Паштунҳо чаро бояд аз ғайрипаштунҳо узрхоҳӣ кунанд?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Муддатест, ки дар гуфтугӯ бо афғонҳои форсизабони мутаассир аз фарҳанги порсӣ, ба гунаи калишаӣ бо мафҳуме ба номи “инсондӯстӣ” ё “гуманизм” мувоҷеҳ мешавам. Дар такрори ҳамсони онон, гуфтумони “гуманизм” ба масобаи бадиле дар баробари ба заъми онҳо “қавмгароӣ” ё “натсионализм”-и ақвоми ғайриафғон матраҳ мешавад ва чунин вонамуд мекунанд, ки қавмгароӣ зишт ва мазмум аст. Дар зоҳири амр, тарҳи гуфтумони “гуманизм"-и афғонҳо чӣ огоҳона ва чӣ ноогоҳона мулҳам аз назарияи Калаузвитс аст, ки мегуфт: “Беҳтарин дифоъ, ҳамла аст!». Ин мавзӯъ, шакли нарми иттиҳоми қадимӣ, яъне барчаспи "хиёнати миллӣ”-ро дорад, ки ногаҳонӣ даст ва пои мухотибро дарменавардид.
Беш аз як қарн аст, ки афғонҳо аз мафоҳими "муғолатаҳои машҳур”, “иддаоҳои бидуни истидлол” ва “пешфарзҳои нодуруст” баҳра мебаранд. Ақвоми дигар аз ин бозшинохтӣ огоҳ нестанд ва пайваста дар травма фурӯ мераванд ва дучори равонпарешии иҷтимоӣ мешаванд. Ин як ҷангшинохтӣ ё идрокест, ки ба он бештар бояд пардохта шавад.
Дар гузашта муғолатаҳо ва иддаоҳои бепояе чун "фарҳанги миллӣ", "фарҳанги афғонӣ", "мусиқии афғонӣ", "ғизои афғонӣ", "ғайрати афғонӣ", "ватани муштарак", "аксарият ва ақаллият", "бобоҳо" ва ҳатто ҷаъли шахсиятӣ, чун "малолай" ва садҳо намунаи дигар, таблиғ мешуданд ва аксарият на танҳо онҳоро пазируфта, балки бад-он бовар дошта ва доранд. Аммо акнун мафҳуме ҷадид ва фалсафиро пеш мекашанд, шабеҳи "тофтае ҷудобофта" дар дили одатҳо ва ахлоқи паштунӣ!
Ба назар мерасад баҳси инсондӯстӣ ё гуманизм, ки ахиран дар миёни паштунҳо, ба вежа "чапнамоҳои анахроник"-и афғонистонӣ матраҳ мешавад, на пояи ахлоқӣ дорад ва на аз як таҳаввули фикрии воқеӣ бархоста, балки онро метавон як шигирди пӯшишӣ донист. Иддаои бидуни истидлоле чун "набояд қавмгаро, балки бояд гуманист бошем", замоне машрӯъият дорад, ки ҷиноёти зиддиинсонии ҳокимиятҳои афғонӣ дар беш аз 270 соли гузашта нақд шуда, масъулиятҳои таърихии ношӣ аз он пазируфта шаванд.
Чунин чизе то кунун на танҳо вуҷуд надоштааст ва мафқуд будааст, балки бо сахофат ақвоми ғайрипаштунро муттаҳами қавмгароӣ намуда, мехоҳанд барои ҳеҷ ба посухгӯӣ водоранд.
Афғонизм ва афғоният, фарҳанги мубтанӣ бар зӯргӯӣ, истибдод, хунрезӣ, вайронгарӣ ва беназмист, ки ғайриятро барнаметобад. Аз ин рӯ, афғон ё паштуни форсиомӯхта ба нудрат бовар ба инсондӯстӣ дорад ва тарҳи масъалаи "инсондӯстӣ"-ро барои фирор аз посухгӯӣ дар баробари ҷиноёти таърихӣ ва инҳисорталабии қавмии хеш ба кор мегирад. Ин худ як тактикаи инҳирофист, на як таҳаввули фикрии асил.
