“Онҳоро гоҳо хоб мебинам ва аз ин хобҳо руҳ мегирам. Меҷангам, то дар Рӯзи Қиёмат аз нигаристан ба рӯи онҳо шарм накунам”.
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”
Бино ба маълумоте, ки дар ихтиёри “Сангар” қарор гирифтааст, фармондеҳ Ҳасиб ба ҳангоми камини Толибон худро ба шаҳодат расонда, Толибон ду ҳамсангари дигари ӯ ба номҳои Румал ва Атиқуллоҳро низ ба шаҳодат расониданд ва 9 нафари дигарро, ки собиқ кормадони қитъаи 01 – и собиқ Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон буданд, ба асорат гирифтанд. Ҳамчунон, бино ба иттилои мо, дар гир додани Ҳасиб ва ҳамразмонаш фроде аз дохили раҳбарии яке аз ҷабаҳоти зиддитолибонӣ ва истисхбороти хориҷӣ даст доштанд.
Ин мусоҳиба соли гузашта бо супориши яке аз расонаҳои маъруфи хориҷӣ омода шуд, аммо ба мулоҳизоте аз ҷониби худи фармондеҳ ба нашр нарасид. Замоне, ки маълум набуд, Ҳасиби Панҷшерӣ дар куҷо буд ва худи фармондеҳ низ зуҳур дар расонаҳоро маслиҳат надид. Ҳоло ки хабари ба шаҳодат расидани ӯ расид, “Сангар” дигар ҳеҷ далеле барои нашр нашудани мусоҳибаро намебинад.
- Шумо як чеҳраи бисёр ҷаззоб ва дар айни замон баҳсбарангез дар муқовимати Афғонистон ҳастед. Чӣ гуна метавонед худро ба хонандагони мо муаррифӣ кунед?
- Ман Ҳасиб Панҷшерӣ, машҳур ба Ҳасиби Қувои Марказ (номи як маҳал дар Кобул), яке аз фармондеҳони муборизини озодихоҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳастам.
- Дар соли 2016 шумо Раёсати амнияти миллии Афғонистонро тарк кардед. Чаро?
- Ман баъд аз фароғат аз мактаб шомили Раёсати умумии амнияти миллӣ шудам ва омӯзишҳои махсусеро дар ин раёсат тай кардам. Пас аз он муддати чандин сол дар бахшҳои муҳими ин ниҳод вазифа анҷом додам.
Далелҳои мухталифе, аз ҷумла беадолатии иҷтимоӣ, табъизи қавмӣ ва адами ҳокимияти қонун боис шуданд то аз идомаи кор бо ин раёсат мунсариф шавам. Дар низоми ҷумҳурият афроде, ки восита доштанд, аз сарбозӣ дар муддати кӯтоҳ ба постҳои олӣ мерасиданд. Ҳатто сарбозеро мешиносам, ки дар муддати бисёр кӯтоҳ генерал ва муовини аршади амниятии яке аз вазоратҳои Афғонистон шуд.
Рафтори табъизомез ва қавмгароёна дар сатҳҳои мухталифи низом, аз болотарин мақом то поён, дида мешуд. Қонун болои ҳамаи атбои Афғонистон ба шакли яксон татбиқ намешуд ва муҷримини баъзе ақвоми хос бештар аз дигарон мавриди пайгарди қонунӣ қарор мегирифтанд. Ва дар муқобил даҳҳо террористи толиб ва ДОИШ, ки дар амалиётҳо ба қимати аз даст додани ҷони ҳаммаслаконам меанҷомид, дастгир мешуданд, дар муддати кам ба воситаи роҳбарони ҷумҳурӣ аз зиндонҳо раҳо мешуданд.
Ман мисли ҳазорҳо ҷавони боангезаи дигар маҷбур шудам, ки бар зидди беадолатиҳои низом истода шавам ва аз ҳар роҳи мумкин дар талоши таҳаққуқи адолати иҷтимоӣ ва аз байн бурдани табъизи қавмӣ, забонӣ ва самтӣ шавам. Ҳадафи фаъолиятҳои ман дар он замон фақат зарба расонидан аз ҳар тариқе ба ҳокимони хоини давлати ҷумҳурият буд. Ва аз ҳар роҳи мумкин талош мекардам то адолати иҷтимоӣ муҳаққақ шавад.
