Хабари рӯз

Дар соли 2025 9 ҳазор исломгарои радикал аз Сурия ба Афғонистон мунтақил шуданд то ҳомиёну маъмуриятҳои ҷадиде пайдо кунанд

Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори хоси “Независимая газета”

Афғонистон аз сӯи гуруҳҳои кӯчаку худмухтори тарафдорони ҷиҳоди мусаллаҳона пур шудааст; гуруҳҳое, ки ба таври фаъол дар пайи ёфтани ҳомӣ барои созмондиҳии амалиётҳои террористӣ дар кишварҳои минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон ва ҳамчунин Русияву Чин – ҳастанд. Тарафдорони “ҷиҳоди саргардон”, ки бахши қобили таваҷҷӯҳе аз онҳо аз Сурия ба Афғонистон нақли макон кардаанд, беш аз он ки бихоҳанд ибтикори амалро аз “муҷоҳидони систематик”-и вобаста ба брендҳои суннатии ҷиҳодӣ бигиранд, дар талошанд то дар шароити иҷтимоӣ - иқтисодии номатлуб, сирфан зинда бимонанд.

Манобеи афғонии ошно бо мавзӯъ гузориш медиҳанд, ки аз ибтидои пойизи 2025, теъдоде аз фармондеҳони саҳроӣ ва омилони собиқи созмонҳои террористии мамнӯъа – аз ҷумла “Алқоъида”, “Давлати исломӣ” (ДИИШ), “Ҷамоат Алаҳрор” ва дигарон – дар Афғонистон фаъол шудаанд. Муддате пеш онҳо ба далоили мухталиф бо “ҷиҳодиҳои систематик”-и ин сохторҳо ба тавофуқ нарасиданд, аз суфуфи онон канор гузошта шуданд, аз манобеи молӣ маҳрум монданд ва дар иморати Толибон бевазифа шуданд. Аммо дар пойизи имсол даҳҳо нафар аз ин “бознишастагони иҷбории ҷиҳод” (ағлаб бо собиқаи нуфузи боло) ба шакли фазояндае дар ҷустуҷӯи шарик барои анҷоми амалиётҳои террористии мустақил дар хориҷ аз Афғонистон ҳастанд.

Барои намуна, манобеъ дар Афғонистон фаъолияти қобили тавваҷуҳи яке аз омилони собиқ “Алқоъида” ба номи Абубакри Бадахшониро сабт кардаанд. Ӯ эҳтимолан аҳли Бадахшони Афғонистон аст, дар Сурия алайҳи ҳукумати Башшор Асад ҷангида ва сипас ба Афғонистон омадааст. Ба далоиле ӯ дигар узви расмии “Алқоъида” нест, аммо ҳамчунон иртибототи ғайрирасмии густардае бо фармондеҳони майдонӣ, неруҳои иттилоотӣ, масъулони ҷазби нерӯ ва чеҳраҳои сиёсии ин гуруҳ дорад. Мушаххас аст, ки Абубакри Бадахшонӣ на танҳо гуруҳе аз афроди мусаллаҳро дар шимоли Афғонистон контрол мекунад, балки бо “ҳастаҳои хобида”-и ҷиҳодӣ дар манотиқи Қафқози Шимолии Русия низ иртиботи наздик дорад. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ ахиран ба таври фаъол дар ҷустуҷӯи ҳомии молӣ барои гуруҳи худ будааст. Ин амр нишон медиҳад, ки ӯ эҳтимолан дар ҳоли барномарезӣ ё тадоруки анҷоми як ё чанд амалиёти террористӣ дар кишварҳоест, ки дар онҳо тарафдор дорад. Баъид аст, ки ин кишвар Сурия бошад.

Бар асоси иттилооти мувассақ, Абубакри Бадахшонӣ аз ҷумла аз волии феълии Толибон дар вилояти Панҷшер, Мавлавӣ Абдулҳаким (мулаққаб ба Ҳаким Оғо) дархости ҳимоят кардааст. Ӯ арабтабор аст ва дар авоили даҳаи 2000 бо номи Оғоҷон аз наздикони Усома бин Лодан, раҳбари “Алқоъида”, ба шумор мерафт. Мавлавӣ Абдулҳаким ҳанӯз ҳам иртибототи наздике бо “Алқоъида” дорад. Манобеъи огоҳ мегӯянд: “Дар маҳофили хусусӣ, бидуни ҳузури дурбин, волии Толибон дар Панҷшер бо ифтихор гузаштаи худ дар Алқоъидаро ба ёд меовараду дӯстони қадимиро фаромӯш намекунад”. Бино бар ин табиист, ки Абубакри Бадахшонӣ барои дарёфти кӯмак ба ӯ муроҷиа карда бошад; чаро ки дар “Алқоъида” касе собиқ нест.

