Хабари рӯз

Муқовимат дар Афғонистон монеъ аз ба расмият шинохтани байналмилалии режими кунунии Кобул шудааст.

Таърих нашр: сешанбе, 16 асад 1403 мутобиқ 06 августи 2024 мелодӣ

Муқаддимаи Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти муосири Афғонистон дар Маскав, рӯзноманигор ва сутуннависи доимии рӯзномаи “Независмая газета”-и русӣ.

Таноқузоту даргириҳои дохилӣ дар раҳбарии Толибони Афғонистон (як созмони террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия) ташдид гардидааст. Амрулло Солеҳ, раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон ва раҳбари ҷунбиши сиёсии "Раванди сабзи Афғонистон" як тан аз раҳбарони муқовимати зидди Толибон, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Андрей Серенко, сутуннависи рӯзномаи “Независмая газета”  дар ин бора сӯҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, режими Толибон ба лутфи ҳимояти молии муназзами Иёлоти Муттаҳида то ҳадди зиёде тасаллути худро дар Афғонистон ҳифз кардааст. Амрулло Солеҳ таъкид мекунад: "Иёлоти Муттаҳида танҳо кишварест, ки Толибон ба он эҳтиром мегузоранд". Моҳияти вежаи равобити Амрикову Толибон мавқеияти кишварҳои минтақаро дар қисмати ҳалли мушкили Афғонистон осебпазир мекунад.

- Оқои Солеҳ, ахбори ҷолиби бештарро аз Афғонистон дарёфт мекунем. Манобеи мухталиф аз таноқузоти рӯ ба рушди раҳбарони ҷиноҳҳои мухталиф дар дохили Толибон, ба вижа хабари ихтилоф миёни Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохила ва Мулло Ҳайбатулло Охундзода дар ҳоли афзоиш аст. Ин иттилоот чӣ қадар қобили эътимод аст?

- Ихтилоф байни Ҳаққонӣ ва Ҳайбатулло вуҷуд дорад, аммо ин мавзӯъро бояд ба ёд дошт, ки имрӯз дар низоми ҳукумати Афғонистон, ки тавассути Толибон эҷод шудааст, як қабилаи ғолиби Ҳайбатулло вуҷуд дорад ва ҳама қабилаҳои дигар, ки ба навбаи худ дорои ҷиноҳҳо ва гурӯҳҳои кӯчаки мухталифе ҳастанд. Ва ҳамаи ин гурӯҳҳо ба думболи дастрасии вижа ба қудрат, манобеи моддӣ ва шуғлҳои судовар ҳастанд. То кунун, ҳимояти молии Ғарб, ҳомиёни хориҷӣ, ба Толибон кӯмак мекунанд, то ваҳдати расмии худро ҳифз кунанд. Аммо баид ба назар мерасад, ки тӯлонимуддат бошад.

Муҳимтарин мушкили Толибон ихтилофи доимии "дарунгурӯҳӣ" ва даргирӣ байни қабилаи дурронӣ (ё қандаҳорӣ) ва қабилаи ғилзоӣ аст, ки барои тасаллут бар кишвар бо якдигар рақобат мекунанд. Ин мубориза барои қудрат собиқаи тӯлонӣ дорад. Барои мисол, дар Инқилоби Савр (апрел)-и соли 1978, қабилаи ғилзоӣ кудато кард ва подшоҳро, ки аз қабилаи дурронӣ омада буд, сарнагун кард. Дар тӯли даврони ҷиҳоди даҳаи 80-и қарни бистум, ҳеҷ як аз дуррониҳо раҳбари аҳзоби муҷоҳидин набуданд - ҳама ғилзоӣ.

Дар замони ҷиҳод, даҳаи 80-и мелодӣ, Покистон тасмим гирифт, ки аз қабилаи дурронӣ ҳимоят накунад, шартбандӣ бар рӯйи ғилзоӣ гардид. Покистониҳо мӯътақид буданд, ки ҳузури намояндагони қабилаи дурронӣ дар қудрат дар Кобул мунҷар ба ташдиди ихтилофи арзӣ бо Исломобод дар мавриди хатти Дюранд мегардад. Ба ҳамин далел аст, ки бо ҳимояти Покистон, тамоми раҳбарони шаш ҳизби бузурги муҷоҳидини Афғонистон дар ҷиҳоди зидди Шӯравӣ бо қабилаи ғилзоӣ оғоз карданд.