Пас аз оғози фаъолиятҳои адолатхоҳӣ ва иштироки муассир дар чандин ҷунбиш ва эътирозоти зиддидавлатӣ, давлати Афғонистон, бахусус Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, фаъолиятҳои манро зери назар гирифт.
Ҳокимони фашисти қабилавӣ тамоми ҷунбишҳои эътирозӣ ва тазоҳуротро саркӯб мекарданд. Ва ҳаргиз ҳарфи ҷунбишҳои эътирозӣ ва адолатхоҳро намешуниданд. Ва ба шакли бераҳмона ва ғайриқонунӣ ин ҷунбишҳоро саркӯб мекарданд. Баъзе бахшҳои хос ва ҳассоси Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар бештари қатлҳо ва инфиҷорот, аз ҷумла инфиҷори Ҷунбиши Рӯшноӣ, ки ба кушта шудани садҳо нафар мунҷар шуд ва қатлҳои силсилаии уламои дин, мухолифини давлат ва чеҳраҳои пурнуфузи шимоли Афғонистон даст доштанд.
- Соли 2017 дар як видео эълом кардед, ки Раёсати амнияти миллӣ аз шумо хостааст 6 нафар аз нухбагони кишварро бикушед. Чаро шумо напазируфтед ва ин шаш нафар киҳо буданд?
- Дар соли 2017 Раёсати амнияти миллии Афғонистон барои ман паёме фиристод то ман шуморе аз ашхосро ба қатл бирасонам то битавонам озодона дар шаҳри Кобул зиндагӣ кунам. Дар он лист асомии Мавлавӣ Муттавакил, фармондеҳ Гул Ҳайдархон, Мавлавӣ Аёз Ниёзӣ ва се фарди дигар мавҷуд буданд. Ман баъд аз мулоқот бо масъули Раёсати амнияти миллӣ ба тамоми ин бузургворон тамос гирифтам ва аз паёми шуми амнияти миллӣ онҳоро мутталеъ намудам. Аз он ҷумла шаҳид Мавлавӣ Аёз Ниёзӣ, ки яке аз матраҳтарин уламои динӣ ва чеҳраи таъсиргузори Афғонистон буд, ба ман гуфт, ки кӯшиш мекунам мутаваҷҷеҳи худ бошам. Аммо, мутаассифона, вай дар як инфиҷори машкук чанде баъд кушта шуд (“Сангар” - Аз листи мазкур бештари онҳо ба таври машкук ё ба қатл расиданд ё баъдан дар амалиётҳои вижаи амнияти миллӣ дастгир шуданд.)
Инсоният, виҷдон ва таъаҳҳудие, ки ман дар қиболи ватану мардумам доштам, ба ман ин иҷозаро намедод то ба ин ҷинояти башарӣ даст бизанам. Аз ин ки ман бо ҳеҷ хости ҳукумати пешин лаббайк нагуфтам ва рози онҳоро ифшо намудам. Ҳукумати қавмӣ болои ман туҳматҳоеро тарҳрезӣ кард ва тақрибан 24 амалиёти вижаеро барои дастгирӣ ё аз байн бурдани ман анҷом дод, ки хушбахтона, ҳеҷ дастоварде надоштанд.
Онҳо ҳамеша бо нашри хабарҳои кизб дар бораи ман дар матбуоти кишвар дар талоши тахриби шахсияти ман буданд. Ва бештар иттифоқоти мухаррибонаро бо номи ман пайванд медоданд, дар ҳоле ки ман аслан аз он иттифоқот огоҳӣ намедоштам.
- Дар ҳамон замон, Вазорати умури дохила шуморо ба куштани се нафар муттаҳам кард — як полис, як корманди шаҳрдории Кобул ва як зан. Оё ин иттиҳомот муваҷҷаҳ буд?
