Равобити деринаи Эрон бо ҷараёнҳои сиёсии Шимол ва мухолифи Толибон дар ҳоли эҳё шудан аст.
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Сафари Муҳаммад Муҳаққиқ ба Эрон бо шуморе аз аъзои Шӯрои муқовимат як рӯйдоди муҳим аст ва талоши Эрон барои эҷоди як сафи муттаҳид аз мухолифони сиёсии Толибонро нишон медиҳад. Чанде пеш Устод Сайёф ба Эрон сафар кард ва пештар аз он як ҳайат аз мақомҳои эронӣ ва аз фармондеҳони Сипоҳ ба Туркия рафтанд ва бо аъзои Шӯрои олии муқовимат дидор карданд. Ин дидорҳо гуфта мешавад, ки идома дорад ва равобити деринаи Эрон бо ҷараёнҳои сиёсии Шимол ва мухолифи Толибон дар ҳоли эҳё шудан аст.
Як навъ кашмакаш миёни Эрон, Покистон, Амрико, Русия ва бархе аз кишварҳои таъсиргузори минтақа дар сафсозӣ алайҳи Толибон то ҳудуде ба мушоҳида мерасад. Аъзои Шӯрои олии муқовимат, ҳамон гуна, ки бо кишварҳои минтақа равобити дерина доштаанд, бо амрикоиҳо низ дар давраи ҷумҳурият равобите барқарор карданд ва ҳар гоҳ баҳси эҷоди як ҷараёни қавии мухолифони Толибон дар миён меояд, ҳама ба ин суроға муроҷиа мекунанд ва ҳар ки ба саҳми худ кӯшиш мекунад, ки теъдоди бештаре аз аъзои ин Шӯроро бо худ ҳамсӯ бисозад. Ба назар мерасад, ки аъзои Шӯрои олии муқовимат, баъд аз пирӯзии Трамп ва сиёсати нармишу таомули ӯ бо Толибон ба ин натиҷа расиданд, ки наметавон бештар аз ин мунтазири Амрико монд. Ин натиҷагирӣ ононро ба самти кишварҳои минтақа мутамоил месозад.
Ҳузури Довудзай дар Маҷмаъи миллӣ ва нафси эҷоди Маҷмаъи миллӣ аз сӯи бархеҳо ба ин маъно таъбир шуда, ки кишварҳои минтақа ва кишварҳои ғарбӣ ба наҳве тавофуқ доштаанд, ки мудирияти мухолифони сиёсии Толибонро шахсе мисли Довудзай ба даст гирад. Касе, ки ҳам бо кишварҳои минтақа робита дошта ва ҳам аз мӯҳраҳои ғарбӣ ба шумор меравад. Аммо хурӯҷи Ҷабҳаи муқовимат ва Ҷамъияти исломӣ то ҳудуде ин иҷмоъро барҳам задааст.
Муҳаммади Муҳаққиқ дар гузашта аз чеҳраҳои мавриди ҳимояти Эрон дар Афғонистон буд, аммо дар чаҳор соли ахир оқои Муҳаққиқ тамоюли чандоне ба наздикӣ бо Эрон нишон надод ё мумкин эрониҳо тамоюле ба ҳамкорӣ бо вай нишон надоданд. Дар ҳар ҳол, ӯ аз Эрон дур буд ва ҳатто дар бархе аз маҷолис суханони интиқодӣ ба суроғаи Эрон ва мавозеъи Эрон дар қиболи Толибон баён мекард. Ангор оқои Муҳаққиқ ба ин натиҷа расида буд, ки дигар Эрон ба шакли собиқ дар қазоёи Афғонистон мудохила намекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин амр, сафари оқои Муҳаққиқ ба Эрон нишон медиҳад, ки тағйироте дар сиёсати Эрон дар қиболи Толибон рӯнамо шудааст.
Агар ба ёд дошта бошем, пештар аз сафари ҳайати Сипоҳи посдорон ба Туркия барои дидор бо мухолифони Толибон, як ҳайат аз Покистон низ ба Туркия буд. Ҳайати покистонӣ низ ҳадафи мушобеҳеро думбол мекард. Сафаре, ки Залмай Халилзод ба он вокуниш нишон дод ва ба раҳбарони мухолифи Толибон ҳушдор дод, ки олаи дасти Покистон нашаванд.