Раҳбари маънавии муқовимати зидди Толибон мӯътақид аст, ки Афғонистон метавонад ба Украинаи дувум табдил шавад
Нависанда: Андрей Серенко, директори Марказ таҳлилии сиёсатшиносони Русия
Манбаъ: “Независимая газета”
Режими Толибон* натанҳо барои мардуми Афғонистон, балки барои кулли Осиёи Марказӣ таҳдид аст. Раҳбари мазҳабии муқовимати зидди Толибон, Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом, инро дар мусоҳиба бо Андрей Серенко, сутуннависи “НГ” дар аввалин мусоҳибаи худ бо расонаҳои русӣ баён кард. Мавлавӣ Ҳисом яке аз наздиктарин ёрон ва мушовирони аршади Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст. Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом, ки дар ҷавонӣ таҳсилоти олии исломиро дар Афғонистон ва Покистон дарёфт карда буд, ба унвони имоми ҷамоат дар яке аз масоҷиди Кобул хидмат мекард, узви Маҷлиси санои парлумони Афғонистон буд. Ў, ки яке аз аввалин рӯҳониёни кишвар буд, докторин ва идеологияи Толибонро аз манзари динӣ мавриди интиқод қарор дод ва билофосила табдил ба як душмани хатарнок барои Толибон шуд. Чанд сол пеш Мавлавӣ Ҳисом аз як ҳамлаи интиҳорӣ ҷони солим ба дар бурд ва ҳудуди як моҳ пеш ҷангҷуёни Толибон бародар ва бародарзодаи ӯро дар вилояти Панҷшер куштанд. Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом имрӯз раҳбари раёсати динии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва раиси Шӯрои уламои Афғонистон дар табъид аст.
- Беш аз даҳ моҳ аст, ки Толибон дар Афғонистон ҳукумат доранд. Аввалин натоиҷи ҳукуматдории онҳоро чигуна арзёбӣ мекунед?
- Пас аз интиқоли қудрати сиёсӣ тавассути Амрико бар асоси тавофуқи Доха ба гурӯҳи террористии Толибон ва шабакаҳои террористии кишварҳои мухталифи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, кишварамон дар остонаи нобудӣ қарор гирифт. Нерӯҳои амниятии Афғонистон суқут карданд, низоми сиёсӣ ва идорӣ, омӯзишӣ ва иқтисодӣ барҳам хӯрд, муҳоҷирати миллионҳо нафар, фирори мутахассисон, аз байн рафтани фурсатҳои омӯзишӣ ва таълимӣ, табдили эътимоди миллӣ ба бевафоии миллӣ ва ҳараҷу мараҷ дар ҳама манотиқ ва муҳимтар аз ҳама фақри фарогир акнун ба суръат дар ҳоли пешрафт аст.
Мардуми Афғонистон аз бекорӣ, фақр, риёкории муҳоҷимон, набуди амнияти ҷисмӣ ва равонӣ ранҷ мебаранд. Ин кишвар дар ғиёби машрӯъияти миллӣ ва байналмилалӣ зиндагӣ мекунад ва Толибон ҳазорон нафарро дар ҷараёни қатлҳои занҷираӣ мекушанд. Ҳарими хусусӣ, рифоҳ ва номуси мардум ҳар рӯз мавриди таҷовуз қарор мегирад. Толибон поксозии қавмии мардумро оғоз кардаанд ва ҳар рӯз мардумро дастгиру шиканҷа мекунанд чун тоҷик, панҷшерӣ, андаробӣ ва ҳазора ҳастанд. Нерӯҳои террори қавмӣ дар маконҳое, ки мардумони мухолифи Толибон зиндагӣ мекунанд, гӯрҳои дастаҷамъӣ ва дигар ҷиноётро ба роҳ андохтанд. Тайи даҳ моҳи гузашта ин сарзамин барои сокинонаш ба ҷаҳаннам табдил шудааст ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.
- Ба назари Шумо Толибон чист? Проекти миллии паштун аст, ки дар рӯкаши мазҳабӣ печида шудааст? Як гурӯҳи террористӣ? Як проекти иттилоотии ISI-и Покистон? Ё ҳамаи инҳо дяр як таркиб?
- Гурӯҳи террористии Толибон ба унвони як проект аз се унсур ташкил шудааст: 1) истихбороти Покистон ва иқдомоти давлатҳои ҳамсоя, 2) идеологияву тафаккури такфириҳо ва хавориҷ (тундравтарин фирқаҳои ислом, ки нобурдборӣ ва зулми шадидро пеш гирифтаанд - "НГ"), 3) табъизи қавмӣ. Аз назари таърихӣ, хавориҷ ва террористҳо намояндаи ҳеҷ дине набуданд. Акнун хавориҷи имрӯзӣ террористҳои Толибон ҳастанд, ки намояндаи омӯзаҳои исломӣ, мадрасаву масҷиди мардум ва кишвари мо нестанд. Ин ҷунбиши террористӣ муртакиби ҷиноёт алайҳи манофеъи мардуми кишвари мо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мешавад.
