Хабари рӯз

Ҳукумати куҳнаву ҷадиди Русия то кай кор хоҳад кард?

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”

Чанде пеш навишта будам, ки эҳтимоли канор гузоштан Сергей Лавров ба ҳайси вазири хориҷаи Русия дар кобина мавҷуд аст. Аммо Путин ба мисли ҳамеша шигифтӣ офарид ва ҳама коршиносонро ғофилгир сохт, яъне ба ивази канор гузоштани вазири хориҷа Сергей Лавров, вазири дифои Русияро аз мақомаш дур ва ба раёсати Шӯрои амнияти миллӣ таъйин кард. Арчанд Николай Патрушев, марди оҳанин, мақомашро аз даст дод, аммо эҳтимол меравад, ки дар як ҷойи муҳими дигар муқаррар шавад.

Ҳеҷ коршиноси ғарбӣ ва мунтақидони Путин тасаввури чунин тағйирро надоштанд, зеро Сергей Шойгу як фарди бисёр пурнуфуз дар занҷираи равобити қудрат дар Русия буд, ки дар овардани Путин ба мақоми раёсатҷумҳурӣ дар даврони Елсин нақш дошт. Вай дӯсти гармобаи Путин буд. Аммо ҷанги Украина ва мавзеъгириҳои Пригожин зарбаи мӯҳлик ба автроритети вай дар миёни низомиён, бавежа нерӯҳои дар ҳоли ҷанг зад.

 Шойгу дар даҳ соли ахир як гурӯҳи пурқудрат аз низомиён ва ширкатҳои иқтисодиро эҷод карда буд, ки аз тариқи гирифтани қарордодҳои низомӣ ба зарандӯзии бепешина мепардохтанд ва қудрати бузурги молӣ ва низомиро ба кӯмаки генералҳои фосиди атрофаш дар вазорати дифоъ шакл дода буд.

Ин амр норизоиятии густурдаро дар сутуҳи поини вазорати дифоъ бор оварда буд, ки агар ҷилави он гирифта намешуд, дер ё зуд имкони давр додани туфангҳо ба сӯи қудрати Путин вуҷуд дошт.

Вазири дифои кунунӣ як технократ ва иқтисоддон аст, ки бештар ба шеваи асри Шӯравӣ мудирият мекунад, яъне нахустинагии плонгузории давлатӣ ба ивази дасти боз додан ба ширкатҳои хусусӣ дар арсаи низомӣ.

Вай яке аз чеҳраҳои вафодор ба Путин аст, ки аз ҳимояти зиёди Екатерина Тихонова, духтари дувуми Путин, бархурдор аст. Гуфта мешавад дар даҳлезҳои Кремл Екатерина аз қудрати зиёд бархурдор аст ва лақаби “олиҷаноби хокистарипӯш”* [éminence grise ]-ро гирифтааст.

Андрей Белоусовро дар Ғарб ба ҳайси радикал мешиносанд, ки вазифа дорад натанҳо ба дуздиҳо дар вазорати дифоъ поён диҳад, балки будҷаи он бо комплекси санъати низомии вазоратро ба сӯи иқтисоди ҷангӣ раҳбарӣ кунад. Ҳамчунон поккории бузург дар он вазоратро ба роҳ андозад, то генералҳое бо гароиши ғарбиро аз вазорати дифоъ дур кунад.

Путин ҳалқаи низомиро ба гунаи мукаммал аз радикалҳои зидди Ғарб сохт, аммо аз сӯйи дигар даричаи гуфтугӯ бо Ғарбро аз тариқи ҳифзи тими иқтисодии либералҳо боз нигаҳ дошт, Сергей Лавров дар миёни ҳарду ҷиноҳ боқӣ монд ва шояд барои муддате, то равшан шудани интихоботи Амрико ба мақомаш боқӣ бимонад.

Дар сурати пирӯзии дубораи демократҳо дар интихоботи Амрико, эҳтимоли баста шудани ҳама даричаҳои Русия барои музокира бо Ғарб баста хоҳад шуд.

То он замон нахуствазир Русия бо тими ҷадид ва кӯҳнааш вазифа дорад, то иқтисоди Русияро дар масири ҷангӣ омода созад.

Ислоҳоти нарм аз боло дар Русия дар ҳоли вуқӯъ аст, дида шавад, ки поиниҳо аз он баҳра мебаранд ё омили ҷанг ба мисли ҳамеша ба инфиҷори инқилобӣ меанҷомад! ?

*Ин истилоҳ ба даврон Луи 13 дар Фаронса бармегардад. Франсуа Лехлор ду Тремблай (François Leclerc du Tremblay) маъруф ба падари Жозеф як рӯҳонии бемақом, вале пурқудрат буд, ки дар тасмимгириҳои маҳрами кардинал Ришеле нақши асосӣ дошт ва ба “олиҷаноби хокистарипӯш” маъруф аст.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!