Чаро Толибон ҳамчунон дар Бангладеш нуқтае аз нуфуз маҳсуб мешаванд?
Нависанда: Сақлин Ризвӣ
Баргардон: Катоюн Зиёифар
Манба : The Interpreter
Шакли ифротии ислом дар Афғонистон батадриҷ дар фазоҳои зарифи иҷтимоӣ нуфуз кардааст ва ин масаълаи эътибори Дакка, пойтахти Бангладешро ба унвони як бозигари ҷаҳонӣ ба хатар меандозад.
Замоне, ки Толибон дар августи 2021 дубора Кобулро тасарруф карданд, пирӯзии онҳо фаротар аз марзҳои Афғонистони ҷашн гирифта шуд. Дар Бангладеш, бисёре аз ҷавонон дар мадориси динӣ (мадрисаҳо ) ва хобгоҳҳои донишгоҳӣ, тасовири ҷангҷӯёни ифротии Толибонро дар фазои маҷозӣ ба иштирок гузоштанду ононро “мусулмонони воқеӣ” хонданд, ки тавонистанд абарқудратеро шикаст диҳанд, ки аз назарашон барои ислом таҳдиди ҷаддӣ буд. Дар даккаҳои чой дар шаҳрҳои бузург ва рӯстоҳо, баҳсҳо перомуни ин буд, ки Толибон чӣ гуна даҳаҳо ишғолро тоб оварданд ва дар ниҳоят пирӯз шуданд. Дар ҳамон сол, яке аз мақомоти аршади полиси Бангладеш эълом кард, ки бархе афрод аз ин кишвар талош кардаанд ба Афғонистон сафар кунанд то ба Толибон бипайванданд.
Ин моҷаро дар кишваре танинандоз шуд, ки 91 дарсади ҷамъияти он мусулмон аст, аммо ҷомеъаи исломиаш якпорча ва ҳамсадо нест.
Решаҳои ҳамдилӣ бо Толибон дар Бангладешро метавон ба авохири даҳаи 1980 бозгарданд, замоне, ки гуруҳе аз ҷавонони бангладешӣ барои пайвастан ба муҷоҳидин дар ҷанг алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ ба Афғонистон рафтанд. Онон бо нидои ҳамбастагии исломӣ ба ин набард пайвастанд ва онро ҷиҳоди муқаддас барои дифоъ аз мусулмонон дар баробари ишғол бегонагон медонистанд. Бархе ҳаргиз бознагаштанд, аммо онон, ки бозгаштанд, танҳо хотироти муқовиматро бо худ наёварданд; балки шабакаҳо, идеологияу омӯзишҳоеро низ ба ҳамроҳ доштанд, ки баъдҳо ба рушди ҷунбишҳои исломигарои ифротӣ дар Бангладеш кӯмак кард.
Мероси бозгаштагон аз Афғонистон ҳанӯз бар нигоҳи бахше аз ҷавонони бангладешӣ нисбат ба Толибон асар мегузорад. Онон Толибонро на сирфан ҳокимони дурдасти Кобул, балки ба далели огоҳии кам аз воқеияти Толибон, улгуи илҳомбахш аз истодагии динӣ дар баробари султа медонанд.
Куҳнасарбозони бангладешии ҷанги Шӯравӣ–Афғонистон (1979 то 1989), аз ҷумла Мавлоно Абдусалом (бунёнгузори шинохташуда) ва Абдулҳаннон (раҳбари баъдан эъдомшуда) , пас аз бозгашт ба кишвар дар апрели 1992 гуруҳи “Ҳаракат ал-ҷиҳод-ал-исломии Бангладеш” (HuJI-B )-ро бунён гузоштанд. Ин созмон даст ба бомбгузориҳо ва террорҳои ҳадафманд заду хушунати пойдор дар сиёсати Бангладеш бар ҷой гузошт. Мероси ҳамин бозгаштагон аз Афғонистон ҳанӯз илҳомбахши бахшҳое аз ҷавонони кишвар аст, ки Толибонро ба унвони намоди имон менигаранд.
