Ягона роҳ канор гузоштани миллатгароии беморгуна ва бозгашт ба идеологияи тоҷикизм аст.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Масъалаи ҳувияти таборӣ ва миллигароӣ ду парадигмаи мутазод дар гуфтумони имрӯзи миёни миллатҳо матраҳ аст. Қавм, табор ва нажод ҳамвора дар нуқтаи муқобили миллигароӣ қарор мегиранд, ки гоҳе мафҳуму маъное доранд ва аммо дар аксари авқот, ба унвони мафҳуми интизоъӣ, догма ва холӣ аз андешаи поя матраҳ мешавад.
Масъалаи миллигароӣ дар Афғонистон, як мафҳуми давлатӣ ва ҳокимиятӣ аст, ки ба воситаи идеологияи қудратмандон матраҳ шудааст. Яъне ҷонмояи баҳси миллигароӣ, дарвоқеъ талошест барои ҳифзи ҳокимияти табори бар сари қудрат, ки ба воситаи он, дар талош аст то тадовуми худ дар қудрати сиёсиро тазмин кунад.
Қабул мекунем, ки масъалаи миллигароӣ як миқдор як мафҳуми ҷоафтода аст, ки барои солиёни мутамодӣ, тавассути дастгоҳи ҳокима барои тадовуми ҳокимияташ ва ҳам ҷилавгирӣ аз ҳақталабӣ матраҳ шуда ва ба як тафаккури ҳамагир мубаддал шудааст. Ҳокимони паштун дар имтидоди ҳузурашон дар қудрати сиёсӣ, ҳамвора аз мафҳуми мубҳами миллигароӣ, ваҳдати миллӣ ва бародарии дурӯғин барои иқноъи соири ақвоми ғайрипаштун истифода кардаанд.
Яке аз таборҳое, ки ҳамвора фиреби ин сиёсати маккоронаро хӯрда ва қурбонии он шудааст, тоҷикҳоанд. Тоҷикҳо ба иллати бисёр шаҳрӣ будан, мутамаддин будан, часпидан ба маданияти шаҳрӣ ва инъитофпазирии сиёсие, ки ношӣ аз фуқдони як идеология буда, дар таваҳҳуми ин миллигароӣ гир афтодаанд.
Қобили баҳс аст, ки бидонем, ки Афғонистони имрӯз (Хуросони ишғолӣ), ки қарор аст дар оянда муваттани тоҷикҳо бошад ва моликияти онро танҳо тоҷикҳо дошта бошанд, як ҷуғрофияест, ки аз лиҳози тааддуди ақвоми сокин дар он, танаввӯъ ва чандрангии қавмӣ ва табориро таҷриба мекунад. Аммо ин ба маънои он аст, ки ҳама дар ҷуғрофияи тоҷикҳо, ҳаққи ҳокимият доранд ва ё шарики қудрати сиёсианд. Ин асли мубориза барои тоҷикизм аст, ки қудратро танҳо барои худаш мехоҳад ва дар он ҳам дар ҷуғрофияи мушаххасе, ки зӯру қудрат ҳудуди онро таъйин мекунад. Ҳол бо маддиназардошти ин асли фикрии тоҷикҳо, соири ақвом, бахусус ҳокимон бар сари иқтидори паштун, роҳе ҷуз пеш кашидани мафҳуми хушки миллигароӣ надоранд. Чун онҳо бо таҷрибае, ки дар қудрати сиёсӣ, муомила бо қудратҳои бузург ва иттиҳоди қавмӣ доранд, пай бурдаанд, ки наметавон барои мафҳуми хушки паштунволӣ, ки дар пайи тасаллут бар ҳама аст, бо ҳама, бахусус, тоҷикҳо ҷангид. Бино бо пеш кашидани мафҳуми миллигароӣ, ду ҳадафро нишона гирифтаанд, ки то ҳудуде дар касби аҳдофи он ноил ба муваффақият низ шудаанд:
Як - паштунҳо ва дигарон, миллигароиро ҳарбае барои тадовуми ҳокимият ва мондан дар қудрати сиёсӣ таҷриба мекунанд. Лифофаи бузурги миллигароӣ, дарвоқеъ асли ҷамъ задани ҳама зери парчами паштунизми сиёсӣ аст, ки мехоҳад сукондори қудрати сиёсӣ бошад ва ҳама аз он итоати бидуни қайду шарт кунанд. Ин кор барои тадовуми қудрати паштунҳо бо тарфандҳои шариксозӣ дар қудрати сиёсӣ, имтиёзҳои бемаъно, бародархонии дурӯғин ва фиреби бузурге буда, ки тавониста камокон ин гурӯҳро дар бозиҳои сиёсӣ дар меҳвари қудрати сиёсӣ ҳифз кунад ва дигаронро дар таҳти назарияи паштунизм биоварад;