— Иттиҳоми воридшуда як туҳмат буд. Фармондеҳи пулисе, ки иддао мешуд ман куштаам, афсари ҳавзаи дуюми пулис буд ва дар он замон тавассути муҷримин захмӣ шуда буд, ки баъдан муттаҳамон аз ҷониби давлат дастгир шуданд ва то суқути низом дар зиндон буданд. Фармондеҳи полис дар изҳороти худ дар маҳкама ҳар гуна дахолати манро дар он ҳодиса рад намуда буд.
- Нерӯҳои вижаи вазорати дохилаи кишвар 21 марти соли 2019 талош карданд шуморо дастгир кунанд, аммо муваффақ нашуданд. Ин достонро метавонед қисса кунед? Бо пулис ҷангидед ё фирор кардед?
- Давлати Афғонистон борҳо талош кард то манро дастгир кунад ва дар ҳар маврид даргириҳое кӯтоҳ ва дарозмуддат рух додааст. Аммо дар ду маврид нерӯҳои вижа аз замин ва осмон болои ман юриш бурданд, ки бо муқовимати шадиди ман ва муборизини адолатхоҳи Панҷшер бо талафоти сангин мувоҷеҳ шуданд ва фирор намуданд.
Бо вуҷуди ин ки вилоятҳои Афғонистон дар он замон дар ҳолати суқут қарор доштанд, аммо давлати фашист ва қавмгарои Ашраф Ғанӣ нерӯҳои вижаи худро ба Панҷшер, ки амнтарин вилояти Афғонистон буд, ҷиҳати дастгирии ман мефиристод, ки ҳаргиз нақшаи шуми онҳо муваффақ нашуд.
- Чаро дар Кобул ҳузур доштед, аммо он ҷо дастгир нашудед? Ва дар солҳои баъд чаро ҳукумат дигар дар фикри боздошти шумо нашуд?
- Бахшҳои амниятии давлати Афғонистон то охирин рӯзи суқути давлат бештарин талошҳои худро карданд то манро дастгир ё аз миён бардоранд. Дар рӯзи суқути Афғонистон (15 августи соли 2021) ман бо афродам дар шаҳри Кобул будам. Яке аз генералҳои вазорати дохила, ки асолатан тоҷик буд, бо ман тамос гирифт ва аз ҷараёни амалиёте манро огоҳӣ дод, ки қарор буд лаҳазоте баъд барои аз байн бурдани ман оғоз шавад. Вай ҷузъиёти ин амалиёт ва воҳидҳои вижаеро, ки дар ин амалиёт ширкат доштанд, барои ман муаррифӣ кард. Вай изофа кард, ки теъдоде аз натсионалистҳои радаи аввал, ки аз ҷараёни суқути кишвар комилан огоҳӣ доранд, ба ҷойи пешгирӣ аз суқут, дунболи ҳазфи ман ҳастанд. Ман фавран даст ба иқдом задам ва даргирии мусаллаҳонае рух дод. Ва нақшаи душман хунсо шуд. Ин охирин талоши давлати Ғании фирорӣ барои ҳазфи ман буд.
- Шумо чӣ гуна муваффақ мешудед, ки аз ин тавтиаҳо ҷон ба саломат баред?
- Далелҳои мухталифе боис шуданд то давлати Ғании фирорӣ дар ҳазф кардани ман ноком шавад. Ман солҳо дар батни ин созмонҳои махфии давлатӣ иҷрои вазифа намуда будам ва омӯзишҳои вижаеро сипарӣ намуда будам, ки нуқтаҳои заъфи манро ба сатҳи сифр расонида буд. Ҳамчунин аз нуқтаҳои заъфи нерӯҳои амниятӣ ба куллӣ огоҳӣ доштам. Ва ҳамеша тадобири вижаро мадди назар мегирифтам ва омодаи ҳар ҳолат будам. Ин боис мешуд ман битавонам дар нуқоти мухталифи кишвар, аз ҷумла Кобул, ба содагӣ рафтуомад намоям.