Ин ихтилофи таърихии байни дурронӣ ва ғилзоӣ ва ҳамчунин байни Покистон ва дуррониҳо чизи ҷадиде нест. Покистониҳо фикр мекарданд ва умедвор буданд, ки бо вогузарии қудрат ба ғилзоиҳо дар Афғонистон битавонанд ихтилофи қадимӣ бо Кобулро дар мавриди хатти марзии Дюранд ҳал кунанд, аммо дар ниҳоят Исломобод иштибоҳ кард: ҳатто зуҳури Толибон ба қудрат тақрибан се сол пеш, шиддати масъалаи марзии тӯлонимуддатро коҳиш надод.

Қобили ёдоварист, ки пас аз суқути режими ҷумҳурӣ дар августи 2021, бисёре аз коршиносону сиёсатмадорон мӯътақид буданд, ки Толибон ду маркази қудрату иқтидор хоҳанд дошт: раҳбари аслӣ Ҳайбатулло аз қабилаи дурронӣ дар Қандаҳор нишаста ва маркази идории давлати расмии Толибон дар Кобул мустақар хоҳад шуд. Дар ибтидо ин иттифоқ афтод, аммо акнун мебинем, ки Мулло Ҳайбатулло ба суръат қудрати худро тақвият мекунад ва дар айни ҳол на танҳо ба унвони як диктатори мутлақ амал мекунад, балки ба унвони намояндаи манофеи қабилаи дурронӣ низ рафтор мекунад. Албатта, Толибон ва Покистон аз ин хушашон намеояд, аз сӯйи дигар, давлати муваққати Толибон, ки дар он ҷо мустақар аст, акнун аҳамияти сиёсии зиёде надорад: давлати муваққати Толибон дар Кобул аз аҳамияти сонавия бархӯрдор аст.

- Имрӯз чӣ касоне бештар дар постҳои баланди ҳукумати Толибон ҳастанд- дурронӣ ё ғилзоӣ?

- Имрӯз бисёре аз постҳои калидӣ дар режими Толибон тавассути қабилаи дурронӣ идора мешавад. Ба унвони мисол Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯй ва ҳамакораи Толибон, ки дар Қандаҳор аст, аз қабилаи дурронӣ аст. Дар муқоиса бо ӯ Амирхон Муттаққӣ, ба истилоҳ вазири хориҷаи Толибон, ки дар Кобул нишастааст, қисме, ки баъзеҳо фикр мекунанд, иқтидору салоҳияте надорад. Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини аввали нахуствазири режими толибонӣ дар Кобул низ аз қабилаи дурронӣ аст, аммо вазири дохилаи Толибон Сироҷуддин Ҳаққонӣ манофеи қабилаи ғилзоиро намояндагӣ мекунад. Ба ҳар ҳол, ахиран Мулло Ҳайбатулло афроди худ аз қабилаи дуррониро ба симмати волии вилояти шарқии Хуст мансуб кард - ин зодгоҳи Ҳаққонӣ аст, паштунҳои ғилзоӣ дар инҷо зиндагӣ мекунанд. Шакке нест, ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ ин амалкарди Мулло Ҳайбатуллоро дӯст надорад, аммо то кунун чизе дар мавриди вокуниши ӯ шунида нашудааст. Бадеҳист, ки ин таъйинот дар соҳаи нуфузи Ҳаққонӣ ба равобити байни Ҳайбатуллоҳ ва Ҳаққонӣ таъсир доштааст.

- Акнун воқеан пойтахти сиёсии Афғонистон дар куҷост?

- Имрӯза Кобул дигар пойтахти Афғонистон нест – пойтахти воқеӣ дар Қандаҳор воқеъ шудааст. Ояндаи сарнавишти Афғонистон дар ҳоли ҳозир дар Кобул таъйин намегардад. Мулло Ҳайбатулло аз Кобул тарс дорад, чун аксарияти ҷамъияташ паштун нестанд, илова бар ин, гурӯҳҳое бо афкори мутафовити бисёр барҷастае он ҷо вуҷуд доранд, ки аз мунтақидини ҷидди режими Толибон маҳсуб мегарданд. Бадеҳист, ки Ҳайбатулло метарсад, ки агар дар Кобул бошад, ғолибан ҳамеша алайҳи ӯ тазоҳурот гардад. Бинобар ин, ба истилоҳ, амири худхондаи Толибон 500 километр аз Кобул дур ва дар Қандаҳор нишастааст. Ба ҳамин тартиб, умедвор аст, ки аз эътирозот, ҳар навъ таҳдиди шӯриши зери килкин/тирезаи худ ҷилавгирӣ кунад.

