Хабари рӯз

Cулҳ дар Афғонистон пас аз мудохилаи қудратҳои ҷаҳонӣ ҳосил мешавад, дар ин миён мусулмони афғонистонӣ наметавонад гунаҳкор бошад, ки дар як кишвари ғайримусулмон зиндагӣ мекунад.

Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии исломӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, Иёлоти Муттаҳида Амрико, узви Шӯрои мушовараи "Сангар"

Доктар соҳиб Каримӣ аз Украина савол кардаанд, ки "Дуктур соҳиби бузургвор, чӣ вақт дар Афғонистон сулҳи доимӣ таъмин хоҳад шуд?"

Сулҳ марбут ба ҷиноҳҳои қазияи Афғонистон аст. Дар сулҳ бояд тафоҳум бошад ва ҳар ду ҷониб дар баъзе маворид бояд ба тафоҳум бирасанд ва мусолиҳа кунанд. Мутаассифона, Толибон на муфоҳима мекунанд, на мусолиҳа ва ин ба сулҳ садама мезанад. Дар ин сурат як инқилоби мардумӣ ниёзманд аст, то мардум ба озодӣ бирасад ва ё як ҷанги умумӣ дар гирад ва ин ҳам ба суди мардум нест. Толибон на ба ҳуқуқи башари исломӣ эътиқод доранд ва на ба ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ. Ин ба суди миллати ҷангзадаи мо нест, аммо таърихи ҷаҳон гувоҳ аст, ки давлатҳои диктатор бақо надорад ва диктаторӣ билохира нобуд мешавад.

Мардуми Афғонистон аксаран бесавод ҳастанд ва ҳар чӣ қувваҳои сиёсӣ бигӯянд, ҳамонро қабул мекунанд. Сиёсиюн ҳам хатти маши асосӣ барои як Афғонистони озоду мустақил надоранд ва ягона суханеро, ки ёд доранд, "демократия ва интихобот" аст, аммо қодир нестанд демократия ва интихоботро барои як кишвари ақибмонда, ки на сармоя дораду на санъат ва на нуфуз огоҳ таъриф кунанд. Сиёсиюни Афғонистон на танҳо иттиҳод надоранд, балки фоқиди тафаккури сиёсӣ барои Афғонистон ҳастанд.

Дар Афғонистон диктаторӣ бо номи дин писандида нест ва ҷафо ба ислом аст. Ҳамчунон низоми такқавмӣ дар як кишвари чандмиллиятӣ мутлақ дар тазод бо ислом аст. Як роҳ ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ як тасмими қотеъ барои суботи минтақа бигирад ва ин аз имкон ба дур нест, зеро бесуботӣ дар Афғонистон ба суди минтақа ва Ховари Миёна нест. Баъзе вақтҳо тасмимҳои байналмилалӣ шояд ба нафъи як кишвар набошад ва аммо билохира сулҳу оромиро тазмин мекунад. Югославия, Балкан ва Чехословакия мисолҳои зинда дар дахолати қудратҳои байналмилалӣ ҳастанд.

Саволи дувум аз Ҳумоюнҷон Азизӣ ин аст, ки мегӯяд: “Мо имрӯз дар ғарбзамин зиндагӣ мекунем ва бисёр ташаббусоти тиҷоратӣ маводро мефурӯшанд ва ё интиқол медиҳанд, ки мухолифи ақидаи мост. Оё дар ин шароит мо гунаҳкор мешавем, ки бо ин ташаббусот кор кунем? Масалан, як мағоза машруби алкоголӣ мефурӯшад?”

Ҷавоб на хайр аст. Ҳеҷ кас гунаҳкор намешавад. Мо зарур нест маводеро, ки мухолифи дини мост, харидорӣ ва ё истифода кунем. Ташаббуси тиҷоратӣ аз мо нест, аз дигарон аст ва мо фақат кор мекунем ва мо дар ин маврид мушкил надорем. Аммо як мусулмон набояд чизе, ки худ намехоҳад, ба дигарон бихоҳад. Ин ахлоқи дуруст нест. Агар як мусулмон барои фоидаи шахсӣ иҷозаи маводро мегирад, ки дар дини мо ҳаром аст, ин дуруст нест. Дини ислом дини ҷаҳонӣ аст. Ин сухани беҷой, ки ман намехӯрам ва наменӯшам ва танҳо барои онҳо таҳия мекунам, як сухани дур аз эътиқод аст. Кор кардан дар чорчӯби мавориди қонунӣ мутлақ дуруст аст. Мавориди қонунии ин кишвар бояд эҳтирому риоя шавад.

Мо маҷбур ҳастем, ки дар банкҳо кор кунем, дар супермаркетҳо кор кунем ва ғайра. Ин масъала моро дар як кишвари ғайримусулмон, ки фарҳанги мутафовит дорад, қатъан муқассир намесозад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!