HuJI - B дар паии барпоии “ҳукумати исломӣ” дар Бангладеш аз тариқи ҷангу ҳазфи равшанфикрони мутараққӣ аст. Ин гуруҳ аз Усома бин Лодану режими собиқи Толибон дар Афғонистон илҳом мегирад. Дар гузашта, шиори маъруфашони ин буд: “Мо ҳама Толибон хоҳем шуд ва Бангладешро ба Афғонистон табдил хоҳем кард”.
Аъзои HuJI - B дар чорчӯби исломгароии радикал омӯзишу шустушуи фикрӣ мешаванд. Ва бисёр тундраву хушунатварз астанд.
Ҳарчанд гуруҳҳое монанди HuJI-B чеҳраи хашину низомии ифротгароиро намояндагӣ мекунанд, аммо нуфузи идеологии онон ағлаб ба шакли нармтару пинҳонтар дар ҷомеъа нуфуз мекунад, бавижа дар шабакаи дар ҳоли густариши омӯзишҳои динӣ. Афзоиши сабти ном дар мадориси динӣ (мадрасаҳо) дар ду даҳаи гузашта илзоман ба маънои густариши хушунат нест, балки бозтобе аз афзоиши вазни иҷтимоии ҳувияти мазҳабии муҳофизакор дар Бангладеш аст.
Барои намуна, дар соли 2022, аз сатҳи ибтидоӣ то сатҳи олии муодили каршиносии аршад, беш аз чаҳор миллион донишомӯз дар мадориси динии навъи “алия” (Alia madrasas) дар саросари Бангладеш сабти ном карданд, болотарин рақам дар бист соли гузашта. Дар соли 2019, ин рақам ҳудуди 3,71 миллион нафар буд, ба ин маъно, ки сабти номи донишомӯзон тайи се сол 5,63 дарсад афзоиш ёфтааст.
Сабти ном дар мадориси навъи “қавмӣ” (Qawmi madrasas), яъне мадориси исломии хусусӣ низ афзоиш ёфтааст. Ин мадорис таҳти назорати шаш ҳайати омӯзишии ҷудогона фаъолият мекунанд, ки бузургтарини онҳо “Ҳайати омӯзиши мадориси қавмӣ” ё Бифоқ (Befaq) аст. Дар се соли гузашта, теъдоди донишомӯзони вобаста ба Бефоқ ҳудуди 100 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Аммо дар канори таҳсин, Толибон ҳамзамон тарсу интиқод низ бармеангезанд. Бангладешиҳое, ки ба ҳуқуқи занон, озодии фарҳангӣ ва плюрализм (чандгароӣ)-и демократӣ бовар доранд, ба Афғонистон ба унвони ҳушдоре ошкор менигаранд. Мамнӯъияти таҳсили духтарон, маҳдудиятҳои шадид бар занону кантроли сахтгирона бар ҳунару фарҳанг дар Афғонистон мӯҷиб шудааст, ки бисёре аз мардум нигарон бошанд вазъияте мушобеҳ дар Бангладеш такрор шавад.
Ин таниш аз қиёми январи 2024 ба ин сӯ шадидтар шудааст, замоне, ки эътирозоти донишҷӯӣ алайҳи саҳмияҳои шуғлӣ ба шӯриши саросарӣ табдил шуд ва дар ниҳоят ба поёни 15 соли ҳокимияти иқтидоргарои Шайхи Ҳусайна, нахуствазири вақт анҷомид. Хурӯҷи ногаҳонии ӯ халоъи сиёсӣ дар кишвар эҷод кард. Бо тазъифи рақобати суннатӣ миёни ҳизби Авоми Лиг (Awami League) ва Ҳизби миллигарои Бангладеш (BNP), маҷмӯъаи густардае аз нерӯҳои исломгаро ҷои онҳоро гирифтанд. Забону гуфтумони ин гуруҳҳо ҳамвора мушобеҳи Толибон нест, аммо суқути Кобул ба онон энержӣ ва ангезаи тозае бахшидааст.