- Бархе манобеъ ва коршиносони афғонистонӣ аз сенарияҳои эҳтимолии навсозии системаи мудирияти Толибон хабар медиҳанд. Бархе интизори зуҳури як давлати эътилофии ҷадид бо мушорикати толибони миёнарав, теъдоде аз сиёсатмадорони ҷумҳурияти собиқ ва ҳатто намояндагони ҷунбиши муқовиматро доранд. Дигарон рӯи бозгашти салтанат шарт мебанданд. Чӣ эҳсосе нисбат ба чунин интизороте доред? Оё системаи қудрати эҷодшуда тавассути Толибон қодир ба тағйироти систематик аст?

– "Толибон" ва "модерниза шудан" ду калима мутазодд мебошад– ҳаргиз бо ҳам мутародиф нахоҳад шуд. Илова бар ин, онҳо комилан бо якдигар таноқуз доранд. Агар ногаҳон Толибон воқеан ислоҳоти идорӣ ва сиёсиро шурӯъ кунад, ин оғози поёни он хоҳад буд.

Дар қисмати анвои фарзияҳои тағйироти эҳтимолӣ дар системаи қудрати Толибон, ба назари ман, ин фақат хаёлпарозӣ/фантазия нест, балки бахше аз навъе амалиёти равонии низомӣ аст. Раҳбари феълии Толибон барои ҳеҷ навъ тағйире омода намебошад, тақрибан ҳар рӯз эълом мекунад, ки Афғонистонро ба таври комил контрол мекунад ва ҳар кори мумкинро барои таҳкими ҷунбиши худ анҷом медиҳад.

Дар мавриди чашмандози бозгардондани салтанат дар Афғонистон, кадом мабное барои ин намебинам. Ба ҳар ҳол, дар таърихи кишвари мо ҳатто чунин подшоҳи ваҳшатноке, монанди Абдурраҳмонхон, ҳанӯз девонае, монанди Мулло Ҳайбатуллоҳ набуд. Сахттарин салтанат дар Афғонистон дар муқоиса бо режими эҷодшуда тавассути Толибон бисёр нарм хоҳад буд.

Вақте онҳо шурӯъ ба сӯҳбат дар мавриди бархе тағйироти сиёсии эҳтимолӣ дар Афғонистони имрӯз мекунанд, бояд ба ёд дошта бошем, ки се омил мушаххасан қудрати Толибонро таъйин мекунанд. Аввал: Толибон мутаассиби мазҳабӣ ҳастанд. Дувум: Толибон мутаассиби қавмӣ ва қабилаӣ ҳастанд. Севум: қудрати Толибон як амуде мутлақ аст, ки дар канори он дигар ниҳодҳое вуҷуд надорад – на ниҳодҳои иҷтимоӣ, на аҳзоби сиёсӣ ва на ҳам ҳукумати мардумӣ.

Як бори дигар такрор мекунам, режими Толибон як амуди беқайду шарт, номаҳдуд ва қудрати муталлақаи як фард аст - аз муаллимон дар мадориси рустоӣ, то Мулло Ҳайбатуллоҳ: ин ҳама толибони имрӯз аст. Бидуни қиёми мусаллаҳона, тағйирот дар чунин системаи сиёсӣ ғайримумкин аст.

- Бо таваҷҷуҳ ба бархе нишонаҳо, рақобат бар сари Афғонистони имрӯз байни маҷмӯае аз кишварҳои минтақаӣ (Эрон, Русия, Чин) ва бозикунони ғайриминтақаӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида ташдид мешавад. Толибон ҳанӯз дар талошанд, то байни ин қутбҳои "Бозии бузурги ҷадид” таодул барқарор кунанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба бархе нишонаҳо, онҳо ҳанӯз тамоюл ба мушорикати стратегӣ бо амрикоиҳо доранд. Чашмандози кишварҳои минтақаӣ дар рақобат бо Ғарбу Амрико барои Афғонистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Фикр намекунед Русия, Чин ва Эрон бозӣ дар Афғонистонро ба Вашингтону Лондон бохтаанд?

- Ин воқеият аст, ки рақобат байни бозикунони мухталифи байналмилалӣ дар мавриди мавзӯи Афғонистон дар ҳоли ҳозир идома дорад. Аммо ин як рақобати боз нест, балки метавон онро як бозии махфӣ дар соя номид. Ҷанбаҳои мухталифе аз ин рақобат вуҷуд дорад.