- Раҳбарони Толибон қасди худро барои эҷоди "низоми исломӣ" дар Афғонистон эълом карданд. Ин аз дидгоҳи динӣ ва исломӣ чӣ маъное дорад? Оё Толибон метавонад як ҳукумати муассир дар Афғонистон эҷод кунад, ки меъёрҳои исломӣ адолат ва хайри умумиро бароварда созад?
- Дар воқеъ гурӯҳи террористии Толибон ба хотири ҳокимият ва пешрафти кишвар эҷод нашудааст. Ин ҷунбише аст, ки худро динӣ мехонад, аммо шиорҳои зиддиисломӣ, ғайриозодона ва зиддибашарӣ дорад. Танҳо ҳадафи ин ҷунбиш фурӯпошии кишварҳои минтақа ва истиқрори режими террор буда ва ҳаст.
- Толибон чандин даҳа аст, ки ҳомилони аслии доктринаи ҷиҳод дар Афғонистон будаанд. Аммо чанде пеш Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки алайҳи Толибон меҷангад, фаъолиятҳои худро ҷиҳод номид. Тафовути ин ду мавқеият чист? Шумо мафҳуми ҷиҳодро чигуна тавсиф мекунед ва имрӯз раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон онро чигуна мефаҳманд?
- Ҷиҳод як воҷиби исломӣ аст, яъне вақте мусулмонон мавриди ишғол ва хушунат қарор мегиранд, муваззафанд барои сарзамин, кишвар, мардум ва имони худ мубориза кунанд. Раҳбари ин мубориза барои озодӣ ва истиқлоли кишвару ҷомеа бояд машрӯъ бошад.
Гурӯҳи террористии Толибон (дар даҳаи 1990 – “НГ”) ҷангеро алайҳи “Давлати Исломии Муҷоҳидин” ба раҳбарии профессор Бурҳонуддин Раббонӣ, Қаҳрамони миллии кишвар Аҳмадшоҳ Масъуд ва дигар раҳбарони ҷиҳодӣ ба роҳ андохт. Ин як шӯриш буд, зеро Афғонистон таҳти ишғоли ҳеҷ кишвари дигаре набуд. Террористҳои Толибон ҷангу куштори худро алайҳи тамоми мухолифони худ “ҷиҳод” номиданд, ки ин таҳрифи ошкори маънои ин калимаи муқаддас аст. Ин таъбир аз “ҷиҳод” тавассути истихбороти Покистон дикта шудааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамон тур, ки аз номаш пайдост, бо истифода аз қавонини дифоъ аз худ, ки дар ҳама адён ва мазоҳиб зикр шудааст, ба мубориза идома медиҳад, ки дар он Худованд аз тариқи китоб, монанди Қуръони карим ва Паёмбар дар аҳодиси худ бо мардум сӯҳбат мекунад. Дифоъи машрӯъи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз артиши Покистон ва кишварҳои ҳамсоя, яъне ҳифозат аз таҷовуз, дар сатҳи байналмилалӣ низ ба он машрӯъият бахшид.
- Толибон системи таълимоти динии худро эҷод карда ва ба тақвияти он идома медиҳанд, ки унсури муҳиме дар омодасозии ҳазорон ҷангҷӯи ҷадид барои Толибон аст. Опозисиони зидди Толибон ва болотар аз ҳама Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, чӣ чизе метавонад дар муқобили он кунад?
- Гурӯҳи террористии Толибон аз ҳазорон мадрасаи мазҳабии ифтротӣ дар Покистон мутаваллид шуд ва акнун ин гурӯҳ мадориси мушобеҳи бисёреро барои омӯзиши террористони интиҳорӣ дар кишвари мо эҷод кардааст. Террористҳои Толибон натанҳо барои кишвари мо эҷод шудаанд, ҳадаф аз вуҷуди онҳо таҳдиде барои минтақа ва кулли ҷаҳон аст. Мутаассифона, акнун онҳо силоҳ ва будҷаи кофӣ барои ҳимоят аз мадориси террористии ифротӣ доранд.
Мардуми мо ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ чорае ҷуз муқовимати чандбуъдӣ надоранд ва ин ҷанг бар мо таҳмил шудааст. Гурӯҳи террористии Толибон проекти ғарбиҳо барои нобудии кишварҳои минтақа аст ва кишвари мо аз ин назар як Украинаи билқувва аст.
- Толибон ба таври суннатӣ фаъолона аз интиҳориён истифода мекунанд. Мубаллиғони Толибон ҳатто “истишҳод” (интиҳори як интиҳорӣ)-ро авҷи ҷиҳод ва ислом меноманд. Ин амал то чӣ андоза бо меъёрҳои ислом мутобиқат дорад?
- Худкушӣ яке аз ҳаромоти собити ислом аст ва далеле бар машрӯъияти он вуҷуд надорад, мутлақан бидуни истисно аз назари маорифи исломӣ ҳаром аст.
