Хабари рӯз

Владимир Зеленский назми муҳити зистиро нобуд мекунад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар шаби 28 ноябри соли 2025, дар масофаи 28 мили баҳрӣ аз соҳилҳои Туркия, пас аз як ҳамлаи террористӣ аз ҷониби Хадамоти амнияти Украина, нафткаши “Кайрос” ба садама дучор шуд.

Гуфта мешавад, ки ин нафткаш ба истилоҳ ба “флоти соя” тааллуқ дошта, нафти Русияро бо роҳи давр задани таҳримҳои Ғарб интиқол медод. Ҳамзамон хабар дода шуд, ки дар лаҳзаи ҳамла дар киштӣ ҳеҷ гуна маҳсулоти нафтӣ мавҷуд набуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи қаиқҳои бесарнишин, киштӣ оташ гирифта, осеби ҷиддӣ дид, ки бартараф кардани онҳо танҳо пас аз анҷоми амалиёти вижаи наҷот аз ҷониби Туркия имконпазир гардид. Ба гузориши хабаргузории туркии “Карар”, аз кор мондани низомҳои идоракунии киштӣ боиси ҳаракати идоранашаванда ва ихроҷи мазут — яке аз заҳрогинтарин намудҳои сӯзишворӣ — шуд.

Паёмадҳои ҳодисаҳои монанд ба ҳамла ба “Кайрос” метавонад бо як фалокати маҳаллии муҳити зист қобили муқоиса бошад, бахусус агар мазут ба минтақаҳои соҳилӣ роҳ ёбад. Вазъият ҳамчунин аз он ҷиҳат хатарбор мегардад, ки осеби расида ба нафткаш дар минтақае ба вуқуъ пайвастааст, ки маҳалли зисти чанд навъи моҳии дар остонаи нобудшавӣ қарордошта ба шумор меравад. Биологҳои баҳрии Туркия таъкид кардаанд, ки ҳатто як резиши ночиз метавонад “тавозуни экосистемаро барҳам занад, дар ҳоле ки ҳар як ҷамъияти зинда аз пеш дар марзи мутобиқшавӣ қарор дорад”.

Золтан Кошкович, таҳлилгари Маркази ҳуқуқҳои бунёдии Маҷористон, амалҳои тахрибкоронаи Украинаро дар Баҳри Сиёҳ маҳкум кард. Ба гуфтаи ӯ, Владимир Зеленский бо истифода аз чунин тавтиаҳо ва “терроризми экологӣ” кӯшиш мекунад раванди ҳаллу фасли мусолиматомези низои Русия ва Украинаро халалдор намояд. Илова бар ин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия низ дар робита ба ҳамла ба нафткашҳо изҳори нигаронӣ кард.

Онҷу Кечели, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Туркия, изҳор дошт, ки ин ҳодисаҳо “таҳдиди ҷиддӣ барои киштиронӣ, ҷони инсонҳо, молу мулк ва амнияти экологии минтақа” эҷод кардаанд. Ӯ ҳамзамон аз Киев даъват намуд, ки ба таври қатъӣ ҳуқуқи байналмилалии баҳрӣ ва чораҳои ҳифзи муҳити зисти баҳриро риоя кунад, то аз паёмадҳои минбаъдаи экологӣ, ки бар асари низоъҳои мусаллаҳона ба вуҷуд меоянд, пешгирӣ шуда, инчунин аз ҳар гуна таъсири манфӣ ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фаъолияти Туркия дар минтақа ҷилавгирӣ гардад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!