Ҷанбаи аввал: бархе аз кишварҳое вуҷуд дорад, ки мавзӯи аслӣ ва алоқаи имрӯзашон фурсатҳои амниятӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон аст. Онҳо колоҳо, манобеъ, чизҳои бокайфият ва начандон хуби худро мефурӯшанд ва мехоҳанд таҳдидоти амниятии худро аз тариқи таомул бо Толибон аз байн бибаранд.

Ҷанбаи дувум: инҳо кишварҳое ҳастанд, ки равобити худро бо Афғонистон аз тариқи "равзанаи тамаддун" мебинанд. Онҳо мӯътақиданд, ки қудрат дар кишвар дар дасти гурӯҳе аст, ки ба танаввӯи қавмӣ ва мазҳабии Афғонистон эҳтиром намегузорад. Паштунҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо - ҳар як аз ин гурӯҳҳои қавмии сокини Афғонистон таърихи хоси худро доранд. Тоҷикҳо ифтихор мекунанд, ки ҳазор сол пеш аввалин давлати худро доштанд ва фарҳанги тоҷикон бар Афғонистон ва ҳамчунин забони форсӣ тасаллут дошт. Паштунҳо мегӯянд, ки бахшҳое аз Ҳинду Эронро фатҳ кардаанд ва таърихи бузурги Афғонистонро халқ кардаанд. Ўзбекҳо хотираи эҷоди императории худ ва давраи муваффақияти худро гиромӣ дошта ва бисёр ба эҳтиром менигаранд. Ҳазораҳо низ таърихи мунҳасир ба фарди худро доранд. Аз сӯи дигар Толибон ба ин танаввӯи қавмӣ, мазҳабӣ ва таърихи Афғонистон эҳтиром намегузоранд ва дарвоқеъ фарҳанги саркӯбгаронаи лағви ин танаввӯъро бар кишвари мо таҳмил мекунанд.

Аммо гурӯҳҳои сиёсии боҳуш дар минтақаи мо вуҷуд доранд, ки дарк мекунанд фарҳанги лағву бегонаҳаросии таҳмилшуда тавассути Толибон наметавонд сулҳи воқеиро ба Афғонистон ё минтақа бирасонад. Онҳо аҳамияти равобити доимии хуби миёни ақвом ва гурӯҳҳои мухталиф дар Афғонистонро дарк мекунанд ва дар ин маврид бисёр муроқиб ҳастанд.

Ҷанбаи севум он бозигароне аз кишварҳоест, ки аз равзанаи геополитика ба Афғонистон нигоҳ мекунанд. Онҳо амнияти марзҳои физикӣ ва муттаҳидони худро ҳадафи аслии худ медонанд ва ҳамчунин нигарони он чӣ дар "Бозии бузург" иттифоқ меафтад, ҳастанд. Вижагиҳои сиёсати феълии Русия дар мавриди Афғонистон фақат як дидгоҳи геополитикӣ аст. Маскав аз ҳамон чашмандози даврони Шӯравӣ пайравӣ карда ва ҳанӯз фикр мекунад, ки Афғонистон аз он дур нест.

Ман мӯътақидам, ки Толибон имрӯз манофеи Русияро таҳдид мекунад. Эрон, Русия ва дигар кишварҳо талош мекунанд, то навъе робита бо Толибон дар чорчуби минтақаӣ барқарор кунанд, аммо муваффақ нашуданд. Толибон фақат ба тавофуқ бо Иёлоти Муттаҳида эҳтиром мегузоранд, ки дар феврали соли 2020 дар Доҳа ба имзо расид. Раванди Доҳа тавофуқе байни Толибон ва Амрико аст, ҳеҷ каси дигаре тарафи он нест. Ҳама кишварҳои минтақа бояд инро хеле хуб дарк кунанд.

Намедонам чаро кишварҳои минтақа пас аз хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ҳамчунон ба тавофуқи Амрико ва Толибон эҳтиром мегузоранд. Ҳеҷ чиз дар он вуҷуд надорад, ки аз манофеи кишварҳои минтақаӣ муҳофизат кунад.

- Бархе аз сиёсатмадорон, дипломатҳо ва коршиносон инро як дастоварди бузург медонанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеҷ сарбози амрикоӣ ва НАТО дар минтақа вуҷуд надорад?