Чӣ гуна метавон ин истидлоли бепояро рад кард?
Якум, гуманизм бидуни адолати таърихӣ, фиребкорист.
*Гуманизм, ба маънои дифоъ аз каромати инсонӣ, ҳуқуқи башар ва адолати иҷтимоист.
*Агар паштунҳои форсизабон воқеан гуманистанд, бояд ибтидо ҷиноёти қавмии худро беамон нақд кунанд, аз сиёсатҳои инҳисорталабона табарро ҷӯянд ва ҳуқуқи баробари ақвоми дигарро бар мабнои омодагӣ барои нигориши як “қарордоди иҷтимоӣ” ба расмият бишносанд.
*Касоне, ки ба номи “инсондӯстӣ” мехоҳанд масъалаи адолати таърихиро нодида бигиранд, дар воқеъ доранд мафоҳими модернро барои тавҷеҳи гузаштаи пешомодерни қабилаӣ ва ҷиноёти ҳокимони худ ба кор мебаранд.
Дувум, фирор аз ҳувиятпазирӣ, як сиёсати истеъморист.
*Султаи афғонҳо ё паштунҳо дар ҷуғрофияи мавсум ба Афғонистон ҳамвора истеъморӣ будааст.
*Ин ки афғонҳо қавмгароиро бад медонанду мегӯянд: “Биёед, ҳама гуманист шавем”, дар амал яъне: ақвоми ғайрипаштун бояд аз ҳувияти худ даст бардоранд ва “афғон” шаванд, аммо паштунҳо на ниёзе ба тағйир доранд, на нақде аз худ.
*Ин ҳамон сиёсатест, ки бисёре аз қудратҳои истеъморӣ дар гузашта ба кор бастанд: ҷилва додани ҳувияти қавмии худ ба унвони қавми бартар аз як сӯ ва хостан аз дигарон барои чашмпӯшӣ аз ҳувияти хеш аз сӯйи дигар.
Севум, гуманизми аврупоӣ аз нақди худ оғоз шуд, на инкори гузашта.
*Гуманизм дар Аврупо замоне зуҳур кард, ки калисо, феодализм ва дастгоҳҳои саркӯбгар бо равшанӣ нақд шуданд, на пинҳонкорӣ.
*Агар паштунҳои форсиомӯхта, бавежа чапиҳо, ҳақиқатан хоҳони дифоъ аз гуманизманд, бояд ҳамон гуна, ки ғарбиҳо бардадорӣ, истеъмор ва империализми худро нақд карданд, онон низ ҷиноёти таърихиашонро бипазиранд ва пас аз нақд аз соири ақвом узрхоҳӣ кунанд.
*Дар ғайри ин сурат, иддаои онон чизе ҷуз дурӯғу авомфиребӣ нест.
Чаҳорум, таҷрибаи дигар миллатҳо нишон медиҳад, ки адолат муқаддам бар гуманизм аст.
*Олмониҳо пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум, пеш аз он ки аз аврупоигароӣ сухан бигӯянд, нахуст натсизм ва ҷиноёташро нақд карданд.
*Равшанфикрони олмонӣ дар даҳаҳои 1950 ва 1960 нақдро ба ҷойгоҳи волое расонданд, ки ба инқилоби 1968 ва истиқрори демократия анҷомид.
*Сафедпӯстони амрикоӣ ибтидо бардадориро маҳкум ва ислоҳоти ҷиддӣ эъмол карданд ва сипас тавонистанд аз баробарӣ сухан бигӯянд, ки ба ҷунбиши ҳуқуқи мадании сиёҳпӯстон ба раҳбарии Мартин Лютер Кинг анҷомид.
