Хабари рӯз

Чаро бояд дар кашмакаш миёни Исроил ва Туркия аз Туркия ҳимоят кард?

Нависанда: Азиз Ориёнфар, сафири собиқи Афғонистон дар Қазоқистону Қирғизистон, директори Маркази мутолаоти Афғонистон дар Олмон (Франкфурт, Олмон)

Туркия бо аз миён бурдани Асад, бузургтарин лағзиши сиёсиро содир намуд ва роҳи таҷовузи Исроил ба Фаластин ва Эронро ҳамвор кард, ғофил аз он ки пас аз Фаластин ва Эрон навбати худи ӯ низ мерасад, ки акнун расидааст.

Ҳадафи Исроил заифсозӣ ва ҳатто таҷзияи се кишвари калидии исломӣ: Эрон, Покистон — бо ҳамдастии Ҳинд — ва дар ниҳоят Туркия аст. Акнун, ки Эрон ба шиддат кӯбонда ва осеб дидааст, навбати Туркия фаро расидааст.

Асад садде буд, ки пеши роҳи сели вайронгари Исроилро гирифта буд ва равшан буд, то замоне ки ӯ дар Димишқ ҳузур дошт, Исроил наметавонист ба Эрон ҳамла кунад. Аз сӯи дигар, ӯ ҳамчун як минтақаи ҳоил ва сипаре дар баробари таҷовузҳои Исроил ба худи Туркия низ амал мекард.

Аммо дардовар он аст, ки Туркия Асадро аз миён бурд ва дар натиҷа роҳро барои таҷовузи Исроил ба Фаластин, Эрон ва сипас худи Туркия ҳамвор сохт. Туркия акнун бар сари нуфуз дар Сурия бо Исроил даргир шудааст.

Аммо ин танҳо оғози кор аст. Асли барнома нобудсозии Туркия аст. Фаронса, Юнон ва Исроил дар барнома доранд, ки вазъи сиёсии Туркияро тира созанд, курдҳоро бар зидди режими Туркия барангезанд ва Туркияро дар Сурия бо Исроил даргир кунанд. Дар фарҷом, иқтисоди Туркияро дучори буҳрони амиқ созанд ва бо халалдор кардани ҷаҳонгардӣ, ин кишварро бо таварруми бесобиқа рӯ ба рӯ гардонанд.

Рӯшан аст, бо афзоиши лагомгусехтаи таваррум, фирори бесобиқаи сармоя аз Туркия оғоз хоҳад шуд. Яъне бояд пойи Туркияро дар Сурия ба ҷанг кашонанд, дар дохил оппозитсияи сиёсиро бар зидди он барангезанд ва курдҳои ҷудоихоҳро низ таҳрик диҳанд. Аз сӯи дигар, Юнонро бар сари Қибрис бо Туркия даргир созанд ва дар фарҷом, дастикам, як режими вобастаро дар Анқара рӯи кор биёранд ва ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Дар анҷоми кор, Истанбулро аз Туркия бигиранд ва бахши туркнишини Қибрисро низ тасарруф намоянд. Сабаби аслии ин кор тасаллут бар захираҳои газии қаъри баҳри Миёназамин аст. Ба худии худ, бо таъсиси давлати Курдистон ва ҷудо кардани Истанбул, кишвари Туркия дар амал аз ҳам фурӯ хоҳад пошид.

Ҳарчанд Русия ва Эрон аз сиёсатҳои нодурусти Эрдуғон нисбат ба Туркия дилхушӣ надоранд, аммо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дарозмуддати роҳбурдӣ ва бо ҳамкории Чин аз Туркия ҳимоят кунанд. Зеро агар Туркияро танҳо гузоранд, ҳам захираҳои бузурги қаъри баҳри Миёназаминро аз даст хоҳанд дод, ҳам гулӯгоҳҳои Босфор ва Дарданелро ва ҳам як Исроили дигар дар симои Курдистон падид хоҳад омад.

Рӯшан аст, ки Покистон барои дифоъ аз Туркия коре карда наметавонад. Кишварҳои арабӣ низ ғайр аз додани пул кӯмаки дигаре карда наметавонанд. Миср мемонад, ки равобити он бо Туркия тира аст. Миср ҳам бояд хуб бидонад, ки бидуни Туркия худи он тӯъмаи баъдӣ хоҳад буд. Бинобар ин, дар амал танҳо Эрон ва Русия метавонанд ба Туркия кӯмак кунанд.

Албатта, Туркия бояд бо Эрон бар сари Сурия ба тавофуқ бирасад ва нагузорад, ки режими Сурия ба Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамла кунад. Зеро агар Сурия ба Лубнон ҳамла кунад, Эрон ногузир ба мушакборони Сурия хоҳад пардохт ва ин танҳо ба осиёби Исроил об мерезад.

Дувум, Туркия бояд дар сиёсатҳои худ дар қиболи Украина ва Қафқоз бознигарӣ кунад ва дигар аз ин бештар манофеи Русияро дар ин меҳварҳо бо таҳдид рӯ ба рӯ насозад.

Инҳо ба як сӯ, аз миён рафтани режими Эрдуғон барои Эрон ва Русия бисёр зиёновар хоҳад буд. Зеро режими оянда вобаста ба Ғарб хоҳад буд ва метавонад тамоми роҳҳои Русия ба Аврупоро бубандад ва ҳамчунин Эронро дар муҳосираи сахттари иқтисодӣ қарор диҳад.

Агар Эрдуғон сарнагун шавад, ҳукумати баъдии вобаста ба Ғарб гулӯгоҳҳои Дарданел ва Босфорро ба рӯи Русия хоҳад баст. Дар натиҷа, мабодо Русия ва Эрон ба иштибоҳи ҳисобу китобӣ роҳ диҳанд ва бигзоранд, ки Амрико, Англия ва Исроил Туркияро бибалъанд.

Ба як сухан, роҳи дигаре ҷуз ҳимоят аз Туркия вуҷуд надорад. Ҳар гоҳ Исроил ва Юнон ба Туркия ҳамла кунанд, Эрон бояд бидуни таъхир Юнон ва Исроилро мушакборон кунад. Бояд Эрон ва Туркия ихтилофоти худро канор гузоранд ва дар Ироқ ва Сурия ҳамкорӣ кунанд. Зеро вазъият фавқулода хатарнок аст.

Агар Туркия бо Эрон ба тавофуқ бирасад, онҳо метавонанд аз як сӯ тарҳи таъсиси Курдистони бузургро хунсо созанд ва аз сӯи дигар, дар сурати сар задани ҷанги бузург дар Сурия, Эрон низ нерӯҳои заминии худро барои ҳимоят аз Туркия аз тариқи Ироқ вориди Сурия кунад. Дар ғайри ин сурат, Туркия дар муқобили Исроил ва Юнон танҳо хоҳад монд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!