 - Бале, неруҳои амрикоӣ ва НАТО ҳузури физикӣ дар Афғонистон надоранд. Аммо Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон имрӯз бузургтарин нуфузро дорад. Ҳар ҳафта амрикоиҳо аз 40 то 80 миллион доллар ба Толибон кӯмак мекунанд, ин пул аз шаҳри Сулаймония дар Курдситони Ироқ ба Толибон оварда мешавад. Бидуни ин ҳимояти молии Амрико, режими Толибон муддатҳо пеш суқут мекард. Агар тавтеаи геополитикӣ вуҷуд надошта бошад, агар Толибон ба унвони як намояндаи махфӣ барои гурӯҳҳои манофеи ғайриминтақаӣ амал накунанд, пас чаро Толибон ин қадар пул аз Ғарб дарёфт мекунанд?

Дар давраи ҷумҳурият Иёлоти Муттаҳида пули Афғонистонро барои давлати Афғонистон дар Полша чоп мекард. Ва ҳоло амрикоиҳо ҳамчунон ба чопи пул дар он ҷо (Полша) идома медиҳанд, аммо барои Толибон. Ба ҳар ҳол, дар Полша, Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёди паспорти ҷадиди Афғонистонро низ барои Толибон чоп мекунад.

Дар замони ҷумҳурият дар Афғонистон, мушовирони зиёди ғарбӣ дар Вазорати молияи Афғонистон дар бахши дарёфти кӯмакҳои молии ғарбӣ вуҷуд доштанд. Онҳо мехостанд бубинанд, ки мо чӣ кор мекунем, бидуни назорати онҳо мо наметавонистем пулеро масраф кунем. Имрӯз чунин шарте барои Толибон вуҷуд надорад. Амрикоиҳо ҳар ҳафта то 80 миллион доллар ба Толибон мунтақил мекунанд ва дар айни ҳол онҳоро назорат ва контрол намекунанд. Оё ҷойи тааҷҷуб нест, ки бахши қобили таваҷҷуҳе аз пули дарёфтшуда аз Амрико – ҳудуди дуюним миллиард доллар - тавассути раҳбарони Толибон барои аҳдофи низомии худ, аз ҷумла омӯзиши афроди интиҳорӣ истифода мешавад?

Ҷолиб аст, ки ҷузъиёти буҷаи режими Толибон комилан махфӣ нигаҳ дошта мешавад ва Ғарб шарте барои аланӣ сохтани сохтори буҷа аз Толибон надорад.

Ҳамаи инҳо намоёнгари дӯстии махфӣ байни Толибон ва Иёлоти Муттаҳида аст. Ба иборати дигар, тавофуқи Доҳа, ки дар феврали 2020 ба имзо расид, ҳанӯз робитаи махфӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Толибонро таъриф мекунад. Толибон ҳамакунун дар бистари геополитикаи Амрико дар минтақа мушорикат доранд. Толибон фақат ба як кишвар эҳтиром мегузоранд ва он Иёлоти Муттаҳида аст. Пас аз августи 2021, Толибон чизе алайҳи Иёлоти Муттаҳида намегӯянд ё анҷом намедиҳанд. Қимати хомӯшӣ ва анҷоми ҳеҷ коре ҳамон 80 миллион доллар дар ҳафта аст.

Пас, чӣ касе барандаи "Бозии бузург" дар давру бари Афғонистон аст? Мо як блоки на чандон мунсаҷам аз кишварҳои минтақаиро мебинем, мавқифи мӯҳтотонаи Эрон, иқдомоти на чандон муваффақи Русия, Чин, ки умдатан иштибоҳ мекунад ва мӯътақид аст Толибон зоҳиран Иёлоти Муттаҳидаро шикаст додаанд ва ба замоне ниёз доранд, то ба як неруи мутамаддин табдил шаванд. Баъзе аз кишварҳои минтақа таваҳҳумҳои зиёде дар бораи Толибон доранд.

Дар айни ҳол, Чин ба вижагиҳои иҷтимоии ҷомеаи Афғонистон эҳтиром намегузорад. Пекин намедонад, ки Афғонистон паштунистон ё "толибистон" нест, афроди мухталифи дигар дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, аммо Чин ба ин танаввӯъ эҳтиром намегузорад. Русия ба танаввӯи Афғонистон эҳтиром мегузорад ва дар ин маврид бо мавзеи Чин мутафовит аст. Раисҷумҳур Путин аланан гуфтааст, ки тоҷикҳо тақрибан 40 то 47 дарсад аз ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, аммо дар он ҷо қудрат надоранд. Ҳамчунон Толибон ба шиаён эҳтиром намегузоранд. Онҳо ахиран як донишгоҳи бузурги шиаро таътил кардаанд ва раванди қазои шиа (фиқҳи ҷаъфарӣ)-ро ба расмият намешиносанд. Бале, имрӯз вазъияти Афғонистон ҳанӯз аз назари зоҳирӣ ором аст, аммо воқеияти мавҷуд дар ин кишварро мунъакис намекунад. Мардум, гурӯҳҳо ва давлатҳое, ки ба шохисаи танаввӯи ҷомеаи Афғонистон эҳтиром намегузоранд, ногузир дар Афғонистон бозанда хоҳанд буд.

