Часбидан ба барномаҳои ғарбмеҳвар танҳо як бозанда дорад ва он порсизабонон мебошанд.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Дар ҷамъе аз падидаҳои шуми ҳузури 20-солаи амрикоиҳо ва ғарбиҳо дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон метавон аз густариши фардгароӣ (индивидуализм), вобастагӣ ба ниҳодҳои ғайридавлатии хориҷӣ, татмиъ ва фасод, бавежа дар байни насли ҷавон ном бурд.
Кишваре муташаккил аз 65 дарсад ҷавонон, насли башиддат ғайриидеологӣ, вобастаи модӣ ва муомилагар дар иштироки қудратро дар худ парвариш дод, ки ба ҷуз аз манофеъи шахсӣ ва хидмат ба проектҳои хориҷӣ камтарин эҳсос, фикр ва андеша барои эҷоди тағйир дошт, дар бораи назарияи бадил дар ростои раҳоӣ аслан ҳарфе дар миён набуд. Агар баъзе ҳаракатҳои сиёсӣ ин ҷову он ҷо падид омад, гузаро буд ва беҳадаф!
Гароиш ба тағйири сиёсӣ ва иҷтимоӣ, бавежа, дар байни насли ҷавони порсизабон ва туркзабон ба гунаи густурда кам буд. Аксарияти онҳо бо доштани фарҳанги “ҳомӣ” ва “муштарӣ” ё “пирӣ” ва “муршидӣ” бовар ба раҳбаргароӣ, қоидпарварӣ ва вобастагӣ ба дигар доштанд ва бештарин истеъдодашонро дар хидмати ин ё он фард қарор медоданд, ки аз имконоти молӣ бархурдор буданд.
Баракс, насли ҷавони афғон ё паштуни омӯзишдида дар Ғарб ва ё Покистон башиддат барномамеҳвар ва миллатгарои қавмӣ буданд. Ин гурӯҳ ҳам дар даруни ҳокимони ҷумҳурӣ нақши барҷаста доштанд ва ҳам дар миёни Толибони бархоста аз манотиқи қабоилии паштуни ду сӯи марзи Дюранд. Аксарият ҷавонони паштун дар ҳокимияти ҷумҳурӣ, ки акнун ба Толибон пайвастаанд, дар муҳити хонаводагии афғонӣ бо забони афғонӣ парвариш ёфтанд ва омезиши онҳо бо ғайриафғонҳо аз як сӯ заиф буд ва аз сӯе дар талотуми мубориза барои қудрат, аз назари ғаризӣ паштунисти радикол шуданд ва идома дорад. Бахше аз ҷавонони паштун аслан дар фарҳанги порсӣ бузург нашуданд ва дар муҳити маҳдуд ба муносиботи тарбиятӣ ва забонии хонаводаи хеш боқӣ монданд.
Бад-ин лиҳоз афғоният барои бори нахуст дар насли ҷадиди ҷавони афғонҳо ё паштунҳо ба ҳайси як идеологияи қавмӣ ва нажодӣ ба мисли фашизм зуҳур кард, ки ҳам дар миёни Толибон ва ҳам насли ҷавони баргашта аз муҳоҷирати даврони ҷумҳурият ҳамгун ва барҷаста будааст.
Ин идеология танҳо як арзишро ба расмият мешиносад: паштунволӣ ва ҳазфи “дигарон”.
Инҳо зисти боҳамӣ бо дигар ақвому забонҳоро бар наметобад ва дорои як ҳадаф, яъне таҳмили сайтараи мутлақи афғонӣ болои дигарон аз тариқи дар инқиёд даровардани “дигарон” ба ҳайси “бегонагон” дар ҷуғрофияи ҷаълие ба номи Афғонистон мебошад.
Шиори сусту бепояи “бародарӣ”-и қавмҳо ҷояшро ба бартарии “худиҳо”-и паштун дар баробари “дигарон” то марзи измиҳлоли ҳувиятҳои забонӣ ва фарҳангии “дигар” додааст.
Аз ин фароянд ба гунаи дастаҷамъӣ ҳама паштунҳо бидуни истисно ҳимоят мекунанд ва нафъ мебаранд. ҳатто бархеҳо ба гунаи равшан нидои поёни қавмҳои дигарро аз тариқи ихроҷ ва муҳоҷирати иҷборӣ сар медиҳанд.
Аз назари моҳиятӣ миёни афғон ва ё паштуни толиб ва ғайритолиб, коммунист, либерал ё радикали мазҳабӣ ҳеҷ фарқе дар мавзӯъи афғонизм ва паштунизм вуҷуд надорад. Ҳама ду рӯи як сиккаанд ва дар ниҳоят ҳама обҳо ба як дарё, яъне паштунизми фашистӣ мерезад.
Ин воқеияти талхро аксарияти “шибҳи сиёсиёни тоҷику ҳазора” ё намедонанд ва ё агар бидонанд намехоҳанд дар баробари афғоният ва афғонизм гапе бизананд, зеро “реге дар кафш” доранд. Ҳатто пуршӯртарин чеҳраҳои сиёсатгари порсизабон ҳанӯз ҳам тавқи нангини асорати Афғонистонро бар гардани хеш доранд!
Инҳо мардумро фиреб додаву медиҳанд ва мардуми одӣ рӯи шайтонии сиккаҳои дар зоҳир ҷабраилии онҳоро дида наметавонанд!