Фаротар аз Ҷамоати исломии Бангладеш (Jamaat-e-Islami), ки пас аз қиём дубора иҷозаи фаъолият ёфт, гуруҳҳое, ки хостори низоми сиёсии исломӣ ҳастанд, ҳамчун Ҳифозати ислом (Hefazat-e-Islam, HEI), Ҷунбиши исломии Бангладеш (Islami Andolon Bangladesh-IAB) ва Хилофати маҷлиси Бангладеш (Bangladesh Khelafat-e-Majlis- BKEM) низ бори дигар эътимоду нуфузи худро бозёфтаанд. Раҳбаронашон мумкин аст мустақиман аз Толибон ном набаранд, аммо ҳаводорону фаъолонашон алоқа ва ситойише нисбат ба ҳукумати исломӣ ба сабки Толибони афғонистонӣ доранд.
Дар ҳамин ҳол, эътилофҳои тозае аз рӯҳониёни муҳофизакор низ дар ҳоли шаклгирианд, ки худро мудофеъони арзишҳои исломӣ муаррифӣ мекунанд.
Ба унвони нишонае аз равобити рӯ ба густариш, як ҳайати ҳафтнафара аз аҳзоби исломгаро ба раҳбарии Маъмун ал-Ҳақ, раҳбари ҳизби Хилофати маҷлиси Бангладеш (BKEM ), дар таърихи 17 сентябр ба даъвати гуруҳи Толибон аз Афғонистон дидор кард.
Аҳзоби исломгаро, ба вижа Ҷамоати исломии Бангладеш (Jamaat-e-Islami), аз ин шароит барои пешбурди аҳдофи Қонуни Асосии худ ба сурати роҳбурдӣ баҳрабардорӣ кардаанд. Дар ҳоле ки гуруҳҳое, монанди Ҳифозати ислом (HeI), Ҷунбиши исломии Бангладеш (IAB) ва Хилофати маҷлис (BKEM) дар ҳоли касби қудрату нуфузи бештаре ҳастанд, онон ҳамзамон аз тактикаҳои сиёсии созмонёфта барои тасбити қудрати сохтории худ аз тариқи фароянди ислоҳоти сиёсӣ истифода мекунанд.
То ноябри 2025, ин аҳзоб ба блоки воҳид ва пурсадое дар даруни Комиссиёни иҷмоъи миллӣ National Consensus Commission) табдил шудаанд ва аслитарин мутолибаашон, гузор аз низоми интихоботии феълӣ ба Низоми намояндагии таносубӣ (Proportional Representation - PR) аст. Дар низоми кунунӣ, ҳарчанд онҳо орои қобили таваҷҷӯҳе дар сатҳи кишвар доранд, аммо ин оро пароканда аст ва ба нудрат ба курсиҳои порлумонӣ табдил мешавад. Дар муқобил, дар низоми таносубӣ онон эҳтимолан метавонанд блоки порлумонии қудратманде дар интихоботи баъдӣ ташкил диҳанд.
Ҳамчунин, ин гуруҳҳо бо дархости баргузории фаврии як ҳамапурсии мустақили мардумӣ барои таъйиди Маншури миллии моҳи июл (July National Charter), талош доранд то аз фароянди ислоҳот барои ниҳодинасозии қудрати худ истифода карда ва ба таври бунёдин чорчӯби демократии секуларгарои Бангладешро ба самти рости мазҳабӣ савқ диҳанд.