- Вазорати умури дохила гузориш дод, ки яке аз шарикони шумо дастгир шудааст. Ӯ кӣ буд ва чӣ бар сараш омад?
- Он фард як шахси одӣ ва аз аҳолии минтақаи мо буд ва бо ман кадом иртиботе надошт, ки баъдан раҳо гардид.
- Ба таври куллӣ дар даврони ҷумҳурият шуморо “ҷинояткор, дузд ва одамрабо” муаррифӣ мекарданд ва ҳаводорони шуморо бо Ҳабибуллоҳ Калаконӣ муқоиса мекарданд, ки замоне ба мавориди мушобеҳ муттаҳам шуда буд. Фикр мекунед чаро ин ҳама душманӣ ва таблиғот алайҳи шумо анҷом шуд?
- Дар кишвари мо душмании қабилагароёни фашист бо муборизини озодихоҳ решаи таърихӣ дорад...
- Узр, “қабилагароёни фашист”, “натсионалистҳо”, “ҳокимони қабилавӣ”, “мутаассибон”, “ҳокимони фашисти қабилавӣ”, “баъзе ақвоми хос”, “табъизи қавмӣ, забонӣ”... киро дар назар доред? Кадом қавм? Мушаххас метавонед ном баред...
- Хуб, маълум аст, ки сухан дар бораи афғонҳо ё паштунҳост. Афғонҳо, дурусттараш, раҳбарону идеологҳои паштун, ҳаргиз мавҷудияти як унсури пурқудрати ғайрихудиро намепазиранд, бахусус, агар тоҷик бошад. Даст ба ҳар коре мезананд то ашхоси адолатхоҳро бо иттиҳомоти беасос бадном бисозанд. Ман ҳар рӯз шоҳиди туҳматҳои мухталифе будам, ки алайҳи ман тарҳрезӣ ва матбуотӣ месохтанд, ки ман аслан аз он иттифоқот огоҳӣ намедоштам.
Дар бурҳаҳое аз замон касоне, ки саршор ва озодихоҳ мезистанд, зери номҳои мухталиф аз тарафи ҳуккоми золим ва фашист саркӯб мешуданд, ки метавон аз шаҳид Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ (шоҳи собиқи Афғонистон), шаҳид устод Бурҳонуддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии кишвар ва шуҳадои номдори дигар, ки ба хотири озодӣ ва адолати иҷтимоӣ размиданд ва шаҳид шуданд, ном бурд.
Дар тӯли таърих ҳамеша душманон ба озодихоҳони мо – тоҷикон - иттиҳомоти беасос бастанд ва то ин ки бо тавтиъаҳои мухталиф ба шаҳодат расониданд. Шумо ба раҳбарони паштун бингаред, ки чаро ҳеҷ яке аз онҳо кушта намешавад. Маълум аст, ки онҳо моро як хатар мебинанд ва фақат дар фикри нобуд кардани мо ҳастанд, чун қудрати такқавмиву фашистии онҳоро бештар аз ҳама мо – тоҷикон - ба чоли мекашем.
Қабилагароён моро ба унвони ҷинояткор, дузд, Саққо, шарру фасод ва бағоватгар мехоҳанд саркӯб кунанд, аммо мо дар роҳи худ устувор ва собитқадам ҳастем ва ҳеҷ тавтиъаи душмани мо боиси заъфи мо нахоҳад шуд.
- Баъзеҳо мегӯянд, замоне, ки муқовимати дуюм дар Панҷшер оғоз шуд, гӯё нерӯҳоеро, ки аз вилоятҳои дигар омада буданд, ба дара роҳ надодед. Ва гӯё гуфтаед, ки мо панҷшериҳо танҳо меҷангем ва ба кӯмак ниёз надорем. Оё ин гуфтаҳо дурустанд?
- Мо дар зимни ин ки монеъи вуруди нерӯҳои низомии собиқ нашудем, балки дӯстони мо, ки аз вилоятҳои мухталиф дар нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон буданд, ташвиқ менамудем то ба вилояти Панҷшер биёянд ва ба сафҳои мо муқовиматгарон якҷо шаванд.
