Хабари рӯз

Дар тӯли таърих зан дар Афғонистон он қадар хору залил набуд, ки имрӯз таҳти султаи сиёҳи Толибон аст.

Нависанда: Фаршед Тавоно, таҳлилгар

Аз нимаи августи соли 2021 ба ин сӯ, ки Афғонистон дар чанголи хунини толибони террорист ва ишғолгар афтодааст, ҳеҷ тайфе аз ҷомеа аз газанди ин таҳаввули шуму нохушоянд дар амон намондааст. Толибон дар беш аз ду соли гузашта коре анҷом надоданд, ҷуз боздошт, зиндонисозӣ, шиканҷа ва куштори ваҳшиёнаву бераҳмонаи шаҳрвандон, бавежа кормандон ва низомиёни ҳукумат пешин. Занону духтарон низ дар канори кормандону низомиёни ҳукумати пешин қурбонии ситамгарии Толибон буда ва ҳастанд. Толибон натанҳо занону духтаронро аз дастрасӣ ба омӯзиш манъ карданд, бал ононеро, ки ба қасди додхоҳӣ ба хиёбон омадаанд, зиндониву шиканҷа низ кардаанд. Вазъи маҳдудият бар зиндагии занону маҳрумияти онон аз дастрасӣ ба ҳуқуқу озодиҳои ҳатто ибтидоияшон мутаваққиф, ки нашуда, бал босуръат бештар аз гузашта идома дорад.

Толибон ба тозагӣ ҷамъе аз занону духтаронро аз манотиқи Хайрхона, Тайманӣ, Ғарби Кобул ва вулусволии Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ ба иттиҳоми он чи “бадҳиҷобӣ” ё “беҳиҷобӣ” мехонанд, боздошт ва зиндонӣ кардаанд. Ин шумор аз занону духтарон ба фурӯшгоҳҳо барои харид рафта буданд, ки аз сӯи маъмурини идораи, ба истилоҳ, амр ба маъруфи гурӯҳи Толибон боздошт шуда ва ба ҷои номаълум мунтақил шудаанд, ки аз сарнавишташон то ҳанӯз маълумот дар ихтиёр нест.

 Боздоштҳо дар Кобулу Ғазнӣ зиёд вокунишбарангез шуд ва ниҳодҳое чун “Афви байналмилал”, “Маркази сулҳу демократияи Афғонистон”, “Фридом ҳаус” ва ғайра зимни маҳкумияти он, хостори раҳоии бе қайду шарти занону духтарон шуданд. Ҳамчунон Ричард Беннет, гузоришгари вежаи ҳуқуқи башари СММ дар умури Афғонистон, низ вокуниш нишон дод ва бар раҳоии зудҳангоми боздоштшудагон таъкид кард. Бархе шахсиятҳо ва чеҳраҳои муҳими фарҳангу сиёсати Афғонистон низ ҳар кадом ба саҳми худ вокуниш нишон доданд, ки дар ин миён вокуниши Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, беш аз ҳама шоистаи диққату тааммул аст, ки дар зайл ба чанд меҳвар хулоса мешавад:

 

1 - Бегонагии Толибон бо ислом

Дар ин шакке нест, ки Толибон як гурӯҳи идеологии ифротии ба зоҳир исломгарост, ки аз террор, интиҳор ва инфиҷор тағзия мешавад. Талхии моҷаро ин аст, ки Толибон рафтори ношоистаи худро ба ислом ва омӯзаҳои он нисбат медиҳанд. Дар ҳоле, ки ин гурӯҳ лаккаи нанг бар ҷабини ислом аст, на мунодии ин дини ҳаниф. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ равшан сохт, ки рафтори золимонаи Толибон бо занон на танҳо исломӣ нест, ки нофиву ноқизи арзишҳои исломӣ низ аст: “Он чи имрӯз зери номи шариат алайҳи занони боиззат ва шуҷои Афғонистон ба иҷро гузошта мешавад, на бо усул ва арзишҳои дини ислом қобили ҷамъ аст ва на бо ҳеҷ дину оини илоҳиву башарӣ. Масъуд ба вазоҳат гуфтааст, ки рафтори занситезонаи гурӯҳи Толибон бо ислом ва соири адёни илоҳӣ қобили ҷамъ нест, ки ҳеҷ бал аз назари идеологияҳои башарӣ низ комилан маҳкум аст.

 

2 - Занситезии Толибон пешина надорад

Дуруст аст, ки ҷомеаи Афғонистон суннатӣ аст, вале ҷой ва ҷойгоҳи зан дар он ҳамеша маҳфуз будааст. Ба фарз агар дар мақтае занон дар давлат мушорикат надоштаанд, ҳадди ақал ҳурмату ҷойгоҳашон масун будааст. Афғонистон низомҳои сиёсии гуногун ва ҳамин тавр, таҳаввулоти бунёнбарандоз ва барқосоеро дидааст, ки фоҷеаи августи 2021 дар муқоиса бо онҳо камаҳамият менамояд. Бо он ҳам ҳурмати занон дар баҳбуҳаи он таҳаввулот ба гунаи боиставу шоиста риоят шудааст, ҷуз дар сояи султаи сиёҳи Толибон.