Ҳам Толибон ва ҳам тамомии чеҳраҳои сиёсии паштунҳои ҷумҳурӣ ва ё бидуни ҷумҳурӣ ба хубӣ медонанд, ки акнун бақои баландпарвозиҳои порсизабонон, ки маҳсули муборизаи беш аз сад соли равшанфикрии муборизони истодагӣ буд, ба охири хат расидааст ва мешавад сиёсатгарони худхондаи онҳоро канори об бурда ва дубора ташна баргардонд, чун инҳо на дорои тарҳу барномаи сиёсӣ ҳастанд ва на ҳавои баландпарвозӣ доранд, балки бештар бозичаи дасти дигарон мебошанд.
Тасодуфӣ нест, ки дар ду соли пас аз суқут, садҳо созмону анҷумани муҳоҷирони пасоҷумҳурият дар кишварҳои ғарбӣ ба мисли қорч аз зери замин бурун баромаданд, вале хеле ба нудрат метавон онҳоро ниҳодҳои дорои ҳадафи ҷиддӣ донист.
Бештари инҳо аз тариқи шабакаҳо дар таҳти контроли паштунҳо фаъолият мекунанд. Зиёдтари онҳо фикр мекунанд, ки дар Ғарб аз тариқи анҷуманҳо ҳам дар кишвари мизбон ва ҳам оянда дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ҳатто дар зери сайтараи Толибон ба ҷое ва коре хоҳанд расид.
Достонҳо ва ҷаласаи бозиҳои ахир нишонаҳои бориз аз ин вазъият аст.
***
Хулоса, ояндаи торику нигаронкунанда дар пеши рӯ аст.
Чунин ба назар мерасад, ки аксарияти муддаиёни раҳбарии тоҷикҳову ҳазораҳо на воқеиятҳои мавҷуди дохилиро дарк кардаанд ва на ҳам масири тағйири таҳаввулҳои ҷаҳонӣ ва минтақаиро.
Ҳам инқитоби қавмиву забонии дар ҳоли вуқӯъ дар дохилро намебинанд ва ё китмон мекунанд ва ҳам тағйири ҷобаҷоии қудрат дар ҷаҳону минтақаро.
Ҳарду вазъият баргаштнопазир мебошанд!
Дар дохил паштунҳо аз вазъияти инқибоз ба сӯи инбисот ба суръат дар ҳоли ҳаракатанд. Дер ё зуд ду сӯи марзро фурӯ мерезонанд ва бахши бузурги паштунҳо ба сӯи Шимол, яъне ҳавзаи порсизабонон ва туркзабонон сарозер хоҳанд шуд.
Рӯёи эҷоди Афғонистони бузург дар ҳоли таҳаққуқ аст!
Инро ҳар кас агар намедонад, дарвоқеъ сиёсатмадор нест.
Баргашт ба фазои Бонни аввал, ки ношӣ аз як иҷмоъи ҷаҳонӣ буд, дигар мумкин намебошад. Он замон, ки нерӯҳои ғайриафғони тоҷик, ҳазора ва ӯзбеки ҳарчанд аз назари низомӣ қудратманд, вале натавонистанд қудраташонро ҳифз кунанд ва дар кӯтоҳмуддат халъи қудрат ва ба ҳошия ронда шуданд, имрӯз, ки на он имконотро доранд ва на ҳам ҳадди ақал созмонҳои низомӣ ва сиёсиро, пас бояд бо сароҳат гуфт, ки вазъияти ақвом ғайрипаштун, бавежа порсизабонон нигаронкунанда ва асафнок аст.
Часбидан ба барномаҳои ғарбмеҳвар танҳо як бозанда дорад ва он порсизабонон мебошанд.
Ин, ки гурӯҳҳои бетадбир, бебарнома ва бе созмони сиёсии порсизабон аз шикасти сангини пасотолибонии 2001 ҳанӯз наёмӯхтаанд, дигар ҳеҷ гоҳ намеомӯзанд.
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор (Рудакӣ].
Ба ҳеҷ нишаст, аз ҷумла ҷаласаи ахир дар Вена, набояд умед баст. Ин гуна нишастҳо танҳо барои такмили проектҳои чанд ниҳоди истихбороти хориҷӣ ба ҳадафи беҳбудбахшӣ ба стратегияҳои оянда муфид аст.
Геополитикаи минтақа башиддат дучори дигаргунӣ шудааст; Дер ё зуд “раҳбарии оркестр” низ ба ҳадафи рондани комили Ғарб тағйир хоҳад кард.
Ҷойгоҳи порсизабонон дар ин гирудорҳо дар куҷо хоҳад буд?
Ин пурсишро нерӯҳои мавҷуд на танҳо посух дода наметавонанд, балки барои он ҳатто кори кӯчак ҳам анҷом нахоҳанд дод!
Пас чӣ вазъро интизор бояд дошт?
Ду эҳтимол барои порсизабонон дар кӯтоҳмуддат боқӣ мемонад:
1 - нобудии мукаммал бар асоси проекти толибонӣ;
2 - ё пазириши нақши дараҷаи ду дар як сенарияи дигар барои афғонизм.
Дар ҳар ду ҳолат бояд тақсири тадовуми асорати порсизабононро ба гардани тайфи васеъе аз чеҳраҳое андохт, ки таҳаввули геополотикӣ ва геостратегии минтақаиву ҷаҳониро дарк намекунанд ва танҳо чашм ба сӯи Амрико ва муттаҳидони он дӯхтаанд.
Инҳо ба ҷои ҳамсӯӣ бо, ба истилоҳ, “ҷануби глобалӣ” боз ҳам даст ба домани “шимол”-и истеъморгар нигаҳ медоранд.
Ягона бадилро Ҷунбиши ҳаққи таъйини сарнавишт барои порсизабонон матраҳ карда, ки дар баёнияи роҳбурдии он бозтоб ёфтааст.