Ин рушду нуфузи фазоянда мӯҷиби нигаронии гуруҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башару созмонҳои занон шудааст. Бангладеш ҳамвора ба дастовардҳои худ дар заминаи баробарии ҷинсиятӣ ифтихор карда ва дар шохиси ҷаҳонии шикофи ҷинсиятии соли 2025-и Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод (World Economic Forum) дар миёни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ рутбаи нахустро ба худ ихтисос додааст.
Фаъолони ҳуқуқи занон ҳушдор медиҳанд, ки афзоиши қудрати аҳзоби исломгаро мумкин аст ин пешрафтҳоро ба ақаб баргардонаду Афғонистонро намунаи ниҳоӣ ва ҳушдордиҳандае аз пайомадҳои сиёсати динӣ бемаҳор медонанд.
Мақомоти амниятӣ низ ба ҳамин андоза нигарон ҳастанд. Бангладеш пештар таҷрибаи фаъолиятҳои террористии исломгароро доштааст; аз ҷумла инфиҷори Рамно дар 2001, инфиҷорҳои саросарии 2005 ва ҳамла ба нонвойии Ҳолии Артисони 2016, ки дар он 22 нафар, аз ҷумла атбоъи хориҷӣ, кушта шуданд. Агарчи бисёре аз ин шабакаҳо муталошӣ шуданд, таҳлилгарони зиддитероризм ҳушдор медиҳанд, ки тасовиру ривояти Толибон илҳомбахши гуруҳҳои кӯчак аз ҷавонони радикал шудааст. Хатари аслӣ на дар иртибототи созмонёфтаи мустақим, балки дар ривояту идеология наҳуфтааст.
Пайомадҳои байналмилалӣ низ ҷиддианд. Иқтисоди Бангладеш ба содироти пӯшок, ҳаволаҳои арзӣ ва сармоягузории хориҷӣ вобаста аст. Ҳар гуна бардошт аз инҳироф ба сӯи радикализм метавонад шарокатҳои ғарбии ҳассос ба ҳуқуқи башарро ба хатар андозад. Тавоноии раҳбарони Толибон дар музокира барои шиносоӣ аз сӯи қудратҳое, монанди Ҳинд, Чину Русия гоҳе дар Бангладеш ба унвони шоҳидӣ бар ин иддао матраҳ мешавад, ки “давлатҳои исломӣ метавонанд бо ҷаҳон ҳамзистӣ дошта бошанд”. Аммо бо тавваҷуҳ ба вобастагии шадиди Бангладеш ба бозорҳои ҷаҳонӣ чунин масире бисёр пуррисктар хоҳад буд.
Бо ин ҳол, қиёми январи 2024 худ исломгаро набуд; ин ҷунбиши донишҷӯёне буданд, ки хостори адолату посухгӯӣ буданд. Ҳаракати онон ба таваллуди Ҳизби миллии шаҳрвандон (National Citizen Party) анҷомид ва нишон дод, ки садои ҷогузин дар кишвар вуҷуд дорад. Бисёре аз бангладешиҳои табақаи мутавассити шаҳрӣ ҳамчунон башиддат аз зиндагии фарҳангии худ – мусиқӣ, театр, адабиёт муҳофизат мекунанд ва онро ҷудоинопазир аз ҳувияти миллӣ медонанд. Барои онҳо, Толибон ҳушдоре аст, на улгуе барои пайравӣ.
Маҳбубияти Толибон дар Бангладеш камтар дар бораи Афғонистон ва бештар дар бораи худи Бангладеш аст: ноумедӣ аз фасод, изтироби ҳувиятӣ ва сархӯрдагӣ аз нухбагони секулар. Аҳзоби исломгаро аз ривояти Кобул барои истидлол ба нафъи назми динии сахтгиронатар истифода мекунанд, дар ҳоле ки мухолифон ҳамон мисолро ба унвони сенарияи кобусвор матраҳ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир, Толибон дар Бангладеш ҳам намоди ғурур ҳастанд ва ҳам сояе аз ҳарос, дар ҳоле ки кишвар ба дунболи масири худ барои оянда аст.