Хабари рӯз

Ҷаҳон ба сӯи ҷанги ҳастаӣ басуръат равон аст, чун сиришти сармоядорӣ ҷангу ғоратгарӣ аст.

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”

Имрӯз барои бори дувум дар Олмон дар муддат даҳ моҳ, яъне аз декабри соли қабл то ба акнун занги хатар аз тариқи мобайлҳо ва дар шаҳрҳо ба садо даромад. Давлати Олмон тавзеҳ намедиҳад, ки чаро дар ин муддати кӯтоҳ чунин тамринҳо ба роҳ андохта шудааст ва мардуми гӯсфанди Олмон ҳам далели онро намепурсанд.

Аммо ожир (сирена)-ҳо барои омодагӣ ба ҳамлаи ҳастаӣ аст, зеро пойгоҳи амрикоии Ромштайни Олмон яке аз омоҷҳои ҳамлаи ҳастаӣ аст.

***

Дар замоне, ки дар Шӯравӣ донишҷӯ будам, ожири ҳамлаи ҳастаӣ бо тамҳидоти баъдии онро омӯзиш медоданд, ки ҳар кас бояд басуръат аз шаҳр хориҷ шавад ва ба сӯи рустоҳо дар муддати ним соат худро бирасонад, то дар сурати ворид шудани зарбаи ҳастаӣ, камтар ашаъа (радиатсия) дарёфт кунад.

Аммо дар ин бора дар Олмон сукут аст.

***

Дар гузашта, ки Амрикову Шӯравӣ ҳар кадом беш аз 38 ҳазор кулоҳаки ҳастаӣ бо тавоноии ҳашт нуҳ бор нобудии кураи заминро доштанд, ҳамеша гуфта мешуд, ҷанг ҳастаӣ қобили парҳез аст.

Аммо аз муддате бад-ин сӯ ин парадигма тағйир кардааст. Ҳам Амрикову муттаҳидони он ва ҳам Чину Русия аз ғайри қобили парҳез будани ҷанги ҳастаӣ дар ҳадди истифода аз силоҳҳои тактикӣ сухан мегӯянд.

Ҷанги Украина яке аз конунҳоест, ки Ғарб пайваста Русияро бад-он сӯ мекашонад ва конуни дувуми он Тайван мебошад.

 Бештари коршиносон ба ин боваранд, ки корбурди силоҳи ҳастаӣ дар театри ҷанги Шарқи Дур имкони иттифоқ дорад.

 Русия барои ҳимоят аз Чин мекӯшад, дар моҳҳои оянда сарнавишти ҷанги Украинаро яксара созад. Омодагиҳо барои таҳоҷуми вайронгар дар ҳоли иҷро аст.

Охирин тамҳидоти он дар пайи мулоқоти раҳбарони Русия ва Куриёи Шимолӣ сурат гирифт.

Русия фориғ аз фишор дар театри ҷанги Аврупо, метавонад тавозунро дар Шарқи Дур ба нафъи Чин таъмин кунад.

Натоиҷи интихоботи моҳи январии Тайван аз ҳамин акнун равшан аст. Муҳандисии интихобот тавре сурат мегирад, ки ҳизби ҳоким бо иддаои истиқлол бояд рӯи қудрат боқӣ бимонад то Чинро ба ҷанг кашонанд.

Нерӯи зарбатӣ алайҳи Чин иборат аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониё, Австралия, Зеландияи Нав, Япония, Куриёи Ҷанубӣ ба изофаи Филиппин.

Муттаҳидони Чин Русия ва Куриёи Шимолианд.

Хатми ҷанги Украина маънояш интиқоли бештари мушакҳои С-400 – и Русия ба сӯи Чин аст, то фазои он масъун шавад.

Ҷобаҷоии мушакҳои ҳастаии стратегии “Сармат” ва “Посейдон” тавозуни стратагии ҳастаиро барои бори нахуст ба суди Русия тағйир додааст.

Муҳосибаи амрикоиҳо ин аст, ки ҷанги бузурги ҳастаӣ рух намедиҳад ва Амрико дар амон мемонад. Аммо дар Русия бо сароҳат гуфта мешавад, ки ҷанги ҳастаӣ ҳатто дар шакли тактикӣ метавонад мунҷар ба корбурди силоҳҳои стратегӣ гардад ва дар поёни он нобудии комили Амрико ва аз байн рафтани ду севум Русия ба асоси теъдоди кулоҳакҳои ҳастаӣ мешавад.

Ман ба ин боварам, ки ҷаҳон ба сӯи ҷанги ҳастаӣ басуръат равон аст. Ин боварамро дар соли 2013 дар як мусоҳиба бо радиои Фаронса Интернатсионал гуфта будам ва ҳоло меравад, ки ба воқеият мубаддал шавад, чун сиришти сармоядорӣ ҷангу ғоратгарӣ аст.

Ғарб ва дар раъси Иёлот дар баробари қиёми “ҷануби ҷаҳонӣ”-и бештар мустаъмараҳои собиқ қарор доранд. Сайтараи онҳо дар баробари чашмони мо дар ҳоли зуб (об) шудан аст. Ғарб, ки одат ба тасаллуту ҳокимият бар ҷаҳон аз асри Рими бостон ва ба вежа дар беш аз 400 соли ахир намудааст, наметавонад поёни қудраташро таҳаммул кунад ва ҳозир аст ҳатто ба қимати нобудии бештари нуфуси ҷаҳон сайтараашро ҳифз кунад.

Бубинем ҷаҳон ба куҷо меравад соли 2024 нуқтаи атф дар таърихи муосири башарият хоҳад буд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!