Ман дар авоили ҷанги Панҷшер масъулияти ҷанг ва дифоъ аз дарвозаи вурудии Панҷшерро, ки машҳур ба роҳи Танг аст, доштам ва аз нерӯҳои Вазорати дифоъ ва дохилаи ҳукумати қаблӣ бо оғӯши гарм пазироӣ намудем, ки онҳо дар ҷанги Панҷшер ва Андробҳо хуб дурахшиданд.
- Чаро касоне, ки аз баракати ҷумҳурият ба қудрат ва сарват расиданд, фирор карданд ва шумо, ки “дузд, қотил ва одамрабо” ба ҳисоб меомадед, ба Ҳиндукуш боло шудед? Ангезаи шумо аз муқовимат чӣ буд?
— Суқути низоми ҷумҳурият ба якборагӣ иттифоқ наафтод. Баъд расидани Ғанӣ ба қудрат мо шоҳиди суқути вилоятҳои Ғазнӣ ва ду бор суқут кардани вилояти Кундуз будем. Ҳар як ҳушдор барои раҳбарони Ҷабҳаи Шимол буд то худро инсҷом медоданд ва монеъи барканорӣ ва тасфияи афроди маслакӣ аз ургонҳои амниятӣ мешуданд ва дастҳои сутуни панҷумро кӯтоҳ менамуданд, аммо накарданд. Ҳокимони замони ҷумҳурият ҳеҷ барномае барои истод шудан дар муқобили Толибонро надоштанд, чун решае амиқ дар ҷомеаи Афғонистон доштанд. Биноан, онҳо маҷбур буданд аз Афғонистон фирор кунанд.
Суҳбатҳои козиби Ашраф Ғанӣ дар муқобили гурӯҳи террористи Толиб ва баъд фирори ӯ ҳамаро ғофилгир сохт, аммо ман ва ҳамсангаронам барои муқобила бо зулму барбарият кӯҳҳои Ҳиндукушро интихоб кардем.
- Дар чаҳор соли ахир баёдмондатарин мубориза ё лаҳзаи муқовимати шумо кадом аст?
- Ҳар лаҳзае, ки мо дар дифоъ аз арзишҳои миллии мо сипарӣ менамоем, барои мо хотирмон аст. Толибон борҳо болои мавзеъҳои мо ҳамлаҳои бузургеро созмондиҳӣ кард, ки пирӯзмандона талафоти сангинро ба душман ворид намудем. Аммо баёдмондатарини он хотирот, суқут додани чархболи душман дар соҳаи ҳокимияти мо буд, ки теъдоде аз фармондеҳони аршади ин гурӯҳ ба асорати мо даромаданд. Ҳамчунин дар як даргирии дигар бо террористони толиб беш аз 42 нафар аз онҳо ба асорати мо даромаданд, аммо мо рафтори инсондӯстонаеро нишон додем.
Хотироти талх ва ширини зиёде вуҷуд дорад, ки иншоаллоҳ, баъд аз пирӯзӣ ҳатман дар китобе ба нашр хоҳам расонд.
- Кадом яке аз ҳамразмонатонро, ки дар ҷанг ҷон бохтанд, ҳатто рӯи дастони шумо, бештар ба ёд меоред ё дар хоб мебинед? Онҳо чӣ мегӯянд?
- Муқовиматгароне, ки орзуи шаҳодат доштанд ва алайҳи зулм, беадолатӣ дар дифоъ аз сарзаминашон ҷоми шаҳодат нӯшиданд, набуди ҳамаашонро эҳсос мекунам. Шаҳид Маҳфуз, шаҳид Рақиб, шаҳид Матин ва шаҳид Мавлоно Шоиқ аз ҷумлаи ҳамсангаронам буданд, ки дар ҳузури худам ба шаҳодат расиданд ва бо дастони худам онҳоро тадфин намудам.
Онҳоро гоҳо хоб мебинам ва аз ин хобҳо руҳ мегирам. Меҷангам, то дар Рӯзи Қиёмат аз нигаристан ба рӯи онҳо шарм накунам.