Аҳмад Масъуд низ рӯи ин нуктаи муҳим ангушт гузошт ва ба вазоҳат гуфт, ки ситамеро, ки Толибон бар занону духтарони Афғонистон раво медоранд, дар ҳеҷ мақтае аз таърихи кишвар пешина надоштааст: Афғонистон таҳаввулоти талху душвори зиёдеро пушти сар гузоштааст. Аммо ҳеҷ гоҳ занони кишвари мо бо чунин сатҳ аз ҳурматшиканӣ ва ҷиноят мувоҷеҳ набудааст. Он чи Масъуд мегӯяд, ривояти сиққа аз таърихи Афғонистон аст. Таърихе, ки ҳар қадар варақ бизанед, давлатеро наметавон ёфт, ки ба паймонаи гурӯҳи Толибон бар занон зулм карда бошад. Ин гурӯҳи террористӣ занону духтаронро ба гунаи худсарона боздошт карда ва дар утоқҳои инфиродӣ ҳабс мекунад, чизе, ки ноқизи арзишҳои исломӣ, суннатӣ, меҳанӣ ва мардумӣ аст ва аслан дар Афғонистон пешина надорад.

 

3 - Ситамгарӣ алайҳ занон умри Толибонро кӯтоҳ мекунад

Гурӯҳи Толибон аз мақбулияти омма бархурдор нест. Агар дар Афғонистон як номумкин вуҷуд дошта бошад, он ин аст, ки Толибон наметавонанд мақбулияти омма пайдо кунанд. Ин гурӯҳ шояд чанд сабоҳе бо нерӯи аслиҳа битавонад бар мардум ситамгарӣ кунад, вале ҳаргиз наметавонад ризояту мақбулияти оммаро ҳосил кунад. Гурӯҳе, ки финафса манфури омма аст, замоне, ки ҳосили рафтораш ҷуз банду зиндону куштор чизе набошад, равшан аст, ки давом намеоварад. Ҳатто ки зулм бар занону духтарон ҷарақае аст, ки хирмани толибро ба зудӣ ба хокистар табдил хоҳад кард.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ бо дарки ҳассосияти афкори омма нисбат ба лузуми ҳифзи ҳурмати занон, хотирнишон сохта, ки ситамгарии Толибон алайҳи занон мунҷар ба нобудии ин гурӯҳ хоҳад шуд: “Мо бовар дорем, ки Толибон на имрӯзи Афғонистон аст ва на фардои маътуф ба озодӣ, адолат, субот ва ободонии кишвари мо. Барои ҳамин эълом медорам, ки ин гурӯҳ бо тавассул ба ихтитофу беҳурматӣ ба соҳати занон, санади нобудии зудҳангоми хешро имзо мекунанд ва ангезаи муқовиматро дар неруҳои шуҷоъ ва муборизони иззату озодии Афғонистон, беш аз пеш тақвият мекунанд. Ба бовари Аҳмад Масъуд, ситамгарии Толибон алайҳи занон натанҳо боиси барафрӯхтани оташи хашми мардум мешавад, ки ангезаи муқовимат дар вуҷуди размнадагон ва далероне, ки гузинаи низомиро алайҳи ин гурӯҳи террористӣ муассир медонанд, дучандон мекунад.

 

4 - Шиори тағйири Толибон таваҳҳуми маҳз аст

Касоневу гурӯҳҳое солҳост, ки ба суди Толибон таблиғ мекунанд ва ин гурӯҳи террористӣ, шароратпеша ва шанъатгустарро мехоҳанд мудорогаро, воқеъгаро ва сулҳҷӯ муаррифӣ кунанд. Танзи моҷаро ин аст, ки Толибон баъди эҷод шудан тавассути истихбороти хориҷӣ коре анҷом надодаанд, ҷуз тарвиҷу ишоъаи фарҳанги террор, интиҳор, инфиҷор, занситезӣ, саркӯб, инҳисор, табъиз, қавмгароӣ ва.... Лобигарони толиб дар беш аз ду соли гузашта низ ба қадри кофӣ талош ба харҷ доданд, то ба заъми худашон тасвири зебову диданӣ аз Толибон дар оинаи дунё тарсим кунанд, вале зиштиву палаштии симои манҳуси толиб беш аз ҳар замони дигар дар нигоҳи дунё муҷассам шуд ва ин гурӯҳи террористиро аз машрӯъияти миллӣ ва байналмилалӣ бештар дур сохт.

Барои ҳамин аст, ки раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии гуфтааст, ки ситамгарии Толибон алайҳи занон барои касоне, ки ба суди ин гурӯҳи террористӣ таблиғ мекунанд, низ масъулият меофаринад ва дар пешгоҳи таърих ва мардуми Афғонистон шармсор хоҳанд буд: “Бори дигар таъкид мекунам, ки чашмпушӣ бар ҷиноёт ва ҳурматшиканиҳои ин гурӯҳ, на танҳо қобили дифоъ ва тавҷеҳ намебошад, бал бахше аз масъулияти таърихии он чӣ Толибон бар Афғонистон, ба вежа алайҳи занони сарзамини мо раво медоранд, мутаваҷҷеҳи мубаллиғони мудоро ва таомул бо ҷиноёти ин гурӯҳ низ мебошад. Масъуд мехоҳад бигӯяд толиб тағйир накарда ва таблиғоти казоӣ дар ин замина на танҳо ба суди мардум нест, балки буҳрони ҷориро амиқтар низ месозад. Хитоби раҳбари Ҷабҳаи муқовимат ба лобигарони толиб ин аст, ки ситамгарии ин гурӯҳ алайҳи занонро хуб тамошо кунанд ва сипас сар дар гиребон фурӯ бурда, даме биандешанд, ки доранд чӣ гурӯҳеро мудорогаро ва аҳли таомул ҷо мезананд.


Дин

Тероризм

08-май-2026 By admin

“Бобо”-и сокини табақаи…

Даҳ соли поёнии зиндагии раҳбари Алқоида чӣ гуна сипарӣ шуд?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!