Хабари рӯз

Нависанда: доктор Авлиё Ҷалолӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Чанд моҳ пеш ҷамъи донишҷуёни афғонистонӣ ба дидори яке аз коргузорону фарҳангиёни эронӣ рафтем.

Ҳама як масъала ва як дағдағаи куллӣ доштем: чаро Ҷумҳурии исломӣ дар Муқовимати Дувум, ба истилоҳи шодравон доктор Шерхонӣ, устоди равобити байналмилали Донишгоҳи Теҳрон, аз эрониёни берунмарзӣ пуштибонӣ ва ҳимоят накард/намекунад?

Пас аз салому калом ба намояндагӣ аз соири дӯстон риштаи суханро ман ин гуна боз кардам: Ҷаноби оқои... бобати пазиришатон сипос гузорем.

Мо ба думболи посух як пурсише омадаем: чаро форсизабонони афғонистониро дар минтақа, бавежа дар Хуросон/Афғонистон, танҳо раҳо кардед?

 Пас аз сукути маънодор, ин гуна посух дод: “На ин гуна нест. Кадом модар аст, ки фарзандашро танҳо раҳо кунад? Баъзе мавқеъ шеваи адаб кардани фарзанди саркаш, танҳо раҳо кардани ӯст.

Модар, гоҳ барои ҷилавгирӣ аз шайтанатҳои фарзандаш ӯро танҳо раҳо мекунад, то мавриди кӯтаки бачаҳои кӯчабозор қарор гирад, то дигар саркашӣ накунад ва домани модарро тарк накунад ва бидонад, ки ҳеҷ ҷой ба андозаи домани модар амн нест.

Гуфт: бигузоред, посухи ин пурсишатонро бо як хотира ва як достон, ки аз ҷинси худи шумост, бозгӯ кунам.

Дар замони ҳукумати оқои Карзай, масъалаи “донишгоҳ ва пуҳантун” ба як масъалаи бисёр ҷанҷолӣ ва кашмакаш дар байни мардуми Афғонистон табдил шуда буд. Дар авҷ ин ҷанҷолҳо, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазири хориҷаи Афғонистон, дар як сафари расмӣ ба Эрон омада буд.

Доктор Абдуллоҳро назди яке аз мақомҳои аршад бурдем ва ҳазрати олӣ ба доктор Абдуллоҳ гуфт: “Дар масъалаи забон форсӣ мо бо касе мумошот ва шӯхӣ надорем. Мо дар канорат истодаем, иҷоза надиҳед касе ҷилави насби лавҳаи донишгоҳро дар Афғонистон бигирад”.

 Доктор Абдуллоҳро ба поси ин, ки дар зодгоҳи Шери дараи Панҷшер мутаваллид ва бузург шудааст ва дастёри вежаи шодравон Аҳмадшоҳ Масъуд буд то фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ҳамроҳӣ ва бадрақа кардем.

Аммо замоне доктор Абдуллоҳ вориди Кобул шуд, билофосила роҳии сафорати Амрико шуд ва тамоми моҷарои сафараш ба Эронро бо Залмай Халилзод, сафири Амрико дар Кобул, шарик сохта буд.

Халилзод ба оқои Баҳромӣ, сафири мо дар Кобул, занг зада буд, ки Эрон набояд дар умури сиёсӣ ва фарҳангии Афғонистон мудохила кунад.

Ҳоло шумо бигӯед, мо чӣ гуна ба раҳбарони шумо эътимод ва аз онон ҳимоят кунем?

Раҳбарони шумо замоне амрикоиҳо вориди Афғонистон шуданд, дигар ҳама арзишҳо ва пайвандҳои муштараки фарҳангӣ, сиёсӣ, таърихӣ ва забониро ба доллар муомила карданд ва фурӯхтанд.

Кӯчактарин коре, ки мо бо онҳо шарик месохтем рӯзи баъдӣ аз забони амрикоиҳо мешунидем.

Дигар рӯзҳои душвор ва нафасгири Хоҷа Баҳоуддин Тахор ва ҷабаҳоти шимолиро аз ёд бурда буданд.  Аммо мутмаин бошед, арзишҳои динӣ ва забони форсӣ пайвандҳое ҳастанд, ки ҳеҷ Аҳриман наметавонад байни мо фосила эҷод кунад.

 Ҳоло, ки эъломияи доктор Абдуллоҳро дар қисмати шаҳодати ҳодисаи Ҳирот шунидам, ба ёди ҳамон хотира афтодам.

 Инсон чӣ қадар бешарму беҳаё бошад, ки алорағми ин гуна ҷосусии ошкор ва хиёнат ба ҳавзаи тамаддуни форсӣ ҳанӯз чашм ба роҳи пуштибонӣ бошад.

 Оқои Абдуллоҳ, шумо чунон хиёнат ва носипосӣ ба ҷомеаи тоҷик/форс ва ин ҳавзаи тамаддунӣ раво доштаед, ки ҳеҷ обе наметавонад шуморо дар афкору азҳони ин наҷибзодагони таърих пок кунад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!