Агар қарор бошад гуманизм дар ин ҷуғрофияи ҷаълӣ маъно ёбад, паштунҳо ибтидо бояд содиқона сиёсатҳои инҳисорталабона ва қавмии ҳокимони мустабиду ҷинояткорашонро нақд кунанд ва ба нафъи аксарияти ақвоми ғайрипаштун гом дар ҷиҳати ислоҳи хатоҳои таърихии қавмашон бардоранд, на ин ки бо пинҳон шудан пушти “инсондӯстӣ” аз адолат бигурезанд.
Гуманизм бидуни адолати таърихӣ, пӯшишест барои ҳифзи қудрат.
Паштунҳое, ки худро пушти гуманизм пинҳон мекунанд, дарвоқеъ қавмгароёни авомфиребанд.
Бадили ин гуфтумон пазириши ҳақиқати таърихӣ, иҷрои адолат ва сипас ҳаракат ба сӯи инсондӯстии воқеист, на як гуманизми қуллобӣ, ки сирфан барои пинҳон кардани гузашта тарроҳӣ шудааст.
Ман ин баҳсро марҳалаи ҷадид аз тадовуми фашизми қавмӣ медонам, ки ба гунаи ҷанги идрокӣ пеш бурда мешавад. Нахуст, бояд ба фашизми қавмӣ дар ҷуғрофияи ҷаълии мавсум ба Афғонистон посух дод!
Посухи нахуст, дар ҳаққи таърихии таъйини сарнавишти ақвоми форсизабон ва туркзабон нуҳуфтааст.
Сукути “инсондӯст”-ҳои паштунтабор дар баробари иддаои фашистҳои қавмашон мабнӣ бар ин ки “Афғонистон сарзамини афғонҳост” ва ақвоми форсизабону туркзабон бояд ба кишварҳои дигар бираванд, на танҳо бепоя ва ғайримантиқист, балки реша дар проекти истеъморӣ барои ҳазфи ақвоми ғайрипаштун дорад. Ин тарзи тафаккурро метавон бо далоили таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ рад кард. Аммо оё “гуманистҳои афғон” бо ин иддао дар тақобул будаанд? Посух ҳамвора манфист.
Баръакс, онон забони форсиро абзори тадовуми султа сохтаанд ва барои бақои он ҷаълҳои бештаре тавлид мекунанд.
Оё Афғонистон номи таърихии ҳамин ҷуғрофия аст ё сохтаи истеъмор?
Посух равшан аст: ин ҷуғрофияи ғайритабиӣ ба фармони истеъмори хориҷӣ шакл гирифт ва ҳаргиз сарзамине барои зисти муштарак ва боҳамии ҳамаи ақвом набудааст. То пеш аз 1880, ду саввуми ин ҷуғрофия аз вуҷуди афғонҳо холӣ буд!
Аксарияти мутлақи шаҳрҳои Афғонистон дар пайванд бо фарҳанг, забон, иқтисод ва таърих тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо ҳастанд. Аз Кобул то Бадахшон ва аз Балх то Ҳирот ва тамоми манотиқи марказии ин сарзамин ҳувияти порсизабонӣ дар канори решаҳои турктаборӣ дошта ва дорад. Дар ин сарзамин тоҷикҳо ва ӯзбекҳо беш аз ҳазор сол дар канори ҳам зистаанд ва асаре аз афғонҳо дар миёнашон набуд то замони ишғол манотиқашон тавассути афғонҳо дар проектҳои хориҷӣ ва иҷрои сиёсатҳои ноқилин.
Акнун ноқилин ҳамон сарзаминҳоро мулки худ медонанд, ки ҳеҷ гуна таърихият надорад ва густохона ба хотири ядак кашидани номи қавмиашон ба дигарон мегӯянд, ки: “Тоҷикҳо бояд ба Тоҷикистон», “Ӯзбекҳо ба Ӯзбекистон” ва “Ҳазораҳо ба гӯристон” бираванд!
Оё “инсондӯстони афғон” дар ин замина нақде кардаанд? Хайр. Зеро фашизми қавмии онон ба масобаи идеология, як воқеият аст.
