Хабари рӯз

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Асли матлаб:

Ҷанг миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Исроил дигар шӯхӣ нест. Агар барои пешгирии он тадбирҳои ҷиддӣ андешида нашаванд, хатари густариши он комилан фоҷиабор аст.

Мехоҳам дар ин маврид таҳлиле ҳамаҷониба ба шумо пешкаш кунам.

Чуноне ки ҳама медонем, даргирии низомӣ миёни Эрон ва Исроил, ки панҷ рӯз пеш оғоз шуд, ба яке аз бӯҳронитарин таҳаввулоти геополитикии минтақа табдил гардидааст. Бо назардошти дастгириҳои ошкор ва пинҳонии қудратҳои ҷаҳонӣ аз тарафайн, ин ҷанг на танҳо ба бархӯрди дуҷониба, балки ба бӯҳрони байналмилалӣ мубаддал шудааст.

Исроил бо оғози амалиёт ба номи «Шери Хезон», беш аз 100 объекти муҳим дар Эрон, аз ҷумла иншооти ҳастаии Натанзу марказҳои таҳқиқотии Исфаҳонро мавриди ҳамла қарор додааст. Ин ҳамлаҳо ба кушта шудани шуморе аз фармондеҳони аршад ва донишмандони ҳастаии Эрон анҷомидааст. Мақсади аслии Исроил заиф гардондани барномаи ҳастаӣ ва тавоноии мушакии Эрон унвон шудааст, гарчанде бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки тағйири режим дар Эрон низ яке аз ҳадафҳои аслии Исроил ва Иёлоти Муттаҳида ба шумор меравад.

Дар посух ба ин ҳамлаҳо, Эрон мушакҳое ба сӯйи шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфо партоб кардааст, ки ба кушта шудани беш аз 50 нафар ва захмӣ гардидани садҳо тани дигар анҷом ёфтааст.

Дар ин миён, Русия ва Чин дастгириҳои дипломатикӣ ва низомии худро аз Эрон эълон карданд. Чин ҳамлаҳои Исроилро маҳкум ва онро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ донист. Дар ҳоле ки Русия низ аз равобити наздики худ бо Теҳрон барои тақвияти мавқеи Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода мебарад.

Аз сӯйи дигар, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлати Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороти ахири худ изҳори умедворӣ кардааст, ки Эрон ва Исроил ба тавофуқи сулҳ даст ёбанд. Вай гуфтааст: «Гоҳе бояд ҷанг кард, то ба сулҳ расид» ва таъкид кардааст, ки Амрико дар айни ҳол ба ин даргирӣ дахолат намекунад, аммо эҳтимоли дахолатро дар сурати таҳдиди манфиатҳои Иёлати Муттаҳида рад накардааст. Бо ин ҳол, гузоришҳое мавҷуд аст, ки Вашингтон кӯмакҳои низомӣ ва молӣ ба Исроил расонидааст.

Бо назардошти дастгириҳои байналмилалӣ аз тарафайн, хатари густариши ин даргирӣ ба дигар минтақаҳои Ховари Миёна вуҷуд дорад. Бо вуҷуди изҳороти умедворонаи Трамп, то замоне, ки ҳамлаҳои ҷавобӣ идома доранд ва музокираҳо қатъ шудаанд, дастёбӣ ба сулҳи кӯтоҳмуддат душвор ба назар мерасад.

Агар бихоҳем натиҷагирии возеҳе аз ин вазъият дошта бошем, бояд гуфт, ки даргирии миёни Эрон ва Исроил ба марҳалаи бӯҳронӣ ва хеле хатарнок расидааст. Дар ҳоле ки талошҳо барои миёнаҷигарӣ ва коҳиши ташаннуҷҳо ҷараён доранд, то замоне ки амалҳои низомӣ қатъ нагарданд ва музокираҳо аз сар гирифта нашаванд, дастёбӣ ба сулҳи пойдор чолишбарангез ва ҳатто ғайриимкон хоҳад буд.

Ҳол агар ба сарзаминамон — Афғонистон назар андозем, мебинем, ки идомаи ин ҷанг ба таври мустақим ё ғайримустақим ба Афғонистон низ таъсир расонда метавонад. Муҳимтарин пайомадҳои эҳтимолӣ барои Афғонистон инҳо мебошанд: афзоиши фишори иқтисодӣ, коҳиши кумакҳои хориҷӣ, ноамнӣ дар марзҳои ғарбӣ, мавҷи нави муҳоҷират ва дар ниҳоят - тақсимбандии сиёсӣ дар дохили кишвар. Дар чунин шароит, мумкин аст гурӯҳҳои гуногун дар дохили Афғонистон мавқеъҳои мухолиф ва ҳатто зиддинақиз ба даст гиранд.

Дар маҷмӯъ, идомаи ҷанги Эрон ва Исроил метавонад барои Афғонистон ба маънои ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ бошад ва мушкилоти ҷиддиро дар кишвари мо ба бор орад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!