардаанд. Неруи ниёбатӣ, ҷанги равонӣ, тавлиди таҳдиди маснуӣ, ҷаъли фаврияти амниятӣ ва сохтани душманони тоза барои аҳдофи мушаххас, бахше аз равандҳои собит дар ин фазо ҳастанд.
ДОИШ дар ҷуғрофиёи мо на як созмони хаттӣ, балки як “системаи силлулии иртиҷоӣ” аст. Сохторе, ки бо кушта шудани раҳбарон тазъиф намешавад, балки ба шакли худкор бозёбӣ мешавад. ДОИШ таркибе аз ҳастаҳову шабакаҳои пароканда аст, ки таҳти як парчам сомондиҳӣ мешаванд, то барои қудратҳои мухталиф қобили истифода бошанд. Ба ҳамин далел, ҳар гуна кушта шудан, танҳо бахше аз чархае аст, на поёни таҳдид. Ин сохтор дақиқан барои ҳамин тарроҳӣ шуда, қобилияти эҳё, қобилияти нуфуз, қобилияти тағйири макону қобилияти бозтанзими сареъ.
Қудратҳои бузургу минтақаӣ аз ин сохтори сайёл баҳрабардории мутафовит мекунанд. Ғарбу қудратҳои фароминтақа аз корти ДОИШ барои бозтаърифи нақши амниятии худ дар ояндаи минтақа истифода мекунанд. Меҳвари Шарқ бо такя бар ҳамин таҳдид, амалиёти амниятии густарда ва сиёсати ғарбизудоии худро тавҷеҳ мекунад. Кишварҳои ҳамсоя аз ин корт барои дахолат дар ривояти амниятии Афғонистон баҳра мегиранд. Толибон низ бо такя бар номи ДОИШ тавлиди изтирории маснуӣ мекунанд, то худро танҳо нерӯи “масъули амниятӣ” муаррифӣ карда ва машруъияти лозим барои бақои сиёсиашонро касб кунанд.
Дар ин шароит кушта шудани раҳбарони ДОИШ ба “сухти ривоятӣ” табдил мешавад. Хабар ба гунае мунташир мешавад, ки мухотаб фавран рӯи фарди кушташуда тамаркуз кунад, бидуни ин ки пурсида шавад, ин амалиёт чаро акнун? Тавассути чӣ бозигаре? Бо кадом ҳадаф? Ва дар кадом сенарияи амниятӣ анҷом шудааст? Ривояти амниятӣ ба ҷои пардохтан ба далоили аслӣ дар сатҳи эҳсосӣ нигаҳ дошта мешавад, то мардум тасаввур кунанд таҳдид кам шуда, дар ҳоле ки сохтори аслии ДОИШ побарҷост ва танҳо вориди давраи тозае шудааст.
Расонаҳои Толибону расонаҳои тағзияшуда аз CIA нақши аслӣ дар ин муҳандисӣ доранд. Бузургсозии таҳдид, истифода аз манобеи номаълум, тазриқи изтирор, халқи ибҳом, табдили як хабари одии ҷиноӣ ба як буҳрони амниятӣ ва итлоқи ҳувияти амниятӣ ба як воқеаи маъмулӣ, бахше аз ҳамин раванди амниятисозӣ ҳастанд. Бо ин равиш омили амниятисозӣ инҳисори комили ривоятро ба даст мегирад, ҳар таҳлили мухолифро хунсо мекунаду таҳдидеро барҷаста месозад, ки дарвоқеъ бахше аз тарроҳии худаш аст.
Кушташуданҳои занҷираии раҳбарони ДОИШ-и Хуросон, поёни таҳдид нест, тағйири фазаи таҳдид аст. Тағйире, ки дар утоқҳои фикрии амниятӣ шакл мегираду ҳадафаш мудирияти ҷараёни ривоят, танзими бозтоби умумӣ ва ҷиҳатдиҳӣ ба бардошти минтақаӣ ва байналмилалӣ аз мизони таҳдид аст. Покистон бо ривояти расмии худ ин фазоро ба нафъаш истифода мекунад ва эълом мекунад, ки ТТП ва ДОИШ аз хоки Афғонистон тағзия мешаванд, ривояте, ки дақиқан дар чорчӯби амниятисозии таҳдиду ҷобаҷоии бори масъулият таъриф мешавад.
Дар маҷмӯъ, саҳнаи ДОИШ, саҳнаи як таҳдиди табиӣ нест, саҳнаи мудириятшуда аст, ки ҳар бозигар бо он нақши амниятии мавриди назари худро месозад. Дар ин майдон марги як раҳбар поёни як достон нест, оғози ривояти тоза аст. Дар ҳоле ки ДОИШ амалан инкор мешавад, ривояти таҳдиду тарс аз он ҳамчунон бар фазои зеҳнии мухотабон муставлеъ аст. Ин ривоятпардозиҳо, натиҷаи як бозтарроҳӣ ба диққат созмондиҳишуда аст, ки ҳар бозигари амниятӣ дар сутуҳи мухталиф, аз он баҳра мебаранд, то ривояти матлуби худро ба майдон биоваранд.