- Ба назари шумо чаро муқовимати дуюм шикаст хӯрд ва монанди муқовимати аввал давом наёфт?
— Муқовимати мардуми Афғонистон идома дорад. Ин ки шаҳрҳо дар контроли мо нест ва муқовиматгарон дар иртифооти баланди Ҳиндукуш мавқеъ доранд, ба ин маънӣ нест, ки муқовимат давом наёфтааст. Таҳаррукоти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар басе аз вилоятҳо идома дорад.
Дар муқовимати аввал тамоми давлат ба тарафи шимол ақибнишинӣ кард ва омодагиҳо аз қабл тавассути раҳбари шаҳиди мо Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии кишвар, ки дар он замон масъулияти Вазорати дифоъро бар уҳда доштанд, гирифта шуда буд. Аммо муқовимати дуюм аз сифр оғоз шуд ва дар ду сол фаъолиятҳояш ба таври мудовим дар ҳоли афзоиш аст. Ва дар чандин вилоят ҳастаҳои фаъол дорад.
Ба назари ман муқовимати дуюмро бояд бо авоили давраи ҷиҳоди Афғонистон муқоиса намоем, на муқовимати аввал.
- Оё аз раҳбарии Ҷабҳаи муқовимат, бахусус Аҳмад Масъуд, розӣ ҳастед? Ба назари шумо чӣ ишколе дар Ҷабҳаи муқовимат вуҷуд дорад, ки ин ҳама мавриди интиқод аст? Бархе хотирнишон кардаанд, ки муқовимат дар баробари Толибон бо «ҷасадҳои сиёсӣ», «фирориҳое, ки мардуми худро ба Толибон вогузор карданд» ва «афроди фосид»-и давраи ҷумҳурихоҳӣ, ки дар атрофи Аҳмад Масъуд ҷамъ шудаанд, ғайримумкин аст. Онҳоро монеае дар сари роҳи муқовимат медонанд. Онҳо мегӯянд ин омил яке аз далелҳои ноумедии насли ҷавон аз Ҷабҳаи муқовимат аст. Назари шумо ба унвони як фармондеҳи ҳозир дар майдони ҷанг чист?
- Аз раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба хусус худи ҷаноби Аҳмад Масъуд, розӣ ҳастам. Ман шахси Аҳмад Масъудро ягона равзанаи умеди мардуми Афғонистон дар шароити кунунӣ медонам. Ва шинохте, ки аз шахсияти ҷаноби эшон дорам, як шахси мудбир, чизфаҳм ва сиёсатмадори бемонанд дар шароити кунунии кишвар мебошад.
Ҳар созмони сиёсӣ-низомӣ дар авоил мунтақидони худро медошта бошад, ки комилан табиӣ аст. Дар аксари мавоқеъ интиқодҳое, ки аз Ҷабҳаи муқовимат сурат мегирад, назар ба таваққуъи беш аз ҳадди мардум аз як созмони навтаъсис ношӣ мешавад.
Дар қисмати ҷасадҳои сиёсӣ, ки шумо ишора намудед, бояд бигӯям, ки он табақаи раҳбарон ва сиёсатмадорони ноком ва худфурӯхта дигар нақши меҳварӣ ва тасмимгирӣ дар муқовимати миллӣ надоранд. Ва фақат дар ҳадди мушовирин ва аъзои поинрутба бо Ҷабҳа ҳамкорӣ менамоянд. Онҳо дар халъи силоҳи муҷоҳидин ва заъиф кардани Ҷабҳаи Шимол нақши асосиро бар уҳда доштанд. Агар инҳо сиёсатмадорони хуб мебуданд, ҳаргиз сарнавишти мо ба ин нуқтаи феълӣ мунтаҳӣ намешуд.
Ман ҳарфи ҷаноби Аҳмад Масъудро такрор мекунам, ки дар мавқеи муносиб инчунин ашхос бояд ба аъмоле, ки анҷом доданд, посухгӯ бошанд.
