Суқути Амрико пас аз шурӯъи асри 21 шурӯъ шуда, ба нуқтаи ниҳоии худ наздик мешавад.
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз аввалин солҳои қарни 20 ва мушаххасан пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ҳамвора дар ҳоли уруҷи вуқӯъитар шудан буда ва тайи ин муддат дар майдони рақобатҳои бузурги иқтисодӣ ва низомӣ, ҳамчун яли қудратманде бар ҳама ҳарифонааш ғолиб омадааст. Дар низоми дуқутбӣ, ки пас аз ҷанги ҷаҳонӣ шакл гирифт, ин кишвар бо кашондани Аврупои Ғарбӣ, Канада ва Австралия ба думболи худ, гоҳ-гоҳе ҳатто бо сару гардани баландтар аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ, қавитарин қудрати сиёсӣ ва низомӣ дар ҷаҳон будааст то ҷое, ки бо суқути Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, яккатози майдон шуд ва аз сӣ солу анде ба ин сӯ низоми такқутбиро дар ҷаҳон бо чунон турктозӣ ва тамомиятхоҳӣ ҳидоят кард, ки кишваре ва қудрате дар дунё тавони мухолифат бо хостҳои озмандона ва зӯргуёнаашро надошт. Ҳар он чӣ хост, анҷом дод ва ба ҳеҷ қудрат ва маҷмаъӣ ҳам посухгӯ нашуд.
Аммо аз аввалин солҳои қарни бисту як аст, ки яккатозиҳои Амрико андаке маҳмез хӯрдааст. Дар ҳамин замон аст, ки қудратҳои нави иқтисодӣ – низомӣ, чун Чин, Русия, Ҳиндустон, Бразилия, Индонезия ва ғайра яке пайи дигар сар баланд намуда ва вориди майдони разму муқобила дар баробари турктозиҳои Амрико шудаанд.
Бо зуҳури нерӯманди Чин ба ҳайси бузургтарин қудрати тавлидии иқтисоди ҷаҳон ва ҳамзамон бо он нерӯманд шудани дубораи Русия ва қавӣ шудани рӯзафзуни Ҳиндустон, ҷанубу ҷанубу шарқи Осиёст, ки даврони уфули гегемонияи Амрико оғоз мешавад. Ҳақоиқ ва шавоҳид нишон медиҳад, ки ҳоло дигар Амрико он қудрати биломунозиа нест. Дигар Амрико он асаргузории лозим бар сиёсати хориҷии кишварҳоро аз даст додааст. Фақат ду-се мисол меоварем:
Вақте дар гирудори ҷанги Украина ва таҳримҳои камаршикани Амрико алайҳи Русия, бо вуҷуди фишорҳои сахти давлати Амрико бар Арабистони Саудӣ ва тақозои шахсии Ҷо Байден аз валиаҳди Саудӣ мабнӣ бар афзоиши тавлиди нафт, Арабистони Саудӣ ин муттаҳиди қадимии Амрико дар тафоҳум ва ҳамоҳангӣ бо Русия, тавлиди нафташро ба ҷои афзоиш, коҳиш дода ва ҳатто моил ба пайвастан ба иттиҳодияи БРИКС мебошад;
Вақте давлати Туркия ин узви қадимии НАТО, ба ҷои талоши бесамар барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо, пайвастан ба иттиҳодияҳои БРИКС ва Шонгҳойро тарҷеҳ дода, бо вуҷуди таҳдидҳои Амрико, С-400 – и русиро харидорӣ менамояд;
Вақте дар Сурия, бар хилофи интизори Амрико, аз асари кӯмаки низомии Русия ва Эрон, проекти доишсозиҳои Амрико ба нокомӣ мунҷар шуда ва давлати Сурия хилофи майли Амрико суқут наменамояд;
Вақте давлате бо ин азамат ва ном, шабона аз Афғонистон фирор карда, қудратро ба як гурӯҳи террористии мазҳабӣ таҳти таъқиби давлати Амрико таслим менамояд, дигар уфули қудрати биломунозиаи Амрико ва поёни низоми такқутбӣ ба саркардагии Амрикоро наметавон аз анзор пинҳон намуд.
Акнун таҳаввулоти ҷадид дар низоми байналмилалӣ ва баҳси уфули Амрико аз ҷойгоҳи азаматталабонааш, ба мабҳаси аслии воқеияти низоми чандқутбӣ дар ҷаҳон табдил шудааст.
Низоми давлати Амрико, ки аз солҳост дучори фурӯпошӣ ва азҳамгусехтагии дарунӣ шудааст, ҳамонанди низоми Иттиҳоди Шӯравии сотсиалистии собиқ тавони посухгӯӣ ба ниёзҳои имрӯзи мардуми Амрико ва ҷаҳонро ва тавони рақобат дар баробари қудратҳои навзӯри ҷаҳониро аз даст додааст. Стратегистон ва сиёсатмадорони бузурги он кишвари муаззам, дигар он эътимод ба нафс ва якпорчагии фикрии сӣ соли пешро дар мавриди Амрикои бузургашон аз даст додаанд.
Юриши таърихии тарафдорони Доналд Трамп ба кохи кунгураи Амрико, ки ба далели тақаллуб дар интихоботи раёсатиҷумҳурии соли 2021 рух дод, яке аз субутҳои равшанест аз ин азҳамгусехтагӣ ва дарзи амиқе, ки миёни сиёсатмадорон ва стратегистони он кишвар эҷод шуда ва ҳар рӯз умқ ва паҳнои бештар меёбад.
Имрӯз ҳама медонанд, ки давлати Амрико қарздортарин давлати дунёст ва амрикоиён бихоҳанд ё нахоҳанд қудратҳои навзҳури иқтисодӣ - низомии ҷаҳон дигар ба зӯргӯиҳо ва яккатозиҳои онон таслим нахоҳанд шуд. Ин қудратҳои навзуҳур натанҳо ба зӯргӯиҳои низомӣ таслим намешванд, балки барои эҷоди назми нави молӣ - тиҷории озод аз таъсироти боздоранда ва истеъмории доллари амрикоӣ, муваффақтар аз пеш ба ҷилав метозанд.