Фашизми қавмии паштунизм идеолужии истеъморист, ки аз даҳаи 1930 ба кӯмаки нозиҳои Олмон ба гунаи низомманд тадвин ва густариш ёфт. Хостгоҳи ин тафаккур аз даруни гуфтумони истеъморӣ бархост, ки аз замон Амир Абдулраҳмон оғоз шуд. Касе, ки бо наслкушии ҳазораҳо ва кӯчи иҷбории ақвоми ғайрипаштун кӯшид ҷуғрофияи васеъи ишғоли сарзаминҳои илҳоқиро ба номи Афғонистон ба кишвари паштунӣ мубаддал созад.
Дар даврони Амонулло назарияи панафғонизм ва “забони афғонӣ” ба тақлиде аз пантуркизм тавассути Маҳмуди Тарзӣ ва бо ҳимояти туркҳову олмониҳо эҷод шуд. Дар даврони Зоҳиршоҳ сиёсатҳои паштунизасозӣ дар чандин марҳала густариш ёфт ва забон, фарҳанг ва ҳувияти ақвоми дигар ба шиддат саркӯб гардид.
Дар даврони ҷумҳурияти амрикоӣ, проекти афғонисозии дубора ва бо диққати бештар пайгирӣ шуд, чун нерӯҳои равшанфикри ғайрипаштуни порсигаро ва порсипосдори даҳаҳои 1930 то 1960 дигар вуҷуд надоштанд. Неруҳое, ки ба номи қавм бархоста буданд, фоқиди фаҳми ҳувиятӣ, забонӣ ва адолати таърихӣ буданд ва қавму ҷиҳодро абзоре барои зарандӯзӣ ва иштирок дар дараҷаҳои поини қудрат медонистанд ва то ба ҳол медонанд.
Фазои пур аз илтибос паштунизмро қудратманд сохт ва заминаро барои бозгашти Толибон - ворисони ҳақиқии фашизми паштунӣ - омода кард. Чамоқи Толибон абзори ниҳоӣ барои ҳувиятзудоии ғайрипаштунҳо дар ҷиҳати "Афғонистони паштунӣ" мебошад.
Дар вазъияти кунунӣ халқи ягона парадигмаи навин дар назарияи фалсафӣ иборат аз гуфтумони ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон мебошад, ки масири султаи истеъмори афғонизмро ба чолиш кашида ва онро ба унвони проекти шикастхӯрда муаррифӣ мекунад.
Аммо бадили асил барои бақои ҷуғрофияи бидуни номи Афғонистон чист ва чӣ гуна метавон онро бунёд ниҳод?
Ман ин бадилро бар мабнои ҳақиқати таърихӣ, адолати иҷтимоӣ, каромати инсонӣ ва мушорикати озодонаи ақвом дар сохтани ояндаи муштаракашон медонам. Бадиле, ки нахустин гоми он ба расмият шинохтани ҳаққи таърихии таъйини сарнавишти ақвоми порсизабон, туркзабон ва соири ақаллиятҳои фарҳангӣ дар ин ҷуғрофияи буҳронзада аст. Ин бадил на аз сари нафрат, балки аз сари ҳақиқат ва огоҳӣ зода мешавад, на интиқомҷӯёна, балки раҳоибахш ва мубтанӣ бар виҷдони таърихӣ аст.
Бадили ман тарҳи як “қарордоди иҷтимоӣ” аст, ки дар он ҳеҷ қавме бартар аз қавми дигар набошад, на афғонгароии паштунизм ва на саркӯбгаронатарин чеҳраҳои таърихии ҳокимиятҳои инҳисории гузашта ва ахлофи кунунии инҳо меъёри танзими муносиботи ҷамъӣ бошанд, балки ҳама баробар маҳз дар чавкоти як “қарордоди иҷтимоӣ” бошанд!