- Ба назари шумо дурнамои режими Толибон чист? Оё солҳои зиёд дар қудрат боқӣ хоҳад монд ё системаи Толибон умри дарозе надорад? Чӣ нуқоти қувват ва заъферо дар режими Толибон мебинед?
- Режими Толибон як режими террористӣ, фашист, нассионалист, тоталитар ва ғуломи созмонҳои истихборотии ҷаҳон буда, пас аз бист сол, баъд аз муомилаи нангин бо амрикоиҳо дар Қатар, бо ҳамкории Ашраф Ғанӣ ва дигар муҳраҳои натсионалист дубора рӯи кор омаданд.
Ин гурӯҳи террористӣ аз баъди пайдоиш ба қатл, саркӯб, ифротият, терроризми байналмилалӣ ва тавлиди маводи мухаддир пардохтааст. Ин гурӯҳ бо дипломатияи фиреб тавонист ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус кишварҳои минтақаро қаноат бидиҳад, ки тағйир кардааст. Аммо дар амал ҳеҷ тағйире дар рафтори ин гурӯҳ дида намешавад. Бар илова чандин баробар аз гузашта хатарноктар ва ифротитар гардидааст. Ба арзиши миллиардҳо доллар таҷҳизоти амрикоӣ, ки дар ихтиёри ин гурӯҳ гузошта шуд, ин гурӯҳро ба як таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои минтақа табдил кардааст.
Толибон ҳеҷ таъаҳҳуде дар қиболи мардуми Афғонистон надорад. Бо итминони комил метавонам иддао кунам, ки бештар аз 90 дарсади мардуми Афғонистон аз режими саффоки террористон безоранд. Қисме ки омор нишон медиҳад, пас аз ба қудрат расидани Толибон 8 миллион аз ҳамватанони мо ба кишварҳои ҳамсоя муҳоҷир шудаанд. Ва бештар аз ҳаштод дарсади мардум зери хатти фақр қарор доранд ва миллатҳои бузурге монанди тоҷикон, ҳазораҳо ва узбекҳо дар ин низом ҳеҷ саҳме надоранд.
Назар ба авзоъи ҷорӣ дар кишвар ва сатҳи норизоиятии мардум ва ҳамчунин муносиботи байналмилалӣ, ман умри Толибонро кӯтоҳ мебинам.
- Дурнамои ДОИШ дар Афғонистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Мавқеи ин гурӯҳи террористӣ то чӣ андоза қавӣ аст?
- Банда ҳеҷ фарқе миёни Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ, назири ДОИШ, намебинам. Инҳо ду рӯи як сиккаанд. Ҳама маҳсулоти истихбороти хориҷианд. Баъзе аз сарони Толиб бо гурӯҳи ДИИШ иртиботи танготанг доранд. Қисме ки дар ҳукумати қаблӣ Шӯрои амнияти миллӣ дар ақиби фаъолиятҳои ДОИШ қарор дошт, акнун теъдоде аз Толибон қарор доранд.
Бале, гурӯҳи ДИИШ дар адами мавҷудияти як “алтернативаи қавӣ барои Толибон” рушд кунад ва аз ангеза ва потенсиали мардум ва нерӯҳои низомии давлати қаблии Афғонистон бар зидди Толибон истифода намояд. Аммо дар Афғонистон он ҷойгоҳе надорад ва ҳеҷ гоҳ қабули мардум нахоҳад шуд. Агар ДОИШ сар бардошт, мо бо он низ меҷангем.
- Шоеъоте мабнӣ бар хуруҷи шумо аз Афғонистон шунида мешавад. Шумо ҳоло куҷо ҳастед?
— Ман бо ҳамсангаронам дар кӯҳҳои Ҳиндукуши Афғонистон мустақар ҳастем ва то пирӯзӣ ва озодии кишвар аз чанголҳои ғуломони бегона ва мутаҷовизин ба муборизаи худ идома медиҳем. Таъаҳҳуде, ки ман ва ҳамсангаронам дар қиболи мардум ва ватани худ дорем, ба мо иҷоза намедиҳад то ватан ва мардуми худро тарк намоем.