Ҷолиб аст, ки дар ҳамин Панҷшер, дигар “ҷиҳодиҳои саргардон” низ ахиран барои дарёфти роҳнамоӣ ва кӯмак муроҷиа кардаанд. Аз ҷумла фармондеҳ Собир – яке аз раҳбарони “Ҷамоати Алаҳрор” (шохаи ҷудошуда аз “Таҳрики Толибони Покистон”) – ва низ Мавлавӣ Форуқу писараш, ки ҳар ду аз аъзои фаъоли собиқи “Алқоъида” будаанд, аммо бо раҳбари кунунии он, Ҳамза бин Лодан, ихтилоф пайдо карда ва акнун дар вилояти Кунар дар шарқи Афғонистон мустақар ҳастанд.

Намунаҳои дигаре низ аз афзоиши фаъолияти аъзои собиқи “Алқоъида” ва дигар брендҳои ҷиҳодӣ дида мешавад – афроде, ки ба далоили мухталиф аз сохторҳои аслии террористӣ канор гузошта шудаанд ва акнун дар ҳолати “ҷиҳоди саргардон” ба дунболи ҳомӣ барои идомаи фаъолияти худ ҳастанд. Ин “мутрибони бермении ҷиҳод” метавонанд барои кишварҳои минтақа хатари ҷиддӣ эҷод кунанд. Бар хилофи толибони Афғонистон, ДИИШ ё Алқоъида, онҳо буҷети собиту ҳимояти сиёсии муназзам надоранд. Ва барои ба даст овардани чунин пуштибоние бояд тавоноии худро ба таври қонеъкунанда нишон диҳанд – яъне анҷоми чанд амалиёти террористии пурсарусадои хориҷ аз Афғонистон. Равшан аст, ки онҳо ин корро дар манотиқе дунбол хоҳанд кард, ки дар онҳо равобити шахсӣ ва пуштибони билқувва доранд: ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва эҳтимолан бархе кишварҳои аврупоӣ.

Тамосҳои сурии аъзои собиқ ё “хобида”-и Алқоъида ва дигар сохторҳои террористӣ метавонад аҳамияти зиёде дар густариши падидаи “ҷиҳоди саргардон” дошта бошад. Пас аз фурӯпошии ҳукумати Башшор Асад, бисёре аз “муҷоҳидон”-и хориҷӣ ба далоили мухталиф – бархе довталабона ва бархе ба иҷбор – шурӯъ ба тарки Сурия карданд. Онҳо ҳар чӣ бештар Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибонро ба унвони маҳали сукунати ҷадиди худ интихоб мекунанд. Тибқи додаҳои манобеъ, дар соли 2025 ҳудуди 8,5 то 9 ҳазор ҷиҳодии ӯзбек, тоҷик, туркман, уйғур, қафқозӣ ва дигар миллиятҳо аз Сурия ба Афғонистон мунтақил шудаанд. Бисёре аз онон натавонистанд дар “сарзамини ҷадиди шариъат” барои худ ҷойгоҳе муносиб пайдо кунанд, манобеъи даромадии мутмаин ба даст оваранд ё чашмандози шахсӣ дар сохторҳои “ҷиҳоди систематик” дар Афғонистон биёбанд. Бахши бузурге аз муҳоҷирони ҷангии “сурӣ” маҳкум ба фақру саргардонӣ шудаанд ё ба “ҷиҳоди саргардон” дар хориҷ аз иморати Толибон рӯй хоҳанд оварад.

Иттилооти мавҷуд нишон медиҳад, ки силулҳои мунфарид (“саргардон”)-и Алқоъида ва теъдоди дигар аз гуруҳҳои ҷиҳодӣ, ки дар хоки Афғонистони қарор гирифтаанд, дар талошанд то бори дигар созмондиҳӣ шаванд ва дар айни ҳол манобеъи лозим барои бақо ва созукори муассир барои тавсеаи худ биёбанд. “Ҷиҳодиҳои саргардон” фақиранд, таҳти кантроли Толибон ё дигар созмонҳои террористии “систематик” нестанд ва рафторҳои ғайри қобили пешбинӣ доранд. Онҳо ба роҳатӣ аз касоне пайравӣ мекунанд, ки ба онҳо манобеъи бақо пешниҳод диҳанд ва дар иртибот бо онҳо тавоноии нисбатан муассире барои эъмоли нуфуз дошта бошанд. Тардиде нест, ки дер ё зуд чунин шарикону ҳомиёне барои “ҷиҳоди саргардон” пайдо хоҳанд шуд.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!