- Дар Афғонистони имрӯз мавқеъи ДОЪИШ* дар ҳоли тақвият аст. Ин проекти террористиро чигуна тавсиф мекунед? Чӣ қадар барои Афғонистон ва ҳамсоягонаш - кишварҳои минтақа - хатарнок аст?
- ДОЪИШ ва Шабакаи Ҳаққонӣ* як рӯйи сикка ҳастанд ва як ҳадаф доранд, аммо шабакаи Толибон барои кишвар мо ДОЪИШ аст ва бақия ҷунбишҳои мавриди ҳимояти Толибон барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ДОЪИШ ҳастанд.
- Аҳмад Масъуд аввалин сиёсатмадори афғон буд, ки омодагии худро барои ба даст гирифтани силоҳ алайҳи диктатураи Толибон эълом кард. Шумо шахсан раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба хубӣ мешиносед. Зарфият ва дурнамои сиёсии ӯро чигуна арзёбӣ мекунед?
- Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ танҳо фарде аст, ки ӯро ҷомеа ба расмият шинохтааст ва машрӯъияти милливу байналмилалӣ дорад ва роҳи ӯ роҳи устод Раббонии шаҳид ва Аҳмадшоҳ Масъуди шаҳид аст, ки таҷрибаи ҷиҳоду муқовимати эшон дар марҳалаи аввал муваффақтарин буда ва ҳаст.
- Назари Шумо дар мавриди сиёсати феълии Русия дар қиболи Афғонистон чист?
- Сиёсати Русия дар ҳавзаи дипломатия мушкилоте дорад ва мардуми кишвари мо то ҳудуде нисбат ба рӯйкарди Русия бадбин ҳастанд ва онро ҳамкорӣ бо душманони худ медонанд.
- Тавсеаи авзоъи сиёсии Афғонистонро дар ояндаи наздик чигуна мебинед? Ба назари Шумо, чӣ чизе дар интизори режими Толибон аст? Дурнамои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва дигар гурӯҳҳои зидди Толибон чист?
- Гурӯҳи террористии Толибон ҳамсоягон ва ҷомеаи ҷаҳониро, ки аз он огоҳ аст, фиреб додааст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мӯътақид ба хат ва масири Масъуд аст, ки ҳадафи он ҳамзистии воқеан мусолиматомези миллӣ ва байнулмилалӣ аст.
- Дар Афғонистон мавқеъи “тариқат” – ҳои исломӣ, ҷараёноти сӯфиёнаи нақшбандия, қодирия ва дигарон ҳамеша қавӣ будааст. Ин ҷавомеъ дар ҳоли ҳозир чӣ ҷойгоҳе доранд ва таъсири онҳо дар авзоъи сиёсӣ чӣ қадар эҳсосшаванда аст?
- Тоифаи сӯфия маъруф ба сайфӣ яке аз шохаҳои истихбороти Покистон аст, ки аксаран ҳокимони номашрӯъи кунунии кишварамон ҳастанд. Англисҳо дар чандин таҷовузи худ ба кишвари мо аз нуфузи сӯфиён бар мардум суъистифода карданд. Залмай Халилзод (намояндаи вежаи собиқи Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон, нависандаи пешнависи тавофуқи Вашингтон бо Толибон - "НГ") ва амрикоиҳо ҳар аз гоҳе барои аҳдофи худ сари бозгардондани нуфузи онҳо сармоягузорӣ мекарданд. Сӯфиён эътиқоди росих доштанд, ки ақоиди онҳо бо дахолати истихборотҳо хароб шудааст ва акнун дигар эътиқодоти қаблиро надоранд. Покистон, Инглис ва Амрико бо суъистифода аз нуфузи сӯфиён ҷиноёти нобахшиданӣ алайҳи мардуми сарзамини мо муртакиб шуданд, ки то имрӯз идома дорад.
- Чӣ роҳе барои ғалаба бар буҳрони чандсола дар Афғонистон мебинед? Рӯҳонияти исломии Афғонистон дар он чӣ нақше бояд дошта бошад?
- Ҷомеаи уламо, шахсиятҳои динӣ, имомони масоҷид ва муаллимони мадорис талош мекунанд то дини ислом, мазҳаби ҳанафӣ, масҷид ва мадориси диниро аз шарму тавтеаи гурӯҳи террористии Толибон наҷот диҳанд, зеро ин ҷунбиш ва пайравони он хатари бузург барои ислом, мусулмонон ва ҳамаи башарият ҳастанд. Барои убур аз буҳрон, ваҳдат, инсиҷом ва тавофуқи ҳамаи ҳавзаҳо ва ақшори ҷомеа лозим аст. Убур аз ин мушкил бидуни иттиҳод ва мубориза душвор аст. Ва бешак ҳамкории давлатҳои зиддитеррористӣ дар мубориза бо террористҳо як зарурати инкорнопазир аст.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал ё мамнуъ аст.