Ду - паштунҳо бо тарҳи назарияи миллигароӣ ва ҳубби ватан, боиси эҷоди дарз, шикоф ва тафриқа миёни соири таборҳои ғайрипаштун, бахусус тоҷикҳо шудаанд. Ҳамин ҳоло, мо чанд навъи тоҷик дорем: як - тоҷики асил, ки назарияи миллигароиро ба куллӣ рад мекунад ва танҳо як тоҷик аст ва миллигароиро ҷузи аз раванди гегемонгияхоҳӣ ва тасаллути қавми паштун бар дигарон намедонад. Ду - он идда тоҷикҳое, ки дар ҷараёни маъмурияти сиёсӣ ва ё идорӣ дар таҳти назарияҳои миллигароёнаи даврони шоҳӣ, дар ҳасрату носталгияи он замон фикр мекунанд, агар Афғонистон ба гузашта баргардад, ҳисси миллигароии дурӯғини хонадони Яҳё, ки ҳадафи он эҷоди давлат, фазо ва кишвари паштунӣ буд, ҳоким шавад, вазъият беҳтар мешавад. Се - тоҷикҳои идеологиязада, ки ҳанӯз ҳам дар фазои рақобатҳои ҷаҳони дуқутбии ҷанги сард зиндагӣ мекунанд, чап ва ё рости идеологӣ ҳастанд ва тафаккурашон фаротар аз идеологияи ҷазмии худашон, ҳеҷ таваҷҷуҳе ба вазъияти феълии тоҷикҳо надорад ва ҳатто тоҷик хитоб кардани худро як ор медонанд. Бо ин вазъият, ин тақсимбандӣ, натиҷаи як бозии бисёр моҳиронаест, ки ба воситаи паштунҳо дар зеҳният ва фикри тоҷикҳо барои тадовуми султаи паштунӣ таҳмил шудааст. Чаҳор - тоҷикҳое, ки бо пеш кашидани тарҳи федерализм, аз хостори ҳифзи фазои миллигароӣ ба нафъи паштунҳо ва дигаронанд ва талош мекунанд, дар як ҷуғрофияи маҳдуд, ба зоҳир мустақил, аммо дар таҳти ҳифзи назарияи ваҳдати миллӣ ва миллигароӣ, паштунҳоро озурда насозанд.
Ҳол мутаваҷҷеҳ мешавем, ки ин тақсимбандӣ дар миёни тоҷикҳо, сирф ба як ҳадаф будааст: он ҳам ҷилавгирӣ аз иттиҳоди фикрӣ, амалкардӣ ва сиёсӣ-низомии ин табор, ки дар сурати таҳаққуқи иттиҳод ва ҳамфикрӣ миёни онҳо, ҳокимияти паштунӣ ба буҳрон меравад.
Акнун саволи асосии ин баҳс ин аст, ки мо аз ин миллигароии хушку бемаъно, чӣ дастоварде доштаем? Посухи он ин аст, ки тоҷикҳо дар баҳбуҳаи таҳаввулоти сиёсӣ ва дар имтидоди таърихи сиёсии Афғонистон, ҳеҷ чизе аз миллигароии бемаъно, ба даст наёвардаанд. Паштунҳо то тавон доштаанд, дар садади умумиятбахшии ин мафҳум барои аҳдофи сиёсии худ будаанд. Чун тазриқи ин идея дар зеҳни тоҷикҳо ба нафъи паштунҳо будааст. Паштунҳо дар гирудори бозиҳои қудрат, аз миллигароӣ истифодаи бисёр кардаанд ва чӯби сӯхти онро аз тоҷикҳо интихоб кардаанд. Тоҷикҳоро дар як тори хоми миллигароӣ печондаанд ва нагузоштаанд то табори мутаваҷҷеҳи асли мавзеъ, ки ҳамоно мавзӯъи касби қудрати сиёсӣ аст, шаванд. Миллигароии маҳзу бемаънӣ ҳамвора дар адабиёти сиёсӣ ривоҷ доштааст. Он чиро, ки имрӯз мебинам, ки ҳатто беҳтарин ва асилтарин тоҷикҳо ҳозир нестанд онро канор бигузоранд ва дар муборизаи халқи тоҷик барои эҳрози қудрати сиёсӣ талош кунанд ва дар сафи тоҷикҳои мубориз дохил шаванд, ҳамин марази музмин, миллигароии пуч ва бемаъно аст. Дарвоқеъ, ба гуфтаи Ленин, " бемории кӯдакона” дар баданаи идеологияи тоҷикизм аст.