- Чашмандози ояндаи муқовимати зидди Толибони Афғонистонро чигуна арзёбӣ мекунед? Се сол аст, ки гурӯҳҳои мухталифи муқовимат қодир ба контроли ҳатто як минтақаи кӯчак дар Афғонистон нестанд. Оё ин ба он маънист, ки Толибон беш аз ҳад қавӣ ҳастанд? Ё муқовимат ҳанӯз заиф аст? Оё ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки муқовимат дар баробари режими Толибон ба як нерӯи сиёсии воқеӣ дар Афғонистон табдил шавад?

- Муқовимати феълӣ дорои абъод ва ашколи мухталиф аст, натанҳо ҷанбаи низомӣ ва мусаллаҳона. Ва муқовимат то ҳадди зиёде муваффақ буда, ки як бунбасти сиёсӣ барои Толибон эҷод кардааст. Толибон ба машрӯъияти байналмилалӣ, минтақаӣ ва ҳатто дохилӣ даст наёфтааст. Агар муқовимати занон, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон вуҷуд надошт, Толибон метавонистанд ба расмият шинохтани байналмилалӣ дилгарм бошанд. Аммо ин иттифоқ науфтод.

Вазъияти феълӣ як бунбасти сиёсии мутлақ аст. Ҳеҷ кас Толибонро ба расмият намешиносад ва Толибон наметавонанд аз парчами худ дар ҳеҷ конфронсе истифода кунанд ва ин муваффақият барои мухолифони Толибон аст, ки комилан бо муваффақият аз ашколи мухталифи муқовимат истифода мекунанд.

Дар мавриди муқовимати мусаллаҳона, маҳдудиятҳои зиёде вуҷуд дорад. Муқовимати мусаллаҳона зинда аст ва идома дорад. Кобул дигар ба унвони як шаҳри амн дар назар гирифта намешавад, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухталифи мухолифони Толибон дар ҳоли ҳозир дар он ҷо фаъолият мекунанд. Мо ғайринизомиёнро намекушем, ҳамон тавр, ки Толибон анҷом доданд, мо ба ғайринизомиён шиллик намекунем, мо донишомӯзон ва донишҷӯёнро намекушем, мо донишгоҳҳоро мунфаҷир намекунем. Муқовимат фақат бо Толибон мубориза мекунад.

 Акнун бархе гурӯҳҳо дар миёни афғонистониҳо ва ҳам дар кишварҳои минтақа ва ғарбӣ фаъол ҳастанд, ки мавзеи ғайривоқеиро тарвиҷ мекунанд, ки бар асоси он густариш ва ҳимоят аз муқовимати мардуми Афғонистон дар баробари режими Толибон зарурӣ нест. Онҳо иддао мекунанд, ки лозим аст каме бештар сабр кунем, ихтилофи дохилӣ миёни Толибон вуҷуд дорад, иддао мешавад бархе аз "толибони мӯътадил" ҳастанд, ки метавон масъалаи озодии Афғонистон аз диктатории як гурӯҳи террористиро бо равишҳои ғайринизомӣ ҳал кард. Ман ба ин бовар надорам чун ин як хаёле беш нест.

Мо ба шаҳрвандони худ, ҳама ҷавомеи қавмӣ ва мазҳабии Афғонистон эҳтиром мегузорем ва равишҳои инсонии муқовимат, иқдомоти мутамаддинонаи мо тавассути бархе аз неруҳо ба унвони заъф дар назар гирифта мешавад. На хайр, ин тавр нест - ин қудрати нарми мо аст, ки муқовиматро ба пирӯзӣ ҳидоят мекунад. Пас аз бунбасти сиёсии кунунӣ дар авзои Афғонистон, ногузир як нуқтаи атфи сиёсӣ хоҳад омад ва мо акнун дар ин масир ҳастем.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!