Хабари рӯз

18 январи соли 1929 рӯзи тоҷгузорӣ ва тахтнишинии амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ, нахустин тоҷдори тоҷикон дар қарни бистум буд

Нависанда: дуктур Яъқуб Лайс Саффор

ЯКУМ: дар даҳаи дувуми рубъи аввал (чаҳоряк)-и қарни бистум Афғонистон ба истиқлол расид ва ислоҳоти ифротиву ношиёна (ногаҳонӣ)-и шоҳ Амонуллоҳ боис шуд, то мардум, уламо, пирҳову хонҳо ба раҳбарии амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ҳукумати ӯро соқит кунанд ва ӯ баъд аз шоҳ Шуҷоъ дувумин шоҳи фирории таърихи Афғонистон бошад. Ин бад-он маъно буд, ки касе дар ин кишвар мемонд, ки аз миёни мардум бархоста бошад, монанди ин ки амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ баъд аз суқути ҳукуматаш фирор накард.

ДУВУМ: амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ як сақозода (писари обкашон) ва як муҷоҳидзода буд. Падараш дар ҷанги аввали истиқлол алайҳи Англис сақои муҷоҳидин буд. Ӯ як афсари шуҷоъ ва як раҳбари низомии олӣ буд. Ин зиндагиномаи ӯ нишон медиҳад, ки расидан ба тоҷи шоҳӣ ниёзманди шуҷоат, аз мардум будану бо мардум будан аст ва имрӯз ҳам имкон дорад, ки ҷавоне аз кӯҳпояҳо камарашро бибандад ва тоҷи раёсати давлатро ба сар кунад.

СЕВУМ: пас аз он ки Нодирхон ба кӯмаки англисҳо ҳукумати ӯро суқут доду ба василаи хонадони Муҷаддадӣ ӯро фиреб дод ва дар Қуръон мӯҳр карду сипас ба паймонаш “ғадр” кард ва таблиғоти заҳрогин алайҳи ӯву қавмаш, яъне тоҷиконро оғоз кард ва ӯро “Бачаи Сақоъ” хонду аз тариқи матбуот нашр кард ва дар кишвару ҷаҳон ин лақабро машҳур сохт, пайравони амир Ҳабибуллоҳ бар мабнои коркарди зиддигуфтумонӣ, ба Нодирхон лақаби “Нодири ғаддор” доданд.

ЧАҲОРУМ: пас аз шаҳодати амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ то имрӯз ду тайфи фикрии мубориза барои гирифтани тоҷ вуҷуд дорад, албатта, ба унвони идеологияи намодин: яке, идеологияи сақовизм ва дигаре, идеологияи ғаддоризм.

ПАНҶУМ: ғаддористҳо ё ҳамон паштунистҳо ба ин боваранд, ки Афғонистон сарзамини афғонҳо/паштунҳост. Ҳар қавми дигар дар ин ҷо муҳоҷир аст ва бояд бардаи паштунҳо бошанд. Сақовистҳо ба ин боваранд, ки номи ин кишвар ҷаълӣ аст, таърихи ин кишвар ҷаълӣ аст, паштунҳо муҳоҷирони кӯҳҳои Сулаймон ҳастанд. Бояд номаш тағйир кунад ва номе гузошта шавад, ки тамоми ақвом дар он ҳувияти таърихӣ ва қавмии худро бубинанд. Ҳама ақвом бошандагони аслии ин кишваранд ва ҳар кас бояд саҳми худро аз қудрату сиёсат ва иқтисоду ифтихороти фарҳангии кишвар дошта бошанд.

ШАШУМ: ғаддористҳо (паштунистҳо) тарафдори низоми ҳукумати марказӣ ҳастанд, ки бояд аз марказ тамоми вилоёт контролро кунанд ва ором-ором паштунсозӣ кунанд ва заминҳои ақвоми дигарро ишғол кунанд. Сақовистҳо тарафдори низоми ғайримутамаркизи демократӣ/федерализми демократӣ будаанд, то худмухторӣ ва ҳаққи таъйини сарнавишти ақвом ба расмият шинохта шавад ва ҳама ақвом ба иззати қавмӣ ва иззати миллӣ бирасанд.

ҲАФТУМ: ғаддористҳо (паштунистҳо) аз ҳар идеология, монанди салтанатталабӣ, коммунизм, ихвонизм, либерализм ва девбандизм истифода мекунанд, то кулли қудратро ба дасти худ дошта бошанд ва дигар ақвомро бардаи худ бисозанд. Сақовистҳо талош доранд то аҳрору озодагон бошанд ва дар баробари зулми ғаддористҳо муқовимат кунанд.

ҲАШТУМ: охирин роҳбурд ва тактикаи ғаддористҳо нобудии забону ҳувият ва ахзи тамоми сарзаминҳои тоҷикон, ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва ақвоми дигар аст. Бояд охирин тактикаи сақовистҳо ин бошад, ки ба унвони охирин роҳбурду тактика ба мушорикати сиёсӣ бо паштунҳо на бигӯянд ва ҳамроҳ бо туркҳо ва ҳазораҳо як кишвари порс-турк-ҳазораро бисозанд.

НӮҲУМ: амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ худ намоди охирин роҳбурд ва охирин тактикаи сақовистҳо аст. Дарвоқеъ, бояд Кобулистон, Туркистон, Ҳазористон, Ҳиротистон ва Ғӯристонро аз чанги ғаддористҳо берун кашид ва фақат Паштунистонро барои онҳо гузошт, то бо бодор (пуштибон)-ашон Покистон ҳамсоя бошанд ва то метавонанд якдигари худро бикшанд.

ДАҲУМ: сақовизм идеологияи тоҷдорӣ ва тоҷталабӣ аст. Сақовистҳо ба ҷуз тоҷдорӣ ба ҳеҷ чизи дигар набояд розӣ шаванд. Тоҷдорӣ, яъне иззат доштан ва бетоҷ будан, яъне ҳақир будан.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!