Бо маддиназардошти ин асл, ин бемории кӯдаконаи музмин дар миёни тоҷикҳо, боис шуда то идеологияи тоҷикизм, ё халқ нашавад ва ё ҳам дар чолаи чолишу бемайлӣ қарор гирад. Дар асл, бемайлии тоҷикҳо ба идеологиязадагии тоҷиктабор ва тоҷикандешӣ, ҳамин масъалаи миллигароӣ аст, ки метавонад, ба унвони умдатарин омил дар баробари таҳаққуқи он матраҳ шавад. Пероҳани чиркини миллигароӣ бар тани тоҷикҳо, ҳамвора бӯи ганд ва асари номатлубе барои шаклдиҳӣ ва инсиҷоми сиёсӣ дар миёни ин халқ будааст. Ҳамин ҳоло низ, тарсу ҷабун аз канор гузоштани он, дар миёни тоҷик, як бемории роиҷу ом аст. Тарс аз ин ки мабодо ҷудоиталаб, таҷзияталаб ва ё ба заъми паштунҳои иқтидоргаро ва гегемонияхоҳ, ёғии ношӣ аз адами итоат аз дастуроти паштунӣ ҳисоб шаванд. Ин бемории кӯдакона чанд иллат дорад, ки тавониста бадани бемор ва ночори тоҷикҳоро заиф бисозад ва короии микробгунаи худро дар он собит бисозад:
Аввал - мо натавонистаем аз асароти мараз музмини фазои ҷанги сард берун оем. Ҳанӯз ҳам як халқӣ, як парчамӣ, як ихвонӣ, як технократ маҳз дар бозиҳои сиёсати қавмӣ барои касби қудрати сиёсӣ ҳастем ва дар сояи фикрии он амал мекунем. Яъне идеологиязадагиро таҷриба намекунем ва рағбате барои он ҳам надорем. То замоне, ки ин бемориро канор нагузорем ва барои муолиҷаву тадовии он талоши ҳушмандона накунем ва аз локи тафаккуроти ҷанги сард берун наёем, имкони берунрафти мантиқӣ аз вазъияти мавҷуд вуҷуд нахоҳад дошт;
Дувум - мо ҳанӯз ҳам масъалаи табору ҳувияти тоҷикии худро як ор медонем ва ҳозир нестам дар партави он ба мубориза барои раҳоии халқи тоҷик талош кунем. Камтар тоҷикеро мебинем, ки бигӯяд барои тоҷикҳо ва раҳоии онҳо аз шарри истибдоди қавмӣ мубориза мекунад. Ҳама дар гуфтумонҳои сиёсӣ, ба мабоҳиси умумиятёфта ва фарҳанги таҳмилшудаи сиёсие, ки ношӣ аз нуфузи паштунҳо аст, ба тарҳи масоил ба гунаи куллӣ ва мубҳам мепардозем. Яъне ҳозир нестем аз локи тарсимшуда тавассути паштунҳо, ки ҳадафашон мутафарриқ сохтан, барда сохтан ва бародари кӯчак сохтани мо аст, берун биёем ва бо тавассул ба ҳувияти аслии хеш ба муборизаи тоҷикандешона бипардозем;
Севум - як тафаккури инсиҷомёфтаи фикрӣ ва сиёсӣ дар миёни тоҷикҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд надорад. Мо ҳатто рӯи сафҳа, чаҳор калима барои инсиҷоми фикрӣ, сиёсӣ ва амалкардии тоҷик надорем ва натавонистаем чунин дидгоҳи бузургро минҳайси як дурнамо барои халқ умедворӣ ба ояндаи тоҷикҳо тарсим намоем. Тоҷикҳо дар гирудори қудрати сиёсӣ, ҳамвора дастбаста, бидуни тафаккур ва доштани як андешаи роҳбурдӣ, фақат ба гунаи тактикӣ, дар майдон ва бозиҳои сиёсӣ, амал кардаанд. Ҳатто санҷише аз фардои кори сиёсӣ ва эътилофи шакл додашуда бо ғайритоҷикҳоро дар зеҳн надоштаанд. Ин кор боис шуд, то ғайритоҷик бо таваҷҷуҳ ба ин нуқтаи заъф, дар ҳар муомила ба шикасту нокомии тоҷикон дар майдони сиёсат, ҳукумат ва бозиҳои қудрат шавад.
