Мусаввада барои анҷуманҳои сиёсии Афғонистон
Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои машвараи "Сангар"
ПЕШНИҲОДОТ БАРОИ АФҒОНИСТОНИ ПАСОТОЛИБОН
Ҳадаф
Эҷоди як Афғонистони озоду мустақил бар пояҳои усули маданӣ, ахлоқӣ ва адлӣ барои ҳама афроди кишвар ва дар сатҳи байналмилалӣ.
Маром
Татбиқи қонунӣ, маданӣ, ахлоқӣ, одилонаи масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои ободонии кишвар ва мубориза бар алайҳи ҳар гуна тафаввуқталабии қавмӣ, мазҳабӣ, нижодӣ, ҷинсиятӣ ва забонӣ мебошад. Мароми асосӣ иборат аст аз оромӣ, амният ва рифоҳи мардум дар қиболи қонун, иқтисоди пешрафта, ки ҳама мардум аз он мустафид шаванд (баҳра баранд) ва омӯзишу парвариши ҳамагонӣ барои иртиқои сатҳи фикрӣ ва маънавии мардум аст, ки шурӯъи он мубориза бо бесаводӣ аст то мардум худ тасмимгиранда шаванд.
Маводи зайл пешниҳод мешавад:
МОДДАИ АВВАЛ: Аз онҷое ки Афғонистон дорои ақвоми гуногун мебошад ва ҳар қавм зебоиҳои фарҳангии худро дорад, барои тараққӣ, пешрафт ва тавонмандсозии мардум, ки худ масъулиятпазир шаванд ва эҳтиром ба масоили фарҳангии ҳама ақвом, низоми федералӣ пешниҳод мешавад то мардум дар сарнавишти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ хубтар саҳим шаванд ва масъулиятпазир бошанд.
МОДДАИ ДУВУМ: Мо дар қарни бисту якум зиндагӣ мекунем. Ин қарн, қарни тасовии ҳуқуқи маданӣ аст. Мо ақида дорем, ки дар ҳамчу шароит ҷаҳонӣ ва таҷориб, ки аз таърихи кишвар омӯхтем дар канори низоми федералӣ, низоми сиёсии шаҳрвандиро пешниҳод мекунем, ки афроди кишвар, зану мард дар муқобили қонун ҳуқуқи мадании мусовӣ дошта бошанд ва ҳама мардум дар муқобили қонун масъулият дошта бошад. Дар Афғонистони пасотолибон ҳеҷ қавме бар қавме бартарӣ надорад ва ҳеҷ қавме дар аксарият нест. Ҳеҷ мазҳабе бар мазҳабе бартарӣ надорад ва ҳеҷ мазҳабе набояд дар аксарият бошад. Ҳеҷ марде бар зане ва ҳеҷ зане бар марде бартарӣ надорад, магар тақво ва дониш. Мо ҳама як миллати воҳид ҳастем ва аксарияту ақаллиятро барои эҷоди ҳамбастагии миллӣ намешиносем.
МОДДАИ СЕВУМ: Мо ҳар гуна муоҳида ва қарордоди дохилӣ ва хориҷиро, ки ба зидди манофеъи мардуми кишвар бошад, таъйид ва тасдиқ намекунем.
МОДДАИ ЧАҲОРУМ: Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид хосторем то ба асоси маводи ҳуқуқи башар ва каромати инсоние, ки мундариҷи Усулномаи ҳуқуқи башар ва Эъломияи ҳуқуқи башари исломӣ, ки дар соли 1981 дар Париж тавассути давлатҳои исломӣ ба имзо расидааст, моро ёрӣ расонда ва як ҳукумати фарогирро тайи як конфронси байналмилалие, ки мардум дар интихоботи давлат саҳм дошта бошанд, аз тариқи интихоботи озод ва сартосарӣ фароҳам кунад.
МОДДАИ ПАНҶУМ: Мо эътиқод дорем, ки мазҳаб як мавзӯъи шахсӣ аст ва ҳама мазоҳиби Афғонистон ба шумули мазҳаб ҳинду ва сикх, ки дар хилқати бародари мо ҳастанд, қобили эҳтиром аст ва дар сохтори иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар бидуни табъиз саҳм хоҳанд дошт.
МОДДАИ ШАШУМ: Аз он ҷое, ки Афғонистон аз нигоҳи геополитика мавқифи минтақаи ҳоилро байни Шарқу Ғарб дорад, ки боиси пасмонӣ ва истисмори мардум ва муомилоти хориҷӣ шудааст, пешниҳод мекунем, ки дар ҳамон конфронси байналамилалии Афғонистон як кишвари озод, мустақил, бетараф ва ғайримунсалик эълон шавад.
МОДДАИ ҲАФТУМ: Забонҳои форсӣ, пашту ва ӯзбекӣ забонҳои расмии кишвар хоҳанд буд.
27 январи 2023