Хабари рӯз

Ҳеҷ ҳайвон чӣ паранда ва чӣ хазанда бо ҳамҷинси худ муомилаи ҷинсӣ намекунад...

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Намехостам дар мавриди ҳаводиси ногувору падидаҳои ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ чизе бинависам. Аммо виҷдони пуртапишу беқарорам бидуни аксуламал ором намешавад,  лоҷарам бинависам ва фарёд бикашам, ки ин ҳама зулму фасод ва ҷиноят то ба кай?

Дар ин рӯзҳо феълу анфаълоти Толибон дар ҳуҷраву дафтар ба номи ливотат фазои ҳақиқиву маҷозии зиндагии мардумро мутааффин сохта, манро вомедорад, то дар мавриди туғёни ҷинсии Толибон чизе бинависам.

Мехоҳам бипурсам, рози сухан дар куҷост, ки Толибони тарбиятшуда дар ҳуҷраву масҷид масту хуморолуд ҷавонони камришро ба оғӯш мекашанд ва аз гӯшти хом ком мегиранд? Ин ғариза танҳо дар масҷиди мусулмонон рушд намекунад, калисои масеҳиён низ олуда бо чунин фасоде аст. Ҳатман як ҷои мазҳаб мелингад, ки онҳо миёни дину мазҳаб дар масҷид ва калисо пушти атфолу ҷавонони навболиғро мекованд.

Намедонам туғёни ҳисси ливотат дар байни қишри бузургшуда дар ҳуҷраи торику масҷид чист?

Ман мухолифи тамоюли ҷинсӣ ба шакли табиӣ ва ҳалолан нестам, чун вақте падидаҳо нару мода офарида шуда, ин масъала ҷузъи фитрии низоми хилқат аст, аммо ҳамҷинсбозии онҳо дар ҳуҷраву меҳроби масҷид ва калисо бо фитрату низоми хилқат муғойират дорад. Агар шумо ба дунёи озоди ҳайвонот нигоҳ кунед, ҳеҷ ҳайвон чӣ паранда ва чӣ хазанда бо ҳамҷинси худ муомилаи ҷинсӣ надорад, яъне буқа болои буқа намепарад, нархар ҳам ин корро намекунад ва гӯсфандону гургону аспу қотир, хулоса, мӯрча ҳам ҳамҷинсбоз нест. Намедонам ҳайвоноти ҳамҷинсбози сарзамини мо, ки моски инсонро бар чеҳра ниқоб кардаанд, аз кадом навъ ҳайвонотанд ва аз кадом манзумаи торику мутаафин омадаанд.

Ҷолиб ин аст, ки дар ҳукумати ин гурӯҳи лутӣ ҳеҷ марди ливотаткор муҷозот намешавад, фақат борони қамчини хашми инҳо бар сару рӯи занони мазлум мебораду бас.

 Дар охир мехоҳам аз раҳбари Толибон тақозо кунам, ки озодиро аз занон нагиред, бигузоред дарс бихонанд ва бигузоред озодона берун шаванд, шавҳар интихоб кунанд ва шояд барои Толибон ҳам зан муяссар шавад. Агар Толибони шумо аз дидани ҳурони дунё маҳрум шаванд, дар он сурат ғилмони бериш ва ришдор аз дастшон дар амон нахоҳад монд.

Толибони киром, шумо медонед мардум ҳар кори шуморо ба дин нисбат медиҳанд? Фикр мекунанд, шумо дар кадом ҳошия савоби ливотатро хондаед, ки ба авомуннос намегӯед. Аз Худо битарсед ва аз бандгонаш бишармед.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!