Бемории кӯдаконаи миллигароӣ ва иртидоди фикрӣ дар миёни тоҷикҳо, яке аз иллатҳои асосӣ дар нокомии ин халқ дар баҳси касби қудрати сиёсӣ, инсиҷоми фикрӣ ва иттиҳод бар рӯи як ривоят будааст, ки бояд мутазаммини тадовуми он дар саҳна сиёсӣ мебуд, аммо бо камоли таассуф, дар ҷиҳати маъкус дар ростои манофеъи тоҷикҳо амал кардааст.
Ҳоло, ин назария, ки бо ҷамъ задани ғайритоҷикҳо бо тоҷик метавон мушкили Афғонистон (Хуросони ишғолӣ)-ро ҳал кард, асосан матруд ва ғайри қобили қабул аст. Мо бояд асли қазияро баррасӣ кунем ва аҳдофи ғайритоҷикҳо аз ҳар қавм ва табореро мавриди мутолиа қарор диҳем ва талош кунем то ибтидо миллӣ буданро аз хусусияти фардӣ, тафаккуру андеша ва зиндагии сиёсии худ дур кунем. Мо набояд дар қолаби миллӣ будан ғизои заҳролуд бихӯрем то бадани бемори тоҷикҳоро бештар дучори амрози беалоқагӣ ва фуқдони рағбат ба қудрати сиёсӣ ва талош барои касби он намоем. Агар миллигароиро ҳанӯз ҳам сархати кори худ қарор медиҳем ва истидлолҳову истинтоҷҳои матраҳшуда дар ин навиштаро ҳанӯз ҳам ғайримуваҷҷаҳ медонем, бояд муаллифаҳои таҳмилии таърихро бипазирем, паштуниза шуданро қабул кунем, дигаронро бародари бузург ва соҳиби салоҳияти худ қабул кунем ва бипазирем, ки ҷуз фикри паштунӣ ва ғайритоҷик, дигар тафаккуре дар майдони сиёсӣ ва ҷуғрофияи Афғонистон (Хуросони ишғолӣ) вуҷуд надорад ва як ривоят ғолиб ва бидуни нақз аст.
Асоси тафаккури толибие, ки имрӯза таҳсилкарда ва нокардаи паштун, пайравони идеологияҳои чапу рост ва онҳое, ки солҳо дар таҳти фарҳанги Ғарб зиндагӣ кардаанд, барои ноил шудан ба ҳамин ҳадаф тарроҳӣ шудааст. Толиб василаи роҳбурдӣ дар хидмати тафаккури паштунӣ аст, ки дар қолаби як ҷунбиши идеологӣ ва дар лифофаи мазҳабу дин, ба умумият ёфтан ва ишоъаи тафаккури гегмонияталабии паштунизм талош мекунад.
Мо дар таҳти ливои чунин тафаккуре, ки дар ниҳоят амр барои фиреби мо аз мафҳуми хушки миллигароӣ истифода мекунад, чигуна бояд миллӣ бошем ва нагузорем ҳақоиқ бармало шавад? Бояд ба худ биёем ва дигар фиреби шиори миёнтиҳӣ, ғаразолуд ва мамлув аз тарфандҳои хафакуни сиёсии ғайритоҷикҳоро нахӯрем. Агар боз ҳам бар истидлоли матраҳшуда дар ин баҳс қаноат надорем, пас лутф намуда ва бадиле дар радди он ироа доред то ману дигар рафиқони ҳамразмам, ки дар меҳвари ин истидлолҳо, иттифоқи назар дорем, бар ҷамъи шумо бипайвандем.