Хабари рӯз

Русия таъйид кард, ки дар Афғонистон сармоягузорӣ нахоҳад кард.

Манбаъ: mskgazeta.ru

Намояндаи Федератсияи Русия дар Созмони Милал, Василий Небензя, изҳороти муҳим барои афкори умумӣ дошт. Ӯ ба забони дипломатик гуфт: Русия на сармоягузорӣ барои Толибон мекунад ва на ҳам пуле барои онҳо ба масраф мерасонад.

Небензя суханонашро бо баҳонаи сиёсии қобили қабуле анҷом дод. Ӯ гуфт: ҳар кишваре, ки Афғонистонро ба вазъияти кунунӣ даровардааст (Иёлоти Муттаҳида, НАТО, колхози Ғарб ба гунаи ҳамагонӣ), ҳоло бояд барои бозсозии он пул бипардозад.

 Бигузоред ба шумо ёдоварӣ кунам. Ман як сол пеш “пешбинӣ” карда будам, ки Русия ба режими Толибон пул намедиҳад.

Ҳоло Небензя ҳамон чизро гуфт (нақли қавл): “Ҳар қадар ҳам, ки мақомоти русӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти Афғонистон эълом карда бошанд, аммо Кремл тағйири маҳсусе дар ин росто намеоварад.

 Ин бад-он маъност, ки Русия дар Афғонистон сармоягузорӣ нахоҳад кард. Маскав омода аст фақат кӯмакҳои башардӯстона ироа диҳад на бештар”.

Ба бовари Серенко, изҳороти Кобулов (Замир Кобулов – мудири идораи дувуми Осиёи вазорати умури хориҷа) мабнӣ бар омодагии Русия барои мушорикат дар проектҳои тиҷорӣ шабеҳи пардаи дуд ҷиҳати кетмони воқеият мебошад.

Ӯ мегӯяд: акнун Василий Небензя ба таври аланӣ ва расмӣ ба ин мавзӯъ изъон кардааст ва мепурсад: дар шароити мавҷуди сиёсӣ, чунин изҳорот чӣ паёмадҳое метавонад дошта бошад?

Албатта, раҳбарони хунтаи толибонӣ аҳмақ нестанд ва аз муддатҳо пеш мавзеъи воқеии Русия дар робита ба адами додани пулро медонанд. Аз ин рӯ, Маскав, дар муқоиса бо Иёлоти Муттаҳида, Ғарб ё Чин як шарики мутмаин барои онҳо нест.

Фаҳми сиёсати бесарусадо ва ғайрирасмӣ як чиз аст ва дарёфти иттилоияи пуртанин аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба куллӣ чизи дигаре.

Бидуни шак, Толибон сукут мекунанд, аммо аз ёд намебаранд.

Дар асл суханони Небензя дар вокуниш ба изҳороти таҳрикомези ҳамтои амрикоиаш сурат гирифт, ки Русияро ба далели адами тамоюл ба кӯмак барои Афғонистони ранҷкашида мавриди сарзаниш қарор дод.

Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки намояндаи Амрико рӯи чунин вокуниши дипломати русӣ ҳисоб боз карда бошад.

Аз ин гузашта, Вашингтон акнун машғули як бозии ҷадид бо Толибон аст ва як нишасти муҳими байналафғониро бо ҳузури намояндагони режими хунтаи Кобул ва раҳбарони сиёсӣ дар муҳоҷират тадорук мебинад.

Барои Иёлоти Муттаҳида муҳим аст то мавозеъи Маскавро ҳам аз манзари бозии ҷадид ва ҳам дидори қарибалвуқӯъ ва дар кул ҳимояти иқтисодии хориҷӣ ва ба расмият шинохтани байналмилалии Толибон беэътибор намояд.

Ба назар мерасад, ки шарикони амрикоӣ дар ҳоли анҷоми чунин коре ҳастанд.

Ба расмият шинохтани расмии Небензя аз адами тамоюли Русия ба додани пул ба Толибон як жести ғайридӯстона нисбат ба ҳукумати Кобул аст.

Илова бар ин, Русия дар ростои ба расмият шинохтани режими "муллоҳои хашин" ҳеҷ кӯмаке ба Толибон накардааст.

Пазириши як коршиноси Толибон ба сафорати Афғонистон ба хиёбони Поварская [суроғаи сафорати Кобул дар Маскав] дар кӯтоҳмуддат барои нӯшхори расонаҳо иқдоми хубе буд – вале ба ҳеҷ ваҷҳ барои ҳамкории воқеӣ набуд, зеро алоим ва шавоҳиди мабнӣ бар алоқамандӣ ба ҳамкорӣ вуҷуд надошт.

Хулоса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба хотири як муомилаи ҷадид бо ҳукумати Толибон масруфи чоназанӣ аст, акнун як барги барандаи сиёсии изофӣ дарёфт кард, ки иборат аз мухолифати эҳтимолии Русия бо чунон бозӣ ва чунон муомила аст, зеро ҳадафи Вашингтон тазъифи мавзеъи Русия дар Афғонистон мебошад.

Эҳтимолан намояндаи Русия дар Созмони Милал чунин чизеро намехост, аммо акнун иттифоқ афтодааст.

Натиҷае, ки аз ин мавзӯъ ҳосил мешавад ин аст: стратегияи Русия дар қиболи Афғонистон, ки қаблан беайбу нақс набуд, акнун ба бунбасти стратегӣ расидааст. Пайравӣ аз чунон стратегия танҳо ба тазъифи мавозеъи Маскав дар масири Афғонистон ва ҳамчунин дар ниҳоят ба авоқиби бад барои кулли минтақа ва дар дараҷаи аввал барои Осиёи Марказӣ мешавад.

Бино бар ин, бори дигар таъкид мекунам: лозим аст стратегияи Афғонистони Федератсияи Русия аз рӯйкард вокунишӣ дар баробари ибтикорот, проектҳо ва таҳрикоти Амрико ба як рӯйкарди ибтикорӣ ва мустақил тағйир ёбад.

Бидуни тағйири рӯйкард, Русия наметавонад рӯйи ҳеҷ муваффақияте дар бахши Афғонистон ҳисоб боз кунад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!