Бадили ман сохтани як низоми сиёсии чандқавмӣ, чандфарҳангӣ ва чандзабона аст, ки дар он ҳувиятҳои таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии ақвоми гуногун на танҳо инкор нашаванд, балки ба унвони сармояи ҳамагонӣ ба расмият шинохта шуда ва шукуфо гарданд.
Ман аз “гуманизм”-е дифоъ мекунам, ки аз батни адолати таърихӣ бархоста бошад. Гуманизме, ки ҳаққи эътироз, ҳаққи бозхонии таърих, ҳаққи таъйини сарнавишт ва ҳаққи баробарии забонҳо ва фарҳангҳоро ба расмият бишносад, на он гуманизми тақаллубие, ки ба абзори сокит кардани садоҳои мухолиф бадал шавад.
Ман хоҳони “инсондӯстии интиқодӣ” ҳастам, на инсондӯстии таблиғотӣ ва миёнхолӣ.
Ман ояндаеро мехоҳам,ки:
*Дар он ҳеҷ кӯдаке фақат ба ҷурми ҳазора, тоҷик, ӯзбек ва ғайра будан мавриди таҳқиру табъиз қарор нагирад;
*Ҳеҷ забони модарӣ дар маҳалҳое, ки аксарияти қавмӣ ва забонӣ равшан аст, аз омӯзиш ва парвариш, идораҳои расмии маҳал ва расонаҳо ҳазф нашавад;
*Ҳеҷ нухбаи ғайрипаштун сирфан ба далели табораш аз фурсатҳои сиёсӣ, донишӣ ва фарҳангӣ маҳрум нагардад;
*Ҳеҷ қавми кӯчак сиво аз бузурги қавмҳо эҳсос накунад, ки дар болотарин ситеғи қудрат қарор гирифта наметавонад;
*Ва ҳеҷ ҳақиқати таърихие қурбони идеологияҳои фашистии афғонӣ ва паштунӣ нашавад.
Бадили ман на аз роҳи интиқом, балки аз масири бозтаърифи қудрат бар асоси адолат, бозсозии ҳофизаи таърихӣ, муносиботи иҷтимоӣ ва сиёсии ғайриафғонҳо мегузарад. Ин бадил дар баробари гуфтумони султагари “афғоният” қарор дорад, ки гиронигоҳи он ҳаққи таъйини сарнавишт барои ақвоми ғайриафғон, пюлорализми фарҳангӣ ва сиёсӣ ва бозтавзеи баробар ва одилонаи қудрат байни ҳамаи ақвом ва манотиқ мебошад.
Дар ниҳоят, бояд гуфт, то замоне, ки адолати таърихӣ барои ҳама ақвом таҳаққуқ наёбад, на аз озодӣ хабаре хоҳад буд, на аз сулҳ ва на аз инсондӯстии воқеӣ.
Гуманизми воқеӣ он аст, ки нахуст бо нақди сареҳи хеш оғоз кунад, на бо инкори дигаре. То замоне, ки “фашизми афғонгаро” аз трибунҳои қудрат фурӯм напошад, ҳеҷ гуфтумони сулҳҷӯёна ва инсондӯстонае дар ин ҷуғрофияи ҷаълӣ ба номи Афғонистон, ба натиҷа нахоҳад расид.
Танҳо роҳи раҳоӣ иборат аз убур аз назми оштинопазир ва ҷаълии афғонӣ аст. Ин гузор на фақат як вазифаи сиёсӣ, балки як масъулияти ахлоқӣ ва таърихии ҳамаи нухбагони воқеии таслимнопазири ақвоми ғайриафғон мебошад.
Ба пиндори ман, бояд ба ҷои таслимӣ дар баробари “гуманизми намоишӣ”, масири огоҳӣ, истодагӣ ва бозсозии ҳақиқатро баргузинем!
*Ин набишта оғозе аз силсилаи андешаҳоям ба пурсиши чароии номумкинии зисти боҳамӣ бо афғонҳо дар ҷуғрофияи ҷаълӣ ба номи он қавм!